Ru  | Tj
Аз Узбакистон то Ереван. Конфронси «Русия ва ҷаҳон: муколама – 2023. Ҳадафҳо ва арзишҳо» чӣ гуна баргузор гардид
Аз Узбакистон то Ереван. Конфронси «Русия ва ҷаҳон: муколама – 2023.	Ҳадафҳо ва арзишҳо» чӣ гуна баргузор гардид
Акс: nicrus.ru

Аз Узбакистон то Ереван. Конфронси «Русия ва ҷаҳон: муколама – 2023. Ҳадафҳо ва арзишҳо» чӣ гуна баргузор гардид

Нашр шуд

Конфронси байналмилалии илмӣ - амалии дуҳафтаинаи «Русия ва ҷаҳон: муколама – 2023. Ҳадафҳо ва арзишҳо» ба поён расид. Дар ин муддат олимону коршиносони барҷастаи кишварҳои гуногун муваффақ бар он шуданд, ки бисёр мавзӯъҳои мубрам, аз ҷумла ҳамкорӣ ва муколама дар шароити ҷаҳонгаройӣ, равобити байналмилалӣ, масоли амният ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Конфронси  «Русия ва ҷаҳон: Муколама – 2023»  барои чӣ зарур аст ва дар ҷараёни он чӣ мавзӯъҳо баррасӣ шуданд, метавонед дар матлаби мо бихонед.

ЧАРО ЧУНИН КОНФРОНСҲО ЛОЗИМАНД?

Конфронси «Русия ва ҷаҳон: муколама – 2023». Ҳадафҳо ва арзишҳо» аз ҷониби кормандони Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти тавсеаи иртиботот (ПМТТИ) дар ҳамдастӣ бо пажӯҳишгоҳҳои Фарҳангистони улуми Русия, Фарҳангистони маорифи Русия ва пажӯҳишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ созмон дода шудааст. Ин конфронс беш аз як сол аст, ки баргузор мешавад ва имсол он шашумин ҳамоиши пажӯҳишгоҳ ба шумор меравад.

Мавзӯъи аслии конфронси имсола баррасии ҳадафҳо ва арзишҳое буд, ки ба Русия ва дигар кишварҳо барои пайдо кардани роҳҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ кумак хоҳанд кард. Ба гуфтаи баргузоркунандагон, ҳадафи аслии конфронс аз чанд сол ба ин сӯ эҷоди майдон барои баҳсу табодули афкор байни ширкаткунандагони кишварҳои гуногун, инчунин таҳияи тавсия ва пешниҳодҳо перомуни беҳбуди ҳамкории Русия бо ҷаҳон мебошад.

Аз олимон то намояндагони расонаҳо

Конфронси мазкур кори худро 16-уми май дар шаҳри Маскав оғоз намуд ва он давра дар майдони Академияи маорифи Русия намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони муассисаҳои илмии Фарҳангистони улуми Русия, намояндагони расонаҳо ва дигарон гирдиҳам омаданд. Дар маҷмӯъ коршиносон аз 22 кишвари ҷаҳон дар ин ҳамоиши илмӣ ширкат варзиданд.

Яке аз лаҳзаҳои муҳими рӯзи аввал имзои тавофуқномаи хамкории ПМТТИ ва Фарҳангистони миллии улуми Қирғизистон буд. Акнун ба шарофати ин ҷонибҳо метавонанд ба таври мунтазам мубодилаи иттилоотро ба роҳ монда, дар лоиҳаҳои муштарак низ ба ҳам кумак расонанд.


Пас аз қисмати тантанавӣ кор дар панҷ бахш оғоз гардида, мавзӯъоти гуногун, аз ҷумла шаклгирии сохторҳои ҷадиди ҷаҳонӣ, дурнамои тавсеаи байналмилалӣ ва минтақаӣ, инчунин тартибот барои муколамаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таваҷҷуҳи хоса ба сабабҳое, ки Русияро барои ҷомеаи хориҷӣ ҷаззоб мегардонанд, дода шуд. Гуфтанист, ки дар доираи ҳамоиши мазкур муколамаи расонаӣ байни хабарнигорон ва коршиносони дар соҳаи иртибот низ баргузор гардид.

Пас аз Маскав конфронси мазкур дар се кишвари дигар идома ёфт. Инак, макони дигари гирдиҳамоии коршиносону олимон пойтахти Узбакистон буд. Мавриди зикр аст, ки имсол майдонҳои минтақаӣ бори аввал ташкил карда шуданд.

Майдонҳои минтақавӣ

Тошканд аввалин майдони минтақаии конфронси байналмилалии муассисаи иртиботӣ гардид. Ба гуфтаи коршинос Валентина Комлева, Узбакистон дар радабандии кишварҳои дӯст нисбати Русия дар зинаи 3-юм қарор дорад.

Шаҳрҳо барои мизбонии макони минтақаии конфронс тасодуфан интихоб нашудаанд. Дар ҳар яке аз онҳо мавзӯъоти ҳассос ва мубрам мавриди баҳс қарор дода шуд. Ҳамин тариқ, Узбакистон майдони вохӯрии мутахассисони Русия ва Осиёи Марказӣ гардид, ки дар он масъалаҳои падидаҳои минтакаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, равандҳои ҷамъиятӣ низ таҳлил карда шуд. Дар мавриди олимони Осиёи Марказӣ бошад, мувофиқа ба даст омад, ки гурӯҳи илмии байналмилалӣ барои пайгирии равандҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва гуманитарӣ таъсис дода шавад. Дар ин ҳол фаъолияти ин гурӯҳ аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи миллии рушди кадрҳои инноватсионӣ пуштибонӣ карда мешавад.


Мавзӯъҳои амнияту субот дар Қафқози Ҷанубӣ, инчунин масоили ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии Русия ва Арманистон дар майдони Ереван баррасӣ гардид. Олимони Русия, Арманистон, Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубиро ҳаводисе муттаҳдид кард, ки таваҷҷуҳи хосаи на танҳо намояндагони ҷомеаи илмӣ ва расонаҳо, балки намояндагони дастгоҳи давлатиро низ ба худ ҷалб кард.


Конфронси дар Ҷумҳурии Приднестровияи Молдова дар шаҳри Тираспол баргузоршуда бо ду мизи гирд ба поён расид. Мавзӯъҳои баррасинамудаи суханронон, дипломатҳо ва ширкаткунандагон «Чолишҳо ва таҳдидҳои муосири амалиёти посдори сулҳи Русия дар Приднестрове» ва «Истиқрори сулҳ дар қаламрави минтақаи Приднестрове» буд.


Гуфтанист, тамоми суханрониҳо, пешниҳодҳо ва тавсияҳои ширкаткунандагони конфронс аз сӯйи ПМТТИ гирд оварда шуда, ҳамчун маҷмӯаи алоҳида дар Феҳристи истинодҳои илмии Русия низ ба табъ расонида мешавад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед