Ru  | Tj
Баҳси Афғонистон дар “формати Маскав”: Ҳадафу ҳосил чист?
Баҳси Афғонистон дар “формати Маскав”: Ҳадафу ҳосил чист?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Баҳси Афғонистон дар “формати Маскав”: Ҳадафу ҳосил чист?

Нашр шуд

Раванди сулҳ, эҷоди ҳукумати фарогир, мубориза бо терроризм, маводи мухаддир, мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон аз мавориди муҳими қобили баҳс дар шашумин нишасти «формати Маскав» бо ҳузури намояндагони кишварҳои Русия, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буд.

Дар баёнияи поёни ин нишаст, таърихи 4 октябри соли равон дар шаҳри Маскав омадааст, ки ширкаткунандагон омодагии худро барои кумак ба Толибон* дар мубориза бо терроризм, маводи мухаддир, тавсеаи Афғонистони мустақил, якпорча ва сулҳомез эълом кардаанд.

Дар ҳамоиши мазкур, ҳар кишваре талош дошт, ки мавқеи дипломатии худро матраҳ кунад. Ва нигаронии амиқи худро нисбат ба вазъияти амниятӣ дар Афғонистон ва ҳузури гурӯҳҳои террористии таҳти ҳокимияти Толибон* иброз дорад. Ҳамагӣ таъкид кардаанд, ки гурӯҳҳои террористӣ ва таҷзияталаби мустақар дар Афғонистон ҳамчунон як таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба шумор мераванд. Аммо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Толибон*, ки дар ин нишаст ҳамчун меҳмони асосӣ ширкат дошт, бидуни вокуниш ба ин нигарониҳо аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ гуфт, ки ДОИШ* ва дигар гурӯҳҳои ҳаросафкан дар хориҷ аз марзҳои Афғонистон марокизи таҷҳиз ва тарбиятӣ эҷод кардаанд ва ин мавзуъ ҳукумати Толибон*-ро нигарон сохтааст. Ӯ ҳамчунин аз кишварҳои минтақа хост, ки иҷоза надиҳанд ДОИШ* аз шаҳрвандони онҳо сарбозгирӣ кунад ва аз Афғонистон таҳдиде ба кишварҳои ҳамсоя сурат нахоҳад гирифт.

Дар воқеъ, Русия бо баргузории нишастҳои “формати Маскав”, ки аз соли 2017 оғоз шуд ва то ҳанӯз ҷараён дорад ба дунболи чист? Ин кишвар чиро мехоҳад собит созад ё ба даст орад? Толибон* бо чӣ ҳадафе дар ин нишаст ширкат карданд?

Сергей Лавров, вазир хориҷаи Русия зимни суханронии ифтитоҳии ин ҳамоиш аз кишварҳои ғарбӣ хост, ки таҳримҳоро алайҳи ҳукумати Толибон* бекор кунанд ва “масъулият”-и бозсози ин кишварро, ки аз даҳаҳои ҷанг вайрон шудааст, бипазиранд.  Ҳамазамон ӯ истиқрори эҳтимолии зерсохтҳои низомии “кишварҳои дигар” дар хоки Афғонистон ё кишварҳои ҳамсояро “ба ҳар далеле ғайриқобили қабул” донист.


“Вашингтон ва муттаҳидонаш зимни эъломи тааҳҳуди худ ба ҳимояти байналамилалӣ аз афғонҳо дар воқеъ монеи эҳёи давлати Афғонистон мешаванд. Иёлоти муттаҳида бо нодида гирифтани интиқодоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҳифзи ғайриқонунии дороиҳои миллии Афғонистон ва таҳримҳои шадид алайҳи бахши бонкии ин кишвар идома медиҳад. Мо бори дигар бо дархости фаврӣ аз кишварҳои ғарбӣ мехоҳем, ки масъулияти бозсозии Афғонистон пас аз ҷангро ба расмият бишносанд, маҳдудиятҳои таҳримиро лағв кунанд ва дороиҳои азхудкардаи (ихтилос) Кобулро бозгардонанд. Вобаста ба баҳси ҷорӣ дар Ғарб, муҷаддадан бар ғайриқобили қабул будани бозгашти зерсохтҳои низомии кишварҳои сеюм ба хоки Афғонистон ё ба ҳар баҳонае истиқрори таъсисоти низомии ҷадид дар кишварҳои ҳамсояи онро таъкид мекунем. Ҳамон тавре, ки таърих нишон медиҳад, тарҳи қудрат тавассути бозигарони хориҷӣ дар минтақа танҳо мушкилоти минтақаро шиддат мебахшад”,-афзуд ин дипломати аршади Русия.
Ҷаноби Лавров дар қисмати дигари баромадаш гуфт, ки вазъияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон ҳамчунон мураккаб аст. Ва бар асоси гузориши Созмони милали муттаҳид беш аз 23 миллион нафар ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд, ки аз ин теъдод 12 миллион нафар хурдсол ҳастанд. Ҷониби Маскав барои афзоиши ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаи байналамилалӣ ба мардуми Афғонистон, арзаи муназзами маводи ғизоӣ ва колоҳои зарурӣ ба ин кишвар идома дода, равобити сиёсӣ, тиҷорӣ ва иқтисодиро бо Кобул таҳким мебахшад.

Қобили тазаккур аст, ки Толибон* аз соли 2003 дар феҳристи созмонҳои террористии Русия аст, аммо ин мавзуъ монеи равобити гарми Маскав бо онҳо ва мизбонӣ аз намояндагони Толибон* дар хоки Русия нашудааст.

Маскав аз замони бозгашти Толибон* ба қудрат дар моҳи августи соли 2021 мавзеи мусолиҳаҷӯёна бо онҳо иттихоз кардааст. Лавров дар суханрониаш дар ҳошияи “формати Маскав” дар ин маврид чизе нагуфт.  Ҳарчанд қарори бунёдӣ дар бораи аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кардани ҷунбиши Толибон* дар сатҳи олӣ дар ин кишвар гирифта шудааст, аммо ҳанӯз ҳам бояд расмиёти зарурии ҳуқуқӣ риоя карда шавад. Дар ин бора Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия оид ба Афғонистон ба хабарнигорон гуфт: “Вазорати корҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти федеролии амнияти Русия - ФСБ ва як қатор намояндагони сохторҳои мақомоти кишвар, корҳои ҳуқуқӣ оид ба раванди хориҷ кардани Толибон*-ро аз рӯйхати террористӣ анҷом медиҳанд. Ин як масъалае мебошад, ки тамоми равандҳо бояд дар чаҳорчӯби қонунгузории Русия сурат гиранд”.

Ҷаноби  Кобулов дар ҷамъбасти нишасти машваратии “формати Маскав” оид ба Афғонистон иброз дошт, ки “мақомоти Русия муваззафанд ба қонунҳои федеролӣ риоя кунанд. Ва ман умедворам, ки тасмими ниҳоӣ ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Корҳо дар ин самт аз ҷониби ҳуқуқшиносон, парлумон ва дигар шуъбаҳо кори ҷиддиро талаб мекунад, то ки ин раванд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба анҷом расад”,- таъкид кард намояндаи махсуси раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон.

Дар робита, мудири ФСБ-и Русия, Александр Бортников гуфт, ки Маскав баррасии масъалаи аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кардани Толибон*-ро ба итмом мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, “Русия омодагии Толибон*-ро барои мубориза бо хатарноктарин гуруҳи террористӣ - ДОИШ* -и вилояти Хуросон, мебинад, ки ҳамчунон аз сӯи Ғарб пуштибонӣ мешавад, ки тавоноии ин гурӯҳи террористиро дар амалиёти тахрибкорӣ таҳти парчамҳои бардурӯғ дар болои мо истифода мекунад”.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия моҳи июли соли равон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аз ҳукумати Толибон* дар мубориза бо терроризм тамҷид кард ва доштани равобити бо онҳоро як амри воқеӣ ва зурурӣ унвон кард.

Ба гуфтаи коршиносон пешниҳоди ҳазфи Толибон* аз гурӯҳи террористӣ аз оғози соли гузашта, то ҳол рӯи мизи ҷаноби Путин ҳаст. Ва ҳанӯз тасмиме дар ин маврид нагирифтаанд, чун медонанд, ки хазинааш бисёр боло аст. Дар робита ба ин ҳарфҳо ва “формати Маскав” Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик иброз дошт, ки ҳамоиши баргузоршуда, яке аз қолабҳои нишасти давраӣ аст, ки Русия мехоҳад дар масоили минтақа, хусусан дар ҳолати кунунии сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии Афғонистон дахил бошад ва вазъиятро мудирият кунад. Бидуни тардид аз лаҳни Лавров дар нутқаш дар ҷараёни кушоиши нишаст пайдо буд, ки нигаронии Русия бештар аз нуфузи Амрико ба унвони бозигари аслӣ дар майдони Афғонистон боқӣ аст. Аз ин рӯ, ҳамоиши мазкур бештар нақши Русияро дар қазияи Афғонистон инъикос мекард.

 
“Бо баргузории чунин қолаби нишаст Русия ва кишварҳои минтақа нишон медиҳанд, ки дар масъалаи Афғонистон бетараф нестанд ва мавзеъгирии худро дошта, ба навъе кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки қазияи ин кишвар ба ҳалли худ наздик шавад. Аммо боз ҳам набояд фаромӯш кард, ки масъалаи Афғонистон паҳлуҳои зиёд дорад ва аз қазияҳое аст, ки дастҳои зиёде аз дуру наздик дар он дахил мебошанд. Ба ин хотир, Русия дар хориҷ кардани Толибон* аз феҳристи сиёҳ шитобзада нест, зеро ин масъала нозукиҳои зиёде дорад. Ҳамон гуна, ки дар гузашта дида будем, гурӯҳи ҳоким дар Кобул як ҳаракате мебошад, ки мумкин аст ҳар лаҳза тасмимгириҳои аҷибу ғарибу дошта бошад, ки кишварҳои дигарро дар ҳайрат гузорад. Ба ин хотир ҳамаи кишварҳое, ки муносибаташонро ба ҳар навъе бо Толибон* барқарор карданд, бо шумули Русия ин нозукиро дарк мекунанд ва талош доранд, то ҳадди имкон муҳтотона бо ин масъала бархӯрд кунанд. Ба ин хотир таомул бо Толибон* душвор ва ҳассос аст ва ҳамаи кишварҳое, ки то ба ҳол ба онҳо рӯйи хуш нишон доданд, боз ҳам дар кунҷи дилашон нигарониҳое доранд. Ва ҳамин аст, ки масъла ба дарозо мекашад, шояд дар ҷаҳон ҳеҷ қудрате мисли Толибон* набошад, ки ин ҳама муддати дароз дар қудрат бошад, вале эътирофи расмии кишварҳои ҷаҳонро касб накарда бошанд”,-афзуд Юсуфӣ

Ҳассосияти Толибон* ба мавзӯи ташкили ҳукумати фарогир, ҳуқуқи занҳо...

Дипломатҳои рус яке аз аҳдофи ин нишастро ба он рабт доданд, ки ибтикори ҳаллу фасли масоили Афғонистонро кишварҳои Ғарб нагиранд. Ҳарчанд дар муқоиса ба нишасти Доҳа, “формати  Маскав” бо он ҳад муваффақ нашудааст, зеро он чизеро, ки Толибон* аз ҷомеаи ғарбӣ, хусусан ИМА ба даст меоранд ба хотири ба расмият шинохтан ва ё кумакҳои нақдие, ки барояшон мешавад ба ин сурат Русия намедиҳад. Аммо боз ҳам Маскав ба хотири он, ки аз ин бозӣ берун намонад ва гурӯҳҳое, ки дар Афғонистон мавҷуд аст, хилофи манофеи Русия ва дигар ҳампаймононаш баромад накунанд ва амнияти минтақаро ба ҳам назананд. Ба ин хотир, Маскав мехоҳад, аз ин тариқи ҳамоиш хостаи ҷонибҳоро бишнавад ва Толибон*-ро барои бақои ҳукуматшон умедвор созад. Вале аксари огоҳони масоили Афғонистон иқрор шуданд, ки “формати Маскав” бар хилофи масъалаҳое, ки бештар дар ҷаҳони Ғарб баррасӣ мешавад, пайи баррасии ҳукумати мардумӣ ва ҳамашул аст. Ва фишорҳои ҷиддиро болои Толибон* на аз сӯи Кремлин, балки бештар аз ҷониби Кохи Сафед метавон мушоҳида кард.

Намояндаи пешини парлумони Афғонистон, Шукрия Борикзай дар суҳбат бо “Afghanistan international” атрофи нишасти “формати Маскав” гуфт, ки ин қолаби нишаст аз соли 2017 то кунун идома дорад, ки баъд аз омадани Толибон* ба қудрат ба он банди иловагӣ - таъсиси ҳукумати фарогир илова шуд, вале то ҳол ба як натоиҷи назаррас даст наёфтанд. Зеро он чизе, ки ба нафъи кишварҳои минтақа, махсусан Русия аст, бидуни шак дар таззод ва тақобул бо манофеи Амрико мебошад. Ҷои шакке нест, ки ИМА яке аз муттаҳидини Толибон* буд ва ҳаст. Кумакҳои молии Амрико ва вогузории қудрати низомие, ки Кохи Сафед дар Афғонистон бар Толибон* намуд бо идомаи ҳимоят дар бештари маврид, Маскавро асабонӣ мекунад.


“Кишварҳои минтақа бо роҳбарии Русия ва Эрон ҳеҷ гоҳ равобити стратегӣ бо Толибон* надоштанд ва нахоҳанд дошт. Таомули ин кишварҳо бо Толибон* бештар токтикӣ аст. Ин ҳам ба он далел, ки аз лиҳози роҳбурдӣ онҳо ба хубӣ дарк кардаанд, низоме, ки Толибон* ҳокимият мекунад, рӯяшон ҳисоб боз кардан ва ё сармоягузорӣ намудан, эътимоди лозимро талаб дорад. Ва ҳамоишҳои мушобеҳ ҳеҷ кадомашон наметавонад боиси ҳали буҳрони Афғонистон бошад. Беҳтарин роҳи сармоягузорӣ кумак ва расидагӣ ба мардуми Афғонистон, ин шунидани садои онҳо мебошад. Қудратҳои минтақа ва ҷаҳон роҳҳоеро ҷустуҷӯ кунанд, то Афғонистон аз боҷдиҳие, ки Толибон* ба номи ҳокимонаш дарёфт мекунанд, ин кишварро наҷот диҳанд. Кишварҳои минтақа дар ҳоле метавонанд дар оромиш ба сар баранд, ки манофеи стратегӣ, иқтисодӣ ва амниятии худро бо гурӯҳҳои мутмаин, қобили эътимод ва навъе таомулашон бо дунё возеҳ аст, дошта бошанд”,- гуфт Борикзай.
Ҳамзамон мудири Маркази мутолиоти Эрони муосир дар Русия, Раҷаб Сафаров низ дар суҳбат бо ин шабакаи телевизионӣ марбут ба Афғонистон дар тақвияти суханони хонум Борикзай иброз дошт, ки нишастҳои давраии “формати Маскав” ба он хотир дуруст шудааст, ки билохира ба Толибон* ҳидоят намоянд, ки баъзе корҳоро ҳадди ақал анҷом диҳанд. Дар қолаби ин нишаст панҷ шарти асосӣ ба Толибон* пешниҳод шудааст, то равобити Русия боз ҳам зичтар шавад. Ин шартҳо, таъсиси ҳукумати фарогир, тағйири рӯйкарди муносиб нисбат ба занҳо, муборизаи чашрас бо терроризм ва маводи мухаддир мебошад.
“Ҳоло Толибон* аз Русия ду чиз мехоҳанд. Аввалан, Маскав ба онҳо маблағи кофӣ диҳад, дигар ин ки дар арсаи байналмилалӣ аз онҳо ҳимояи сиёсӣ дошта бошад. Русия хеле ангеза дорад, ки иқтисоди Афғонистон аз нав эҳё шавад, зеро шарти асосие, ки Маскав пеши роҳбарони имрӯзи ин кишвар гузоштааст, ин баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва амнияти мардум аст. Яъне, Русия мегӯяд, ки ҳозир аст, сармоягузории миллирадиро дар Афғонистон анҷом диҳад, вале заминаи сиёсиву амниятии сармоягузориро Толибон* бояд таъмин кунанд. Ҳоло нигаронии шаидиди Русия  аз он аст, ки агар дар сиёсату воқеятҳои имрӯзи Афғонистон, Русия дахил набошад ин кишвар метавонад дубора худро ба оғуши кишварҳои ғарбӣ партояд ва ҳузури онҳо дигарбора пайдо шавад. Зеро амрикоиҳо ҳар ҳафта 90 миллион доллар ба Толибон* медиҳанд, ки онҳо ҳадди ақал барномаҳои худро пиёда созанд”,-афзуд Сафаров.


Дар робита Расул Мусавӣ, дипломати бознишастаи эронӣ перомуни нишасти “формати Маскав” ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, ки дар ин ҳамоиш бори дигар бар ташкили ҳукумати фарогир бо мушорикати ақшори мухталиф ба вежа занон ва намояндагони гурӯҳҳои қавмӣ таъкид шуд. Мавзӯе, ки Толибон* нисбат ба он ҳассос аст ва онро дахолат дар умури дохилии худ медонад.

Мусавӣ афзуд, ки “ҳеҷ як аз кишварҳои ҳозир дар формати Маскав ё соири қолабҳои нишаст, масоил ва чолишҳое, ки мо бо Афғонистон ба унвони як кишвари ҳамсоя дорем, надоранд”. Ӯ изофа кард: “Афғонистон ҳамсояи мо аст ва лозим аст, тамоми тасмимоти марбут ба Афғонистон дар чорчӯби сиёсатҳои ҳамсоягӣ иттихоз шавад”.

Таҷрибаи сесолаи ҳукуматдории Толибон* ҳам нишон дод, ки ҳоло кадом як кишваре дар ҷаҳон алоқамандии ҷиддие барои ворид сохтани фишори бештар болои Толибон* надорад. Ҳар кадом кишваре ба навъе мехоҳад бо онҳо ҳамкории зич дошта бошад.

Ва назарҳое ҳам матраҳ мешавад, ки шашумин нишасти “формати Маскав” дар шароити ҳозир, вазни дипломатии минтақаро бо роҳбарии Русия барои ҷаҳониён нишон медиҳад. Зеро тамаркузи Амрико бештар ба  вазъияти интихоботии кишвараш ва ҳолати ҷангие, ки дар Ховари Миёна ҳукмфармоӣ дорад, равона шудааст.


*-фаъолияти ин гуруҳҳо дар Тоҷикистон мамнуъ аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед