Ru  | Tj
Филме, ки панҷ ҷоиза гирифт, аслан барои ҷоиза набуд
Филме, ки панҷ ҷоиза гирифт, аслан барои ҷоиза набуд
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Филме, ки панҷ ҷоиза гирифт, аслан барои ҷоиза набуд

Нашр шуд

Филми кӯтоҳи “Сарбор”, ки аз ҷониби ҳайати студияи “Симурғсинамо” соли ҷорӣ таҳия шудааст, дар як муддати кӯтоҳ панҷ ҷоизаро соҳиб шуд. Ин гурӯҳи филмофарони тоҷик қариб ҳамагӣ ҷавон буданд ва ҳатто яке аз нақшҳои асосиро духтараке иҷро кардааст, ки замони ба наворгирии филм ҳанӯз донишҷӯ буд. Мо хостем бо аҳли гурӯҳ суҳбате ороем, то аз таассуроти гуворо ва заҳмату мушкилиҳои филмофарӣ ба мо қисса кунанд.

Аз воқеият то идеяи филми нав

Филми “Сарбор” инъикосгари рӯзгори як зани ҷавоне мебошад, ки аз хонаи шавҳар бадар мекунанд ва дар хонаи падарӣ қабул намешавад. Ӯ бо кӯдаки навзодаш дар таксие, ки борашро мебурд, ҳайрону сарсон мемонад. Оқибат кӯдакашро ба ронанда гузошта, бо баҳонае ғайб мезанад. Ба гуфти коргардони филм – Манзари Шералӣ ба ин воқеа худаш шоҳид шуда будааст.

“Идеяи филми мо дар  асоси ҳодисаи воқеӣ пайдо шудааст ва ман шоҳиди ҳамин воқеа будам. Замони донишҷӯӣ пас аз дарсҳо барои як ҳамсабақам, ки таксӣ меронд, одам меёфтам ва ӯ ба ман маблағи як ё ду мусофирро медод. Як рӯз занг зада гуфт, ки як фармоиши хубе гирифтааст ва ман бояд бо ӯ равам. Ӯ ваъда ҳам дод, ки маблағи хуб ба даст меорем. Ҳамин тавр, якҷо ба як кӯчаи канори Душанбе рафтем. Он ҷо, дар паси  як дарвоза молу ашёи рӯзгорро ғун карда монда буданд. Ба пешвози мо як ҷавон баромаду гуфт, ки он ҷиҳозро бор карда, ба як манзили дигар, ки дар ноҳияи Қумсангири ҳамонвақта буд, барем. Пулашро ҳам ҳамон замон пардохт кард ва мо бо хурсандӣ аз паси кор шудем. Чун ба ҷойи гуфтаи ҷавон борро бурдем, он ҷо моро бо дашному ҳақорат пешвоз гирифта, гуфтанд, ки чизи овардаамонро ба ҷояш гардонида барем. Мо ҳайрон ба Душанбе баргаштем ва ба хонаи фармоишгар  омадем. Он ҷавон ғазабнок шуда, ронандаро ду – се мушт зад. Ҳарду ҳайрону саргардон намедонистем, ки чӣ  кор кунем. То  чанд вақти дигар ман дар хусуси ҳамон ҳодиса фикр мекардам ва онро ба Некрӯз ҳам нақл карда, ба хулосае омадем, ки аз рӯи он филм месозем. Ҳамин тавр, филми “Сарбор” бо баъзе иловаҳои филмнавис ва коргардон ба навор гирифта шуд”.

“Сарбор” – ҳаёти талхи занҳоро инъикос мекунад

Муаллифи филмнома – Некрӯз Ҷалилиён бошад, чӣ тавр номгузорӣ шудани филмро ёдовар шуд. Дар ин масъала гурӯҳ дурудароз фикр накарда, нахуст номи шартии филмро “Боркаш” гузоштаанд. 

“Ин ном метавонист мазмуни филмро пурра ифода кунад”, – таъкид кард Некрӯз, “аммо чун мехостем ба филм субтитри англисӣ гузорем, аз як рафиқамон, ки дар хориҷа аст, маслиҳат пурсидем. Ӯ гуфт, ки тарҷумаи англисии номи филм он қадар мувофиқ нест ва номи “Сарбор” – ро пешниҳод кард. Дар ҳақиқат, ин ҷо, ки ҳадаф нишон додани тақдири талхи як зани ҷавон буд, ном ба фикрам хеле мувофиқ омад. Агар мазмуни филмро дуруст дарк кунед, мебинед, ки занро ҳамчун сарбор шавҳараш меронад, баъдан дар хонаи модараш ӯро қабул намекунанд. Дар охир зан кӯдакашро ба ронанда гузошта ғайб мезанад. Ронанда ҳам чор фарзанди дигар дорад. Ин кӯдак ҳам ба ӯ як проблема ё як сарборӣ мешавад. Филм бо англисӣ “Burden” ва бо русӣ “Обуза” тарҷума шуд. Дар фестивали Тошканд он бо забони узбекӣ “Юк” тарҷума шуд ва ҳатто дубляж ҳам карда буданд”, – ёд овард ӯ.

Ба гуфти таҳиягарони филм ин мушкилии доғ на танҳо ҷомеаи Тоҷикистон, балки аксари кишварҳои Шарқро ба ташвиш гузоштааст. Чӣ қадар занҳо худро сарбор эҳсос мекунанд. Онҳо чӣ қадар зӯровариҳоро таҳаммул мекунанд. Ин як фоҷеа аст, вақте занро азоб медиҳанд, саргардон мекунанд ва оқибат аз ҳаёт сер мекунанд. 

“Мутаассифона, занҳои ҷомеаи мо аксаран дар чунин мавридҳо ба лаб муҳри хомӯшӣ мезананд. Онҳо аз ҳад зиёд сабр мекунанд ва мавридҳое мешаванд, ин пуртоқатиҳо бо нохӯшиҳо анҷом меёбанд. Аслан онҳо намехоҳанд, ки зиндагиашон вайрон шавад ва ба номашон доғе афтад”, илова кард Манзар.

Филм офаридан мушкил, махсусан агар дастгирӣ набошад

Дар ҳақиқат, аксари филмҳои тоҷикӣ, узбекӣ, ҳиндӣ ва умуман, чи хеле ки гуфтем, кишварҳои Шарқро бинем, мавзӯи хушунат асоси ғояи онро ташкил медиҳад. Офаридани чунин як филме, ки мавзӯи ҳассоси ҷомеаро ба тамошобин нишон медиҳад, аз  ин гурӯҳи филмофарони ҷавон масъулияти хеле ҷиддиро талаб  мекард. Қандил Тоиров – директори филм, ки нахустин бор ин масъулиятро бар дӯш доштааст, аз чанд лаҳзаҳои пурташвиши наворгирии филм ёдовар шуд. Ба гуфти ӯ директори филм бояд коре кунад, ки ҳама корҳои ташкилӣ пешакӣ омода бошанд, то табъи гурӯҳ хира нашавад. 

“Барои он ки кайфияти эҷодии гурӯҳ поён нашавад, кӯшиш мекардам, корҳоро саривақт анҷом диҳам. Вале баъзан мушкилиҳое пеш меомаданд, ки ба шахсони алоҳида вобаста буданд. Ба ҳар ҳол ин гуна норасоиҳоро то оғози сабт номаълумакак худам ҳал мекардам”.

Коргардон Манзари Шералӣ маҳорати нақшофарии ҳунармандони “Сарбор” – ро лоиқи таҳсин дониста, қайд кард, ки бо онҳо кор кардан хеле осон ва шавқовар буд. Зеро қариб бо ҳамаи онҳо аз аввал якҷоя кор мекардааст ва бо чанд нафараш ҳамсабақ ҳам будааст. Як ҷиҳати дигари дастгирии гурӯҳи эҷодӣ бидуни маблағ кор кардани онҳо будааст.

“Ягон нафар аз ин филм маблағ талаб накард. Танҳо роҳпуливу хӯроквориашонро ташкил кардем”, илова кард коргардон.

Қаҳрамонони мо ҳангоми офаридани филми “Сарбор” ғайр аз мушкилиҳои молиявӣ бо техника ҳам проблема доштаанд, ки ба мо дар ин бора наворбардор ва танзимгар Абдукарим Уроқов қисса кард.

“Барои наворбардор пеш аз ҳама эҷодкор будан зарур аст. Наворбардор дар баробари таҳиягарони филм ва ҳунармандон бояд тахайюлоту тасаввуроти бой дошта бошад. Доштани техникаҳои  ҷавобгӯ ҳам албатта муҳим аст, вале он кори дуюмдараҷа мебошад. Мутаассифона, чун аксари студияҳои филмофарӣ мо ҳам аз ҳамин ҷиҳат танқисӣ мекашидем ва маҷбур шудем, ки аз телевизиони “Сафина” як камера бигирем. Ҷойе, ки кор ҳаст, мушкилӣ ҳам пайдо мешавад. Вале ин он маъноро надорад, ки аз баҳри кори оғознамуда бигзарӣ. Имрӯз, ки бо вуҷуди ин ҳама норасоиҳо муваффақият ба даст овардем, ҳамин тавр, оҳиста – оҳиста рӯзе ба по мехезем. Барои эҷодкор муҳим идея аст. Ҳоло замоне шудааст, ки одамон ҳатто бо як телефони одӣ филмҳо меофаранду соҳиби ҷоизаҳо мегарданд”. 

Қаҳрамони асосии филм ҳамагӣ чанд калима мегӯяд

Филми “Сарбор” дар шоҳроҳи Душанбе – Шаҳритус фақат рӯзона  сабт шудааст. Ҳунармандон дар он асосан бо ҳаракат ва ифодаи чеҳраву ҳолат мақсади хешро баён кардаанд. Махсусан, яке аз нақшҳои асосӣ – Саодат Сафарова дар давоми филм ҳамагӣ чанд калима ба забон овардааст.
“Филми мо ягон амали зиёдатӣ надошт: дар он ҷанг набуд, парон – парону таркиш, умуман ягон ҳодисаи ғайриинтизор надошт. Он танҳо ҳаёти як зани саргардони тоҷикро нишон медод, ки ҳама дар як рӯз, дар як роҳ барбод меравад. Яке аз нақшҳои асосии мо – Саодат дар ин филм ҳамагӣ чанд калима ҳарф задааст, вале ӯ ҳолату эҳсоси қаҳрамони худро бо имову ишора ва ашк тавонист нишон диҳад”, гуфт коргардони филм.

Натиҷаи заҳматро дидан гуворост

Барои инсони эҷодкор дидани маҳсули кораш ва ба воситаи он ному нон ёфтан аз лаҳзаҳои ширинтарини ҳаёташ маҳсуб меёбад. Қаҳрамонони мо ҳам дар ҳар як соҳиби ҷоиза гардидани филми “Сарбор” ин ҳиссиёти нотакрорро эҳсос кардаанд. Вале Манзари Шералӣ нақл кард, ки замони таҳияи сенарияи филм ҳатто фикр намекардаанд, ки он рӯзе дар фестивалҳо соҳиби ҷоиза мегардад. “Чун дар нахустнамоиши филм мардуми зиёде омаданд ва онро хуб пазируфтанд, мо қарор додем, ки дар ягон озмун ё фестивал бояд иштирок кунем. Бо саъю талоши Некрӯз мо бо ташкилкунандагони фестивалҳо ба алоқа баромадем ва имрӯз ҳамаи ҳамин натиҷаи кӯшишҳои якҷояи мост”, бо эҳсос илова намуд коргардон.

Филми “Сарбор” нахуст дар фестивали  “Қирғизистон – мамлакати филмҳои кӯтоҳ”, ки 17 – уми сентябр баргузор гардид, ҷоизаи “Беҳтарин филм” – ро мегирад. Худи ҳамон рӯз дар Қазоқистон ҳам чунин як фестивал доир мегардад, ки дар он “Сарбор” бори дуюм ҳамчун “Беҳтарин филм” ва ҳунарманди ҷавонтарини он Саодат Сафарова “Беҳтарин иҷрогари нақши занона” дониста мешавад. Баъдан, дар фестивали охирон, ки дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Дурдонаҳои роҳи Абрешим” баргузор гардид, филми “Сарбор” бори севвум беҳтарин дониста шуд ва ин дафъа яке аз ҳунармандони он Абдукарим Машрабов ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” дониста шуд. Бояд гуфт, ки дар ин фестивал синамосозон аз 28 давлати дунё иштирок доштанд.

“Филм дар панҷ рӯз”

Коргардони филм – Манзари Шералӣ аз рӯзҳои иштирокаш дар фестивали Тошканд ёдовар шуда, сатҳи ташкилии онро хеле хуб арзёбӣ кард. Инчунин вохӯрӣ бо ҳунармандони машҳурро низ барояш ҳамчун як ҳодисаи хотирмон номид. Ӯ гуфт, ки ин фестивал як шарти дигаре ҳам дошт. Дар он иштирокчиён бояд пешакӣ сенарияи як филми кӯтоҳро пешниҳод мекарданд ва дар давоми панҷ рӯзи аввали фестивал барои озмуни “Филм дар панҷ рӯз” дар яке аз минтақаҳои Ӯзбекистон онро сабт мекарданл.

“Мавзӯъ ва макони сабтро онҳо пешниҳод карданд. Сенарияи филмро Некрӯз Ҷалилиён навишта буд. Ҳамин тавр, мо филми кӯтоҳи “Ватан” – ро дар муддати панҷ рӯз бо иштироки ҳунармандони Ӯзбекистон ба навор гирифтем”, нақл кард Манзар. 

Филмҳои таърихӣ маблағҳои зиёдро талаб мекунанд

Дар масъалаи муҳтавои филмҳое, ки солҳои охир аз ҷониби филмсозони кишварҳои ҳамсоя ба навор гирифта мешаванд, Некрӯзи Ҷалилиён – муаллифи филми “Сарбор” гуфт, ҳамаи онҳо акнун ба пропоганда оғоз кардаанд. Ӯ филмҳои таърихии ба мисли “Томирис” (Қазоқистон) – ро мисол оварда гуфт, ки филм гарчанде таҳрифи таърих аст, вале хеле бо сифати олӣ сабт шудааст. 

“Масъалаи филмҳои таърихӣ бисёр нозук ва ҳассос аст. Дар ин гуна филмҳо ҳар давлат ҳодисаҳои таърихиро ба таври худ нишон медиҳад, гарчанде дар аксари маврид таҳрифи таърих мешавад.  Масалан, филми “Томирис”, ки ба наздикӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон истеҳсол шуд, пурра ба нафъи миллати қазоқ буд”. 

Дар филми нобурда як духтараке аз қабилаҳои бодиянишин императори форсҳоро шикаст медиҳад ва ӯро мекушад. Некрӯз мегӯяд, “Албатта мо медонем, ки ин нодуруст аст, вале эътироз фоида надорад. Тамошобин дигар ҷустуҷӯ намекунад, ки асли ҳодиса кадом аст. Ин филм, ки худ як пропоганда аст, маҳз бо ҳамин мақсад таҳия шудааст ва барои он маблағи хеле зиёди ҳукумат сарф шудааст. Яъне вақте гап сари манфиатҳои миллӣ меравад, бо кадом нархе набошад, онро амалӣ кардан лозим аст. Ҳукумати шӯравӣ барои ба навор гирифтани филмҳое ба монанди “Рустам ва Суҳроб” ҳамин гуна имконоти бузургеро бо ҷалби ҳукумати онвақта ба миён оварданд ва воқеан филмҳои хеле хуб сохта шуданд. Имрӯз ҳам  мо метавонем ҳамин гуна филмномаҳоро офарем, ҳунармандони кишварро ҷамъ оварем, вале боз ҳам гап сари таваҷҷуҳ аст. Барои ин гуна филм миқдори хеле зиёди асбобу анҷом, мутахассисони олидараҷа, техникаҳои хуб лозиманд. Ҳунармандон бояд ҳавасманд гарданд. Ин мисли таҳияи филми одӣ нест. То замоне, ки ба ин чиз таваҷҷуҳ намешавад, мо аз пеши худ коре карда наметавонем”.

“Воқеан, ҳунармандони тоҷик аз ягон ҳунарманди хориҷа камӣ надоранд. Ҳатто метавонанд аз онҳо бештар ҳунар нишон диҳанд. Вале ин ҷо боз гап сари шароит ист мекунад. Ҳунарманд бояд эҷодро кори ҳаррӯзааш қарор диҳад, вале ба шарте ки аз он зиндагияш як каме пешрафт кунад. Дар мо ҳанӯз ин гуна шароит нест”, дар охир илова кард Манзари Шералӣ.


Идея, пул, мутахассис ва фазои мусоид: Ҳалим Сангин доир ба коргардонӣ дар телевизион



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед