Ru  | Tj
Формати «Чин+Осиёи Марказӣ» ҳусни ҳамҷаворӣ ва пайвандҳои мардумиро тақвият медиҳад?
Формати «Чин+Осиёи Марказӣ» ҳусни ҳамҷаворӣ ва пайвандҳои мардумиро тақвият медиҳад?
Акс: yuz.uz

Формати «Чин+Осиёи Марказӣ» ҳусни ҳамҷаворӣ ва пайвандҳои мардумиро тақвият медиҳад?

Нашр шуд

Шаҳри Сиани музофоти Шэнсии Чин давоми ду рӯз, 18-19 май мизбони баргузории рӯйдоди бузурги дипломатӣ аст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст. Нахустин нишасти сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Чин аввалин нишасти рӯбарӯ миёни раҳбарон аз замони таъсиси равобити дипломатӣ дар 31 соли гузашта мебошад.

Коршиносон бар ин боваранд, ки ҳамоиши дурӯза бо пешниҳодҳои нави ҳамкорӣ фасли ҷадидеро дар равобити ин кишварҳо хоҳад кушод. Формати нишасти «Чин + Осиёи Марказӣ» сатҳи болои ҳамкории ин шаш кишварро ба ҷаҳониён нишон дода, равобиташонро ба масири ҷадид савқ медиҳад. Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Пекин ба манзури баррасии рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва барномарезии тарҳҳои муштараки тиҷоративу молиявии 6 кишвар баргузор мешавад.


Дарвоқеъ, ҳамоиши мазкур аз аҳамияти вижае бархурдор аст, зеро ҳамкориҳои қаблӣ байни Чину Осиёи Марказӣ дар сатҳи дуҷониба ё таҳти чорчӯбаҳои чандҷониба, монанди Созмони Ҳамкории Шонгҳой буд. Соли 2019 Чин шакли чунин ҳамкории С+С5 (Чин бо Осиёи Марказӣ)-ро рӯйи даст гирифт ва акнун ин ҳамоиш бори аввал ба таври ҳузурӣ баргузор мешавад.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз мавзӯъоти калидӣ дар ин нишаст хоҳад буд. Ҳамчунин барои ҳамкории бештар таҳти ибтикори «Як камарбанд – як роҳ» тавофуқномаҳое дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла обу энержӣ, кишоварзӣ ва иқтисоди сабз мавриди баҳс қарор мегирад. Раисҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин соле муқаддам дар нишасти маҷозӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ зикр кард, ки «новобаста ба он ки вазъи байналмилалӣ чӣ гуна тағйир меёбад, сарфи назар аз он ки сатҳи иқтисоди Чин дар оянда то чӣ андоза рушд меёбад, ҷониби Чин ҳамеша ҳамсояи боэътимоду нек, шарики хуб, дӯсти хуб ва бародари неки кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад монд».


Ӯ омодааст, ки дар нишасти рӯбарӯ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсеаи роҳҳои иртиботи иқтисодӣ ва амниятиро бо Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон матраҳ намуда, тарҳу пешнидоҳодоти ҷадидро бо эшон рӯйи миз гузорад.

Бо таваҷҷуҳ ба тағйироти бузурге, ки тайи солҳои ахир иттифоқ афтодаасту ҷаҳон бо он дасту панҷа нарм мекунад, гирдиҳамоии шаш тан аз роҳбарони кишварҳо дар Сиани Чин, он ҳам дар нуқтаи оғози ҷодаи абрешими бостонӣ, ки аз аҳамияти фавқулодае бархурдор аст, нуфузи сиёсии Пекин дар сатҳи ҷаҳонро беш аз пеш аҳамиятнок намудааст.

Тавре сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзӣ Шумин дар мақолааш дар рӯзномаи «Жэнмин жибао» мегӯяд, «дар ин ҳамоиш ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карда, як қатор тасмимҳои муҳим қабул мекунанд. Ин рӯйдод барои муттаҳид шудани 6 кишвар барои эҷоди як ҷомеаи наздиктар, ки ояндаи муштарак доранд, марҳалаи муҳиме хоҳад буд ва дар таърихи ҳамкориҳо саҳифаи нав мекушояд». Ин дипломати чиноӣ дар идома изҳори умедворӣ кардааст, ки ба шарофати саъйу талоши муштараки ҷонибҳо мулоқоти сарони кишварҳои Чину Осиёи Марказӣ бо муваффақияти бузург ва саҳми тозае дар беҳбуди некӯаҳволии кишварҳо хоҳад гузашт.


ҲАВАСМАНДИИ ЧИН ДАР ЗАМИНАИ САРМОЯГУЗОРӢ БА НЕРӮГОҲИ «РОҒУН»

Қобили тазаккур аст, ки имсол 10-солагии ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» таҷлил мешавад. Дар чаҳорчӯби ин иқдом Чин эҷоди бозори бузурги дохилиро суръат бахшида, ба беҳинасозӣ (оптимизатсия) ва навсозӣ (модернизатсия)-и тиҷорати молу коло мусоидат мекунад ва механизмҳои инноватсионии рушди савдои хидматрасониро эҷод мекунад. Ба шарофати талошҳои муштараки ҳарду ҷониб ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон дар бунёди муштараки «Як камарбанд ва як роҳ» ба натиҷаҳои судманд ноил гардиданд. Дар соли 2022 гардиши молу коло миёни Чин ва Тоҷикистон ҳудуди 2,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 40 дарсад бештар аст.

Воқеан, Чину Тоҷикистон дар пайи татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ буда, ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энержӣ, саноат ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ, кишоварзӣ, тиҷорати электронӣ ва сармоягузорӣ ҳавасманданд. Ин аст, ки дар таърихи 17-уми майи соли равон дар шаҳри Пекин Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ҷин Лисун, раиси Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ мулоқот кард ва дар ин гуфтугӯ ҷаноби Лисун дар мавриди ҷудо намудани маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» изҳори омодагӣ намуд.

Дар қатори дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз зумраи кишварҳоест, ки дар қалби ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» қарор дорад, ки дар он тарҳҳое дар ҳоли иҷро аз як даҳаи қабл тавассути Чин ва бузургтарин барномаи зерсохтӣ дар таърихи ҷаҳон шинохта мешавад, ки чаҳор қораро мепайвандад.


Минтақаи Осиёи Марказӣ дар маконе аст, ки ташаббуси «Як камарбанд ва як роҳ» дар он пайваста матраҳ мешавад. Бо вуруд ба асри ҷадид сохти муштараки ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» масирҳои хушкӣ ва баҳриро аз Чин ба Аврупо муттаҳид мекунад, хоса Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказиро бештар ба ҳам пайванд додааст.

Дарвоқеъ, Осиё ба унвони як қораи паҳновар бо таҳаввулоти ҷадиде рӯбарӯ аст ва бозигарони гуногуни ин паҳнои ҷуғрофиёӣ тарҳҳоеро дар ростои таъмини аҳдофи худ ва низ манофеъи ҷамъӣ дар манотиқи гуногуни он ироа медиҳанд. Чин яке аз ин бозигарони навзуҳур аст, ки барои табдил шудан ба қудрати ҷаҳонӣ тарҳи эҳёи ҷодаи абрешимро матраҳ кардааст.

Барҷаста кардани ин тарҳ аз ҷониби Чин дар шароите сурат мегирад, ки дигар абарқудратҳо ба баъзе аз кишварҳои дигар таҳримҳои иқтисодиашонро шиддат бахшиданд. Ва ҳоло маҳаки фалсафии тарҳи «Як камарбанд, як роҳ» низ зери як камарбанд ба ҳам омадан ва дар як роҳ равона шудан ё нигаристан мебошад.

Рашид Алимов, профессори Академияи идораи давлатии вобастаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Жэнмин жибао» дар бораи баргузории нишасти «Чин+Осиёи Марказӣ» гуфтааст, таъсиси шакли нави ҳамкориҳо, яъне механизми мулоқоти роҳбарони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон бо раисҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин раванди ташаккули тадриҷии як ҷомеаи наздиктар дар ин минтақаро таъмин мекунад, ки бештари онҳо дар ояндаи наздик ба ҳамкориҳои зич мусоидат мекунанд.

«Барои Тоҷикистон ва ҳамчунин барои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки ба баҳр баромад надоранд, иштирок дар татбиқи ташаббус аҳамияти ҳалкунанда дорад. Воқеан, ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» Чин ва кишварҳои Осиёи Марказиро боз ҳам наздиктар кард, амалан мукаммалии иқтисодҳои онҳоро таъмин ва муколамаи байни тамаддунҳоро густариш дод», - гуфтааст Р. Олимов.


Ба гуфтаи ӯ, Чин бо пешниҳоди ташаббус дар заминаи рушди ҷаҳонӣ, ибтикор дар соҳаи амнияти ҷаҳонӣ ва ибтикори тамаддуни ҷаҳонӣ, бори дигар нақши худро ҳамчун як қудрати ҷаҳонӣ, узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид нишон дод, ки ҳиссаи худро барои сулху амонӣ ва тараққиёти сайёраи мо ба дӯш дорад.

«ПУШТИ СУХАН – АМАЛ БОЯД КАРД. ИН АСТ АРЗИШИ ЧИНОИҲО»

Ҳамоиши сарони кишварҳои «Чин+Осиёи марказӣ» ба идомаи дӯстӣ, ҳамкории зич бо сарнавишти муштарак байни Чину Осиёи Марказӣ ва ба таври муштарак навиштани ояндаҳои беҳтар барои равобити байниҳамдигарӣ раҳнамун хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Пекин моил аст бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории лозимаро дошта бошад ва аз сафари раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати пешбурди равобити бештар ва кумак ба сулҳ ва рифоҳи минтақа истифода кунад.

Соҳибназарон дар бораи аҳамияти нишасти сарони кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ мегӯянд, ки баргузории ин формати нишаст равобити тарафайнро ба болотарин сатҳ мумкин хоҳад расонад. Ва пешбинӣ мешавад, ки ҳамкориҳо дар заминаи амният ба далели хатару таҳдидот ва дигар чолишҳои ҷадид дар минтақа, хоса Афғонистони дар дасти Толибон буда, аз меҳварҳои ин нишаст хоҳад буд. Зеро пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон нерӯҳои хориҷе, ки дар умури Осиёи Марказӣ мудохила мекарданд, коҳиш ёфтаанд, ки дар натиҷа фазои муносибе ҷиҳати ҳамкорӣ байни Чин ва кишварҳои минтақаро эҷод кард.

Гурӯҳе аз таҳлилгарони сиёсӣ, иқтисодӣ ва ислоҳотхоҳон аз Сӣ Ҷинпин ба унвони як сиёсатмадори ором ва оянданигар ёд мекунанд, ки тарҳҳои зиёдеро рӯйи даст дорад. Ва яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ин аст, ки ин кишвар бо барномаҳои бузурги сиёсиву иктисодӣ тадриҷан дар ҳоли сохти қудратмандтарин ҳукумат аст. Вале Пекин дар ростои талошаш барои рушди хамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид кардааст, ки Чин як шарики қобили эътимод барои кишвархои Осиёи Марказӣ буда, ба думболи ҳамкориҳои амиқ бо ин кишварҳо дар заминаҳои гуногун аз иқтисод гирифта то амният аст.

Дар ҳар сурат, нишасти сарони Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таҳкими муносибатҳо, чун анъана, дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин рафъи мушкилоти муштарак равона мегардад. Зеро давлати Чин яке аз «локомотив»-и тараққиёти иқтисоди ҷаҳонӣ аст. Ва то куҷо ин кишвари пешбарандаи иқтисодӣ ба кишварҳои рушдёбанда кумакҳои беғаразона мерасонад, вақт нишон хоҳад дод. Ҳарчанд ташаббусҳои ин кишвар ҳамеша бо гомҳои амалӣ думбол мешавад: «Пас аз сухан – амал бояд кард. Ин аст арзиши онҳо».

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед