Ru  | Tj
ИДМ. Авлавият бар тарвиҷи забони русӣ
ИДМ. Авлавият бар тарвиҷи забони русӣ
Акс: аз манбаъҳои боз

ИДМ. Авлавият бар тарвиҷи забони русӣ

Нашр шуд

Ҳамасола бо мизбони Русия дар шаҳри Санкт-Петербург нишасти сарони кишварҳои Иттиҳодияи давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) дар як муҳити ғайрирасмӣ баргузор мешавад. Ин ҳамоиш чун анъана дар остонаи соли нави мелодӣ бо ибтикори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва ҳузури руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон,  Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон ва нахуствазири Арманистон сурат мегирад.

Маъмулан, дар чунин нишастҳо сарони кишварҳои ҳамсуд дар мавриди мавзуъоти гуногун, таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳои узви иттиҳодия мубодилаи афкор карда, масоили марбут ба вазъи ҳамкории минтақаӣ ва байнулмилалии мавриди алоқаи тарафҳоро матраҳ мекунанд.

Кремлин пас аз ҷанг дар Укроин, қазияи Қаробоғ, султаи Толибон* пайваста ҳушдор медиҳад ва нигарон аст, ки Ғарб бо роҳбарии Иёлоти Муттаҳида дар ҳавзаи собиқ Иттиҳодияи ҷамоҳири шӯравӣ пайи роҳандозии сенарияҳои ҷадид, таҳрики ҷангҳои нав ва раванди вайронсозии фазои кишварҳои узви ИДМ аст.

Ин аст, ки ҳоло бархе ихтилофот байни кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ вуҷуд дорад. Масалан, давлати Малдова бо роҳбарии хонум Майя Санду тасмим дорад, то охири соли 2024 аз ИДМ хориҷ шавад. ИДМ пас аз фурӯпошии собиқ шӯравӣ шакл гирифт, ки дар гузашта Гурҷистону Укроин низ шомили ин иттиҳодия буданд. Ҳоло ба мушоҳида мерасад, баъд аз Тифлис ва Киев навбат ба Кишинёв расидааст. Зеро ба бовари роҳбарони кишварҳои аз ин иттиҳодия хориҷшуда солҳои охир нишастҳои ИДМ номуассир буда, аз он чизи муҳимеро интизор будан беҳуда аст, чун тавофуқҳои ҳосилшуда амалӣ намешавад.


Аммо назарҳое ҳаст, ки Русия дар шароити фишори таҳримҳои ғарбӣ барои ҳифзи султаи худ дар ҳудуди ИДМ барномаҳои ҷадидро роҳандозӣ карда, аз абзорҳои қудрати нарм баҳрагирӣ мекунад ва сиёсати хориҷии кишварҳои минтақаро зери таъсир қарор дода, ҳифзи амнияту суботро ҳавзаи калидии ҳамкории роҳбурдӣ дар байни кишварҳои ҳамсуд медонад.

Талабшоҳи Салом, рӯзноманигор ва коршиноси масоили минтақаӣ изҳор медорад, Русия барои баъзе кишварҳои ИДМ гӯё зомини амният аст ва барои баъзе аз ҳукуматҳои узв ҳомист. Аммо сари қудрат омадани Толибон, бархӯрдҳо миёни Озарбойҷону Арманистон ва ҷанги Укроин нишон дод, ки ИДМ нақши муассире дар равобити кишварҳои узв надорад.

“Гилаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар авохири соли пор дар нишасти Остона, ҳамчунин тарси қазоқҳо аз бархӯрди Русия бо Укроин зимни дифоъ аз русҳои он кишвар ҳокӣ аз он аст, ки шарикони Русия аз мавзеъгирӣ ва саҳлангории он дар ҷиҳати риояти ҳаққи ҳампаймононаш розӣ нестанд ва дар сурати лузум ба ҳадди кофӣ аз он ҳимоят нахоҳанд кард. Аммо ҳимояти Русия аз баъзе ҳукуматҳо, руасои ҳукумати ҳампаймони Маскавро аз иқдоми қатъӣ то ҷое бозмедорад”, - гуфт Талабшоҳи Салом.
Гуфта мешавад, ИДМ иқтидори бузурги манобеъ дошта, зиёда аз 16 фисади масоҳати заминро дар бар мегирад ва тақрибан 4,5 дарсади аҳолии ҷаҳонро фарогир аст. Ҳамчунин ҳудуди 20 дарсади захираҳои нафти ҷаҳон ва 40 дарсади гази табиъӣ ба ИДМ рост меояд.


Ба андешаи сиёсатшинос Сайфулло Сафаров, сарфи назар аз тамоми ҳарфу шубҳаҳое, ки дар бораи коста шудани нақши ин иттиҳодия гуфта ва ё шунида мешаванд, аҳамияти баргузории чунин нишастҳо барои кишварҳои ИДМ дар самти муҳокимаи доираи васеъи масъалаҳо ва ҳифзи дӯстӣ ниҳоят бузург аст.

“Чунин мулоқотҳо ба як рӯйдоди муҳим табдил шудааст, ки вазифаи он на танҳо музокирот, балки пеш аз ҳама, мусоидат кардан ба ҳалли мушкилоти дар давоми сол ҷамъшуда мебошад. Чунин ҷаласаҳо дар асоси қарордодҳои мавҷуда имконоте фароҳам меорад, ки соле як маротиба ё бештар аз он кишвардорон сари мизи гирд ҷамъ омада, дар бораи масъалаҳои муҳим суҳбат кунанд. Дар шароити мураккаби вазъи геополитикӣ чунин гуфтугӯҳо байни кишварҳои ҳамсуд ва муҳокимаи масъалаҳои доғи ҷаҳонӣ аз аҳамият холӣ нест. Чунин дидорҳои пайваста аз густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикӣ гувоҳӣ медиҳад. Чун аз дидгоҳи иқтисодӣ назар кардан кифоя аст, ки як соли охир афзоиши бемайлони гардиши мол миёни Русия ва тамоми кишварҳои ИДМ ба маблағи 100 милярд долар афзоиш ёфтааст”, - мегӯяд С. Сафаров.

Русия дар давраи раёсати худ дар ИДМ дар соли 2024 саъй дорад, ки барои таҳкими нуфузи ин иттиҳод фаъолона корбарӣ карда, масъалаи ҳамгироии иқтисодиро рушд диҳад.

Ба гуфтаи раисҷумҳури ин кишвар, Маскав таҷрибаи баргузории тадбирҳои муштаракро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, илм ва варзиш дошта, онро густариш хоҳад дод.

 «Русия азм дорад, ки барои минбаъд таҳкими нуфузи ИДМ ҳамчун иттиҳодияи ҳамгироӣ ва рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар чаҳорчӯби принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод, баробарӣ ва ҳамсоягии нек фаъолона кор кунад», - гуфтааст В. Путин.


АҲАМИЯТИ ТАВСЕЪАИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ҶОМЕАИ ҲАМСУД

Ба таъкиди раисҷумҳури Русия Владимир Путин, Маскав дар давраи раёсати худ бар аҳамияти тавсеъаи забони русӣ дар ҷомеаи ҳамсуд ва фаротар аз онро дар авлавият қарор хоҳад дод. Ӯ ёдоварӣ кардааст, ки 13-уми октябри соли равон сарони кишварҳои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил дар Бишкек тавофуқномаеро барои эҷоди созмони байналмилалии забони русӣ, ки мақари он дар Сочӣ воқеъ аст, имзо карда, ба мавзуъи ҳифзи мероси муштарак, яъне забон русӣ таваҷҷуҳи вижа намуданд. Ин сохтор барои ҳимоят ва тарвиҷи забони русӣ таҳти ҳимояти созмони ҳамсуд ба унвони калиди дарки мутақобил ва иртиботи озод дар дохил ва хориҷ аз кишварҳои ИДМ тарроҳӣ шудааст. Ҷаноби Путин мегӯяд, ки забони русӣ иртибототи байни қавмӣ барои садҳо милён кас дар кишварҳои ҳамсуд ва саросари ҷаҳон буда, боқӣ хоҳад монд. Зеро соли 2023 дар кишварҳои муштаракулманофеъ соли забони русӣ  эълом гардида буд.

Ба иттилоъи Вазорати умури хориҷаи Русия, ҳоло дар ҳудуди кишварҳои ИДМ 8.5 ҳазор мактаби русӣ фаъолият дорад. Дар бештари кишварҳои ҳамсуд соати тадриси забони русӣ дар барномаҳои муассисоти омӯзишӣ рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Ва ин кишвар ҳамчунон ба тақвияти талошҳои худ барои таҳкими мавқеъияти забони русӣ ва бунёди макотиб дар хориҷ идома медиҳад.

“Забон ҷузъи муҳим фарҳанг ва масири фикрии инсон аст. Гузашта аз ин, ба қавли Ҳонгтинтун, фарҳанг ҳамеша ба дунболи қудрат аст. Аз ин рӯст, ки русҳо ба тавсеъаи забонашон дар кишварҳои зери нуфузи худ талош мекунанд, зеро медонанд, ки забон унсури муҳими қудрати нарм – фарҳанг дар зимни таҳтушшуоъи сиёсати истикбор қарор додани кишварҳои заиф аст. Ин амал бозмондаи замони шӯравӣ буда, Истолин ҷиҳати лузуми роҳандозии муваффақи забони русӣ (соли 1938) дар ИҶШС қароре тасвиб кард ва далелаш ин буд, ки ин қарор дар зимни ҳамоҳангии нерӯҳои низомӣ ва ҳамчунин таълими онҳо суҳулат эҷод мекунад. Ин сиёсат ҳоло идома дорад, яъне ҳукумати Русия аз соли 1938 ба ин сӯ иваз шуда, аммо сиёсаташ дар қиболи кишварҳои пасошӯравӣ хоса, Осиёи Марказӣ тағйир накард. Ба ҳамин хотир буд, ки дар зимни тағйири Қонуни забони тоҷикӣ дар соли 2009 эътирози мақомоти рус дар сархатти расонаҳои ин кишвар қарор дошт. Таъсиси макотиби русӣ ҳам шевае аз тавсеаи қудрати нарм аст, агарчи сатҳи тадриси макотиби русӣ болотар аз мадориси тоҷикӣ бошад ҳам. Ҳоло аз ин роҳи қудрати Чин ба Узбекистон роҳ ёфтааст, ки дар ибтидои ҳамин сол расонаҳои амрикоӣ дар хусуси ҳамлаи нарми Чин ба Узбекистон аз тариқи барномаҳои омӯзишии забони чинии мавсум ба ҳалқаи Конфутсӣ изҳори нигаронӣ карда буданд”, - афзуд ҷаноби Талабшоҳи Салом.

Ба андешаи ин таҳлилгар, марҳум Ваҳид Мужда дар ёддоштҳояш менависад, ки дар замони аввали сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон мадориси туркӣ бо устодони ирсолии Туркия дар ин кишвар тавсеъа пайдо карданд, ки аз зарфияти тадрисии хубе бархӯрдор буданд, аммо Толибон ба далели ин ки дар ин макотиб тарвиҷи сиёсати ғайр маҳфуз буд, фаъолияти онҳоро дар Афғонистон мамнуъ эълон карданд. Ин далоил дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ба бовари коршиноси тоҷик Талабшоҳи Салом наздикӣ бо форсӣ сиёсӣ унвон мешавад ва дар ҳоле ки форсӣ забони омодае ба унвони хатти рушди фикрӣ аст, аз он истифода намешавад, балки вожасозиҳое сурат мегиранд, заминаҳои бунёдии он бофтаанд. Ҳамин аст, ки забони илму коргузорӣ хароб аст ва иддае аз мақомоту аҳли илм иқроранд, ки барои онҳо навиштан бо забони русӣ ва ҳамчунин суханронӣ осонтар аст. Дигар ин ки агар забону мактаб унсури муҳиме дар таҳти нуфуз қарор додани ҷавомеъ намебуданд, аз қудрат дур кардани забони форсӣ дар Ҳинд аз тарафи Инглистон ва дар Қафқозу Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия дар зимни муборизоти ин ду кишвар ба унвони Бозии бузург (1813-1907) сурат намегирифт.


Ба гуфтаи Марина Лебедева, устоди Донишсарои равобити байнулмилалии Маскав омӯзиши забони русӣ ба яке аз муҳимтарин самтҳои диплумосии умумии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил шудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба равобити иқтисодӣ бо Русия ва таҷрибаи торихӣ ва ҳамчунин ин воқеъият ки бисёре аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия кор мекунанд, ин комилан дуруст аст. Ба андешаи таҳлилгарони рус ва ва эътирофи худи сиёсатмадорони Русия, бо фурӯпоши ҳукумати Шӯравӣ ва истиқлоли ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба тадриҷ забон русӣ ҷойгоҳи худро дар бисёре аз ин кишварҳо аз даст дод ва Русия мутаваҷҷеҳ шуд, ки тадриҷан қудрати худро дар муқобили Ғарб аз даст медиҳад ва нақшу ҷойгоҳи забони русӣ дар ҳудуди ИДМ камаҳамият мешавад.

Ҳоло як навъ талошҳое бо истифода аз абзорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва диплумосии умумии вобаста ба худ сурат мегирад, ки Маскав мехоҳад, ҳам тавозуни қудраташро муқобили ғарбиҳо ҳифз кунад ва ҳам дар ҳавзаи кишварҳои ИДМ ба тарвиҷи забони русӣ дастёб  гардад. Ин дар ҳолест, тайи се даҳсолаи охир кишварҳои ҳамсуд бар аҳамияти забони модарӣ ва ҳифзи арзишҳои суннатии хеш сиёсати тақвият ва таҳкими ҷойгоҳи забони модариро пеш гирифтаанд.

Ин мавзуъ то ҳадде боиси нигаронии иддае аз сиёсатмадорони рус гардидааст, ки аз даст рафтани ҷойгоҳи забонашонро ба қавле мусовӣ бо тағйири рӯйкарди сиёсии ин кишварҳо ва гароиш ба ғарб мепиндоранд. Вале дар байни кишварҳои ҳамсуд як навъ талошҳое ба мушоҳида мерасад, ки на дар фикри сиёсати забонии номуносиб бо Русия ҳастанд, балки назди бародари калонӣ барои вафодортар нишон додани худ дар “сабқат” мебошанд. Зеро бо вуҷуди ҳама мушкиле, ки дар равобити Русия ва кишварҳои ҳамсуд ҳаст, бо таваҷҷуҳ ба вобастагии ҷавомеъ ва ҳукуматҳои баъзе ин кишварҳо ба Русия ин ҷамоҳир ба сурати фаврӣ худро аз Маскав дур карданӣ нестанд, балки дар талаби ҷойгоҳи беҳтаре дар назди Русия ҳастанд.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед