
Истиқболи вижаи муғулҳо аз Путин: Дидор дар пойи тимсоли Чингизхон
Нашр шуд
Истиқболи бошукуҳи раисҷумҳури Русия дар майдони Чингизхони шаҳри Улан-Батор дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои байналмилалӣ қарор дошта, сару садоҳои зиёдро ҳам дар пай дошт.
Авоили моҳи сентябри соли равон, сафари расмии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Улан-Батор сурат гирифт. Сафари ӯ ба муносибати 85-умин солгарди пирӯзии нерӯҳои Муғулистон ва Шӯравӣ бар императории Ҷопон рост омад, ки дар тӯли моҳҳои набарди соли 1939 бар сари мавқеияти марзии байни Манчурия ва Муғулистон ҳазорон сарбоз ҷон бохтанд. Ӯ охирин бор панҷ сол пеш, ҳамчунин рӯзи 3 сентябр барои таҷлили мушобеҳ дар сарзамини муғулҳо буд.
Кремл дар ҳол эълом кард, ки ҳеҷ гуна нигаронӣ дар мавриди ҳузури Путин дар мулки муғулҳоро надорад. Ва Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳур гуфт, «мо равобити бисёр хубе бо шарикони худ дар Муғулистон дорем. Ва тамом ҷанбаҳои сафари раисҷумҳур ба диққат омода шудааст...». Ҷаноби Путин, ки бо даъвати ҳамтои муғулистониаш Ухнаагийн Хурэлсух ба Улан-Батор сафар кард, мавриди истиқболи гарми ӯ қарор гирифт.
Ҷаноби Хурэлсух бо ҳамтои русаш дар юрта (хайма)-и махсуси муғулӣ дар дохили қасри давлатӣ дар пойи тимсоли Чингизхон гуфтугӯ кард. Раисҷумҳури Русия гуфт, ки рушди равобит бо Муғулистон яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвараш дар қораи Осиё аст. Ӯ афзуд, ки иттиҳоду бародарӣ ва суннатҳои ҳусни ҳамҷворӣ, пояи маҳкам барои муносибатҳои ду кишвар буд ва хоҳад монд. Ухнаагийн Хурэлсух, раисҷумҳури Муғулистон таъкид кард, ки Русия ва Муғулистон кишварҳои дӯст ва "ҳамсояҳои абадӣ" ҳастанд. Ва равобити ду кишвар ба таври пӯё мутобиқ бо тавофуқномаи байнидавлатӣ дар мавриди мушорикати стратегии ҷомеъ, ки панҷ сол пеш имзо шуд, дар ҳоли тавсеа ва тақвият аст.
Гуфта мешавад, Русия шарики муҳими геоиқтисодии Муғулистон буда, пас аз Чин ҷои дуюмро ишғол мекунад. Соли 2023 ҳаҷми муомилоти мол байни ин ду кишвар 2,2 миллиард долларро ташкил додааст. Дар ҳафт моҳи соли равон мубодилоти тиҷоратии дуҷониба 21 дарсад афзоиш ёфта, марзи 1,5 миллиард долларо гузаштааст. Ва ҳар ду кишвар истифода аз арзи доллар ё евроро дар муомилоти мутақобила қатъ карданд.
Борис Шмелев, профессори рус ба пойгоҳи хабарии “ura.ru” дар заминаи тамоюли Русия ба Шарқ он ҳам ба самти Улан-Батор гуфт, ки Муғулистон аз нигоҳи геополитикӣ, бахусус дар шароити кунунӣ барои Русия таваҷҷуҳи хоса дорад. «Аз ин рӯ, мо омодаем барои Муғулистон ва ҳифзи нуфузи ин кишвар мубориза барем. Ҳоло геополитика барои бисёр давлатҳо дар мадди аввал қарор дорад ва қарорҳои зиёде дар асоси манфиатҳои беруна қабул карда мешаванд. Ҳоло масоили геосиёсӣ иртиботи танготанг бо геоиқтисодӣ дорад ва ба ҳамин далел ҳам Русия ва ҳам Муғулистон ба чунин вохӯриву боздид ниёз доранд”, - қайд кард ин коршиноси улуми сиёсӣ.
Ба гуфтаи ӯ, равобити Маскав ва Улан-Батор “мавзӯи нозук” аст, зеро Чин дар Муғулистон нуфузи қавӣ дорад. «Русия бо таҳкими мавқеаш метавонад ба манофеи Чин таъсир расонад. Аз ин рӯ, дар ин ҷо сиёсати хеле нозук ва мутавозин лозим аст, то мо бо шарикони чинии худ вориди даргир нашавем”, - афзуд Шемелев.
Раисҷумҳури Русия дар шаҳри Улан-Батор аз ҳамтои муғулистониаш даъват кард, то моҳи октябри соли равон ба Русия ташриф оварад: «Ман мехоҳам шуморо ба Қазони Русия даъват кунам. Ҷое, ки имсол иҷлоси “БРИКС”-ро баргузор хоҳем кард. Ин аввалин рӯйдод дар ин сатҳ пас аз густариши БРИКС хоҳад буд ва умедворам шумо низ дар қолаби ин ҳамоиш ширкат кунед. Мо мунтазир шумо хоҳем буд».
Раисҷумҳури Муғулистон ҳам даъвати ҳамтои русашро пазируфт ва гуфт, «муташаккирам ва даъвати шуморо мепазирам».
Муғулистон кишваре бо қаламрави бузург ва сарватҳои бойи табиӣ, ки дар маркази қораи Авруосиё ҷойгир шудааст. Ва Русия бо Муғулистон муносибати деринаи ҳамкории зичи бисёрсамта дорад, ки фаротар аз идеологияи умумии даврони Шӯравӣ аст. Александр Яковенко, ректори Академияи дипломатии Вазорати хориҷии Русия ба “expert.ru” гуфт, ки воқеан сафари ахири раисҷумҳури Русия ба Муғулистон дар маркази таваҷҷуҳи аксар кишварҳои ғарбӣ қарор дошт. Зеро, минтақаи Авруосиё муддатҳост бо геополитикаи хоси пешинааш берун аз назорати суннатии Ғарб мондааст.
“Барои Русия чархиш ба самти Шарқ дар доираи сафари ахири раисҷумҳур гувоҳи таҳаввули табиӣ дар сиёсати хориҷӣ мебошад, ки ба манофеи ду кишвар созгор аст. Дар ин замина ниёзе ба ҷустуҷӯи шарикони рушд нест - онҳо дар наздикии қитъаи муштарак бо ҳам қарор доранд ва ин маънои идеяи ташкили шарикии бузурги Авруосиё аст. Мо набояд фаромӯш кунем, ки дар анҷумани байниқораии БРИКС, бахши Авруосиё, аз ҷумла аъзои нав пазируфташуда - Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Эрон бештар расмӣ мебошад. Бар асоси гузориши расонаҳо, Анқара, як кишвари Авруосиё монанди Русия ҳам дархости пайвастан ба БРИКС-ро кардааст. Ин иқдомот бо роҳбурдҳои мусбати кишварҳои Созмони ҳамкории Шангхай, ки Муғулистон нозири деринаи он аст ва форматҳои гуфтугӯи сеҷониба, аз ҷумла бо мушорикати Русия, Чин ва Муғулистон ва ҳамчунин тарҳҳои монанди гуфтугӯи Улан-Батор дар мавриди амният дар муқобила бо ин иқдомот қарор мегирад. Шимолу шарқи Осиё, ҳоло долони муҳими татбиқи тарҳҳои бузурги иқтисодӣ байни Русия - Муғулистон - Чин ба шумор меравад. Натиҷаҳои иқтисодии сафар низ ба ин далел боварибахш мебошанд. Онҳо аз ҳаёт, аз ниёзҳои воқеии мардум сарчашма мегиранд ва дар воқеъ, имкони ворид кардани тарҳҳои тақобулӣ ба минтақаро бо руҳи бозии бузурги қарни нуздаҳум инкор мекунанд. Замон дар ҳоли тағйир аст ва дарки ин мавзуъ барои пойтахтҳои ғарбӣ, ки дар беҳтарин ҳолат, дар мавриди ончи дар ҳоли рух додан аст, сукут мекунанд ё «ҳайрон» мемонанд, душвор аст. Ҳамин тариқ, сафари раисҷумҳури Русия ба Муғулистон мебоист дар пойтахтҳои ғарбӣ фаҳмиши нохушояндро эҷод кунад, ки ба рӯзномаи ҷаҳонии Ғарб бо афзалияти сунъии амнияти ҳарбию сиёсӣ ва пояҳои идеологии он, сиёсати радикалии «сабз» ва ифротгароӣ таъми ногувор мегузорад. Зеро Ғарб кӯшиш мекунад, ки таърихро дар ҳама гӯшаву канори ҷаҳон аз сифр оғоз кунад ва сиёсати ҳукмронӣ, назорат ва саркӯбгароёнаашро бо зӯр бо ҷаҳонбинии нухбагони ғарбӣ думбол кунад. Дар Украина ин, ба шакли ҷанги «гибридӣ» буд”,- гуфт Яковенко.Ҳарчанд Ғарб талошҳои Муғулистон барои густариши равобити дипломатиро пайваста ташвиқ кардааст, аммо истиқболи гарм аз раисҷумҳур Путин ин пешрафтро таҳдид мекунад ва нишон медиҳад, ки равобит байн Русия ва ҳамсояҳо беш аз пеш қавитар аст.
Ба гуфтаи соҳибназари тоҷик Абдурақиб Қодиров, давлати Муғулистон бо назардошти ҷойгиршавӣ дар ҳамсарҳадии байни ду қудрати иқтидоргаро - Русия ва Чин аз диди геополитикӣ ҳам барои Ғарб ва ҳам барои Ҷопон аҳамиятнок аст.
“Баъзе ҳодисаҳои гузашта, аз қабили ғалабаи СССР ва Муғулистон «бар милитаристони Ҷопон дар дарёи Халхин Гол» 85-сол муқаддам, он ҳодисоти таърихӣ ҳеҷ гоҳ аз хотираи мардуми муғул ва рус ба осонӣ дар ин наздикиҳо бароварда намешавад. Ҳарчанд Муғулистон аз диди маъданҳои табиӣ, иқлими хос ва миқёси васеи хушкӣ чандон афзалият надорад. Аммо, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Ҷопон мехоҳанд, ин кишварро, ки дар ҳамсарҳадии Русия ва Чин аст, моил ба худ намуда, доираи нуфузашонро бештар кунанд ва ё Муғулистонро, ки як кишвари ҳампаймону дӯсти Русия аст аз доираи таъсиррасонии Маскав берун намоянд”,-гуфт Қодиров.Муғулистон муттаҳиди вафодор ва деринаи Русия?
Воқеан, моҳи майи соли гузашта, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, аввалин сафари таърихии худ ба Муғулистонро анҷом дод. Сухангӯи раёсатҷумҳури Фаронса дар он замон гуфт, ки ин кишвар моил аст «маҳдудиятҳои ҳамсоягони Русияро коҳиш дода ва гузинаҳои бештаре барои онҳо фароҳам кунад». Ва ё дар моҳи августи соли 2023, Камала Ҳаррис, муовини раисҷумҳури ИМА бо нахуствазири Муғулистон Лувсаннамсрайн Овун-Эрдэнэ дар Вашингтон мулоқот кард. Кохи Сафед дар баёнияе эълом кард, ки ин дидор «барои гиромӣ доштан равобити стратегӣ байни Амрико ва Муғулистон» баргузор шудааст. Ва ҳар ду ҷониб эълом карданд, ки ба думбол густариши равобити иқтисодии худ дар ҳавзаҳои «мавриди алоқаи ду тараф» ҳастанд.
Муғулистон ба далели мавқеи ҷуғрофӣ, ки байни Чин ва Русия қарор дорад, ба равобити худ бо ҳар ду кишвар аҳамияти зиёд медиҳад. Коршиносон таъкид мекунанд, ки густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Русия ва кишварҳои ҳамсоя дар пасманзари фишорҳои мудовими Ғарб дар чорчӯби даргирӣ бо Украина зарурӣ аст. Ва Муғулистон ҳоло равобити сиёсиву иқтисодии худ бо Русияро болотар аз тааҳҳудоте, ки дар қавонини байналамилалӣ дорад, гузошта, чеҳари Путинро ба унвони як раҳбари қудратманд ҳифз мекунад.
Раисҷумҳури Русия пеш аз сафараш ба Муғулистон дар суҳбат бо рӯзномаи маҳаллии "Оноодор" гуфт, ки шарикии Маскав ва Улан-Батор дар тамоми соҳаҳои муҳим бо суръати хуб пеш рафта истодааст. Алоқаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, амниятӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ низ бо муваффақият рушд меёбанд.
“Русия аввалин кишваре буд, ки соли 1921 истиқлоли Муғулистонро ба расмият шинохт ва барои муддати тӯлонӣ танҳо зомини ҳокимият ва амнияти он боқӣ монд. Дар даврони буҳронӣ ва хеле вазнин барои Муғулистон дар тобистони соли 1939, Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ба аҳду паймони худ содиқ монда, тибқи протаколи кумаки мутақобила дар 12 марти соли 1936, билофосила ба дархости давлати Муғулистон барои кумак кардан ба дафъи таҷовузи Ҷопон дар рӯдхона Халхин Гол ба ин кишвар посух дод. Беш аз 10 ҳазор сарбоз ва фармондеҳи артиши сурх дар набард барои озодӣ ва ҳифзи истиқлоли Муғулистон ҷони худро нисор карданд. Ва рушди шарикии ҳамаҷонибаи мутақобилан судманд бо Муғулистон – ҳамсояи наздик ва дӯсти деринаи мо ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Русия дар самти Авруосиё буд ва боқӣ мемонад. 3 сентябри соли 2019 дар шаҳри Улан-Батор дар ҳошияи рӯйдодҳои марбут ба 80-умин солгарди пирӯзии муштараки мо бар низомиёни Ҷопон созишномаи нави байнидавлатӣ дар мавриди шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ имзо шуд. Имрӯз Русия ва Муғулистон суннатҳои арзишманди дӯстӣ, ҳусни ҳамҷворӣ ва кумаки мутақобилро тақвият медиҳанд. Ба ин тартиб Русия танҳо дар соли ҷорӣ ба хоҷагиҳои чорводории Муғулистон, ки аз сармои шадид ва бориши барф зарар дидаанд, беш аз хаштуним хазор тонна хуроки ғалладона фиристод ва давлати Муғулистон барои рафъи паёмадҳои селу обхезии Урал маблағҳои молиявӣ ҷудо кард”,-гуфтааст раисҷумҳур Путин.
Ба гуфтаи ӯ, Муғулистон муттаҳиди вафодор ва деринаи Русия аст ва дар назар аст, шумори нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар паради низомии 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 9 майи соли 2025 дар майдони сурхи Маскав баргузор мешавад, ширкат намоянд.
Тақвияти ҳамкориҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо Муғулистон
Қобили тазаккур аст, ки Муғулистон кишваре бо ҳисормандии хушкӣ дар шарқи Осиё, байни Чин ва Русия ҷойгир буда, ҷамъияти каме беш аз се миллион нафар дорад. Дар соли 1990, Муғулистон пас аз 70 соли ҳукумати такаҳизбӣ ба сабки Шӯравӣ, ба тарафи ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ва интихоботи чандҳизбӣ ҳаракат кард. Ва ҳоло кишваре бо низоми парлумонӣ аст
Миқдори зиёде аз манобеи маъдани дастнахӯрда, диққати сармоягузорони хориҷиро ба Муғулистон ҷалб қарда, иқтисоди кӯчак, вале дар ҳоли рушди ин кишварро ба таҳаввул рӯбарӯ сохтааст. Ғайр аз ин, бисёр канданиҳои фоиданок, баъзан маъданҳои хеле нодир дорад, ки пештар ба ИМА ё Канада зиёд интиқол меёфт. Бо дарназардошти вазъи кунунии геополитикӣ, бозорҳои фурӯш метавонанд ба Русия табдил дода шаванд. Масалан, унсури химиявии миси муғулҳо, ки бештар дар самти технология истифода мешавад, мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои пешрафта аст.
Муғулистон бо вуҷуди сарватҳои табиӣ ва дигар дороиҳояш, ҳамчунон барои таъмини бахши умдаи сӯзишворӣ ва барқи мавриди ниёзаш, ба Русия вобаста аст. Зеро соли гузашта, беш аз 90 дарсади бензину гази воридотӣ ба бозори Муғулистон, аз Русия омада буд. Ва ҳоло чашмандози хубе барои ҳамкорӣ дар бахши гази транзитӣ низ матраҳ шудааст. Бо назардошти муваффақияти муғулҳо дар соҳаи кишоварзӣ, маҳсулоти чорводории маҳаллии ин кишвар дар бештари мағозаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба мушоҳида мерасад.
Ин кишвар дар баробари доштани пайвандҳои фарҳангӣ бо Маскав, ҳамзамон равобити тиҷоратиаш бо Пекин бисёр ҳаётӣ аст.
Муғулистон, то авоили қарни бистум таҳти назорати хонадони Чинг аз Чин буд. Замоне, ки сулолаи Чинг дар соли 1911 суқут кард, давлати Чин ва Русия бар сари Муғулистон ба низоъ пардохтанд, то ин ки як давлати каммунистии таҳти ҳимояти Шӯравӣ дар авоили даҳаи 1920 дар ин кишвар ба қудрат расад. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ дар соли 1991, Муғулистон ба иқтисоди бозори озод пайваст ва ба як демократияи парлумонӣ табдил шуд. Аммо равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ байн ин се кишвар ҳамчунон қавӣ аст.
Солҳои охир, нухбагони сиёсии рус дар як қатор лоиҳаҳои нав дар бахши иқтисод ва саноат, аз ҷумла сохтмони хати лӯлаи гази фаромуғулӣ аз Русия ба Чин, модернисозӣ ва баланд бардоштани самаранокии корхонаи муштарак – Роҳи оҳани Улан-Батор, иштироки ширкати «Роснефт» дар таъмини маводи сӯзишворӣ дар фурудгоҳи нави байналмилалии Чингизхон ва бозсозии маркази гармидиҳӣ (ТЭТС-3) дар Улан-Батор бо иштироки ширкати «Интер -Экспорт» кор бурда истодаанд.
Муддатҳост, ки баҳс дар бораи эҳдоси як хати лӯлаи гази табиӣ аз Русия ба Чин аз тариқи Муғулистон, ба номи «Қудрати Сибир 2» матраҳ аст. Ин хати лӯлаи пешниҳодӣ қарор аст, солона 50 миллиард метри мукааб гази табиӣ аз Русияро аз хоки Муғулистон ба Чин мунтақил кунад. Билохира, руасои ҷумҳури Муғулистон ва Русия соли 2021 ба тавофуқ расиданд ва корҳои муқаддамотии он оғоз шуд, ки 960 километри он аз ҳудуди Муғулистон мегузарад. Ба гуфтаи ҷаноби Путин, Муғулистон замоне, ки ба интиқоли гази табиӣ аз Русия ба Чин кумак кунад, қодир хоҳад буд, бахше аз ин манобеъро истифода кунад ва ин фурсат акнун дар дасти гуфтугӯ аст: “Дар ҳоле, ки ибтидо шарикони муғулистонии мо тарҷеҳ медоданд, танҳо як кишвари транзитӣ бошанд, аммо акнун дар ҳоли баррасии истифода аз гази арзони ин хати лӯла барои ҳимоят аз тавсеаи иқтисодӣ ва зерсохтҳои худ ҳастанд”.
Дар ҳоли ҳозир, Русия гази табииро аз тариқи тарҳи лӯлаи «Қудрати Сибир 1», ба Чин ирсол мекунад. Ин қитъаи лӯлаи газ фаъолияташро дар соли 2019 оғоз кард ва аз шарқи Сибир то шимолу шарқии Чин, дарозӣ дорад. «Қудрати Сибир 1», яке аз бузургтарин тарҳҳое аст, ки ахиран тавассути ширкати “Газпром” такмил шуд ва аввалин маҷрои содироти гази Русия ба Чин аст.
Ҳоло Кремл аз итмоми кор бар рӯйи тавофуқномаи муваққатии тиҷорӣ байни Иттиҳоди иқтисоди Авруосиё ва Муғулистон хабар медиҳад, ки қарор аст, содироти молу маҳсулоти ин кишварро ба бозори Русия сабук кунад. Ҷанбаи муҳими ҳамкорӣ ин дастрасии Муғулистон ба бозорҳои ИИАО мебошад, ки ба афзоиши содироти гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, пашм, маҳсулоти аз онҳо тайёр, чарм мусоидат мекунад. Гузашта аз ин, Муғулистон намунаи барҷастаи ҳалли мушкилот дар бахши логистика, на танҳо барои Русия, балки барои Чин мебошад. Зеро қаламрави ин кишвар барои Маскаву Пекин як ҳалқаи муҳими рушди долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва таҳкими тарҳи иқтисодии “Роҳи абрешим” мебошад. Долони “Русия-Муғулистон-Чин” яке аз масирҳое аст, ки ҷониби Пекин ба таври ҷиддӣ баррасӣ мекунад. Он долонҳои нақлиётии Шимол-Ҷануб ва Ғарб-Шарқро мепайвандад, ки Русия ҳам мехоҳад онро рушд диҳад. Аз ин рӯ, ба назари таҳлилгарони рус барои Маскав ва Пекин аз нигоҳи ҳамгироӣ ва бунёди фазои ягонаи иқтисодии Авруосиё судманд аст.
Русия ба Чин на танҳо ба воситаи Хабаровск, балки аз Маскав ҳам мол мекашонад. Ва аз тариқи Муғулистон анҷом додани ин кор хеле наздиктар аст. Ҳамзамон роҳҳои оҳани Русия ба лоиҳаҳои Муғулистон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Барои интиқоли молу маҳсулот ва рушди инфрасохтор ба ин кишварҳо иншооти анборӣ - «бандарҳои хушк» лозим аст. Ба далели афзоиши доимии гардиши мол бо кишварҳои шарқ, ин масир иловаи муассир ба хатсайрҳои мавҷуда хоҳад буд.
Назарҳое ҳаст, ки ҳифзи равобити наздик бо ҳамсоягони қудратманд барои Муғулистон муҳиму ҳаётӣ аст, вале ин кишвар дар солҳои ахир талошҳое низ дорад, то равобити байналмилалии худро гуногунсамта намуда, истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодии худро тазмин кунад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед