
Кишти пистаи туркию бодоми афғонӣ дар Тоҷикистон: Талош барои ба даст гирифтани бозори “гарм”
Нашр шуд
Пистаи туркӣ ва бодоми афғонӣ аз маъмултарин маҳсулоти донагӣ ба шумор меравад, ки дар бозорҳои Тоҷикистон харидори зиёд доранд. Ҳамасола садҳо тонна ин намуди маҳсулот аз хориҷ ба кишвари мо ворид гаштаю талаботи он ҳам хеле зиёду бозораш ба қавле “гарм” аст. Аз ин рӯ, тоҷирону боғдорон ин шабу рӯз барои бозори ин намуди маҳсулотро ба даст гирифтан, ҷиду ҷаҳд доранд.
“Иқлими Тоҷикистон барои парвариши ҳама намуди маҳсулот мутобиқ асту хоки диёри мо зархез, аммо мутаассифона ҳоло ҳам аксар аз маҳсулоти кишоварзӣ аз хориҷ воридот мегардад, дар ҳоле, ки ҳамаи онро имкони дар Тоҷикистон парваришу истеҳсол кардан ҳаст”, - мегӯяд Ҳикматулло Ҷураев, менеҷери ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон”.“Витаминҳои Тоҷикистон” низ маҳз талаботи аҳолиро ба инобат гирифта, боғи пистаи туркию бодоми афғониро бунёд кард. Ҳоло алакай ду сол мешавад, ки ниҳолҳои бодому пистаи боғ ба ҳосил даромадааст.
Ба иддаои Ҷураев, онҳо ният доранд дар навбати аввал бо истеҳсол кардани бодому пистаи афғонӣ ва туркӣ бозорҳои дохилиро таъмин кунанд. Баъдан, нияти содирот кардани онро доранд.
“Ин пистазор 5 сол қабл, дар заминҳои бекорхобидаю камҳосили Ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун бунёд гаштааст. Дақиқан 25 ҳазор ниҳоли ин анбуҳи писта, ҳоло 5 сол доранд. Пистазори мазкур дар масоҳати 43 гектар бунёд шуда, бо истифода аз усули обёрии қатрагӣ, сероб мегардад. Ин пистаи пайвандист”, - фаҳмонд менеҷери “Витаминҳои Тоҷикистон”.
Ба идаои мутахассисони соҳа, дар ин мавзеи камоб, бунёд кардани пистазор ба ноҳиядорон нафъи калон хоҳад овард. Чун қаблан хоҷагидорон бо азобу машаққати зиёд танҳо як ҳосил аз ин заминҳо руёнида метавонистанду халос. Ҳоло бошад норасоии об дар ин минтақа ба назар намерасад. Чун масъулини хоҷагӣ, бо бунёди чоҳҳои махсус ва обёрии қатрагӣ мушкили худро осон намудаанд.
– Ҳарчанд баъди бунёди боғ мушкилиҳо зиёд буд, аммо мо бо мурури вақт ҳамаи онро омӯхтаю бартараф кардем, яъне нозукиҳои парвариши пистаю бодомро дар иқлими гарми ин ноҳия алакай аз бар намудем, зикр намуд, Фазлиддин Назаров, мутахассиси соҳа.
- Минтақае ки мо боғ бунёд кардаем, ба сарҳади Афғонистон наздик аст, аз ин рӯ ҳавои тафсону шамолҳои “афғонӣ”, яъне боди тунди чангдор зиёд дорад. Аз сӯи дигар атрофи моро биёбон иҳота кардаасту бо вазидани бод, хокборишҳои зиёд ба вуқуъ меояд, ки ин ҳама барои парвариши ниҳоли писта таъсири манфии худро мерасонад.
Бояд гуфт, ки боғи ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон” дар ноҳияи Ҷайҳун дар майдони беш аз 70 гектар бунёд шудааст. Чун нақшаи хоҷагидорон калон аст, соли ҷорӣ дар майдони 8 гектари дигар пистаи навъи “Узун Антеп”-и туркиро кишт кардаанд.
“Навъи пистае, ки мо кишт кардаем то 400 сол умр дида, дар 3 солагӣ ҳосилхез мегардад”, - изҳор медорад Фазлиддин Назаров.
Ин навъи писта, аз дигар навъҳо тафовути калон дошта, дар баробари зуд ҳосилхез гаштан, даҳони донаки ҳамаи он боз аст. Нигоҳубини он ҳам дар шароити Тоҷикистон мушкил нест, танҳо дар замини обӣ парвариш намуданаш лозим аст, фаҳмонд мутахассис.
Барои рушди соҳаю ба дигар хоҷагидорон дастрас намудани ниҳоли ин навъи писта, масъулин дар як сол то 100 ҳазор ниҳолро дар қӯттиҳои махсус сабзонидаю пайванд карда, пешкаши харидорон менамоянд.
Дар баробари бунёди боғ, ҷамъият ҳамчунин ба парваришу фурӯши ниҳолҳои пайвандии писта машғул аст, гуфт менеҷери “Витаминҳои Тоҷикистон”.
“Дақиқан, ниҳол ва тухми ин пистаро дар аввал мо аз Туркия ворид кардем. Баъдан, бо мурури вақт, мутахассисони мо тарзи парвариш ва пайванд кардани пистаро аз худ карданд. Ҳамин тариқ мо парвариши навниҳоли онро ҳам ба роҳ мондем. Ҳоло дар гармхонаю ҳавои кушоди хоҷагӣ, 40 ҳазор ниҳоли писта, барои ба фурӯш гузоштан омодааст”, - илова намуд Ҷураев.
Агар қаблан пистазорро танҳо дар ҷангалу куҳистон дидан мумкин буд, ҳоло бошад, дар заминҳои наздиҳавлигию корами обӣ низ метавон бо ниҳоли писта вохӯрд. Чун тайи солҳои охир бо ворид кардани навъҳои гуногуни дарахти писта ва коркарди агротехникаи он, хоҷагидорон дар заминҳои хеш, боғи пистаро низ бунёд мекунанд. Ҳамаи ин барои ба даст гирифтани бозори пистаи туркӣ, аз сӯйи тоҷирони ватанӣ имконият фароҳам меоварад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед