Ru  | Tj
Коршиносон кишварҳои дӯст ва ғайридӯсти Русия дар фазои пасошуравиро номбар карданд
Коршиносон кишварҳои дӯст ва ғайридӯсти Русия дар фазои пасошуравиро номбар карданд
Акс: Пажӯҳишгоҳи миллии тавсеаи иртибототи Русия

Коршиносон кишварҳои дӯст ва ғайридӯсти Русия дар фазои пасошуравиро номбар карданд

Нашр шуд

Дар Маскав радабандии кишварҳои дӯсти фазои пасошуравӣ ироа шуд. Натиҷаи ин назарсанҷиро кормандони Пажӯҳишгоҳи миллии тавсеаи иртибототи Русия – роҳбари ин муассиса ва муовини ӯ дар умури корҳои илмӣ Валентина Комлева муаррифӣ карданд.

Масъалаи мазкурро беш аз 400 нафар коршиноси хориҷӣ ва рус дар шонздаҳ кишвари пасошуравӣ бар асоси 12 меъёр, аз ҷумла сиёсати хориҷӣ, иртибототи байниминтақаӣ, фарҳангиву динӣ, ҳамчунин равобит бо Русия, русҳо ва рустаборони дохили кишварҳо мавриди омӯзиш қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки муаррифии радабандии кишварҳои дӯст дар фазои пасошуравӣ барои севумин бор сурат мегирад. Имсол Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ба феҳристи кишварҳои таҳқиқшаванда пайвастанд.

«Бар асоси натоиҷи ин радабандӣ 10 кишвар дар гурӯҳи дӯст, панҷ кишвар дар гурӯҳи ғайридӯст ва як кишвар монанди соли гузашта дар гурӯҳи нисбатан дӯст ва ғайридӯст қарор доранд, - иброз дошт Валентина Комлева.

 Ба гуфтаи Владислав Гасумёнов, роҳбари Пажӯҳишгоҳи миллии тавсеаи иртиботот, дар аксари кишварҳо шароиту имконоти иртибот бо Русия мувоҷеҳи тағйироти бузурге шудааст. Ӯ бар ин назар аст, ки ин амр ба авомили хориҷӣ ва рухдодҳои байнулмилалӣ марбут аст, зеро дар дунё ду қутб: “ғарб” ва “аксарияти ҷаҳон” шакл гирифта, тақобули идеологии дуқутба байни онҳо ба вуҷуд омадааст.

«Бархе аз кишварҳои пасошуравӣ, аз ҷумла Латвия, Литва ва Эстония ба модели ғарбӣ созгор шуда, бархеи дигар ба монанди Украина, Молдова, Гурҷистон, ки ба самти Ғарб гароиш доранд, дар ҳолати гузариш қарор доранд. Арманистон ва Озарбойҷон ба унвони кишварҳои калаванда шинохта шудаанд ва кишварҳои дигаре, ки аз онҳо ном набурдаам, бинобар тасмимоти гирифта қутби “аксарияти ҷаҳон”-ро интихоб кардаанд”, - шарҳ дод Гасумёнов.

Ин коршинос таъкид кард, ки назорати бардавоми низомҳои иртиботӣ имкон медиҳад, ки на танҳо ҷараёни инкишофи равобит бо Русияро пайгирӣ кунем, балки тағйироти бавуҷудомадаро саривақт мушоҳида карда, сабабҳои зуҳури онҳоро низ дарк кунем.

ДАҲ АЗ ШОНЗДАҲ

Бояд гуфт, ки Осетияи Ҷанубӣ бо 93,5 имтиёз дар садри радабандии кишварҳои дӯст қарор гирифт. Белорус бо 87,6 имтиёз ва Абхозистон бо 81,4 имтиёз мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро дар ин феҳрист касб карданд. Ба гуфтаи коршиносон, ин се кишвар ва Русия фазои ягонаи иртиботӣ, қоидаи ягона ва шароиту имконоти муштараки иртиботиро ташкил кардаанд. Кишварҳо тақрибан дар ҳамаи меъёрҳои арзёбӣ ҳадди аксари имтиёзҳоро касб мекунанд.


Тавре муовини роҳбари Пажӯҳишгоҳи миллии тавсеаи иртиботот дар умури корҳои илмӣ Валентина Комлева изҳор дошт, мавзеъгирии кишварҳое мисли Қирғизистон – 60,3 имтиёз, Тоҷикистон – 58,7 ва Узбекистон – 55,2 тағйир накардааст. Мавзеъи Туркманистон бо 47,1 имтиёз комилан бетағйир боқӣ мондааст. Ба гуфтаи Комлева, ин кишвар ҳамоно мавзеъи бетарафиро нисбат ба Русия ҳифз мекунад.

Бо ин ҳол пешрафти қобили таваҷҷуҳе дар Қазоқистон, Озарбойҷон ва Арманистон зоҳир мешавад. Дар соли 2023 дар ин кишварҳо коҳиши сатҳи дӯстӣ ба сабт расид. Ҳамин тавр дар Қазоқистон ҷараёни инкишоф 8 зина (дар феҳристи умумӣ бо 50 имтиёз), дар Озарбойҷон – 7 (50,1 имтиёз), дар Арманистон – 12 зина (46 имтиёз) коҳиш ёфт.

Аз сӯйи дигар Гурҷистон ҳаммонанди соли гузашта ҷойгоҳи ягонаро дар гурӯҳи кишварҳои нисбатан дӯст ва нисбатан ғайридӯст (12 имтиёз) ба худ ихтисос додааст.

«Воқеъият ин аст, ки низоми иртибототи сиёсати хориҷӣ зидди Русия боқӣ мондааст. Гурҷистон дар тамоми саҳнаҳои байнулмилалӣ ва тасмимоти сиёсӣ ба мавзеъгирии зиддирусӣ ва мавзеъи мухолифони Русия, ки ошкоро фаъолият мекунанд, пойбанд аст. Дар баробари ин низоми иртибототи иқтисодӣ ва шаҳрвандӣ нисбатан нарм шудааст. Ин шохис шомили афзоиши гардиши тиҷорӣ, ҳамкориҳои байни намояндагиҳои тиҷоратӣ ва бозгушоии хатсайрҳои ҳавоӣ аст”, - тавзеҳ дод Комлева.

Молдова имсол бо -16,1 имтиёз ба гурӯҳи кишварҳои ғайридӯст пайваст. Дар соли 2023 коршиносон равандҳоеро дар заминаи аз даст додани ҳувияти худ ба далели нуфузи Руминия, фарсоиши давлат ва адами тавофуқи бештари ҷомеа бо мавзеъгириҳои Русия шиносоӣ карданд. Дар соли 2023 дар баробари Молдова Эстония (-57,7 имтиёз), Литва (-59,9), Латвия (-63,9) ва Укроин (-89,6) дар феҳристи кишварҳои ғайридӯст боқӣ монданд.

Муаллифони пажӯҳиш бо натиҷагирӣ аз дидабонӣ (мониторинг) барои соли 2023 таъкид карданд, ки таҳлили маълумот фарзияи онҳоро дар соли 2022 таъйид кард. Ба гуфтаи Валентина Комлева, низомҳои иртиботӣ сарфи назар аз пояҳои иҷтимоъиву фарҳангиашон ба таври фазоянда баргирифта аз низомҳои сиёсӣ мешаванд. Интизор меравад, ки дар оянда танҳо омили иқтисодӣ самтҳои сиёсати хориҷии рушди кишварҳоро муайян кунад.

Гуфтанист, ки барои радабандии дӯстӣ коршиносон таҳлили рухдодҳо дар кишварҳои хориҷӣ, муҳтавои асноди давлатӣ, изҳороти раҳбарони хориҷӣ ва манобеъи расонаҳоро анҷом медиҳанд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед