Ru  | Tj
Маҳсули амалкарди сесолаи Толибон*: Буҳронофаринӣ ва заминасозии ҷанг?
Маҳсули амалкарди сесолаи Толибон*: Буҳронофаринӣ ва заминасозии ҷанг?
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Маҳсули амалкарди сесолаи Толибон*: Буҳронофаринӣ ва заминасозии ҷанг?

Нашр шуд

“Се сол муқаддам, сарони давлати низоми “ҷумҳурият” дар Афғонистон бо қавмгароӣ, инҳисорталабӣ ва авомфиребӣ заминасози суқути низом ва тахриби сохторҳои миллии ин кишвар шуданд”.

Дар севумин солгарди суқути низоми “ҷумҳурият”‏ Раҳматулло Набил, раиси пешини амнияти ин кишвар дар паёме гуфт, ки ёдоварии 15 августи соли 2021 боиси фарогирии дарс аз нокомиҳояшон аст. Рӯзе, ки натанҳо ба ояндаашон таъсире вайронгар гузошт, балки тасвири зинда аз фоҷеаҳои муқаррар дар таърихи ин кишвар буд. Ин рӯз ёдоварии суқуте аст, ки натиҷаи даҳаҳои ҷанг, ноамнӣ ва ноҳинҷориҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ буд. Суқуте, ки натанҳо низом, балки умед ва орзуҳои мардуми Афғонистонро бо хок яксон сохт. Дар ин рӯз, бо  суқути ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва тахриби арзишҳои маънавӣ мувоҷеҳ шуданд.

Ҳоло тақрибан тамоми кишварҳои ҷаҳон ба шакли бисёр пуррангтар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони эҳёи ҳукумати дувуми Толибон* борҳо бар асли ташкили давлати ҳамашумул, фарогир ва демократӣ бо ҳузури ҳамаи ақвом дар Афғонистон таъкид кардааст. Ва ба назар мерасад, Тоҷикистон то ҳол иқдом надорад аз ин мавқеи сиёсиаш дар масъалаи Толибон* даст кашад.

Аммо Толибон* ҳам бо баҳонаҳои пучу беасос бо таъхир дар эҷоди чунин ҳукумат саъй надоранд. Яъне бо вуҷуди тамоми исрору таъкидҳои Тоҷикистон ва соири кишварҳо дар мавриди ташкили ҳукумати фарогир, амалан дар ин муддат Толибон* аз даст задан ба чунин иқдом шона холӣ карда, талоше ҳам надоранд.

Дар сояи арзёбӣ ва таҳлили коршиносон перомуни корномаи ҳукумати сесолаи Толибон* ба назар мерасад, таҳаввулоти Афғонистон ба шакли мустақим ва фаврӣ ҳар лаҳза метавонад, рӯйи амнияти миллии Тоҷикистон асаргузор бошад. Зеро аз замони рӯйи кор омадани Толибон* байни ду кишвар чолишу халоҳои амниятӣ, ки заминае барои ноамнӣ аст, ба шакле боқӣ мондааст.

Ин дар ҳолест, чанде пеш Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи ҳукумати Толибон* вобаста ба татбиқи тарҳҳои бузурги иқтисодӣ дар Афғонистон гуфт, ки мардум кори барномаҳои бузурги иқтисодиро дар хоб медиданд, ҳамакнун он ҳама дар амал пиёда мешавад. Ӯ ба кишварҳое, ки ҳанӯз ҳам бо “Иморати исломӣ” дар таомул нестанд, гуфт, ки бо Афғонистон ҳамкорӣ кунанд, зеро  сиёсати ҳукумати сарпараст дар қиболи соири кишварҳо “иқтисодмеҳвар” аст.

Ахиран шабакаи телевизионии “Tоlоnews” аз қавли намояндаи расмии Вазорати савдои Толибон*, Абдусалом Ҷавод хабар дод, ки дар ҳафт моҳи соли равон мубодилоти молии Афғонистону Тоҷикистон ба 30 миллион доллар расидааст. Ба гуфтаи ӯ, 22 миллион доллар молҳои Тоҷикистон, ки ҷониби Афғонистон харидорӣ кардааст, асосан мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ, семент, равғани офтобпараст ва тухм будааст, вале аз нерӯи барқ нагуфтааст. Ҷониби Тоҷикистон бошад ба арзиши 8 миллион доллар аз Афғонистон бештар маҳсулоти кишоварзӣ ба монанди помидор, бодиринг, картошка, себ, анор, бодом ва зираи сиёҳ харидорӣ кардааст.

Ба гуфтаи огоҳони умури Афғонистон, ҳар қадар аз умри ҳукумати Толибон* гузарад, шароит ва тақозои дохилӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ин ҳаракатро мутаваҷҷеҳи ҳодисот барои тағйири навъи ҳукуматдорӣ хоҳад кард. Зеро дар се соли ахир ба равшани исбот шудааст, ки Толибон* наметавонанд як сохтори сиёсӣ ва дипломатии посухгӯро чӣ дар қиболи мардум ва ҷомеаи Афғонистон ва чӣ дар қиболи ҳамсоягон эҷод кунад. Баръакс кишварҳои акнофи Афғонистон дар ҳавзаи сиёсӣ ва дипломатӣ тамоюли ҳамкории зич бо онҳоро нишон медиҳанд.

Тарс ё воқеият: Тошканд бо имзои қарордодҳои миллиарддолларӣ думболи чист?

Ахиран, аз кабинаи ҳукумати Мирзиеёв ҳайате дар раъси сарвазири Ӯзбекистон, Абдулло Орипов вориди Кобул шуд ва мавриди истиқболи гарми мақомҳои Толибон* қарор гирифт. Байни тарафҳо 35 ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи 2,5 миллиард доллар имзо шуд. Ва ё тобистони соли равон раисҷумҳури Қазоқистон пешдастӣ нишон дода, аввалин шуда, онҳоро аз рӯйхати гуруҳҳои террористӣ ҳазф карда, як қадами амалӣ гузоштааст.

Бо ин ҳол, бархе аз мақомҳои пешин ва огоҳони умури иқтисодӣ мегӯянд, ки барои Ӯзбекистон фарқ намекунад чӣ навъ низом дар Афғонистон ҳоким аст. Онҳо, кишвари Афғонистонро ба унвони кӯтоҳтарин роҳ барои бозори ҷаҳонӣ ва фурӯши маводи хоми худ дар Осиёи ҷанубӣ медонанд. Ҳамчунон таъкид мешавад, ки Ӯзбекистон бо тасаллути Толибон* дар Афғонистон ба шиддат аз нуфузи гурӯҳҳои террористӣ аз марзҳои Афғонистон нигарон аст ва ҳамзамон талош меварзад, ки ба унвони бозигари муҳими минтақаӣ аз тариқи таомул бо Толибон* нақш ифо кунад.

Дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8-и субҳ” Раҳматулло Набил, раиси умумии амнияти миллии пешини Афғонистон иброз доштааст, ки Ӯзбекистон ба шиддат нигарони амнияти марзҳои худ ва суботи минтақа аст. Ба гуфта ӯ, барқарори равобит наздик бо Толибон* метавонад ба коҳиши таҳдидоти амниятӣ монанди нуфузи гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир ба ин кишвар кумак кунад.

“Ӯзбекистон ба думболи густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии худ бо Афғонистон аст. Афғонистон ба унвони як пули иртиботӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ метавонад масирҳои транзитии ҷадидро барои тиҷорат ва энержӣ ба ин кишвар фароҳам кунад. Эҷоди равобити наздик бо Толибон* ба афзоиши тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба кумак мекунад. Ӯзбекистон ба манобеи табиӣ Афғонистон алоқаманд аст ва бо эҷоди равобити наздик бо Толибон* мехоҳад фурсатҳои ҷадид барои дастрасӣ ба ин манобеъ ва тавсеаи ҳамкориҳои истихроҷӣ ва саноатӣ барои худ фароҳам кунад. Ӯзбекстон мумкин аст, талош кунад то бо эҷоди равобити наздик бо онҳо, аз вазъияти инзивои дипломатӣ, ки Толибон* бо он мувоҷеҳ аст, баҳрабардорӣ кунад ва ба унвони як восита дар таомулоти байналмилалӣ бо ҳукумати Толибон* нақшофаринӣ кунад”,-гуфт Набил.

Назарҳое ҳам ҳаст, Ӯзбекистон ба далели даргириҳои Украина ва тӯлонӣ будани роҳҳои расидан ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз тариқи Русия, қасд дорад аз роҳи кӯтоҳи Афғонистон ба обҳои байналмилалӣ роҳ пайдо карда, пахтаи худро ба бозорҳои насоҷии Ҳиндустон ва Покистон арза кунад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки барои ҳифзи равобит ва муносибот бо Афғонистон бештар худи кишварҳои минтақа ба монанди Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Озорбойҷон моиланд, зеро ниёзманди рушди ҳамкориҳо дар самти иқтисодиву амниятӣ ҳастанд. Онҳо ба ин васила бо “муносиботи тактикӣ” мехоҳанд, Толибон*-ро “мудирият” кунанд. Феълан, Ӯзбекистону Туркманистон маҷбуранд, равобиташонро бо Толибон* дар авлавият қарор диҳанд. Зеро, бидуни созиш бо иҷрои тарҳи бузурги канали Қӯштеппа эҳтимоли тезутунд шудани муносибат бо ҳамсоягон вуҷуд дорад. Ҳоло дар муқоиса бо Ишқобод зиёдтар ҷониби Тошканд аз коҳиши оби Омударё ба саноати пахтааш зиён мебинад, ҳарчанд Туркманистону Ӯзбекистон аз истеъмолгарони асосии оби ин рӯдхонаанд, аввалӣ 75 дарсад ва дуюмӣ 65 фисади ниёзашонро аз оби Ому таъмин мекунанд.

Хушунат дар Афғонистон зери номи қавм ва табор

Ин дар ҳолест, ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба рафтору иқдомоти Толибон* дар як шароити печидаву сардаргумӣ ба сар мебарад. Зеро дар ин се соли султадории Толибон* ҳазорон маҳбус аз зиндонҳои Афғонистон озод шуданд, ки бисёре аз онҳо дар сафи гурӯҳҳои террористӣ буда, дигарбора шомили гуруҳҳои даҳшатафкан шуданд. Ба иттилои Созмони милал, аз замони бозгашти Толибон* ба қудрат дар Афғонистон наздик ба 1,4 миллион духтар аз таҳсил дар мактабҳои миёна маҳрум гаштаанд. Занон аз ҳаёти ҷамъиятӣ тақрибан ҳазф шудаанд. Имрӯз дар Афғонистон ҳеҷ зане дар сатҳи миллӣ ё вилоятӣ мақоми раҳбарӣ ва нуфузи сиёсӣ надорад. Ва зиёда аз 20 миллион нафар занони афғон аз ҳуқуқҳои асосии сиёсӣ маҳрум шудаанд.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин вазъ боиси мушкилоти солимии равонии занону духтарон шудааст, зеро набуди ҷои кор ва дурӣ аз таҳсил қасди худкуширо байнашон зиёд кардааст. Гузашта аз ин сиёсати табъизи феълии Толибон* ба наслҳои оянда таъсир мерасонад. Яъне, тибқи пешгӯиҳо, то соли 2026 бо набуди дастрасӣ ба таҳсилот шумори таваллуди бармаҳал ба 45 дарсад ва марги модарон, то 50 фисад хоҳад афзуд. Фазои расонаии Афғонистон ҳам ба шиддат маҳдуд шудааст ва ин кишвар дар ироа ва интишори ахбори комил ва дақиқ аз таҳаввулоти дохили кишвар бо мушкил мувоҷеҳ аст.

Дар робита ба таассуботи қавмии Толибон* ва сесолагии суқути низоми “ҷумҳурӣ” рӯзномаи "8-и субҳ"-и чопи Кобул аз қавли сиёсатмадорони дохилӣ ва хориҷӣ навиштааст, ки Толибон* ба саркӯб ва хушунат алайҳи шаҳрвандони Афғонистон, зери номи қавм ва табор поён диҳанд. Ва ҳушдор додаанд, ки агар Толибон* аз рафтори табъизомез алайҳи ақвоми сокин дар кишвар даст барнадоранд, Афғонистон ба оҳистагӣ ба самти ноамнӣ ҳаракат хоҳад кард. Тавре Муҳаммад Муҳаққиқ, яке аз раҳбарони ҳазораҳо дар ҳукумати пешин, ҳоло берун аз Афғонистон бар сар мебарад, дар суҳбат бо ин нашрия гуфт, ба саркӯб ва хушунат алайҳи шаҳрвандоне, ки ҳамтабор ва ҳамбовари онҳо нестанд, поён диҳанд ва бо сиёсатмадорони мухолифи худ вориди гуфтугӯҳои сулҳҷуёна шаванд. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки ҷараёнҳои мухолифи Толибон*-ро ба унвони тарафи аслии масоили Афғонистон дар назар гиранд ва болои Толибон* фишор ворид кунанд.

Коршиноси тоҷик дар масоили умури Афғонистон, Раҳматулло Абдуллоев мегӯяд, воқеан муддати се соли мавҷудияти ҳукумати Толибон* шоҳиди он мешавем, ки мушкилоти мардуми ин кишвар афзуда истодааст.


“Чолишҳои асосӣ ин аст, ки Толибон* ва роҳбарияти ин ҷунбиши тундгаро омода нест, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалие, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолият мекунанд ва ҳамчун ниҳодҳои махсуси кумакрасон шинохта шудаанд, ҳамкорӣ кунанд. Худи ҳамин роҳбари Толибон* чанд вақт пеш изҳор карда буд, ки Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳтоҷ нест ва онҳо  роҳҳои усулии сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақил амалӣ месозанд. Ва мебинем, ҳамин роҳи хосе, ки пеш гирифтанд сатҳи бекорӣ афзуда истодааст, ҳуқуқи занон нақз мешавад. Ва натиҷаи фалокатбори сиёсати мавҷудаи низоми Толибон* баъд аз се сол ҳамин буд, ки шумори зиёди мардуми Афғонистон ба Покистон ва Эрон ҳиҷрат карданд, ки имрӯз дар ранҷу азобанд. Бар замми ин ҳоло бо Покистон яке аз ҳамсоякишварҳои наздик, ки пуштибони асосии ҷунбиши Толибон* буд дар вилоятҳои марзӣ мушкилот пайдо шудааст.  Мушкили дигари онҳо бо ҳамсоякишварҳо - Ӯзбекистону Туркманистон ин сохти канали Қӯштеппа аст ва дигар масоили баҳсӣ дар самти тақсимоти об байни Афғонистону Эрон ташвишовар аст. Яъне, маҳсули амалкарди сесолаи ҳукумати Толибон* аз назари ақидатӣ ва фикрӣ буҳронофарин ва заминасози ҷанг аст”,- афзуд  ҷаноби Абдуллоев.

Аз сӯи дигар дар маҳофили коршиносӣ таъкид мешавад, ки Толибон* бар хилофи иддаои худ дар мавриди фосилагирӣ аз бархе гурӯҳҳои ифротӣ ба монанди “ДОИШ”* ва “ал-Қоида”* ҳастанд, вале пушти парда пайи ҳифз ва тақвияти иртибот мебошанд. Ҳадс зада мешавад, ки чунин гуруҳҳои  террористӣ дар Афғонистон барои Толибон* чун обу ҳаво лозим аст ва дар лаҳзаҳои душвор метавонанд аз шабаҳи онҳо як навъ аҳроми фишор дар муқобили кишваре истифода барад. Ин аст, ки ҳоло Толибон* тавони фосилагирӣ аз созмонҳои даҳшатафканро надорад, зеро шохаҳои мухталифи гуруҳҳои тундагаро дар гузашта, бо Толибон* якҷо буданд. Тибқи арзёбии мансабдорони ҳукумати пешини “ҷумҳурият” дар Афғонистон, аслан Толибон* ба шакле аз сӯи маркази “ал-Қоида”* мудирият мешавад.

Ба ҳар ҳол ҳузури ҷараёнҳои ифротӣ ба таври пароканда дар хоки Афғонистон зиёд аст. Ва дар се соле, ки аз эҳёи ҳукумати Толибон* гузашт, ба шакли ҷиддӣ фаъолияташон тақвият ёфтааст, ки то ҷое метавонад, амният ва манофеи Толибон*-ро ба хатар андозад. Ҳоло расонаҳои ҷаҳонӣ ҳузури “ДОИШ*-и Хуросон”-ро дар Афғонистон барҷаста нишон медиҳанд, ки аз нигоҳи ақидатӣ ва манофеъ бо Толибон* дар тазодд  аст.

Толибон* иддаои нобудии ДОИШ*-ро дорад

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон* борҳо бар шикасти ДОИШ* дар Афғонистон ишора кардааст, ки қудрати амалиёти ин гурӯҳ ба таври чашмгир дар дохили ин кишвар коҳиш ва тақрибан аз байн рафтааст. Ӯ гуфтааст, ки шумори ҷангиёни “ДОИШ”* дар манотиқи кӯҳистонии Афғонистон тақрибан 100-200 тан боқӣ мондааст.

Аммо огоҳони умури Афғонистон аз ҳузури густурда ва як-як вуқӯи ҳамалоти “ДОИШ”*, ки хилоф ин иддаоро нишон медиҳад, ҳарф мезананд. Яъне, дақиқ нест, ки “ДОИШ”* дар даруни Афғонистон чӣ теъдод аз нерӯҳои ифротии худро аз даст додааст. Шохаи Хуросони “ДОИШ”* бо идеалогия ва аҳдофи хосси худ аз соли 2014, то кунун ба ҳаёт ва бақои худ дар Афғонистон идома додааст. Хатари рушди муҷаддади “ДОИШ”* дар замони ҳукумати Толибон* ба далели мавқеи ҷуғрофиёӣ ва геостратегии Афғонистон ҳамчунон вуҷуд дорад. Мумкин аст, ин бор бархе кишварҳо, ки дар замони “ҷумҳурият” бо истифода аз корти “ДОИШ”* бозӣ мекарданд, ин бор бозиро дар Афғонистон ва фаротар аз ин кишвар таҳти номи ин гуруҳи даҳшатафкан думбол кунанд.


Бузургтарин нигаронии таҳлилгарони тоҷик ин аст, ки бо хуруҷи Амрико аз Афғонистон ва тасаллути дубораи Толибон* сабаби қудрат ёфтани “ДОИШ”*-и Хуросон шуд ва ин кишвар дубора монанди як оҳанрабо ба пойгоҳи ифротгароён табдил шудааст. Як ҷанбаи хатарноки идеологияи онҳо ин аст, ки ба гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар ҳудуди Афғонистон паноҳгоҳ медиҳад. Яъне, хатари Толибон* метавонад ин бошад, ки аз неруи гурӯҳҳои тундрав алайҳи кишварҳое, ки зидди онҳо мавзеъгирӣ мекунанд, истифода кунад. Хоса, созмонҳои террористӣ ба монанди “ДОИШ”* ва “ал-Қоида”* дар ҳоли рушданд. Ҳарчанд, онҳо  иддаои мубориза бо ин гурӯҳро доранд ва аз лиҳози идеологӣ ин ду гурӯҳ худро мутафовит таъриф мекунанд. Вале вобаста ба нуфузи созмонҳои террористӣ дар Афғонистон Ҷо Байден, президенти Амрико дар яке аз санадҳои стратегияи амнияти миллии ИМА таъкид кардааст, ки Афғонистон дигар ҳаргиз паноҳгоҳи амн барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ба ин кишвар ва муттаҳидонаш табдил нахоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, Ғарб дар тӯли даҳсолаҳои ҳузураш дар Афғонистон бо ваъдаҳои баланд, вале хушку холӣ интизориҳои ғайривоқеиро дар миёни сокинони ин кишвар эҷод кардааст, ки бисёре аз он иҷронашуда боқӣ мондааст. Ин ҳама, нобоварӣ ва номуайяниро дар рафтори ояндаи Толибон* низ ба вуҷуд овардааст.

Бад-ин тартиб, назарҳое ба миён омадааст, ки ҳузури Толибон* дар Афғонистон то андозае ба барқарори амният кумак карда бошад, вале масъала инҷост, ки ҳамчунон таҳдиди гуруҳҳои террористӣ аз ин кишвар вуҷуд дорад. Ба гуфтаи коршиноси масоили Афғонистон, Муҳаммад Ҳошим Исматуллоҳӣ Толибон* набояд ба ваъдаҳои Амрико эътино дошта бошад. Ӯ бо ишора ба севумин солгарди ҳокимияти Толибон* ва хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон ба пойгоҳи хабарии “ilno.ir” гуфт, воқеият ин аст, ки иллати вазъияти феълии Афғонистон ва решаи онро бояд дар хурӯҷи Иёлоти муттаҳида ва НАТО аз Кобул донист. Ин иқдом як рӯйдоди калони сиёсӣ ва амниятӣ дар минтақа талаққӣ мешавад.

   

 “ИМА асосан баҳси ботлоқсозии Афғонистонро дар дастури кор қарор дод ва шоҳиди он будем, ки се соли музокираи амрикоиҳо бо Толибон* дар Қатар идома дошт ва ин раванд, таҳти унвони музокироти сулҳи Афғонистон пеш рафт, ки дар ниҳоят давлати Ашраф Ғанӣ, тавассути Амрико канор зада шуд ва якбора Кобулро аз ҳузури худ холӣ кард. Ва бо дубора омадани Толибон* дар Афғонистон мо шоҳиди барқарории амният ҳастем, вале масъала инҷост, ки ҳамчунон таҳдиди ДОИШ* дар ин кишвар вуҷуд дорад, ки Толибон* бо онҳо дар ҳоли мубориза ҳастанд. Аз сӯи дигар бояд таваҷҷуҳ шавад, ки Толибон* дар баҳси ташкили ҳукумати фарогир ва тадвини қонуни асосӣ натавонист ба сурати муваффақ амал кунад. Ин дар ҳолест, ки Иёлоти муттаҳида, ҳатто бо вуҷуди имзои тавофуқ бо Толибон* онҳоро ба расмият намешиносад ва машруияти мардумӣ ва ҷаҳонии Афғонистонро зери савол бурдааст”,- афзуд мушовири собиқи раёсатҷумҳури Афғонистон ҷаноби Исматуллоҳӣ.

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, Амрико тайи 20 сол Афғонистонро ба самти нобудӣ пеш бурд ва барои мардум ва ҳатто сиёсатмадорони ин кишвар ҳам қобили эътимод нест. Танҳо роҳбурде, ки метавонад Афғонистонро аз ин вазъият хориҷ кунад ва ба як нуқтаи мушаххас бирасонад ҳамсӯӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа аз сӯи Толибон* аст. Ҳатто, сиёсатҳои Амрико тайи ду даҳаи гузашта ҳам мусбат набуд ва ба навъе фақат барои касб ва таъмини манофеи худ гом бардоштанд, ки дар ниҳоят қурбонии онҳо мардуми Афғонистон буданд.  Агар масоили дохилии Афғонистон ҳаллу фасл нашавад бидуни шак паёмадҳои мухарриб ва манфии амниятӣ ва сиёсӣ метавонад бар Кобул бор шавад, ки баҳси ҳузури “ДОИШ”* ва “ал-Қоида”* дар Афғонистон сирфан яке аз онҳо ба ҳисоб меравад.

Сироҷуддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати дохила ва яке аз чеҳраҳои барҷастаи ҳукумат Толибон* таърихи 15 августи соли равон ба муносибати севумин солгарди ҳокимияти дубораашон дар пойгоҳи низомии Багром, зимни  суханрониаш аз ҷаҳон хост, ки дар қисмати тавсеаи Афғонистон бо онҳо ҳамкорӣ кунанд: “Мо озодиро аз ҷаҳониён гирифтем, дар муқобил бо онҳо муҳосиба намекунем, фурсати хубро барояшон фароҳам кардаем, иродаи хуб барояшон дорем, бо мо дар тавсеаи Афғонистон ҳамкорӣ кунанд, тавре, ки дар ишғол ҳамкорӣ карданд, дар қисмати пешрафт ҳам ҳамкорӣ кунанд”.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Толибон* ба ҳар қимате режими худро дифоъ хоҳанд кард. Аммо пеш аз ин ба шумули Амрико, кишварҳои мухталиф гуфтаанд, ки то замоне ҳуқуқи занон, ҳуқуқи башари тамом афғонҳо  таъмин нашавад ва ҳукумати фарогир эҷод нашавад бо Толибон* ҳамкории зич намекунанд ва ҳукуматшонро ба расмият нахоҳанд шинохт.

Дар ҳар сурат, алъон Толибон* аз сӯи бисёриҳо як бозигари ғайри қобили ҳазф дар таҳаввулоти Афғонистон ҳисобида мешавад, зеро бо  идомаи  сиёсатҳои сесола ҳеҷ нерӯ, ҷараён ва ё тафаккури сиёсӣ натавонист, онҳоро аз саҳнаи ин кишвар канор занад.


*Фаъолияти ин гурӯҳҳо дар Тоҷикистон мамнуъ аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед