Ru  | Tj
Муассиртарин роҳкор барои ҳалли даргирии Фаластин кадом аст?
Муассиртарин роҳкор барои ҳалли даргирии Фаластин кадом аст?
Аксҳо: Аз манбаъҳои боз

Муассиртарин роҳкор барои ҳалли даргирии Фаластин кадом аст?

Нашр шуд

Ҳамлаву бомбаборони бетанаффуси бемористону макотиб ва дигар иншооти муҳим дар навори Ғаззаи Фаластин тавассути артиши Исроил баъд аз нишасти Риёз идома дошта, мутаваққиф нашудааст.

Нишасти изтирорӣ ба таври муштарак тавассути Иттиҳодияи арабӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ шанбеи гузашта баргузор шуд ва сарони  кишварҳо суханони пуршӯреро баён карданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарону намояндагони 56 кишвари дигари исломӣ дар Арабистони Саудӣ гуфтугӯ карда, ҳамагӣ ҷанги Исроил дар сарзамини Фаластинро муштаракан маҳкум карда, хостори таваққуфи фаврии амалиёти низомӣ дар Ғазза шуданд. Ва Исроилро масъули ҷиноят алайҳи мардуми Фаластин муаррифӣ карданд. Аммо суол ин аст, ки оё ин иҷлос воқеъан ба он чи, ки ҳадафаш буд, даст ёфт?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҳамоиши изтирорӣ вазъ дар навори Ғаззаи Фаластинро нигаронкунанда хонд: “Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии  минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани зерсохти ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад”.

Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон аз таъсиси давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад. Ва Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид торихи 29-уми ноябри 1947 дар бораи дар сарзамини Фаластин таъсис додани ду давлати мустақил қатъномаеро таҳти рақами 181 қабул карда буд, аммо то кунун орзуву омоли мардуми Фаластин дар мавриди эҷоди кишвари худ амалӣ нагардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи байнулмилалӣ хост, ки ҷиҳати татбиқи қатъномаҳои дахлдори Маҷмааи умумӣ ва Шӯрои амнияти СММ саъй кунанд ва шӯрои мазкур барои иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқии ҳимояи тартиботи байнулмилалӣ дар робита бо Фаластин назорати қатъӣ дошта бошад.

Дар баробари суханронии кишвардори Тоҷикистон раисони дигар давлатҳо низ дар ин нишасти фавқулода бо баёни дидгоҳҳо ва назароти худ дар бораи ҷинояти Ғазза пардохта, паёми равшану қотеъ ба Исроилу ҳомиёни ин кишвар додаанд.


Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ва мизбони ин ҳамоиш бар маҳкумияти ҷанги ваҳшиёна, ки миллати Фаластин дар Ғазза бо он мувоҷеҳанд, таъкид карду хостори муҳофизат аз ғайринизомиён дар Ғазза ва таваққуфи низоъ шуда, ҷанги ҷорӣ дар Ғаззаро шикасти Шӯрои амнияти СММ хонд.

 “Эътои ҳуқуқи қонунӣ ба фаластиниҳо танҳо роҳи дастёбӣ ба сулҳ дар минтақа аст. Ва поён додан ба вазъияти нохуши Ғазза ниёзманди талошҳои дастҷамъии мо аст. Мо хостори таваққуфи фаврии ҷанг ва эҷоди гузаргоҳҳои инсонӣ ба Ғазза ҳастем. Ҳамчунин кӯчондани иҷбории сокинони Ғаззаро рад мекунем ва хоҳони рафъи муҳосираи ин минтақа ҳастем. Ва гузаргоҳҳои инсонӣ бояд барои имдодрасонии фаврӣ ба сокинони навори Ғазза боз шавад”, - баён дошт Муҳаммад ибни Салмон.

Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ, амири Қатар низ дар суханони худ гуфт, ки ҷомеаи байнулмилалӣ натавонист иқдоме анҷом диҳад, кушторҳоро мутаваққиф кунад ва ба ин ҷанги таҷовузкорона поён диҳад: “Ончи дар Ғазза иттифоқ меафтад дар ҳама сутуҳ як хатар аст. Чӣ касе тасаввур мекард дар қарни бисту якум бемористонҳо ошкоро бомбаборон шаванд? Низоми байнулмилалӣ қабл аз ин ки моро шикаст диҳад, бо иҷозаи бомбаборони бемористонҳо, маҳаллаҳо ва хаймаҳо, худашро шикаст медиҳад. Мавзеъи мо дар ҳимоят аз пойдории миллати бародари Фаластин ва ормони одилонаи онҳо устувор аст”.

ДАСТИ БАРТАРИ ЭРОН ДАР НИШАСТИ РИЁЗ

Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон бо даҳ пешниҳод дар ин ҳамоиши муштаракаи арабӣ ва исломӣ ширкат дошта, бар тасмимгирии қотеъ ба нафъи миллати Фаластин, аз ҷумла таваққуфи куштору наслкушӣ дар Ғазза, рафъи комили муҳосираи инсонӣ, қатъи ҳаргуна иртиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо низоми Исроил тавассути кишварҳои исломӣ, ташкили як додгоҳи байнулмилалӣ барои таъқиб ва муҷозоти сарон ва ҷинояткорони ҳукумати Исроил ва Амрико, таъсиси як сандуқи вижаи молӣ барои бозсозии фаврии Ғазза ва интиқоли густурдаи корвонҳои ҳомили кумакҳои инсондӯстона барои мардуми Фаластин аз кишварҳои исломӣ таъкид кард.

Ӯ бо ишора ба ин ки ҳама мушкилоти ҷаҳони ислом дар партави ваҳдат ва инсиҷом қобили ҳал аст баён кард, ки такя ба қудрати Худованд ва эътимод ба зарфиятҳои ҷаҳони ислом, роҳҳали наҷоти уммати исломӣ аст. “Имрӯз рӯзи набарди ҳақ алайҳи ботил. Ва рӯзи пирӯзии хун бар шамшер аст. Имрӯз моҷарои Ғазза, ҷабҳаи рӯёрӯии меҳвари шарофат бо меҳвари шарорат аст. Имрӯз ҳама бояд мушаххас кунанд дар кадом ҷабҳа қарор доранд”, - иброз дошт ӯ.

Иброҳим Раисӣ гуфт, ки Исроил бо нақзи ҳуқуқи байнулмилалӣ бо истифода аз бомбаҳои фосфорӣ ҳамлаҳояшро анҷом медиҳад, ки ними қаламрави навори Ғаззаро табдил ба кӯҳи хокистар кардааст. Ҳар рӯз теъдоди зиёде аз сокинони Ғазза ба далели муҳосираи ин шаҳр ва нарасидани дору ба анвоъи бемориҳо мубтало мешаванд ва ё ҷони худро аз даст медиҳанд. Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки давлати Амрико омир ва шарики аслии ҷиноёти исроилиҳо дар Ғазза буда, муассиртарин роҳкор барои ҳалли ин муноқиша дар  баргузории як ҳамапурсии миллии саросарӣ бо ҳузури сокинони воқеъии Фаластин, иборат аз мусалмонон, яҳудиён ва масеҳиён аст.

Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия низ дар ҳамоиши Риёз гуфт, ки нармиши бештари аъроб мусовӣ аст бо хушунат ва қатли оми бештари исроилиҳо алайҳи мо. Танҳо натиҷаи сулҳи шикастхӯрда ин аст, ки мавҷудияти Исроил таҳоҷумитар шуда, вазъияти Фаластин асафбортар шудааст. Масъалаи фавқулода дар нишасти мо акнун қатлу куштор нест, балки ваҳшигарии артиши Исроил моро дар муқобили масъулиятҳои бесобиқа қарор медиҳад.

Сарони кишварҳои исломӣ ва арабӣ дар баёнияи поёни нишасти фавқулодаи худ хостори таваққуфи фаврии он чи, ки таҷовузи Исроил хонданд, шуданд. Ҳамзамон аз шиддати фишори дипломатӣ ба Исроил ва манъи содироти силоҳ ва дигар муҳиммот ба ин кишвар шуда, истифода аз стандартҳои дугонаро маҳкум кардаанд.

ИСРОИЛ: РОҲБАРОНИ СУРИЯВУ ЭРОН БА МО МАВЪИЗА НАХОНАНД

Бенӣ Гантс, вазири кабинаи ҷанги Исроил рӯзи шанбе бо ишора ба баргузории нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Риёз ва суханони сарони Сурия ва Эрон дар ин нишаст гуфт, ки Башшор Асад, ки мардуми худро “қатли ом” кард ё Иброҳим Раисӣ, ки “ҷаллоди эрониён” аст, наметавонанд барои мо мавъиза кунанд. Ӯ бо ёдоварии иқдомоти ҳукуматдорони ҷумҳурии исломӣ бар зидди мардуми Эрон ва дигар мардумони минтақа бо хитоб ба раҳбарони кишварҳои арабӣ афзуд: “Касоне, ки бо раҳбарони низоми Эрон даст доданд, ба ёд оваранд, ки ҷумҳурии исломӣ дар гузашта бо онҳо чӣ кардааст?” Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил дархостҳои байнулмилалӣ барои оташбас дар Ғаззаро рад карда гуфтааст, ки набарди Исроил алайҳи “Ҳамос” «бо тамом нерӯ ва бо тамом тавон»  идома хоҳад кард. Ҳама аъзои “Ҳамос” барои марг аломатгузорӣ шудаанд ва Исроил, то пирӯзии ниҳоӣ ба набард идома хоҳад дод.

Ба гуфтаи коршиносон, нишасти Риёз занги ҳушдори ҷадиде ба ҷомеаи байнулмилалӣ ва паёми қавӣ ба Амрико ва ҳампаймононаш перомуни ҳимояти кӯркӯронаи онҳо аз Исроил буда, даврони ҷадидеро пайрезӣ хоҳад кард. Ва ҳимояти Ғарб, хоса ИМА аз низоми кунунии Исроил ба баҳонаи дифоъ аз худ, амалан чароғи сабз ва муҷаввизе барои бақои ҳукумати Натанёҳу дар идомаи куштори бераҳмонаи кӯдакону занони фаластинӣ мебошад.     

Назарҳое ҳам ҳаст, ки баргузории ин нишаст аҳамияти масъалаи Фаластин ва Қудс ба унвони як омили муҳим ҷиҳати ҳамгироӣ, ваҳдат дар ҷаҳони исломро пурранг кардааст. Чун афзоиши ҳассосияти афкори умумии ҷаҳонӣ, бавижа миллатҳои исломӣ нисбат ба таҳаввулоти ахир дар Ғазза аз натоиҷи нишаст низ афзоиш ёфта, ба унвони муҳимтарин мавзуъи ҷаҳони ислом табдил шудааст. Зеро тазоҳуроти милёнӣ дар саросари ҷаҳон дар ҳимоят аз мардуми Фаластин нишон медиҳад, ки дифоъ аз ин кишвар дар қалби миллатҳо ҷой гирифтааст.


Агарчӣ ин нишаст бо таъхир бо гузашти беш аз як моҳи ҷанг баргузор шуд, гурӯҳе аз нозирону мунтақидони ҳамоиши Риёз гуфтанд, он чи дар баёнияи поёни нишаст омадааст, нишон медиҳад, ки гӯё содиркунандагони он кореро ҷуз изҳори маҳкумият ва дархосту интизориҳо наметавонанд анҷом диҳанд. Чун ин нишасти изтирорӣ баъд аз он ки теъдоди кушташудаҳои Ғазза аз 11 ҳазор кас гузашт, ташкил шуд. Ин таъхири “амдӣ” нишон медиҳад, ки сарони ин кишварҳо дар сояи ҳомиёни ғарбиашон аҳамияти зиёде барои Фаластин қоил нестанд. Яъне баёнияашон баёнгари як навъ шона холӣ карданро мемонд, ки ҳеч иқдоми қатъиву ҷиддии умедворкунанда ва ё фишору ҳушдорҳое дар худ надошт. Зеро аксар сарони кишварҳои арабӣ муҳраҳои Амрикову Исроил хонда мешаванд ва бо ҳаёти қудратмандонаи миллати Фаластин мухолифанд.

Ба бовари таҳлилгари умури минтақа Қосими Бекмуҳаммад камбахтона, ҳукуматҳои ИМА ва Ғарб бидуни таваҷҷуҳ ба хостаи мардумони худ, ки аз тариқи тазоҳуротҳои садҳоҳазорнафарӣ дар дифоъ аз ҳаққи қонунии мардуми Фаластин бозгӯ мешавад, бетаваҷуҳҳии комил нишон дода, ҳамчунон ҳомии ҷиноятҳои ғайриинсонии Исроил мебошанд.


Мутаассифона, садои кишварҳои исломӣ, хосатан арабӣ, низ расо нест ва ишғолгарон майли шунидани онро надоранд, зеро пушти парда ҳамвора додуситадҳое сурат мегирад, ки ба Исроил барои иқдомоташ алайҳи Фаластин ҷуръати бештаре медиҳад. Ҳатто ин кишварҳо бо вуҷуди ҷиноёти ҷангиву зиддибашарии Исроил дар Ғазза заҳраи онро надоранд, ки ҳадди ақал ишғолгарро таҳрими иқтисодӣ кунанд, чӣ бирасад ба кумакҳои низомиву таҷҳизотӣ ба Фаластин. Эътирози ҷомеаи ҷаҳонӣ, тазоҳуроту роҳпаймоиҳои милёнӣ дар манотиқи гуногуни дунё дар ҳимоят аз Фаластин барои Исроил арзише надошта, ҳамчунон бар ҷиноёти зиддибашарии худ, ки наслкушии ошкор аст, идома медиҳад. Рафтори ғайриинсонии дигари Исроил напазируфтани оташбаси қатъӣ ва муҳосираи комили Ғазза буда, иҷозаи вуруди 10-20 мошини ҳомили ёрии башардӯстона ҳеч дардеро барои садҳо ҳазор мардуми маҳруми ин сарзамин даво намекунад.
Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, ки одилонатарин роҳи ҳалли ин буҳрон ба ҳампурсӣ гузоштани мавзуъи ташкили як давлати воҳиди фаластинӣ бо ширкати мусалмонон, яҳудиён ва масеҳиёни саросари ин сарзамин аст. Аммо дар шароити кунунӣ даст ёфтан ба он бисёр сахт ба назар мерасад.