Ru  | Tj
Олмон - Осиёи Марказиро таҳти таъсир қарор медиҳад?
Олмон - Осиёи Марказиро таҳти таъсир қарор медиҳад?
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Олмон - Осиёи Марказиро таҳти таъсир қарор медиҳад?

Нашр шуд

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон дар чорчӯби аҳдофи роҳбурдӣ се рӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд. Ӯ аз ду кишвар Ӯзбекистон ва Қазоқистон (15-17 сентябр) дидан кард.

Сафари Шолтс аз шаҳри таърихии Самарқанд оғоз шуда, пас аз имзои чандин қарордод ва тавофуқномаи ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф озими Қазоқистон гардид. Дар Остона бо раҳбарони панҷ ҷумҳурии эҷодшуда пас аз фурӯпошии Шӯравӣ - Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар чорчӯби ҳамкориҳои минтақаӣ дар қолаби “Осиёи марказӣ+Олмон” (С5+1) вохӯрии дуюмро баргузор кард, ки тамаркуз бар беҳбудии равобити иқтисодӣ бо минтақа ва “ангезаи ҷадид" ба равобити тарафҳо буд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон сафари Олаф Шолтс ба минтақа як паёми сиёсии қавӣ буд ба вежа аз сӯи худи Олмон ба қудратҳое, ки аз лиҳози суннатӣ дар минтақа ҷои по доранд. Барои Олмон асосан кишварҳои пешрафтаи Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон ва Қазоқистон мавриди таваҷҷуҳ мебошад, ба ҳамин далел аст, ки боздиди Шолтс аз Самарқанд ва Остона анҷом шуд. Ин ба он далел аст, ки Олмон Ӯзбекистонро ба унвони дарвозаи таърихӣ ба Осиёи Марказӣ медонад. Ин танҳо давлате аст, ки бо ҳамаи кишварҳои минтақа марзҳои муштарак дорад. Илова бар ин, бо Афғонистон ҳам марз аст.

Мавзӯи аслии ҳамоиши роҳбарони “Осиёи Марказӣ+Олмон” дар шаҳри Остона ин ҳамкориҳои иқтисодӣ буд. Воридот, содирот, сармоягузорӣ рӯйи манобеи табиӣ ва энержӣ. Ваъдаҳои аслӣ дар ин иҷлос аз сӯи Қазоқистон дода шуд. Мизбони ин ҳамоиш ҷаноби Тоқаев омодагии худро барои афзоиши содироти нафту газ ба бозори Олмон эълом кард ва ҳамчунин пешниҳоди мушорикат дар тарҳи эҳдоси хатти интиқоли энергияи сабз ба Аврупо аз тариқи баҳри Хазарро дод. Дар навбати худ, Олмон дар дараҷаи аввал ба маводи хом ва табодули колои минтақа алоқамандиашро изҳор дошт. Ва дар ниҳоят, достонҳои хонаводагӣ ва афроди хосе байни Остонаву Берлин вуҷуд дорад. Зеро беш аз 200 ҳазор олмонӣ дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад. Ҳоло дар ин кишвар як рӯзнома бо забони олмонӣ мунташир мешавад ва як театри олмонӣ ҳам вуҷуд дорад. Ва манобеи нафту гази Осиёи Марказӣ ба хусус Қазоқистон яке аз гузинаҳои мавриди таваҷҷуҳи Олмон мебошад. Дар соли 2023, Қазоқистон 8.5 миллион тонн нафт ба Олмон содир кард, ки 11.7 дарсад аз кулли воридоти нафти Олмонро ба худ ихтисос дод ва аз 6.5 миллион тонна қабл аз даргириҳои Украина афзоиш доштааст. Ва ҳоло Қазоқистон севумин таъминкунандаи бузурги энергияи Олмон пас аз Норвегия ва Иёлоти муттаҳида мебошад.

Станислав Причин, муҳаққиқи аршади рус дар маркази мутолиоти пасошӯравӣ дар суҳбат бо “Sputnik” гуфтааст, ки Олмон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҳҳои судоварро пешниҳод нахоҳад кард ва дар айни ҳол мехоҳад онҳоро маҷбур ба дурии равобит бо Русия кунад. Ин коршинос мегӯяд, ки яке аз муҳимтарин лаҳазоти ҳузури Шолтс дар Ӯзбекистон талош барои ҷорӣ кардани  фишор ба раисҷумҳур Мирзиёв дар чорчӯби табаият аз таҳримҳои зидди Русия буд.

“Агар ба феҳристи тарҳҳо, тафоҳумномаҳо, асноди байналмилалие, ки имзо шудаанд нигоҳ кунем, ба маънои ҷойгузини ҷиддӣ барои саҳме, ки Русия дар марҳалаи кунунии тавсеаи Ӯзбекистон аз тариқи сармоягузорӣ мекунад, Олмон надорад. Аз тарҳҳои технологӣ дар Ӯзбекистон аз тариқи ифтитоҳи донишгоҳҳо ва гардиши тиҷорат дар миқёси бузург, ки дар ҳоли ҳозир мушоҳида мешавад. Танҳо, лоиҳаҳои маҳаллӣ мавриди баҳс қарор гирифт, ки далолат бар ҳеҷ миқёси бузурге надошт. Олмон ва кулли кишварҳои ғарбӣ кишварҳои Осиёи Марказиро ба унвони як минтақаи бойи маводи хом мебинанд. Ва ба унвони намояндагони Ғарб аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд, ки камтар бо Русия ҳамкорӣ кунанд”,-гуфтааст Причин.

Шуморе аз расонаҳои олмонӣ аз қавли таҳлилгарон навиштанд, ки сиёсатҳои намодини зиёде аз сӯи Берлин дар минтақа ҷараён дорад, вале мутаассифона дар татбиқи бештари барномаҳо ноумедии бештареро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебинанд, ки интизороти зиёде аз ҳамкорӣ бо Олмон доранду доштанд. Ҳарчанд дар форуми иқтисодии “С5+1” дар Остона ҷаноби Шолтсро "ҳайати тиҷории бузург ва баландпояҳо" ҳамроҳӣ кардаанд ва бар сари пружаҳои зиёди иқтисодӣ тавофуқ шуд. Аммо, ҳанӯз шуморе аз тоҷирони олмонӣ ба набуди итминони қонунӣ, ислоҳоти нокофии бозор, ноогоҳӣ дар мавриди вижагиҳои хоси Осиёи Марказӣ ва таҳти таъсири Русия, Чин қарор доштани ин минтақа чунин вохӯриҳоро намодине беш намеҳисобанд. Яъне, ҳанӯз хатароти сиёсӣ ва бесуботии минтақаро омили муҳимтар тавсиф мекунанд. Онҳо бо дигар шарикони  ғарбии худ аз таҳримҳои густурда, алайҳи Русия, ки ба сармоягузории онҳо дар Осиёи Марказӣ таъсир мегузорад, ҳарос доранд. Вале, кишварҳои минтақа дар ҳоле, ки бо Русия тиҷорати зич доранд, иддао мекунанд, ки таҳримҳои ғарбро нақз намекунанд. То кунун танҳо чанд ширкати маҳдуди Осиёи Марказӣ таҳти таъсири таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтаанд. Яке аз дигар далоили рушди заифи тиҷорат, рақобат бо Чин аст. Ширкатҳои чинӣ ба таври афзоянда, молу маҳсулотеро ба бозори минтақаи Осиёи Марказӣ ироа медиҳанд, ки аз назари кайфият бо колоҳои олмонӣ қобили муқоиса ҳастанд, аммо арзонтаранд. Брюссел ва қисман ИМА дар ҷустуҷӯи алтернатива бо Чин ва Русия дар робита ба таъмини металлҳои нодир ба бозори худ ҳастанд, зеро 70 фисади бозори ҷаҳонии онҳоро Чин назорат мекунад, ки дар ин самт, на танҳо ашёи хомро истихроҷ мекунанд, балки онҳоро коркард низ менамоянд. Чин дар ин самт монополист аст. Дар ин росто, Қазоқистон яке аз аввалин давлатҳои минтақа аст, ки бо Иттиҳоди Аврупо ёддошти ҳамкорӣ дар самти таҳвили навъҳои муҳими ашёи хом, бахусус металҳои нодири табииро имзо кардааст.

Чаро дастёбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тавофуқи назаррас аз назари сиёсӣ душвор аст?

Доктори илмҳои таърих, пажуҳишгар Александр Князев дар суҳбат бо “Независимая газета”  иброз дошт, ки Олмон кишвари вобаста ба Брюселу Вашингтон аст ва барои манофеи худ мустақилона вориди рақобат шуда наметавонад.

 “Cафари садриаъзам Шолтс ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хусусияти “чархишӣ” дорад ва дуруст аст, ки онро яке аз аносири стратегияи куллӣ ИМА ва Иттиҳоди Аврупо, ки барои севумин сол иҷро мешавад, ҳисоб кард. Метавон иҷлоси сарони Амрико ва Осиёи Марказиро, ки ҳудуди як сол пеш баргузор шуд ва нишасти Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва сафари Макрон, раисҷумҳури Фаронса ба кишварҳои минтақа ва бисёре аз ибтикороти дигарро дар доираи “5+1” ба ёд овард. Яъне, қолаби нишаст дар сатҳҳои мухталиф. Ҳамаи ин сафару дидорҳо як омили муштарак доранд: талош барои нуфуз бар кишварҳои минтақа ба манзури коҳиши ҳамкории онҳо бо Русия ва Чин, ки дар иваз ваъдаҳои зиёд медиҳанд”,- гуфт Александр Князев.


Гуфта мешавад, аз нуқтаи назари геополитикӣ ва геоиқтисодӣ барои Вашингтон ва Брюссел доштани манобеи ҷойгузин барои коҳиши вобастагӣ ба Чин ва Русия муҳим аст. Онҳо чунин ҷойгузиниро дар Осиёи Марказӣ, Африқо ва Амрикои лотинӣ мебинанд. Яъне ба таври куллӣ, Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Марказиро ба унвони минтақаи аз лиҳози манофеи стратегӣ бой, аз ҷумла дар заминаи дастрасӣ ба филизоти нодир медонад. Роҳбарони панҷ кишвари минтақа, хоса Ӯзбекистону Қазоқистон низ алоқамандии худро бо шарикони аврупоӣ, аввал аз ҳама бо Олмон, ба унвони оғозгар ва нерӯи муҳаррики аслӣ дар ҳимоят аз стратегияҳои Иттиҳоди Аврупо ва роҳандозии барномаҳои ҳамкории чандҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол карданд. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон гуфт, Тошканд дар ҳоли омода шудан ба баргузори нишасти дигар дар доираи қолаби  «Осиёи марказӣ+Иттиҳоди Аврупо» дар соли оянда дар кишвар худ мебошад, то сармоягузории ояндаи минтақаро ба унвони мавзӯи аслии дастури кори ин нишаст мушаххас намоянд.

Раисҷумҳури Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев ҳам дар нишаст сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва садри аъзами Олмон таъкид кард, ки гуфтугӯҳои сатҳи боло, ки аз сентябри соли гузашта дар Берлин оғоз шуд, моҳияти муназзам ва эътимодбахшро пайдо карда, сафҳаи ҷадид дар таърихи ҳамкориҳоро боз кардааст. Ӯ гуфт, ки "ман бо ҳимояти шарикони аврупоӣ, эҷоди як маркази таҳқиқотии минтақаӣ барои филизоти камёби хокӣ бар асоси маркази пешбинии фановарии Қазоқистонро муносиб медонам”. Вай хотирнишон кард, ки “Олмон барои солҳо шарики қобили эътимоди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо асароти тағйироти обуҳавоӣ, беҳбуди муҳити зист ва афзоиши баҳраварии бахши обу энергетика будааст”.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгари тоҷик Амриддин Шарипов мегӯяд, ки давлати Олмон бо назардошти иқтидори иқтисодӣ метавонад, ки ба татбиқи пружаҳои энергетикӣ, тиҷоратӣ ва комуникатсионӣ дар минтақа саҳми арзанда гузорад. Ва идомаи чунин нишаст дар формати “5+1” ба рушди ҳамкории кишварҳои минтақа ва Берлин як такони нав бахшад, ки метавонад ба манфиати ҳар ду ҷониб амал намояд.

“Олмон дар қаринаи рақобат бо Русия мехоҳад, ки дар минтақа мавқеи вижа дошта бошад. Ва аз сӯи дигар он захираи маводи сухте, ки сарчашмаи рушди иқтисоди Олмон буд ва аз Русия ворид мешуд, ба хусус нафту газ дар заминаи дарозмуддат иваз кардани онҳо тавассути Осиёи Марказӣ дар назар аст. Инчунин Олмон як қудрате аст, ки ба истилоҳ худро эҳтиром менамояд ва аз талоши нуфуз дар минтақа даст нахоҳа кашид. Зеро минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои ба таври динамикӣ рушдёбандаи ҷаҳон ба ҳисоб рафта аз мавқеи хуби стратегӣ ва транзитӣ бархӯрдор аст. Ва ҳамзамон имрӯз як мушкиле, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо он рӯбарӯ шуданд, ин бо назардошти ҷойгиршавӣ дар хушкӣ ва надоштани роҳи баромади бевосита ба баҳр, ҳамаи кишварҳо пайи таъсис ва бунёди як хатсайри иловагӣ, тавассути баҳри Хазар, Қафқоз ва Баҳри Сиёҳ ҳастанд, то тавонанд як гузинаи хуберо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо дар самти содироти молу коло ва ворид намудани баъзе маҳсулот фароҳам созанд. Илова бар ин, имрӯз иқтисоди Олмон ва дар маҷмуъ Иттиҳоди Аврупо ба қувваи корӣ, ки дар Осиёи Марказӣ зиёд аст, эҳтиёҷи хоса дорад. Ва рушду умқи ҳамкориҳо дар ин самт метавонад ба гуногунрангии содиротии нерӯи корӣ дар Осиёи Марказӣ замина гузорад. Зеро вобаста ба воқеоти охир ҳолати будубоши муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия мураккаб гашта, нерӯи меҳнатиро дар рӯбарӯи интихоб, яъне дарёфти ҷойҳои нави корӣ қарор додааст”,-афзуд сиёсатшинос Амриддин Шарипов.

Дар воқеъ ҳоло Иттиҳоди Аврупо дар остонаи сардиҳои пешорӯ қарор дорад ва пайи тавсеаи як долон миёни Қазоқистон аз тариқи Озарбойҷон бо дастрасӣ ба баҳри Сиёҳ, ки бештар ба Аврупо нигоҳ мекунад, аз он ҳимоят менамояд. Пеш аз нишасти дуюми роҳбарони “Осиёи Марказӣ+Олмон” дар Остона мушаххас шуда буд, ки алорағми тамоюл ба ҳамкории иқтисодӣ, дастёбии кишварҳои минтақа ба тавофуқи назаррас аз назари сиёсӣ душвор аст. Ва нахуст шуда, Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, ба дархости Шолтс, нигаронии худро нисбат ба даргирӣ дар Украина баён кард. Ӯ гуфт, ки Русия аз назари низомӣ шикастнопазир аст. Дар идома, ҷаноби Тоқаев  хотирнишон кард, ки мутаассифона бо имтиноъ аз қарордоди фароҳамшудаи Истамбул, фурсати хубе барои дастёбӣ ба ҳадди ақали оташбас аз даст рафт. Вай таъкид кард, ки ҳанӯз имкони дастёбӣ ба як роҳҳалли мусоламатомез барои муноқиша вуҷуд дорад ва пас аз он аз тарҳи сулҳи Чин ва Бразилия ҳимоят кард. Шолтс дар посух гуфт, ки баррасии эҳтимолоти оғози раванди сулҳ дар Украина зарурӣ аст, аммо ба ҷузъиёт пардохт. Қарор буд пас аз ин дидор, конфронси матбуотии муштарак баргузор шавад, аммо ба гуфтаи расонаҳо, Қазоқистон аз ширкат дар он худдорӣ кард. Шолтс муваффақ шуд бо хабарнигорон сӯҳбат кунад. Далоили лағви конфронси матбуотӣ ва ҷузиёти он мушаххас нест.


Бо ин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, равобит бо Олмон дар дараҷаи аввал иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст. Олаф Шолтс ошкоро аз Киев ҳимоят мекунад. Бинобар ин, Тоқаев бо баёнияи худ дар мавриди ин кишвар нақши Қазоқистонро ба унвони як кишвари сулҳсоз мушаххас кард. Барои ӯ ин яке аз авлавиятҳои аслии сиёсати хориҷиаш аст. Аз онҷое, ки олмониҳо  талош мекунанд бар кишварҳои минтақа, таъсир гузоранд, аз ҷумла ривояти зиддирусӣ, ки тавассути Ғарб тарвиҷ мешавад, Қазоқистон ба унвони наздиктарин ҳамсоя ва шарики Русия бояд бетараф бимонад ва саъй кунад роҳи ҳалли мусоламатомез барои даргирӣ пайдо кунад.

Шолтс: “он чӣ дар Афғонистон иттифоқ меафтад, қобил таҳаммул нест”

Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти пуртаниши сиёсии дохилӣ дар Олмон, дидори Олаф Шолтс бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба навъе оҷилтар ба назар мерасид. Зеро ин шабу рӯз Олмон барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ, аз ҷумла аз Афғонистон барои кумак рӯ ба Ӯзбекистон овард, то онҳоро аз ин тариқ ба кишвари худашон бозгардонанд. Дар иваз Олмон моил шуд, муҳоҷирати расмии кориро барои Ӯзбекистони 37-миллионнафара фароҳам созад, яке аз пурҷамъияттарин кишвар дар байни панҷ кишвар осиёӣ фароҳам созад. Ва яке аз тавофуқномаҳои имзошуда миёни Шолтс бо Шавкат Мирзёев, раисҷмҳури Ӯзбекистон тавофуқномае дар хусуси муҳоҷирин буд. Мирзиёев дар дидор бо Шолтс гуфт, ки вазъияти амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ба таври ҷудоинопазир бо равандҳои дар ҳоли вуқӯъ дар Афғонистон муртабит аст.

Бо ин баҳона дар ин сафари садри аъзами Олмон масъалаи Афғонистон низ матраҳ шуд ва шуморе аз раҳбарон хостори одисозии муносибот бо режими Толибон* шуданд. Ҷаноби Шолтс дар ин замина хештандорона сӯҳбат кард ва пеш аз ҳама ба маҳдудиятҳои густурдае, ки Толибон* бар ҳуқуқи занон вазъ кардаанд, ишора кард. Олмон, ки дар ҷараён ду даҳаи маъмурияти байналмилалӣ зери роҳбарии ИМА дар Афғонистон ҳузур низомӣ дошт ва ҳамвора нисбат ба гуруҳи тундравӣ Толибон* дидгоҳ интиқодӣ доштааст.

Шолтс дар нишасти сарон дар Қазоқистон дар мавриди Афғонистон гуфтааст: «ончи дар онҷо иттифоқ меафтад, қобил таҳаммул нест... Барои мо ин комилан возеҳ аст, ки ин ҳукумат аз роҳ ғайримашрӯъ ба қудрат расид ва феълан таҳаввулоте дар ин кишвар сурат мегирад, ки бисёр нороҳаткунандааст.» Ин дар ҳолест, ҳоло Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо Толибон* муносибати зичи дипломатӣ ва тиҷоратӣ дошта, дуи аввал ин ҳаракатро аз рӯйхати гуруҳҳои террористӣ ҳазф кардааст. Садри аъзами Олмон дар сафари худ ба Осиёи Марказӣ як тавофуқномаи муҳоҷиратӣ бо Ӯзбекистонро ба имзо расонд, ки фурсати муҳоҷирати нерӯи мутахассисони корӣ аз ин кишвар ба Олмонро фароҳам месозад ва баракс, Ӯзбекистон шаҳрвандони бидуни муҷаввизи иқомати худро аз Олмон пас мегирад. Дар айни замон гузоришҳо дар мавриди ҳамкории Олмон бо Ӯзбекистон дар заминаи ихроҷи паноҳҷуёни афғон низ аз тариқи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон нашр шудааст. Ҳукумати Олмон ба такрор гуфтааст, ки шартҳо барои одисози муносибот, ба монанди риояти тааҳҳудоти байналмилалӣ ва ҳуқуқ башари Афғонистон, то ҳанӯз фароҳам нашудааст. Толибон*, ки ба такрор хостори одисози муносибот бо ҷаҳонро шудааст, то ҳоло аз сӯи ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон ба унвони ҳукумати қонунии Афғонистон ба расмият шинохта нашудаанд. Ин дар ҳолест, Толибон* ахиран талош кардаанд ба назорати бештари намояндагиҳои дипломатии Афғонистон дар Аврупо ба шумули Олмон даст ёбанд.

Қобили тазаккур аст, ки соли гузашта Эмануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса оғозгари густариши ҳамкорӣ байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ буд. Зеро кишварҳои аврупоӣ ба манобеи энержӣ ва дигар захоири табиӣ барои бахши саноаташон ниёз доранд. Ва аз ин рӯ манобеи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро масири умедворкунанда барои худ мебинанд. Ин аст, ки кишварҳои ғарбӣ барои ҳамкорӣ бо минтақа, чунин нишастҳоро идома дода, соли оянда дар Тошканд бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо вохӯрӣ дар назар аст, зеро қолаби "С5+1"-ро барои мутамарказ кардани музокирот роҳаттар медонанд.  

Дар ҳар сурат вобаста ба ҷойгоҳи кишварҳои минтақа ва мавқеъгирии душвори сиёсӣ дар қиболи даргириҳои мавҷуда, раванди минбаъдаи нишастҳои “Осиёи Марказӣ бар иловаи як”-ро метезонад ва ё кундтар мекунад, ин ҳамаро ҷараёни ҳаводис нишон хоҳад дод.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед