Ru  | Tj
Парвиз Бобошарипов: Маълулӣ нишонаи нотавонию заифӣ нест!
Парвиз Бобошарипов: Маълулӣ нишонаи нотавонию заифӣ нест!
Аксҳо: Шодмон Кенҷаев

Парвиз Бобошарипов: Маълулӣ нишонаи нотавонию заифӣ нест!

Нашр шуд

Парвиз Бобошарипов Президенти Кумитаи миллии параолимпии Тоҷикистон аст. Ӯ ба мо аз ҳаёти кӯдакиаш сар карда, то имрӯзро қисса кард. Ҳам аз бурду бохти маълулон гуфту ва ҳам аз пешравию камбудиҳои ҳаёти онҳо.

Парвиз Бобошарипов соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Оилаи онҳо то панҷсолагии ӯ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳр зиндагӣ карда, баъдан ба деҳаи Маърифатии н. Рӯдакӣ мекӯчад. Аз миёни ин деҳа роҳи оҳан убур мекард, ки аз он қатораҳои боркашон мегузашт. Парвиз низ дар қатори кӯдакони дигар дар ин ҷо бозӣ мекард ва дар роҳи қатора бозӣ кардани онҳо хеле хатар дошт. Бачаҳо омадани қатораро интизор мешуданд ва ҳамин ки омад, аз ақибаш давида, ба вагони охирин овезон мешуданд. Соли 1989 Парвиз барои охирон бор бозӣ кард. Ӯ аз тарси муаллимааш, ки аз тарафи мактаб меомад, худро пинҳон карда, ба байни вагонҳо баромадан хост, аммо ҳангоми баромадан дастонаш лағжид. Кӯдаки ҳаштсола ба зери чархҳои фӯлодини қатора, ки даҳҳо тонна бор дошт ғалтид. Поезд ду пои Парвизро аз зону поён пахш карда гузашт. “Дигар ҳеҷ чизро аз он лаҳзаҳои шум дар хотир надорам. Вақте ба ҳуш омадам, дар беморхона будам. Баъдан фаҳмидам, ки пойҳоямро аз зону поён қатора буридаасту устухони ҳарду поям аз зону боло кафидаанд. Ба ҷойи он ки устухонҳоро пайваст кунанд, духтурон боқимондаи пойҳоямро ҳам буридаанд”. Парвиз аз он рӯзи шум, ки ба ин ҳол гирифтор шуд, бо ҳасрат ёд мекунад. Кори тақдир ҳам ҳаст, ки аз ӯ ду пойи равонашро гирифт. Вале ӯ бештар худро гунаҳкор меҳисобад, ки беэҳтиётӣ кардааст. Бо вуҷуди ин шукр мекунад, ки аз зери чархҳои қатораи боркашон зинда баромад.


Пас аз се моҳи дар беморхона бистарӣ будан, Парвизро ба шаҳри Ленинград мебаранд ва он ҷо ба ӯ пойи сунъӣ месозанд. Баъди бозгашт, аз сабаби он ки дар мактабҳои ҳамагонӣ имконияти таҳсили маъюбон вуҷуд надошт, Парвиз дар шароити хона таҳсилро идома медиҳад. Пас аз чанд вақт ӯро ба мактаб – интернати махсус барои маъюбон мебаранд. Ин мактаб – интернат нӯҳсола буд ва Парвиз то хатми синфи нуҳум дар ин ҷо таҳсил карда, ба мактаби ҳамагонӣ баргардад. Он замон аллакай шакли таҳсил дар ин мактаб дигар шуда буд ва шахсони маълул ҳам метавонистанд таҳсил кунанд. Баъди хатми мактаби миёна ӯ ба факултети иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод) дохил мешавад.


Соли сеюми таҳсили Парвиз дар донишгоҳ падараш аз дунё мегузаранд. Парвиз як хоҳару як додар дошт, ки баъд аз фавти падар саробонии онҳо бар дӯши ӯ меуфтад. Парвиз дар баробари худаш додарашро ҳам соҳиби маълумоти олӣ мекунад. Бо сабаби маъюбият Парвизро аз маблағи шартномаи донишгоҳ озод мекунанд, вале барои пардохти шартномаи додараш бисёр машаққат мекашад. Ҳатто дар хонадоршавии додару хоҳараш ҳам саҳми калон мегузорад. Сӯҳбати мо атрофи қавииродагии Парвиз хеле ҷолиб буд ва дар ҳамин асно ӯ нисбати баъзе ашхосе, ки тану бозуи солим доранду вале худро ба маъюбӣ андохта, дар кӯчаҳо талбандагӣ мекунанд, назари хешро баён кард. Ӯ бисёр афсӯс хӯрд, ки чунин шахсон аз тани солими худ ношукрӣ мекунанд ва танбаливу корбезорӣ нангу номуси онҳоро то дараҷае шикастааст, ки бо ҳиллаву найранг аз мардум кӯмак металбанд. Ӯ ҳатто нисбати шахсони маълул ҳам ин гуна амалҳоро нанг меҳисобад. Парвиз мегӯяд: “Одамони солим метавонанд бо меҳнати ҳалол зиндагии хешро пеш баранд, зеро имконияташон бештар аст. Одамони маъюбиятдошта ҳам ҳеҷ камӣ надоранд. Онҳо ҳам метавонанд ба худ касбу кори мувофиқ ёбанд. Дӯзандагӣ, пазандагӣ, сартарошӣ, барномасозӣ ва ҳатто омӯзгорӣ ҳам карда метавонанд. Инчунин, барои шахсоне, ки биноии кам доранд, маҳскунӣ шуғли мувофиқ аст. Аксарияти онҳое, ки хонашин шудаанд, занҳои маъюбиятдошта мебошанд. Дар хона нишастан асаби одамро хароб мекунад. Бояд инсон ҳамеша дар ҳаракат бошад. Худро бо коре машғул кунад, вагарна бемор мешавад”.


Ногуфта намонад, ки Парвиз бо сабабҳои гуногун ду маротиба оила барпо кардааст. Аз оилаи аввалааш ду фарзанд ва аз оилаи дуюмаш се фарзанд доштааст, ки ҳоло худаш аз пайи тарбия ва нигоҳубини онҳост. Дар мавриди касбомӯзӣ ва машғулияти одамон фарзанди худро, ки ҳамагӣ чордаҳ сол доштааст мисол овард. “Ман фарзанди худро, ки дар синфи ҳафтум мехонад, ба назди як устои автомобил шогирд мондам. Албатта, ӯ дар оянда соҳиби маълумоти олӣ мешавад, вале ин касбе, ки ҳоло меомӯзад, барояш рӯзе самар меорад, зеро мегӯянд “ба як мард чиҳил ҳунар кам аст”.

Худи Парвиз ҳам ана ҳамин чиҳил ҳунарро доштааст. Пас аз марги падар Парвизи донишҷӯ бори вазнини рӯзгор, ки бар дӯшаш афтида буд, ӯро гурги борондида кардааст. Ӯ дар мактаби деҳа ҳар рӯз баъди дарсҳои донишгоҳ ба ҳайси лаборант фаъолият мекунад. Баъдан аз рӯи эҳтиёҷ аз фанни суруд ва мусиқӣ ҳам дарс мегӯяд. Вақте дар курси чорум таҳсил мекард, Парвиз ба шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе ба кор медарояд. Баъди хатми донишгоҳ ва гирифтани диплом дар шуъбаи тайёркунии кортҳои “Ориёнбонк” соҳиби ҷойи кор мешавад. Пас аз ним соли кор дар ин шуъба Парвизро ҳамчун сармутахассиси шуъба ба яке аз филиалҳои “Ориёнбонк” мефиристанд. Баъди як соли кор дар ин ҷо Парвиз ба шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ба ҳайси муҳосиб ба фаъолият мепардозад. Қаҳрамони мо чанд соли дигар дар мактабҳои миёна ҳамчун сармуҳосиб кор карда, сипас ҳамкориро бо ташкилотҳои ҳимояи ҳуқуқҳои маъюбон шурӯъ мекунад. Ба гуфти Парвиз, дар он солҳо чунин ташкилотҳо камшумор буда ва ҳам шахсе, ки қобилияти роҳбарии чунин созмонҳоро дошта бошад, қариб ки набудаанд.


Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва Маъюбони шаҳри Душанбе – “Имконият” Парвиз Ташкилоти ҷамъиятии “Пешравӣ” – ро таъсис медиҳад, ки ҳадафҳои асосии он пешгирии нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, бемориҳои хатарнок ба монанди ВИЧ СПИД ва дастгирии кӯдакони оворагард аст. Ташкилот соли 2012 ба фаъолият оғоз карда, дар баробари ҳадафҳои болозикр ба шахсони маълул низ кӯмакҳои моддию маънавӣ мерасонад. Парвиз мегӯяд, “Сабаби асосии ҳадафҳои фарогири ташкилот пеш аз ҳама пешгирии нашъмандию амалҳои ношоиста дар байни шахсони маъюб ва ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони бесаробомонда аст”. Ӯ аз замони фаъолияташ дар Иттиҳодияи миллии маъюбон чунин ёдовар шуд: “Ташкилот моро ба мусобиқаҳои варзишӣ низ омода мекард. Вақте соли 2003 Кумитаи милии параолимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, мусобиқаҳои параолимпӣ низ дар ҷумҳурӣ бештар рушд карданд ва шахсони маълул низ имкони иштирок дар чунин мусобиқотро пайдо намуданд”.

Парвиз аз рӯзи аввали таъсиси кумита ба он аъзо мешавад. Ӯ аъзои Федератсияи варзишгарони маъюби Тоҷикистон ҳам будааст. Парвиз солҳои 2012 – 2013 аз намуди варзиши вазнбардорӣ ва дастхобонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аввалин маротиба иштирок мекунад. Дар айни замон қаҳрамони мо дар якчанд мусобиқаҳои берун аз ҷумҳурӣ низ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардааст. “Дар соҳаи варзиш дастовардҳои бисёр дорам. Аксари онҳо медалу ифтихорномаҳое мебошанд, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиб гаштаам. Аз хориҷи мамлакат бошад, ду медал ба даст овардаам. Яктоаш барои ҷойи шашум дар мусобиқаи осиёӣ, ки дар он варзишгарон аз 108 давлат иштирок мекарданд. Дуюмаш медали биринҷӣ аз мусобиқаи Тошканд, ки дар он ҷойи сеюмро ишғол карда будам”.


Соли 2019 Парвизро ба вазифаи Президенти Кумитаи миллии параолимпии Тоҷикистон интихоб мекунанд ва то имрӯз ӯ ин вазифаро бар дӯш дорад. Қаҳрамони мо мегӯяд, тӯли солҳо онҳо кӯшидаанд, то дар парлумони кишвар аз ҷониби ҷамъияти маъюбон ҳам як нафари ваколатдор бошад. Ба гуфти Парвиз агар аз худи ин гурӯҳи шахсон намояндае бошад, ҳама ҳуқуқҳои онҳо беҳтар ҳифз мешаванд, зеро шахсони солим наметавонанд дарди онҳоро хуб фаҳманд.

“Кӯшишҳо бесамар нарафтанд ва дар интихоботи охирини парлумонии Тоҷикистон аввалин маротиба як нафар аз шахсони маълул ҳам номзадии худро барои вакилӣ гузошт, ки ин худи ман будам”, - мегӯяд Парвиз. 

Мутаассифона, барои ғолибияташ дар интихобот овозҳо камӣ кардаанд. Вале ба гуфти ҳамсӯҳбати мо, барои кӯшиши дигар маъюбоне дар ин самт ин як таконе гардидааст. Ӯ умедвор аз он аст, ки ин навбат дар интихобот танҳо нахоҳад буд.

Парвиз фаъолияти ташкилотҳо ва идораҳоро дар самти фарогирии маъюбон нокифоя хонда, баъзе душвориҳои ҷойдоштаро номбар кард ва роҳи ҳалли онҳоро низ пешниҳод намуд. Ба гуфти вай бисёр корҳое ҳастанд, ки ҳамкориро талаб мекунанд. 

“Кумитаи параолимпӣ ташкилоти ғайридавлатӣ аст ва наметавонад бе кӯмаки сарпарастон фаъолияташро пеш барад. Кормандон ва аъзоёни ин кумита бидуни маош фаъолият мебаранд ва дар мавридҳои хеле кам агар аз тарафи соҳибкорон ё шахсони саховатманд кӯмаке ба кумитаи мо расад, то ҳадди имкон барномаҳои худро татбиқ менамоем. Мушкилии асосии кумита он аст, ки параолимпистони мо наметавонанд дар аксари мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмиллалӣ иштирок намоянд. Чун маблағгузорӣ ниҳоят кам аст. Мо асосан дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок мекунем. Сабаби асосии кам ҷалб шудани маъюбон ба кумита ҳам дар ҳамин аст”. 

Парвиз пешравиҳои параолимпистони кишварҳои дигарро далел оварда, хостори он аст, ки дар кишвари мо ҳам ин гуна истеъдодҳо дастгирӣ ёбанд. 


“Ҳоло дар кишварҳои дигари дунё ба варзишгарони маълул ҳам баробари дигар варзишгарон аҳамият медиҳанд. Мо мебинем, ки чӣ гуна онҳо бе теъдоди зиёд дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок карда, парчами кишвари худро баланд мебардоранд. Мо ҳам мехоҳем, парчамбардори Ватан бошем ва ин гуна шахсон ҳам дар байни мо кам нестанд. Аммо мутаассифона ҳанӯз дастгириҳо дар ин ҷода кифоя нест. Аз ҷиҳати дигар набудани тамрингоҳи махсус ва ҳатто утоқи кории Кумитаи параолимпӣ ба ин мақсадҳои мо монеъ мешаванд. Аксарияти донорҳои хориҷӣ ҳам надоштани утоқи кориро дониста, аз маблағгузорӣ даст мекашанд”.

Набудани мактабҳо ё майдончаҳои варзишӣ барои шахсони маълул ва андозсупории ташкилотҳои маъюбон мушкилии дигари фаъолияти маълулон дониста мешавад: “Мо барои маълулон мактабҳои махсуси варзишӣ надорем.

Хуб мешуд агар дар ҳар шаҳру ноҳияҳо ҳадди ақал яктоӣ майдончаҳои варзишӣ сохта мешуданд. Ҳамчунин ҳолатҳое буданд, ки вақте ба Кумитаи андоз ҳисоботи ташкилотро бо нишондоди сифр пешниҳод кардем, ба мо норозоёна дӯғу пӯписа карданд.”

Парвиз барои беҳтар кардани вазъи зиндагии маъюбон ҳамкориҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дастгирии онҳоро бисёр муҳим хонд. Ба гуфти вай ин гуна ташкилотҳо ҳатто дар ҳолати набудани маблағгузорӣ ҳам кӯшиш мекунанд, то ба маъюбон ақаллан дар рӯзҳои ид бошад ҳам баъзе маводи ниёзи аввалро ҳадя кунанд. Дар ҳолатҳои дигар маъюбон метавонанд маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон ва ҳатто аробачаҳои маъюбӣ гиранд. “Вале ҳанӯз ҳам ин кӯмакҳо фарогир нестанд”, - илова кард ӯ.

Вобаста ба мушкиливу норасоии ҳаёти маълулон сӯҳбати мо ба ҳаёти имрӯзаи Парвиз баргашт. Ӯ аз шароити зисташ наменолад. Душвориҳоро бо истодагарӣ паси сар мекунад. Мегӯяд, ки маълулӣ нишонаи нотавонию заиф будан нест: 

“Маблағи нафақаам барои як моҳ нокифоя аст ва аз ин рӯ, дар вақтҳои холӣ дар доираи корҳои ташкилот дар дохили шаҳр мусофиркашонӣ мекунам. Хонаамро бо қарзи бонку ёрии шиносу хешовандон гирифтам. Мошинамро ҳам аз ҳисоби қарзу кӯмаки дӯстон харидам. Шукри Худо то имрӯз аз ҳамаи қарзҳоям халос шуда ва зиндагиям бо як мароми тоза идома дорад”.

Муҳимтар аз ҳама барои Парвиз ин орзуи деринааш аст. Ӯ чанд муддат пеш барои омода кардани пойи сунъии нав ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Вале барои соҳиби пойи сунъӣ шудан, ӯро лозим аст, ки як сол интизорӣ кашад. “Дар вазорат барои як аробачаи маъюбӣ то ҳафт сол мӯҳлат додаанд, ки бо боварӣ гуфта метавонам, ки ҳафт моҳ ҳам хизмат карда наметавонад”, - илова кард ӯ.


Атрофи масъалаҳои муҳити дастрас, ҳуқуқҳои маъюбон ва муносибат бо шахсони маълул Парвиз мушкилиҳои ҷойдоштаро аз ҳаёти ҳаррӯзаи худ мисол оварда, роҳҳои ҳалли онҳоро аз нигоҳи худ шарҳ дод. “Ман вақте бо аробачаи маъюбӣ кӯча мебароям, сари ҳар қадам дучори мушкилӣ мешавам. Масалан, ронандагони автобусҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки барои шахси маъюб автобусро мувофиқ ва қулай карда нигоҳ доранд ва ҳатто барои савор шудан ё фаромадани шахси аробачасавор шахсан кӯмак кунанд. Ман борҳо шоҳид шудаам, ки ронанда вақте моро дар истгоҳ мебинад, автобусро каме дуртар аз он нигоҳ медорад. То ман ба автобус наздик мешавам, вай аллакай дарҳояшро пӯшида, ба ҳаракат медарояд. Ё баъзан ронандагон бо гапу калочаи зиёд ба автобус роҳ медиҳанд”. Ба гуфти Парвиз мардуми тоҷик нисбати маъюбон муносибати нек дошта, ҳама вақт мекӯшанд, то ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунанд, танҳо онҳо тарзи дурусти кӯмак карданро намедонанд, ки баъзан баръакс зарар расониданашон ҳам мумкин аст.

“Камбудии дигаре, ки ҳаёти моро мушкилтар мегардонад, ин набудан ё ғайристандартӣ будани роҳҳои махсуси маъюбгард дар роҳҳои пиёдагард, зеризаминӣ ва баландошёнаҳо мебошад. Ҳеҷ сарфаҳм намеравам, ки онҳоро аз рӯи кадом стандарт ва нақша месохта бошанд? Чунки баъзеи онҳо аз ҳад зиёд нишеб ва баъзеашон аз ҳад зиёд танг сохта шудааст”, – илова кард Парвиз. 

Роҳи ҳалли ин мушкилиро ҳам вай дар ҳамкории мутасаддиёни ин ниҳодҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон медонад. Парвиз мегӯяд, дар чанд кишвари хориҷии сафаркардааш ягон маротиба ба чунин мушкилиҳо дучор нашудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 – юми марти соли 2018 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро имзо кард, ки то имрӯз он дар кишвар зина ба зина ба тасвиб расида истодааст. Вале, мутаассифона, ба гуфти Парвиз имрӯз на танҳо маълулон, балки аксарияти мақомдорон ҳам аз санаду меъёрҳои ҳуқуқие, ки маъюбонро ҳимоя мекунад, огоҳ нестанд. Дар робита ба ҳалли ин мушкилӣ бошад, Парвиз нақши воситаҳои ахбори омма ва семинару тренингҳои васеи омӯзиширо муҳим медонад.

Мо дар сӯҳбат бо як нафар шахсе, ки тавонистааст бо иродаи хеш ҳамаи мушкилиҳои зиндагиро бо мардонагии ба худ хос паси кунад, ҳаминро дарк кардем, ки ҳама гуна душворӣ роҳи ҳал дорад. Танҳо кӯшиш барои дарёфти нури умед ва халосӣ аз вартаи ноумедӣ моро ба ояндаи нек мепайвандад.

Ҳайати олимпии Тоҷикистон: Аз кӣ интизори медал шуд?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед