Ru  | Tj
Росту дурӯғ ва духӯрагию фитна дар ҷанги иттилоотӣ: Ҳифозати муассир дар ин шароит чист?
Росту дурӯғ ва духӯрагию фитна дар ҷанги иттилоотӣ: Ҳифозати муассир дар ин шароит чист?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Росту дурӯғ ва духӯрагию фитна дар ҷанги иттилоотӣ: Ҳифозати муассир дар ин шароит чист?

Нашр шуд

Шавоҳид нишон медиҳад, мафкураи омма қариб сад фоиз ба фазои маҷозӣ ва расонаҳои хабарӣ, ки бо ривояти мухталиф, хостаҳои худро амалӣ мекунанд, вобаста шудааст.

Ҳоло давлатҳои абарқудрат тавассути расонаҳои бурунмарзии хеш аз усулҳои навтарини ҷанги иттилоотӣ истифода менамоянд. Хабару гузоришҳоро моҳирона ба шакле омода ва пешниҳоди омма менамоянд, ки дарҳол ба шуури мардум ва зеҳни ҷаҳониён ҷой мегирад ва ба ин васила ҳисси бадбиниро нисбат ба сиёсатҳои қудратманди дигар байни шаҳрвандон бештар месозанд. Албатта, пушти ин ҳама сохторҳои махсуси давлатӣ ҳастанд, ки бо пуштибонӣ аз манофеи миллаташон гузоришҳоро тарҳрезӣ менамоянд.

Ба гунае ҷанги иттилоотӣ алакай ба мафкураи аҳолии Украина ва Русия таъсири амиқ гузошта, нақши он баръало эҳсос мешавад. Вақте муносибати Киев бо Маскав рӯ ба сардӣ гароид, ҷой барои расонаҳои русӣ дар ҳудуди Украина танг шуд. Аз ин фурсат расонаҳои Амрико ва Аврупо истифода бурда, фазои холии иттилооти Украинаро бо гузоришҳои нав ба нави зиддирусӣ пур карданд. Бештари аҳолии ин кишвар рӯ оварданд ба шабакаҳои телевизионии кишварҳои ғарбӣ, вале дар ин баробар расонаву шабакаҳои телевизионии Русия хусусан Россия 24, Россия 1, НТВ, Lifenews, Известия ва дигар шабакаҳо перомуни ҳодисаҳои муҳими ин кишвар ва аз ҳаёти мардум барномаву хабарҳои таъсиррасон омода карда, гузоришҳои расонаҳои ғарбро бо факту арқоми тоза таҳлил намуда, пешкаши омма менамоянд, то хонандаву тамошобин худ хулосабарорӣ намояд.

Ба гуфтаи пажуҳишгарон, дар ин масир тавассути фазои маҷозӣ, хоса шабакаҳои иҷтимоӣ раванди таъсиррасонӣ ба шуури мардуми кишварҳои вориди даргир ба таври густурда, аз тарафи журналистони русу англис моҳирона пиёда мегардад. Яъне дар ҷанги иттиллоотӣ усули хабаррасонӣ ва ё нашри маводи рӯзноманигорӣ бо шеваҳои гуногун (ташвиқоту тарғибот) сурат гирифта, манипулятсия (дасткорӣ) усули маъруф буда, бахшида ба рӯйдоду воқеаҳо, тарафҳо талош мекунанд, то аз тариқи иттилооти дурӯғ (дезинфарматсия) бо қасди тахрибкорӣ дар расонаҳои худ гузоришу барнома таҳия намуда, хабар пахш кунанд.

Ин ҳолат, чанд соли охир аз ҷониби сиёсатмадорон дар воқеоти Афғонистон, Сурия, Ироқ, Эрон, Исроил, Фаластин, Украина ва дигар манотиқи дунё тавассути сомонаҳои интернетӣ, расонаҳои пуриқтидори Ғарб ҳамчун “ҷанги пропагандистӣ” бо аксу видео ва хабарҳои дасткоришуда, бо тарзу услуби вижа ва пуштибонӣ аз манофеашон пешкаш мегардад.

   Ба андешаи профессор Ҷовид Муқим, дар вазъи кунунии ҷаҳонишавӣ ва рушди воситаҳои иттилоърасонӣ кишварҳои қудратманд пайи пиёда намудани аҳдофи худ ҳастанд. Ӯ дар хусуси унсурҳои хоси ҷанги иттилоотӣ  ва ҳадафи он мегӯяд, ки имрӯзҳо байни давлатҳои абарқудрат ҷанги шадиди иттилоотӣ дар ҷӯш аст. Ва бидуни шак майнаи мардуми аксари кишварҳои осебпазир ё заиф худ ба худ бо иттилои нодурусти миллатгароёна шуста мешавад. Яъне, хабару гузоришҳоро моҳирона ба шакле омода ва пешниҳоди мардум менамоянд, ки дарҳол ба шуури мардум ва зеҳни ҷаҳониён ҷой гирифта, ба ин васила ҳисси бадбинӣ нисбат ба сиёсати дигар кишварҳо бештар мешавад. Пӯшида нест, ки пушти ин ҳама сохторҳои махсуси давлатӣ ҳастанд, ки бо пуштибонӣ аз манофеи миллаташон гузоришҳоро тарҳрезӣ менамоянд.


“Дар шароити имрӯзаи ҷанги иттилоотӣ, ки дар як вақт ҳам хабари воқеӣ ва ҳам хабари дурӯғ аз ҷониби расонаҳо паҳн мешавад, ки ин пеш аз ҳама амнияти ҷомеаро зери суол мебарад. Бо рушди техникаву технологияи муосир, алоқаи маснуӣ ва интернет иттилоъро ҳамон лаҳза метавон ба тамоми олам паҳн кард. Ин аст, ки як рӯйдодро дар як вақт қариб ҳамаи расонаҳои бузурги олам хабар медиҳанд. Вале дар ҳамин ҳол тафсир ба он рӯйдод аз ҳар яки ин расонаҳо гуногун хоҳад буд. Ҳар яке аз дидгоҳи худ ва пеш аз ҳама вобаста ба сиёсати давлати худ ба ин қазия баҳо хоҳанд дод. Бо воситаи тарғиботи сартосарӣ, ки тавассути матбуот ва воситаҳои электронӣ сурат мегирад, ба ҷомеа афкори муайяне бор гардида, ҳамзамон ахлоқи ҷамъиятӣ, сохторҳои нигоҳдорандаи он вайрон карда мешаванд. Маълумоти дурӯғро дар ҷанги иттилоотӣ дезинформатсия (иттилои ғалат) мегӯянд, ки ба мақсадҳои гуногун паҳн карда мешавад. Ҳадафи иттилоъ - ин ба аудитория расонидани ҳақиқат, некиву кумак кардан дар баромадан аз вазъият аст. Ҳадафи иттилои дурӯғ бошад, фиребгарӣ ва тахрибкорӣ аст. Дезинформатсия, яъне маълумоти дурӯғ чунон устокорона истифода мешавад, ки ба ҳақиқат будани вай шубҳа намемонад. Тафаккури инсон чунин сохта шудааст, ки вай иттилоъро қабул карда, бо таъсири вай дар баъзе ҳолатҳо худ куллан тағйир меёбад. Ин дар ҳолест, ки як иттилоъ созанда асту иттилои дигар сӯзанда. Иттилои созанда нерӯи пешбаранда дорад. Иттилои дурӯғ ва барои тахрибкорӣ истифодашаванда метавонад ҷомеаро аз раванди табиии пешрафташ берун бикунад”,- афзуд муҳаққиқи соҳаи журналистика Ҷовид Муқим.
  Идомаи даргириҳои шадид дар навори Ғазза ва Украина имрӯз сиёсатмадорони кишварҳои абарқудратро ба таҳлука андохтааст. Таҳлилгарони сиёсӣ ва рӯзноманигорони кишварҳои ҷаҳон бадбахтиҳо ва ихтилофоти ҷанги иттилоотиву равониро, ки дар ин манотиқ идома дорад аз рӯи манфиатҳои геополитикии худ гуногун шарҳ медиҳанд. Зеро духӯрагӣ ва фитнаҳои сиёсии сиёсатмадорони давлатҳои абарқудрати ҷаҳони имрӯз дар самти пуштибонӣ аз нигоҳи сиёсӣ ва таъмини пулу нерӯву силоҳ ба кишвари сеюм ба шиддат идома дорад.

Абзор ва аҳдофи ҷанги иттилоотӣ

Ба боварии муҳаққиқон, ҷанги иттилоотӣ хусусияти пинҳонӣ ба худ касб мекунад. Хусусан, технологияҳои иттилоотии равонии тундгароёна нисбат ба технологияҳои муҳофизати системаи арзишҳо ва солимии равонии ҷомеа зудтар тавсеа ёфта истодааст. Ва фанновариҳои асри иттилоотӣ имконияти назариявии манипулятсияи (идоракунӣ) бевоситаи ҳарифро тавассути иттилоот имконпазир гардонидааст. Ва ҳодисаҳо ба ягон тарз қабул ва ба тарзе шарҳ дода мешавад, ки ба иттилоъ табдил меёбад.

Аз  мушоҳидаҳо мебинем, ки бештари вақт вазъи сиёсиву иқтисодӣ  ва раванди демократияи кишварҳо  дар муқоиса гузошта мешавад, ки ин омил ба зеҳни мардум таъсири манфӣ мерасонад.

Ба гуфтаи Бахтиёр Қутбиддинов, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, имрӯзҳо тавассути расонаҳои кишварҳои абарқудрат бар зидди кишварҳои кӯчаку ноором ҷангҳои иттилоотӣ пеш бурда мешаванд, ки онро метавон ҷанги равонӣ низ ном бурд. Дар ин ҷо ҳадафҳои геополитикӣ аз тарафи давлатҳои абарқудрат ба хубӣ тарҳрезӣ шуда, ба мафкураи одамон бо воситаи тарғиботи сиёсату стратегияи худ, мехоҳанд, афкори муайянеро ҷойгир созанд.


“Дар ҷангҳои иттилоотӣ ва ё манфиатҳои стратегии геополитикӣ ҳамеша нуқтаҳои заиф ва ё мамолики ба истилоҳ ақибмонда гирифтор мешаванд. Ва дар ин ҷангҳои иттилоотӣ қудратҳо маъмулан як чиз мехоҳанд, яъне нуқтаи меҳварии табдили сиёсатҳои ҷаҳонии худро ҳифз намудан аст. Ҷангҳои иттилотиро метавон тавъам сохт ба чандин навъи ифротгароӣ, ки имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ маъмулан бо экстремизми миллӣ, сиёсӣ ва динӣ эътироф гаштааст. Аз ҳама шигифтовар ва ё як навъ боиси алам барои кишварҳи шарқ ин аст, ки имрӯз бештар аз ифротгароии динӣ ёдовар мешаванд, аммо як навъ пӯшида ё зери ниқоб аз ифротгароии сӣёсӣ сарфи назар менамоянд. Он абарқудратҳое, ки василаҳои муассирро дар замони ҷанги иттилоотӣ дар даст доранд бо ҳар гуна тарҳу нақшаҳо дар чандин кишварҳо бо як шеваи хосс оташи ҷангро фурӯзон нигоҳ медоранд ва ё ин, ки муноқишаҳои мазҳабиро ба миён меоранд. Яъне аз як шохаи ифротгароии сиёсӣ метавонанд, ифротгароии диниро пайдо намоянд. Ба ин хотир ҷангҳои иттилоотии имрӯза ба тадриҷ доман паҳн карда истодааст ва пешомад ё дурнамои сиёсати ҷаҳонии имрӯза дар шароити кунунии дунё хеле мураккаб аст, ки онро мушаххас баён намудан душвор аст ва инро гузашти вақт нишон дода метавонад”, - гуфт ҷаноби Қутбиддинов.

Гуфта мешавад, имрӯз ҳар як кишвар дар доираи барномаву механизмҳои маҷуда барои муқобила бо ҷанги иттилоотӣ - равонӣ эҳтиёҷ дорад. Пӯшида нест, зеро дар замони имрӯза бисёр давлатҳо  ба ҷанги иттилоотӣ ҳамчун дастурамали таъсирбахши амаликунии зоҳирии сиёсат баҳо медиҳанд.

Бархе аз муҳаққиқон  ақида доранд, ки дар ҷанги иттилоотӣ аввал фазои иттилоотӣ, ё чи хеле ки мегӯянд, қудрати иттилоотӣ ба даст гирифта мешавад ва баъд қудрати воқеӣ (ҳукумат)-ро мегиранд.

Фаромӯш набояд кард, ки дар сурати камтаваҷҷуҳӣ дар  фазои  иттилоотӣ имкони бештар шудани маводи муғризона аз назар дур нест. Дар бештари маврид гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз фазои холии  иттилоотӣ истифода намуда, кӯшиши таблиғи аҳдофи ғаразонкро мекунанд.

Бояд гуфт, расонаҳои таблиғотии Тоҷикистон танҳо бо пахши иттилои сареъ, ҳаққонӣ ва беғараз аз рӯйдодҳои дохил ва берун аз кишвар дар баробари расонаҳои хориҷӣ муқобил истода метавонанд. Дар акси ҳол теъдоди хонанда, шунаванда ва бинанда коҳиш хоҳад ёфт ва майлашон ба рӯзнома, радио, шабакаҳои интернетиву телевизионии кишварҳои хориҷ зиёдтар мешавад. Яъне дар арсаи ҷанги иттилоотӣ ҳифозат ва таъмини амнити иттилоотӣ яке аз муассиртарин аркон ва роҳкори низоми давлатдорӣ ба хотири дар ҳам шикастани ирода, нақша ва орзуи душман аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед