Ru  | Tj
Таваҷҷуҳи рӯзафзун ба “энержии сабз”. Ҷаҳони арабӣ дар Осиёи Марказӣ дунболи чист?
Таваҷҷуҳи рӯзафзун ба “энержии сабз”. Ҷаҳони арабӣ дар Осиёи Марказӣ дунболи чист?
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

Таваҷҷуҳи рӯзафзун ба “энержии сабз”. Ҷаҳони арабӣ дар Осиёи Марказӣ дунболи чист?

Нашр шуд

Бо гузашта беш аз се даҳа кишварҳои Осиёи Марказӣ дар истеҳсоли барқ худкифо нашуда, ҳанӯз барои рафъи чолишҳои камбуди барқ пайи ҷалби сармояи хориҷӣ дар самти тавлиди барқ мебошанд.

Бархе огоҳони масоили иқтисодӣ, минтақаи Осиёи Марказиро бистари хуб барои тавлиди “энержии сабз” медонанд ва барои сармоягузориҳи бештар дар ин бахш таъкид доранд. Зеро мавқеъияти ҷуғрофиёӣ ва бодуҳавоии минтақа фурсати муносибе барои тавсеъаи тавлиди энергияҳои таҷдидпазир фароҳам мекунад, зеро дар тӯли сол 300 рӯзи офтобӣ мавҷуд аст ва ин як манбаъу фурсати хуб барои истеҳсоли барқ аз энергияи офтоб аст.

Ҳоло кишварҳои арабӣ бо авлавият додан ба энержиҳои таҷдидпазир дар ҳудуди панҷ кишвари минтақа тамоюл нишон дода, пайи татбиқи барномаҳои иқтисодӣ буда, рӯйи бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ сармоягузорӣ доранд.

Ба далоили гуногуне, Қазоқистон ва Узбекистон фаъолтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷазби сармояи ҷаҳони арабӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин ду кишвари ғанӣ аз захираҳои табиъӣ нерӯгоҳҳои барқии бухорӣ, ки бо истифода аз маводи нафтӣ ва олудакунандаи ҳаво кор мекунанд, мавҷуд аст. Ва ҳавасманди барномаҳо барои гузариш ба "энержии сабз" ё нерӯи барқароршаванда буда, дар самти бунёди нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ бо арабҳо созишҳои милярддоларӣ бастаанд. Дар ин баробар майлу хоҳиши салтанатҳои араб бештар ба сармоягузории нерӯгоҳҳои нави гармидиҳӣ бо газ низ мебошад. Онҳо ба ин васила бахши кишоварзии Қазоқистону Узбекистонро рушд дода, минбаъд маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили ғалларо ба давлатҳои худ мефиристанд.

Хусусан, Узбекистон аз назари гази табиӣ ғанӣ аст ва ин сӯхт ба беш аз 80 дарсад аз кулли масрафи энержии ин кишварро баробар аст. Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, интизор меравад тақозои барқи Узбекистон то соли 2030 солона шаш дарсад рушд кунад. Барои посухгӯйӣ ба ин тақозо ин кишвар бояд зарфияти тавлиди энергияи худро ба мизони қобили таваҷҷуҳ афзоиш диҳад ва манобеъи энергияи таҷдидпазир, монанди энергияи офтобӣ ва бодиро роҳҳали муносиб меҳисобанд. Ӯзбекистон гуфтааст, мехоҳад, то соли 2025 ҳиссаи энержии сабз то ба 25 дарсад расонида шавад.


Аммо, аз сӯи дигар, се кишвари Осиёи Марказӣ шомили Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон бо ҳадафи ҷуброни камбуди барқ бо кумаки Русия нерӯгоҳҳои ҳастаиро яке аз гузинаҳои таъмини энержии пойдор дар дарозмуддат медонанд. Бо ин вуҷуд бисёре аз шаҳрвандон ва коршиносони минтақа дар мавриди эминии ин нерӯгоҳҳо ибрози нигаронӣ мекунанд, ки нерӯи ҳастаӣ аз назари зисти муҳитӣ бо пасмондаҳои радиоактивӣ бисёр хатарнок буда, таҳдиде ба амнияти зиндагӣ ва саломати мардум аст. Ба ин далел бисёре аз кишварҳои ҷаҳон тадриҷан пайи барҳам додани нерӯи ҳастаӣ буда, раванди гузариш ба “энержии сабз”-ро баррасӣ доранд.

Ҳоло бунёди нерӯгоҳҳои барқобӣ яке аз роҳҳалҳои буҳрони энержӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳатто минтақа маҳсуб мешавад. Ин ду кишвар бештар ба ҳавзаи барқобӣ таваҷҷуҳ дошта, талош доранд, то дар тарҳҳои эҳдоси нерӯгоҳҳои бузурги обии минтақа – “Роғун” ва “Қамбарота-1” сармоягузор пайдо кунанд. Ва ҳоло ба дунболи ҷазби сармояи хориҷӣ, хоса арабҳо ҳастанд.

Ахиран Душанбе ва Риёз бар сари 100 милён долар қарзи имтиёзнок барои идомаи бунёди “Роғун” мувофиқат карданд. Ҷойгоҳи Тоҷикистон байни кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи дарсади истеҳсол ва истеъмоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар рутбаи шашум аст. Аз сӯйи дигар ҳукумати Тоҷикистон барои ба 700 мегават расондани истеҳсоли барқ тариқи нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ дар соли 2030 талош дорад. Зеро ба далели кӯҳистонӣ будани аксарияти қаламрави Тоҷикистон кашидани хатҳои барқу насби симчӯб ба рустоҳои дурдаст кори пурхарҷ мебошад ва ҷойгузин кардани манобеъи тавлиди барқи таҷдидпазир бамаротиб кам масраф хоҳад буд.

Дар ин росто ҳамсоякишвари Тоҷикистон – Қирғизистон низ дар ҷустуҷӯи сармоягузорон аст, зеро ин кишвар дорои иқтидори бузурги энергетикӣ аст, аммо то ҳол танҳо 13 дарсади захираҳои об барои тавлиди нерӯи барқ истифода мешавад. Ҳоло як қатор ширкатҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар иҷрои тарҳҳои муштараки энержӣ дар Қирғизистон таваҷҷуҳ доранд. Аз ҷумла барои бунёди нерӯгоҳи офтобӣ дар минтақаи Иссиқкӯл аз ҷониби ширкати “Масдар” лоиҳаи муштарак амалӣ мешавад. Вале аз сӯйи дигар ҷоҳталабии мақомдорони қирғиз бо сабаби нокифоятии барқи табиъӣ дар самти сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ бо иқтидори 300 мегаватт ҳастанд.

   

Давлати Туркманистон низ ҳамкориҳои энержӣ бо Имороти Муттаҳидаи Арабиро ба роҳ монда, аз таҷрибаи иморот дар самти ташкили иқтисодиёти камкарбон ва ҷорӣ кардани фанновариҳои мусоири “сабз” истифода мекунад. Ҳоло ҷонибҳо дар самти эҳдоси нерӮгоҳи ҳибридӣ, тавсеъаи ҳамкориҳо дар заминаи энергияҳои таҷдидпазир, бунёди нерӯгоҳи хуршедӣ бо 100 мегаватт кор мебаранд. Ба тозагӣ гузориш шуд, ки сохти нерӯгоҳи бузург (1574 мегаватт) дар савоҳили Туркманистон баҳри Хазар, ки бо гази табиъӣ низ кор хоҳад кард, оғоз шудааст.

Туркманистон аз назари захоири исботшудаи гази табиъӣ дар рутбаи чаҳоруми ҷаҳон қарор дорад. Тақрибан тамоми барқи ин кишвар тавассути истгоҳҳои ҳароратӣ бо истифода аз гази табиъӣ истеҳсол шуда, дар ҳоли ҳозир ба Афғонистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон барқ мефурӯшад.

Воқеъан кишварҳои арабӣ дар истифода аз энержии пок ва коҳиши олудагиҳои карбонӣ ба минтақаи пешрафта табдил шудааст ва дар соли гузашта милярдҳо долар дар сохти нерӯгоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ, ҳамлунақли электронӣ ва батареяҳо сармоягузорӣ кардааст. Ва ба унвони кишвари пешрав дар энержиҳои пок ширкатҳои чиниро ба сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ ташвиқ мекунад.

Зулфиқор Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ дар мавриди  сиёсати сармоягузории кишварҳои арабӣ, ки ба тартиб дар кишварҳои Осиёи Марказӣ татбиқ мешавад, гуфт, далели тамоюли аъроб ба минтақа ба боз шудани фазои умумии сармоягузорӣ алоқамандӣ дорад.


“Кишварҳои арабӣ, вақеъан тавони сармоягузорӣ дар тарҳҳои гуногунро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хоса Тоҷикистон доранд. Зеро ин кишварҳо дорои захоири азими маводи маъданӣ, нафт, гази табиъӣ, зуғол санг ва ҳатто обу пирях аст. Минтақаи бо ҷамъияти 74 милённафарӣ ва тавлиди нохолиси дохилӣ ҳудуди 300 милярд доллар, албатта, барояшон ҷаззоб аст, ки ҳоло тамоюлашон барои сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла энержии соф афзуда истодааст. Аз сӯйи дигар, арабҳо, вобаста ба набзи дунё ва ё шароити сиёсии минтақа хуб корбарӣ мекунанд. Ҳоло мебинем, зиёд ба ҷониби Русияву Чин майл доранд, чун равобиташон дар сатҳи олӣ аст. Ба қарибӣ роҳбари давлати Русия аз Риёз ва Абузабӣ дидан кард. Бо ин ҳол соли равон бо миёнаравии Пекин Ҷумҳурии исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ “оштӣ” карданд ва ҳоло муносибати дипломатиашон дар сатҳи хуб қарор дорад”, - афзуд Зулфиқор Исмоилиён.
Аммо вобаста ба тарҳҳои энержии суннатии кишварҳои минтақа ва вуруди сармояи кишварҳои аъроб Станислав Причин, муҳаққиқи аршади рус дар Маркази мутолиоти пасошӯравӣ дар суҳбат бо нашрияи “Известия” мегӯяд, ба истиснои Туркманистон, ки омори дақиқе вуҷуд надорад, тақозои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели буҳрони барқ барои сармоягузории хориҷӣ дар ин бахш зиёд аст.


“Кишварҳои арабӣ фанновариаҳои хосси худро надоранд ва бештар аз фанновариҳои муосири чинӣ истифода мекунанд. Ба назар мерасад, ки таҷҳизоти чинӣ барои сохти нерӯгоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ дар Осиёи Марказӣ бо сармояи аъроб харидорӣ мешавад. Ин фурсате барои касби даромад аст. Бар ин асос алоқаи кишварҳои арабӣ ба бахши энержии Осиёи Марказӣ низ фурсати дигаре барои касби даромад маҳсуб мешавад. Ҳарчанд  нерӯи “сабз”, ҳарчи қадар ҳам, ки муҳим бошад, ҳанӯз мушкили буҳрони энергияро дар Осиёи Марказӣ ҳал намекунад. Зеро нигаҳдории истгоҳҳои барқии офтобӣ дар зимистон душвор аст. Дар ҳар сурат то кунун мо ҳеч натиҷаи ҷиддӣ барои беҳбуди таодули энергияи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сӯйи ҷаҳони арабӣро мушоҳида накардаем. Ва чандон рӯшан нест, ки сармоягузориҳо бо кадом шартҳо гузошта мешавад”, -гуфтааст коршиноси рус С.Причин.
Ба бовари ӯ, энержии сабз ҳарчанд муд бошад ҳам, мушкили буҳрони энержии минтақаро ҳал намекунад.

КӮЧИ САРМОЯИ АРАБ АЗ ҒАРБ БА ШАРҚ

Ба гуфтаи муфассирон, сармоягузории кишварҳои арабӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, соли равон баъд аз ду ҳамоиши байналмилалӣ, яке нишасти «Осиёи Марказӣ+Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс» дар Риёз ва дигар ин нишасти ҷаҳонии бодуҳавоӣ, ки аз 1 то 12 декабр дар Дубай таҳти сарпарастии Конфронси СММ марбут ба иқлим тақвият ёфта истодааст.

Ба назар мерасад, ки кишварҳои арабии ҳошияи халиҷ энержиҳои пок ва таҷдидпазирро дар миқёси кӯчак ва бузург тавсеъа дода истодаанд, зеро медонанд, ки ояндаи начандон дур захираҳои нафту газ тамом хоҳад шуд. Бар асоси пешгӯйии ҳолдонҳо вобаста ба рушди фанновариҳои муосир, то соли 2040 “энержии сабз” ҷойи нафту газро мегирад. Ҷаҳони арабӣ бо нигоҳ ба фардои “бидуни нафт” пайи барномарезиҳои густарда буда, барои дастёбӣ ба як барномаи бузурги энержии ҷадиду пойдор ҳастанд.

Ин амр дар оянда ба онҳо имкони рақобат бар сари раҳбарии иқтидори “энержии сабз”-ро дар дунё дода метавонад. Дар ҳоле ки рақобати ҷаҳонӣ барои ҷойгузини энержии пок шиддат гирифтааст, кишварҳои ҳошияи арабии халиҷ дар талошанд, то дар баробари ҳифзи ҷойгоҳи худ ба унвони аввалин содиркунандагони “барқи тоза” пешгом бошанд. Масалан, Арабистони Саудӣ барномаи баландпарвозонае барои густариш саҳми энергиҳои пок дошта, қасд дорад, то соли 2030 нерӯи “барқи тоза”-ро ба мизони 50 дарсад афзоиш диҳад. Имороти Муттаҳидаи Арабӣ басуръат дар ҳоли густариши истифода аз нерӯи “сабз” буда, бо барномаи “Net Zero 2050” тайи се даҳаи оянда барномаи 600 милярд дирҳамиро барои сармоягузорӣ дар манобеъи энергияи таҷдидпазир муаррифӣ кард.

Ба андешаи коршинос Абдурақиб Қодиров, ҳоло ҷаҳони арабӣ дар шароити нооромиҳои геополитикӣ талош дорад шарикони нав пайдо кунад ва Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои дарозмуддати онҳо мешавад.


“Кишварҳои арабӣ бо он бархурду мухолифатҳое, ки дар сатҳи ду низоми ҷаҳонӣ сурат гирифта истодааст, ҳоло ба навъе сармоягузориҳои худро аз Ғарб ба Шарқ кӯчониданӣ ҳастанд. Қаблан ҷаҳони арабӣ сармояҳои ҳангуфти худро рӯйи тарҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо сарф мекарданд, аммо солҳои охир диданд, ки кишварҳои ғарбӣ ба сармояҳои арабӣ чандон кафолати боэътимоди ҳуқуқӣ намедиҳанд, чун баъзе сармоягузориҳоро маҳдуд ва суръатҳисобҳоро бастанд. Ҳоло кишварҳои арабӣ барои бозорёбӣ вориди Осиёи Марказӣ шуда, тарҳҳои навро барои сармоягузорӣ ҷустуҷӯ доранд. Хоса дар самти энержии сабз, ки аз нигоҳи самаранокӣ дар дарозмуддат назар ба дигар лоиҳаву барномаҳо судовартар аст”, - гуфт таҳлилгар Абдурақиб Қодиров.

Ба гуфтаи нозирон, ҳарчанд кишварҳои арабӣ талош доранд, то бозори энержиҳои пок дар Осиёи Марказиро дар инҳисори худ дароваранд, аммо тавсеъаи энержиҳои таҷдидпазир нишондиҳандаи сиёсати чандҷонибаи минтақа аст, ки Иттиҳодияи Аврупо ҷойгоҳи аввалро дар сармоягузории мустақими хориҷӣ дошта, дар ҷойгоҳи баъдӣ – Амрикову Русияву Чин қарор дорад.

Аз сӯйи дигар кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати ҷуғрофӣ аз ҳамдигар дуранд, аммо онҳоро ақидаҳои умумӣ дар бораи пайвастшавӣ тавассути Роҳи бузурги абрешим, як ҳувияти умумии исломӣ  ва ҳамчунин хоҳиши мутақобила барои «пешбурди иқтисодии байниминтақаӣ» ба ҳам меорад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед