Ru  | Tj
Зеҳни сунъӣ: Чӣ тавр нармафзорӣ (програмное обеспечение) метавонад ҳаёти инсонро беҳбуд бахшад
Зеҳни сунъӣ: Чӣ тавр нармафзорӣ (програмное обеспечение) метавонад ҳаёти инсонро беҳбуд бахшад
Аксҳо: Азизҷон Азимӣ

Зеҳни сунъӣ: Чӣ тавр нармафзорӣ (програмное обеспечение) метавонад ҳаёти инсонро беҳбуд бахшад

Нашр шуд

     Рӯз аз рӯз башарият комилан тобеи фановарӣ (технология) гашта истодааст. Имрӯз телефон, планшет ва ноутбукҳо тарзи маъмулии ҳаёти мардумро куллан тағйир додаанд. Бо кӯмаки онҳо метавон фароғат бурд, таълим гирифта, ҳатто кор низ кард, вале бе нармафзорӣ (программное обеспечение), аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ин таҷҳизот ба як анбуҳи оҳан ва пластик табдил мегарданд.

     Бисёре аз мардум бар ин боваранд, ки тавсеаи зеҳни сунъӣ як таҳдиди бузурге аст, зеро аз назари онҳо боиси ҷойгузини нерӯи инсонӣ ва исёни мошинҳо мегардад. Вале ақидаи худи барномарезон дар ин бора тамоман дигар аст. Барои дарки манфиати зеҳни сунъӣ мо тасмим гирифтем, ки бо яке аз олимони ҷавони кишвар ва таъсисдиҳандагони якумин озмоишгоҳи “ЗС” (зеҳни сунъӣ) дар ҷумҳурӣ Азизҷон Азимӣ суҳбат доир намоем.


     Зеҳни сунъӣ – ин нармафзоре мебошад, ки вазифаи асосии он омӯзиш, қабул намудани қарор ва иҷрои ягон амали хоси инсон ва ҳисоб меравад. Ба ақидаи олими ҷавон, имрӯзҳо ЗС метавонад дар тамоми бахшҳои ҷомеа мавриди истифода қарор гирад.

   «Таҳлили рӯи стероиҳо» - маҳз ҳамин зеҳни сунъӣ мебошад. Агар мо қаблан ба синамо мерафтем, имрӯзҳо мо сервисҳои стримингиро тамошо мекунем, ё ин ки барои харидорӣ ба фурӯшгоҳҳо рӯ меовардем, ҳоло бошад чизи дилхоҳро фосилавӣ фармоиш медиҳем. Яъне, зеҳни сунъӣ - ин ҳолате мебошад, ки шумо маълумоти зиёдро гирд оварда, онро дар зеҳни таҷҳизот барои қабули қарор, ки қаблан аз ҷониби инсон амалӣ карда мешуд, ҷой медиҳед. Фарзия дар он аст, ки таҷҳизот метавонад ҳамчун инсон ва дар баъзе ҳолатҳо аз он ҳам беҳтар қарор қабул кунад. Ба ҳамин тариқ 20 сол қабл дар тамоми ҷаҳон барномаҳои асосии смартфонҳо ва баъд аз 10 соли дигар илова бар онҳо ҷорӣ карда шуданд. Дар даҳсолаи оянда бошад, фановарии зеҳни сунъӣ дар ҳама ҷо ҳукмфармо хоҳад шуд, мегӯяд роҳбари озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ Азизҷон Азимӣ.


      Ба ақидаи Азизҷон, зеҳни сунъӣ айни замон дар иқтисодиёти бисёре аз кишварҳо, ба вижа дар сохтори бонкдорӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Чанде қабл тими ӯ нармафзореро ихтироъ кардааст, ки барои ҷудо намудани қарз ба мизоҷон тариқи фосилавӣ ба бонкҳо кӯмак мерасонад.

       «Ба қавли Азизҷон Азимӣ, ҳадафи зеҳни сунъӣ на иваз кардани сифатҳои инсонӣ, балки мукаммал кардани онҳо мебошад. Бинобар ин, дар оянда вақте, ки мо даст ба кашфиёти нав дар соҳаи тиб мезанем, қабл аз ҳама бояд ҳолатеро бар асос гирем, ки мақсади асосӣ ин иваз накардани духтур, балки кӯмак расонидан ба ӯ ҳангоми ташхиси бемор ва таъини дурусти муолиҷа мебошад».

       Ба гуфта Азизҷон иртиботи зиёде дар риштаи зеҳни сунъӣ дар байни ҷавони тоҷик вуҷуд дорад ва онҳо омодаанд, ки омӯзишро дар самти мазкур тақвият диҳанд. Маҳз ба ин мақсад ӯ академияро таъсис дод, ки дар он айни замон кӯдакони болаёқат аз оилаҳои камбизоат тариқи ройгон омӯзиш гирифта истодаанд.

         

       Дар бораи муҳимияти зеҳни сунъӣ дар кишвар Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд кардаанд. Бо ибтикори сарвари давлат соли гузашта ҳатто як стратегияи ҷудогона барои тавсеаи зеҳни сунъӣ қабул карда шуд. Ҳамин тариқ Ҷумҳурии Тоҷикистон якумин кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки чунин як ҳуҷҷати муҳимро қабул кардааст.

       Мавриди тазаккур аст, ки соҳаи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон оҳиста бошад, вале қатъӣ пеш рафта истодааст ва маҳз аз ин сабаб барои дар амал татбиқ намудани ин стратегия ҳадди ақал 10 сол зарур аст. Нармафзор бар асоси зеҳни сунъӣ дар ҷумҳурӣ бомуваффақият дар сохтори бонкӣ рушд карда истодааст ва дар оянда ин таҷҳизот дар соҳаи тиб низ ҷорӣ карда мешавад.


     «Мақсади асосии ин стратегия дар он аст, ки зеҳни сунъӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар ҳаҷми як фоиз саҳм гузорад. Ин як ҳадафи ниҳоят бузург аст, зеро даҳо ва дар оянда садҳо миллион долларро ба кишвар фоида меорад. Стратегияи мазкур аз чор қисм иборат аст, ки дар марҳиллаи аввал омӯзиши кадрҳо, дуюм – ҷорӣ намудан дар макотиби олӣ ихтисоси зеҳни сунъӣ, сеюм барномаи амалиётии маълумоту коркарди барномаи муштарак бо сохторҳои давлатӣ ва ниҳоят ахлоқро дар бар мегирад. Мо бояд ба зеҳни сунъи инсониятпарвар диққат диҳем», - мегӯяд роҳбари озмоишгоҳ Азизҷон Азимӣ.

      Азизҷон бар он бовар аст, ки зеҳни сунъӣ дар оянда метавонад Тоҷикистонро ба як кишвари мутараққии ҷаҳон табдил диҳад ва дар ин самт мебоист қабл аз ҳама кадрҳои боихтисосе тарбия кард, ки дар эҷоди маҳсулоти нодири зеҳни сунъӣ саҳмгузор бошанд. Олими ҷавон дар мисоли шахсии худ нишон дод, ки старт – апи бомуваффақиятро метавон дар ҳар чое эҷод кард.


     Ширкати Азизҷон Zypl.ai-ро 10 миллион доллар баҳогузорӣ карданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед