Ru  | Tj
Зуҳури ҷаҳони чандқутбӣ. Рӯъё ё ҳақиқат?
Зуҳури ҷаҳони чандқутбӣ. Рӯъё ё ҳақиқат?
Акс: аз Интернет

Зуҳури ҷаҳони чандқутбӣ. Рӯъё ё ҳақиқат?

Нашр шуд

Ин шабурӯз дар пасманзари ҳаводиси гуногуни геополитикии ҷаҳони муосир дигаргуниҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ сурат гирифта, дунё дучори буҳрони системавӣ шуда, дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ тағйироти чашмгире ба вуҷуд омада истодааст.

Дар ин давраи ҳассоси таърихӣ раванди бартариҷӯйӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб идома дошта, ба навъе ҳаракат ба самти ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳастем. Имрӯз ин ҷаҳони якқутбӣ ба иборае «пӯст мепартояд» ва табдил ба ҷаҳони чандқутбӣ мешавад, зеро марказҳои нави мубориза миёни қудратҳои берун аз Аврупо ва Амрико дар ҳоли ташаккул ҳастанд.

Ба гунае, низоми байналмилалӣ пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум дар ҳоли вуруд ба як марҳалаи севум аст. Дар хилоли ҷанги сард ҷаҳон бо ҳузури Амрикову собиқ Иттифоқи Шӯравӣ як низоми дуқутбӣ дошт. Аз як сӯ, Шӯравӣ ва дигар сӯ, ИМА қудратро байни худ тақсим карда буданд. Вале ҳоло чунин ба назар мерасад, ки қудратҳои ҷадиде дар дунё ба вуҷуд омаданд. Ба фарзи мисол, Чин ҳам имрӯз табдил ба қудрати иқтисодии ҷаҳон шудааст. Қудратҳои дигари ҷаҳониву минтақаӣ монанди Русия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия ва Арабистон Саудӣ дар садади афзоиши нуфузи худашон ҳастанд. Яъне, таҳаввулоти имрӯз дар равобити байналмилалӣ нишон медиҳад, ки фароянди шаклгирии ҷаҳони чандқутбӣ дар ҳоли густариш аст ва қудратҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҷадиде аз худ дарак дода истодаанд.

Тавре Владимир Путин, раисҷумҳури Русия моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Остона гуфт, ҷаҳон воқеан дар ҳоли гузариш ба самти бисёрқутбӣ аст ва дар он Осиё нақши калидӣ мебозад. Ӯ моҳи сентябри соли 2022 дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) дар шаҳри Самарқанд зимни дидор бо Сӣ Ҷин Пин, роҳбари Чин ва Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон барои эҷоди дунёи якқутбӣ мухолифат кард, ки он барои бештари кишварҳои кураи замин комилан ғайри қобили қабул аст. Дар зимн ҷаноби Путин омодагии Маскавро барои ифои нақши пешрав дар қарор додани ҷаҳон дар масири рушди пойдор ва мусбат эълом кард. Ҳамтои чиноии ӯ Сӣ Ҷин Пин ҳам аз ин иқдоми Путин истиқбол намуд. Ҷаноби Раисӣ низ гуфт, ки «СҲШ барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат мекунад». Ҷониби Эрон мегӯяд, ки ҷаҳони якқутбӣ бо роҳбарии Амрико рӯзҳои поёни худро сипарӣ мекунад ва ин рӯйдод хабаре аз ҷаҳони чандқутбӣ дар ояндаи наздик медиҳад, ки Теҳрон яке аз бозигарони муассири он аст.

Ҳоло ин се кишвар Русия, Чин ва Эрон, ки орзуи як ҷаҳони бисёрқутбиро доранд, ба зудӣ онро дар минтақа ба таври комил дарёфт мекунанд. Ба назар мерасад, Амрико дар шаклу фалсафаи ҳунарҳои размӣ омода мешавад, то қудрат ва хостаҳои худро алайҳи мунтақидон ва рақибонаш дар Авруосиё ҳидоят кунад.

Маҳз бо роҳбарии Вашингтон ҷаҳони Ғарб барои ҷилавгирӣ аз бисёрқутбӣ шудани дунё талош дорад, то низоми либералӣ дар ҷаҳон дар ростои манофеъашон сурат гирад. ИМА доми сиёсии худро ба таври систематикӣ дар тамоми марзҳои ғарбӣ, кишварҳои Русия, Чин, Эрон, Афғонистон, Покистон, Осиёи Марказӣ ва дигар нуқоти олам паҳн кардааст ва ҳамакнун бояд мунтазир буд, ки ин кишварҳо дар ин «бозии бузург»-и ҷадид бо Иёлоти Муттаҳида чӣ ҳаракате хоҳанд кард.

Огоҳони масоили байналмилалӣ мегӯянд, ки ИМА дар дунёи якқутбӣ одат кардааст, ки тамоми кишварҳо мутеъи ин қутб бошанд. Иқдомоти Вашингтон барои идомаи назми якқутбӣ ҳамроҳи шариконаш, пеш аз ҳама, барои эҷоди ихтилофҳои низомӣ ва амниятӣ дар минтақаи Осиё - уқёнуси ором ба манзури муқобила бо рушди нуфузи Чин дар Тайван аст.

Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия онҳо ба сӯйи низоми одилонаи чандқутбӣ ва демократии ҷаҳонӣ ҳаракат мекунанд ва Ғарб наметавонад ҷилави эҷоди ҷаҳони чандқутбиро бигирад. Ба иддаои ӯ, ғарбиҳо бо корҳояшон шояд раванди ташкили ҷаҳони бисёрқутбиро оҳистатар кунанд, аммо онҳо наметавонанд инро мутаваққиф созанд. Ин дипломати рус бо изҳори таассуф аз тасмимгирии шарикони аврупоияш мегӯяд, ки онҳо зимоми қудратро ба дасти Амрико супоридаанд. Аксари кишварҳои Ғарб мехоҳанд, ки сиёсати ҷаҳони якқутба боқӣ монда ва дар ин сиёсат мақоми ИМА назаррас бошад.

Вале веқеаҳои кунунӣ дар Украина нишон медиҳад, ки ҷаҳон дар ҳоли ҳаракат ба сӯйи назми ҷаҳони чандқутбӣ ва ба қавле таваққуфи султаи Амрико аст.

Дар ин росто таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдуғанӣ Мамадазимов мегӯяд, дарҳақиқат ин ҷаҳони ҷадид мубориза миёни қудратҳост ва имрӯз мо дучори тағйирот ва дигаргуниҳои бузург ҳастем. Башарият дар ҳоли вуруд ба асри нави рушд ва таҳаввулот дар миқёси бузург мебошад. Имрӯз тамоми давлатҳо ба минтақаҳои таъсири сиёсии ин ё он гурӯҳ ё паймон тақсим шуда, дар шароити хеле душвор ва зиддиятноки муносибатҳои сиёсии байналхалқӣ ташаккул ёфта истодаанд:

- Бартарияти ҷаҳони Ғарб пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ба миён омад. Ҳудуди 30 сол боз кишварҳои Аврупо бо роҳбарии Амрико бар он бовар буданд, ки давоми асри 21 низ арзишҳои кишварҳои ғарбӣ дар миқёси ҷаҳон устувор боқӣ мемонад, вале ҳама чиз якбора тағйир ёфт. Он ҳам пас аз таърихи 4 феврали соли 2022 замоне, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Пекин сафар кард ва онҷо ҳамроҳи ҳамтои чиноияш Сӣ Ҷин Пин созишнома дар мавриди муносибатҳои навини байналмилалиро имзо намуд. Баъди ин тавофуқнома Русия бевосита тавассути Украина ба Аврупо ва Амрико маълум намуд, ки дигар низоми муносибатҳои байналмилалие, ки аз солҳои 1943-1945 буд ва он дар арсаи ҷаҳонӣ чун низоми Ялта-Потсдам ба шумор мерафт, лағв шуд. Яъне, Ғарб ба Русия гӯш надод ва механизмҳои де-факто системаи Ялта-Потсдам муддати тӯлонӣ кор накард ва ҷониби Амрико ба таври худкорона механизмҳои танзими муносибатҳои байналхалқиро ба таври возеҳ таҷдиди назар кард. Бад-ин тартиб, ин ки ояндаи ҷаҳон ба чӣ шакл хоҳад буд: якқутбӣ, дуқутбӣ ё чандқутбӣ масъалае аст, ки пешбинӣ кардани он душвор ва марбут мешавад ба пирӯзӣ ё шикасти стратегияи инқилоби геополотикӣ. Аз сӯйи дигар, бо хуруҷи амрикоиҳо аз Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 бозиҳои бузург аз Осиёи Марказӣ ду тақсим шуд, як қисмаш ба нимҷазираи Қрим ва атрофи Украина, дуюмаш ба нимҷазираи Тайван ва атрофи Чин рафта расид. Ин ҷо бархӯрди Ғарбу Шарқ аз нав оғоз ёфта истодаасту элементҳои дуқутбӣ ва ё ҳатто сеқутбӣ ҳам мушоҳида мешавад. Чун аз як тараф бартариро дар ҷаҳони имрӯз низ Амрико дар даст дошта бошад, лекин аз нуқтаи назари иқтисодӣ бартариро зиёдтар давлати Чин дар даст дорад. Ва аз лиҳози ҳарби техникӣ бошад, Русия пешсафияшро нишон дода истодааст, зеро Маскав бар зидди 54 кишваре, ки дар як гурӯҳе бо номи Рамштайн бо меҳварияти НАТО муттаҳид шудаанд, муқобилият нишон медиҳад. Яъне, дар ин ҷо мо давраи гузаришро аз ҷаҳони якқутбтӣ ба бисёрқутбӣ мушоҳида намуда истодаем, ки шояд се-чор солро дар бар гирад, – мегӯяд А. Мамадазимов.

Ин коршиноси масоили сиёсӣ муътақид аст, ки ҳоло қудратҳои ҷадиде дар дунё ба вуҷуд омада истодаанд ва ҷаҳон ба бӯҳрони системавӣ афтодааст. Бо хориҷ шудани нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон ба таври худкор масъала ва мушкилоти Афғонистонро ба дӯши кишварҳои минтақа дар дараҷаи аввал ба Чин, Русия, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Туркия ва Арабистони Саудӣ вогузор шуд. Яъне, кишварҳои ғарбӣ ояндаи наздик бо кадом буҳрон рӯ ба рӯ мешавад, ба касе маълум нест. Чун ҳоло аз хотима ёфтани бартарияти гегемонияи Амрико бисёр мегӯянд, ки асри 21 ин таъмини тавозун байни Ғарб ва Шарқ аст.

Ба гуфтаи коршиносон, ҷаҳон аз султаи Ғарб ба сутӯҳ омадааст. Ва башарият бояд бидонад, ки ниёзи мубраме ба низомҳои нави ҷаҳонӣ дорад, ки ба ҳокимияти кишварҳо ва ҳуқуқи байналмилалӣ эҳтиром гузорад. Ва ҳоло дар ин рақобату кашмакашҳои блоки Ғарбу Шарқ кишварҳои Осиё аз ҷаҳони чандқутбӣ як низоми одилона ва демократиро интизоранд.

Ба ҳар ҳол, занги хатар дар ҷаҳон ба садо даромадааст ва ба назар мерасад идомаи ин раванд буҳронҳои ҷаҳониро шиддат мебахшад. Бархӯрди манфиати абарқудратҳо барои тақвияти нуфузи худ дар ин ё он минтақаи ҷаҳон метавонад боиси нооромии навбатӣ дар нуқтаҳои ором гардад.

Барои бархе аз қудратҳои ҷаҳонӣ, ки хостори зери султаи худ даровардани ин ё он кишвар ҳастанд, ҳеч фарқ намекунад, ки мардум ва миллати ин кишварҳо дар кадом сатҳ зиндагӣ доранд. Меоянду гурӯҳ ва ашхоси манфиатхоҳи ин кишварҳоро ба доми хеш меафтонанд ва бо истифода аз нуфузи онҳо ҳадафҳои хешро пиёда месозанд. Мо мисоли ин гуфтаҳоро дар кишварҳое мисли Афғонистон, Ироқ, Сурия, Миср, Либия, Яман, Гурҷистон ва ҳоло Украина метавонем мушоҳида намоем. Шиддат гирифтани таниш ва авҷи қудратхоҳии ду абарқудрати ҷаҳонӣ боиси халалдор шудани мувозинати суботу оромӣ дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон гардидааст. Дар воқеъ, имрӯз оромиву рушду тараққиёт ва ё харобиву таназзулу рукуди ҳар кишваре имрӯз дар панҷаи қабзаи яке аз абрқудратҳо қарор гирифтааст.

Дар ин раванд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим он аст, ки низоми нави ҷаҳонӣ бояд аз ҷангу низоъ, фишору зӯроварӣ комилан озод бошад ва ба ҳамкориҳои густурда, баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёбад. Ва хостори таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед