Ru  | Tj
“VozhaOmuz” барои ҳар забономӯз аст. Нахустин барномаки калимаомӯзӣ ба забони тоҷикӣ
“VozhaOmuz” барои ҳар забономӯз аст. Нахустин барномаки калимаомӯзӣ ба забони тоҷикӣ
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

“VozhaOmuz” барои ҳар забономӯз аст. Нахустин барномаки калимаомӯзӣ ба забони тоҷикӣ

Нашр шуд

Чанде пеш Саъдӣ Тоирзода, муаллифи вебнамои “Zabonomuz” китоби “1001 калимаи зарурӣ”-ро ба нашр расонида буд. Он дар андак фурсат дар миёни забономӯзони тоҷик хонандаи зиёдро пайдо кард. Ҷавононе, ки дар хориҷа ҳастанд, мехостанд, шакли электронии ин китобро дошта бошанд. Аммо муаллиф намехост, ки ин китоб танҳо дар шакли PDF ба дасти забономӯзон бирасад. Ӯ ният дошт, то ба ҳамаи забономӯзон як барномаки комил, ки дар он дарсҳо бо роҳу усулҳои ҷолиб омӯзонида мешавад, таҳия созад. Ҳамин тавр соле пеш идеяи офаридани барномаки “VozhaOmuz” пайдо шуд.

Муаллифи Halva.tj бо Саъдӣ Тоирзода перомуни вижагиҳои барномаки “VozhaOmuz”, ки чанд рӯз қабл ба кор оғоз кард, ҳамчунин шеваи корбурди он ва аҳамияти худомӯзии забонҳои хориҷӣ  ҳамсуҳбат шуд.

ҲАДАФ АЗ ТАҲИЯИ “VOZHAOMUZ” ЧИСТ?

“VozhaOmuz” баъд аз саъйу талоши вебнавис Саъдӣ Тоирзода, барноманавис Мирқурбон Наимов ва якчанд ҳампешаи ӯ аз  DonishSoft рӯйи кор омад. Ҳадафи асосии таҳияи он дар ин аст, ки забономӯзон бо роҳи осон ва шавқовар забони хориҷиро омӯхта тавонанд. Имрӯз дар фазои интернет дарёфти маводи таълимӣ ба забони тоҷикӣ барои омӯзиши забони хориҷӣ то ҳадде душвор аст. Аз ин рӯ барномаик корбурдӣ барои онҳое, ки ба забони модарӣ забони хориҷиро омӯхтан мехоҳанд, мусоидат мекунад. 

Пас аз ду рӯзи пайдо шудани барномак дар пойгоҳи Play Market, беш аз 3 ҳазор корбар онро боргирӣ карданд. Интизор меравад, ки барномак барои боргирӣ дар пойгоҳи Appstore низ гузошта шавад. Ин рӯзҳо “VozhaOmuz” тибқи нишондодҳо барномаки омӯзишии №1 дар Тоҷикистон шудааст. Онро бархе аз корбарон ба барномаи омӯзишии “Duolingo” монанд карда, “VozhaOmuz”-ро бо лутф “Duolingo-и тоҷикӣ” меноманд.

- Ману Мирқурбон, ки барноманависи ҳирфаӣ аст, дар фикри сохтани барномаи омӯзишӣ будем. Аз фикру назари ҳамдигар, ки барномаро чӣ гуна дидан мехоҳем, огоҳ шудем. Барои ба кор омода кардани “Vozhaomuz расо 1 сол сипарӣ гардид. Сохти он  чанд муддат ба мавқуф гузошта шуд.  Дар омодасозии он танҳо барноманависони тоҷик саҳм доранд, албатта дар ҳамкорӣ бо мо омӯзгорони забони англисӣ низ саҳим ҳастанд. Дар 4 моҳи охир Мирқурбон ва гурӯҳаш ба таври  шабонарӯзӣ кор карданд, то барнома омода шавад. Бори нахуст барномаро дар Play Market 100 нафар корбар санҷиданд, баъдан он барои истифодаи ҳамагонӣ пайдо шуд. Дар айни ҳол барномак дар пойгоҳи Appstore мавриди санҷиш қарор дорад, - гуфт Саъдӣ Тоирзода.

ВИЖАГИҲОИ “VOZHAOMUZ”

Ба назари Саъдӣ Тоирзода, забономӯзони тоҷик ба барномаи вижа, ки дар  он китоб, тасвир, садо, видё, дарсҳои видёӣ ва ҳам вебнамо бо забони модариашон ҷой дошта бошад, ниёз доштанд. Барномаки “VozhaOmuz” чунин муҳтаворо дорост. Он беш аз 8 ҳазор вожа ва 22 қисми дарс дорад. Амалкардҳои асосии барномак дарсҳои фарогир (дар ин бахш вожаҳои навро аз тариқи расмҳо ва сабтҳои аудиоӣ омӯхта метавонед), санҷиш (донишҳои худро бо тестҳо, ки фарогири мавзуъҳои гуногун аст, месанҷед), омӯзиш (бо омӯзиши ҳаррӯза вожаҳоро такрор ва дар хотир мустаҳкам мекунед) ва омор (дар ин бахш пешрафт ва дастовардҳои худро пайгирӣ карда метавонед) мебошад.

Албатта то имрӯз барномакҳои дигар ба забони тоҷикӣ вуҷуд дорад, ки вазифаи китоби луғатро иҷро  мекард. Яъне дар чунин барномаҳои корбурдӣ танҳо тарҷумаи инглисии вожаҳои тоҷикиро меҷустему халос. Як вижагии “VozhaOmuz” ин аст, ки дар он қисмати дарсҳо, тақвият ва мунозара (батл) мавҷуд аст, ки бо дӯстон ва корбарони дигар дар омӯзиши вожаҳо мусобиқа ороста метавонед.

- Барномак 10 тамрини гуногун, аз ҷумла  “вожаёбӣ”, “баробарёбӣ”, “ҳа, ё не” ва ғайраро дорад, ки барои азёд кардани калимаҳо кумак мерасонад. Дар қисмати тақвияти дарсҳо  “Дарсҳои ман” бахшҳои “Писандидаҳо” (ҷамъ кардани вожаи писандида), “Хатоҳои ман” (Ҷамъ шудани калимаҳое, ки корбар дар шинохти он хато кардааст) ва “Ҳамаи вожаҳои азёдкарда” ҷой дорад, ки барои такмил ёфтани донишҳои омӯхтаи забономӯз ёрӣ мерасонад. Вақте забономӯз вориди барнома мешавад, яке аз қисматҳоро интихоб карда, омӯзишро оғоз мекунад, суръати ҷавоб гардониданро бояд тезонад, зеро ин ба вай холи зиёд медиҳад, - афзуд муаллифи  барнома.
ДАР БАРНОМА ИНТИХОБИ ҚИСМАТҲО ЧӢ ГУНА БОЯД БОШАД?

Ҳар забономӯз имкон дорад, ки дар барномаи “VozhaOmuz”аз рӯйи сатҳи забондонияш қисматҳои дарсҳоро интихоб кунад. Дарсҳои фарогири барнома ба онҳое, ки тоза ба забономӯзӣ оғоз кардаанд, ё сатҳашон миёна ва аз он болтар аст, мувофиқат мекунад. Чӣ гуна? 

- Масалан, барои забономӯзи сатҳи аввал интихоби дараҷаи “1001 калимаи зарурӣ” мувофиқ аст. Шахсоне, ки сатҳи болотар доранд, метавонанд, ба қисматҳои “маориф”, “тиб”, “ҳуқуқ ва давлат”, “таробарӣ” ва ғайра ворид шуда, бо омӯхтани калимаҳои соҳаӣ ганҷури вожгонро ғанитар кунанд, - шарҳ дод Саъдӣ.  

БА ДАСТ ОВАРДАНИ ТАНГАҲОИ ЗИЁД БА ҚИСМАТҲОИ НАВ РОҲ МЕКУШОЯД

Вақте забономӯз аз барнома як калимаро азёд мекунад, соҳиби як танга мешавад. Вай дар сурати зиёд кардани тангаҳо имкон дорад, ки бе харид кардани шакли бартар (премиум) қисматҳои маҳкамро боз кунад.  

- Феълан дар барнома 4 қисмати дарсҳо ва 4 намуди машқҳо фаъол аст. Агар забономӯзе, ки муҳтавои 4 қисмати дарсро беш аз 50 дарсад азхуд кунад, як дарси дигар барояш боз мешавад. Агар шахс барномакро комилан ройгон ба кор бурдан хоҳад, ҳама вақт барои ӯ ин имкон вуҷуд дорад. Вобаста аз натиҷааш ба дарсҳои дигар дастрасӣ пайдо карда метавонад. Дар шакли бартари барнома 22 қисмати дарсҳо, машқҳо ва қисмати мунозара фаъол мешавад.

Муаллифони барномаи “VozhaOmuz” тасмим доранд, ки  дар оянда ба он видёдарсҳо, қоидаҳои дастурӣ, бозиҳои омӯзишӣ афзоянд. Ин рӯзҳо шеваи таҳия кардани бозиҳои омӯзиширо баррасӣ доранд. Ҳоло гунаи якуми барнома барои ҳама дастрас аст. Гуфта мешавад, ки он ҳар моҳ такмил ёфта, маълумоти бештарро фаро мегирад. Онҳо бовар доранд, ки барнома муфидтару шавқовартар мешавад.

- Мушоҳида дорем, ки корбарони барнома дар муддати 4 рӯз 200 вожа аз худ кардаанд. Ин нишондоди хуб аст. Тавсия медиҳем, ки аз барнома ҳар рӯз ҳадди ақал аз 5 то 15 дақиқа баҳра баранд. Дар худомӯзии забонҳои хориҷӣ машқу такрор хеле муҳим аст. Бисёр хуб мешавад, вақте ҳар рӯз қисмати “Хатоҳои ман”-ро аз назар гузаронида, вожаҳои хуб наомӯхтааро аз худ кунанд ва пасон ҳафтае як маротиба қисмати “Вожаҳои азёдшудаи ман”-ро хонанд. Агар вожаҳои ҳифзшуда рӯзмарра истифода нашавад, фаромӯш мешавад. Бинобар ин такрори омӯзиш ва истифодаи онҳо дар муошират муҳим аст. Ба забономӯзон барор мехоҳем, - изҳор дошт Саъдӣ Тоирзода.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед