Ҷавони тоҷик дар Сургути Русия гурбачаҳои навзодро аз марг наҷот дод
Нашр шуд
Як зодаи Тоҷикистон се гурбачаеро, ки ба фозилоби шаҳри Сургути Русия андохта шуда буданд, наҷот дод. Ҷавон мустақилона халтаи ҷонваронро берун оварда, гурбачаҳоро гарм кард ва ба онҳо ғизо дод.
Аз накӯкор Алӣ ном бурда мешавад. Номбурда дар суҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ иброз доштааст, ки шом ҳангоми бозгашт аз ҷойи кор ба хона садои гиряи номаълумро аз фозилоб шунид. Алӣ полконаро боз карда, дар об халтаеро бо гурбачаҳо пайдо мекунад ва даррав ҷонварони кӯчакро берун мекашад.
Пас аз шустан ва ғизо додан ба онҳо Алӣ дар фазои маҷозӣ аз шахсони некхоҳ дархост кард, то гурбачаҳоро барои нигоҳубин қабул кунанд, зеро худ чунин шароит надорад. Худи ҳамон рӯз ӯ барои ҳарсе гурбача парасторони боэътимодеро ёфт.
Сокинони шаҳр дар шарҳҳои худ барои чунин меҳрубонӣ ба Алӣ изҳори сипос карданд.
"Офарин! Натанҳо ҷонварони бедифоъро раҳо кард, балки онҳоро дар дастони боэътимод низ қарор дод. Ташаккур ба ин ҷавон ва волидонаш, ки чунин шахсро ба камол расонидаанд”, - навиштааст яке аз корбарон.
Ёдоварӣ мекунем, ки чанде қабл як зодаи Тоҷикистон дар Русия мусофирро дар қатора аз марг наҷот дод. Муборизаи якунимсоатаи пизишки тоҷик боиси зинда мондани зани рус гардид.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед