Ru  | Tj
Духтури тоҷик дар Русия беморонро шифо мебахшад
Духтури тоҷик дар Русия беморонро шифо мебахшад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Духтури тоҷик дар Русия беморонро шифо мебахшад

Нашр шуд

Маҳина Подшоева духтури бемориҳои занона буда, муддати 13 сол аст, ки ба бонувони шаҳри Серпухови Русия дар ҳифзи саломатиашон кумак мерасонад.

«Иштиёқи аслии ман муроқибати саломатии занон ва кумакрасонӣ ба онҳост, то худро беҳтар эҳсос кунанд. Маҳз чунин муносибат ба ман дар таҷрибаи тиббиам нерӯ ва ангеза мебахшад, - иқрор мешавад Маҳина.
Муаллифи Halva.tj бо Маҳина дар бораи кӯчиш ба Русия, кор дар бунгоҳи машварати занона ва таҳсил дар соҳаи тиб гуфтугӯ кард.

КӮЧИШ БО МАҚСАДИ ТАҲСИЛ

- Маҳина, бигӯед, ки шуморо бо Тоҷикистон чӣ мепайвандад?

- Душанбе зодгоҳи ман аст, ки айёми бачагиамро дар он ҷо сипарӣ кардаам. Хонаводаи ман, ки дар он ду фарзанди аҷоиб парвариш меёфтанд, бо хидмати ҳарбӣ алоқаманд буд. Ҳамакнун дар шаҳри зебоманзари Серпухови Русия зиндагӣ мекунам. Ду фарзанди ман дар ин ҷо ба камол расидаанд ва ин шаҳр ба хонаи аслии онҳо табдил шудааст.

- Кай Точикистонро тарк кардед?

- Соли 2006 ба Русия ба хотири идомаи таҳсил рафтам.

- Аввалин маълумотро дар куҷо гирифтед?

- Соли 2002 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2006 барои идомаи таҳсил ба риштаи духтури занонаи Пажӯҳишкадаи тиббии Донишгоҳи давлатии Тула интиқол гирифтам. Ҳамеша кӯшиш мекардам, ки дониши нав касб карда, малакаи худро дар ҷодаи тиб тавсеа диҳам.


- Ба чӣ хотир касби духтури занонаро интихоб кардед?

- Ҳатто дар мактаб руъёи табиб шуданро доштам ва барои расидан ба ҳадафи худ ба касби дониши бештаре диққати хоса медодам. Ман ин ҳадафро дар раванди таҳсил ва омодагӣ барои дохил шудан ба ҷодаи тиб пеша кардам. Дар интихоби тахассуси духтури занона нақши муҳимро таҳсилам дар Донишгоҳи тиббӣ бозид, зеро маҳз дар он замон мо донишҷӯён дар назди интихоби тақдири ояндаамон истода будем. Мо тахассусҳои гуногуни тиббиро гузаронидем, онҳоро баррасӣ кардем, бодиққат ба онҳо нигоҳ кардем ва ҷодаи занона бешубҳа барои ман аз дигар ихтисосҳо наздиктар буд. Ин интихоби ман буд ва ҳаргиз пушаймон нестам! Ман алоқаи хосае бо ин самти тиб дорам ва ҳар боре, ки ба ин ҳирфаи шариф мепардозам, қаноатмандии беандозаро таҷриба мекунам.

- Аз ҳирфаи интихобкардаатон мегуфтед, аз чӣ шуруъ кардед?

- Пас аз хатми муваффақиятомези таҳсил дар машваратгоҳи занонаи рақами 1-и шаҳри Серпухов ба кор оғоз кардам. Чанд сол баъд, дар соли 2013 тасмим гирифтам, ки ба шаҳри Маскав кӯчида, узви яке аз дастаҳои мутахассисони ҷодаи тибби занонаи дармонгоҳи шаҳрии рақами 166 шавам. Дар тӯли солҳо дар баробари кор мунтазам маҳоратҳои ҳирфаии худро аз тариқи давраҳои омӯзишии пешрафта беҳбуд бахшидам. Замоне буд, ки ба хушҳолӣ ба зодгоҳам – шаҳри  Душанбе баргаштам ва хостам таҷрибаву дониши касбкардаамро ба дигарон диҳам. Алоқаи ман ба касбу ҳунар ва зебоии диёрамон ҳамеша бахше аз вуҷуди ман буд. Бо илҳом аз корномаи бобоям дарк мекунам, ки на танҳо табобат, балки ҳисса кардани ишқи беандоза ва муроқибати беморон ниҳоят муҳим аст.


ДУХТУРИ ЗАНОНА БУДАН МОЯИ ИФТИХОР АСТ

- Дар айни замон дар куҷо кор мекунед?

- Дар ҳоли ҳозир дар Маркази тибби бароҳати «Тропикана»-и шаҳри Серпухов кор мекунам, ҷойе, ки фаъолияти ман шодиву қаноатмандӣ меорад. Дар ин ҷо ман на танҳо ба шаҳрвандони Русия кумак мерасонам, балки аз ҳамватанони тоҷикистониям низ бо хушнудӣ пуштибонӣ мекунам. Барои ман муҳим аст, ки ҳар бемор дар ин ҷо худро ҳамчун дар хона ҳис кунад ва аз ҳимояти тиббии мерасонидаам мутмаин бошад. Ҳамеша омодаи тавзеҳи ҳамаи пурсишҳо ба забони модариам ҳастам.

- Дар бораи мактаби «Ду рах» барои модарони оянда нақл мекардед.

- Ман ҳамеша орзу доштам, ки коргоҳи вижае барои модарони оянда таъсис диҳам ва соли гузашта руъёи ман ба воқеъият табдил шуд. Дар ҳамдастӣ бо ҳамкоронамон як мактаби мунҳасире барои занҳои ҳомила бо номи «Ду рах»-ро таъсис додем, ки дар он на танҳо дарсҳо барои омодагӣ ба таваллуд ироа мекунем, балки барои занони ҳомила лаҳзаҳои оромиро бо истифода аз тариқаи йога низ таъмин мекунем. Дар дарсҳои худ ба тамоми пурсишҳои занони ҳомила посух дода, машваратҳои духтурони ғадуди шир, устухонбандӣ, таваллуд, равоншинос ва дигар мутахассисонро таъмин мекунем. «Ду рах» фақат мактабе нест, балки маконест, ки дар он ҳар модари ҳомила ҳимоят, муроқибат ва иттилооти лозима барои таваллуди бехатарро пайдо мекунад.


- Мо медонем, ки шумо ба тибби ғайрианъанавӣ низ шуғл доред. Он дақиқан чист? Ва оё алъон онро тавсия мекунед?

- Бале, имрӯз ба таври фаъол аз равиши тибби ғайрианъанаӣ, аз ҷумла муолиҷа бо шуллукро истифода мекунам. Дар муолиҷаи бемориҳои занона истифода аз шуллук ҳамчун ҷойгузини табобати анъанаӣ, ба монанди истеъмоли доруворӣ ва ҷарроҳӣ маҳсуб мешавад. Ин рӯйкард ба занон кумак мекунад, то ҳамоҳангӣ пайдо кунанд ва худро беҳбуд бахшанд.

- Зебоии занона (эстетическая гинекология) чист ва он чӣ вижагӣ дорад?

- Зебоии занона як риштаи дар ҳоли тавсеаи самти тибби муосир буда, ба ҳалли ҷанбаҳои муҳими саломатии занон ва ҳаёти маҳрамона тамаркуз дорад. Равишҳои зебоии занон на танҳо ба беҳбуди намуди зоҳирии узвҳои таносул, балки барқарор кардани ҳамоҳангӣ дар муносибатҳои ҷинсӣ низ мусоидат мекунад. Зебоии занона метавонад барои заноне, ки валодати душворро аз сар гузаронидаанд, муфид бошад, бахусус агар дарднок ё тӯлонӣ буданд. Ҳамчунин он метавонад барои ихтилоли таносулӣ ва тағйироти синну солӣ, ки ба сифати ҳаёти маҳрамона ва эҳсосот таъсир мерасонад, муфид бошад.

- Медонем, ки шумо кунун маълумоти дувуми олӣ дар соҳаи равоншиносии иҷтимоъиро касб карда истодаед. Бигӯед чӣ чиз боиси интихоби шумо гаштааст?

- Тасмими ман дар заминаи касби маълумоти дувуми илмӣ дар заминаи равоншиносии иҷтимоъӣ илҳом аз дарки амиқтари ҷанбаҳои равонии таомул бо занон мебошад. Ин ба ман имкон медиҳад, ки як табиби дилсӯзтар ва ғамхор шавам, то беморони худро дар ҳама бахшҳои тандурустӣ ва некӯаҳволии онҳо пуштибонӣ кунам.

НАЗАРИ КОРШИНОС

- Ба фикри шумо бемориҳои занона метавонад ношӣ аз  мушкилоти равонӣ бошад?

- Бале, ман мутақоид бар онам, ки ҷанбаҳои равонӣ метавонанд таъсири муҳиме ба саломатии зан дар заминаи бемориҳои занона дошта бошанд. Вазъи бади равонӣ, изтироб ва омилҳои дигари отифӣ бемориро авҷнок мекунанд ва ҳатто боиси пайдоиш ва тақвияти мушкилоти занона мегардад. Ин вазъ азамияти беҳзистии равонӣ дар ҳифзи саломатии занонро ёдоварӣ мекунад.  

- Ба фикри шумо, имрӯз вазъ бо саводнокии ҷинсӣ чӣ гуна аст?

- Саводи ҷинсӣ нақши муҳиме дар тазмини равобити солиму пешгирӣ аз мушкилоти занона дорад. Аммо, ба назари ман, ҳанӯз корҳои зиёде дар ин замина бояд анҷом шавад, то омӯзиши ҷинсӣ барои ҳама қобили дастрасӣ ва омӯзанда бошад.

- Бо чӣ тасаввуроти ғалате перомуни саломатии занон дучор мешавед?

- Дар амалияи худ бисёри вақтҳо бо тасаввуроти нодуруст дар бораи саломатии занон, аз ҷумла давраи ҳайз, афсонаҳои роиҷ дар бораи пешгирии бордорӣ ва тарс аз равишҳои занона рӯбарӯ мешавам. Омӯзиш ва иттилоърасонӣ ба беморон атрофи бордорӣ, пешгирии бемориҳо ва аҳамияти худбаҳодиҳӣ муҳим аст. Ин ҷанбаҳо на танҳо муроқибатҳои саломатии шуморо тақвият медиҳад, балки ишқ ба худ ва ҳамоҳангиро дар зиндагӣ парвариш медињад.

ДАР БОРАИ БАРНОМА ВА ОРЗУҲО

- Оё нияти бозгашт ба Тоҷикистонро доред?

- Дар айни замон рўйи фаъолияти тиббиам дар Русия муттамаркиз ҳастам, аммо Тоҷикистон ва решаҳоямро ҳамеша дар ёд дорам. Ман ба сурати давраӣ ба Душанбе бармегардам, то дар дармонгоҳи маҳаллӣ аз беморон муроқибат кунам. Ин ба вижа барои ман муҳим аст ва ифтихормандам, ки метавонам ба унвони пайванд байни ду кишвари худ хидмат кунаму таҷрибаи тиббӣ ва нигоҳубинро мубодила кунам.


- Оё орзуе дар дил мепарваред?

– Иштиёқи аслии ман муроқибат аз саломатии занон ва кумак ба онҳост, то эњсоси беҳтаре дошта бошанд. Ин чизест, ки ба ман қудрат ва ангеза дар тамрини тиббӣ медиҳад. Аз назари ман, модари вафодор ба фарзандон як бахши ҷудонопазири ҳаётам мебошад. Ҳадафи ман ин аст, ки онҳоро дар чаҳорчӯби анъанаҳои беҳтарини миллӣ тарбия карда, арзишҳои муроқиботӣ ва саломатиро интиқол диҳам.

Маҳина Подшоева илова ба фаъолияти тиббии худ вебнамо (видеоблог)-е дар бораи саломатии занонро низ мудирият мекунад, ки дар он ба роиҷтарин суолҳо посух медиҳад, нукотеро ба иштирок мегузорад ва афсонаҳои аслӣ дар бораи бадан ва саломатии занро аз байн мебарад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед