Ru  | Tj
“Мехоҳам тамоми камарбандҳоро бибарам ва дар қуллаи парвоз бошам”. Пайроҳаи муваффақияти размикори тоҷик Ҳафиз Соқибеков
“Мехоҳам тамоми камарбандҳоро бибарам ва дар қуллаи парвоз бошам”. Пайроҳаи муваффақияти размикори тоҷик Ҳафиз Соқибеков
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

“Мехоҳам тамоми камарбандҳоро бибарам ва дар қуллаи парвоз бошам”. Пайроҳаи муваффақияти размикори тоҷик Ҳафиз Соқибеков

Нашр шуд

Размикори тоҷик Ҳафиз Соқибеков тайи панҷ сол аст, ки бо варзиши ҳунарҳои размии омехта (ММА) машғул аст. Ӯ ахиран дар мусобиқаи ACA 170, ки дар шаҳри Маскави Русия сурат гирифт, ширкат кард ва бо қарори якдилонаи доварон бар Арсен Шибзухов пирӯз шуд. Вай дар маҷмуъ 9 бурд ва 1 як бохт дорад.

Муаллифи Halva.tj бо Ҳафиз дар бораи муҳорибаи охирин, имзои қарордод бо АСА ва барномаҳои ояндаи Ҳафиз гуфтугӯ кард.

Нахуст аз Ҳафиз пурсон шудем, ки муҳориба бо Арсен Шибзуховро чӣ гуна арзёбӣ мекунад.

- Хеле мамнунам! Бисёр хуб буд. Дарвоқеъ муҳорибаи душвор ва пурзаҳмате буд. Фикр мекунам, ки ин пуррақобаттарин муҳориба дар фаъолияти ман буд, зеро Арсенро ба унвони варзишкор ва рақиби арзанда арзёбӣ мекунам. Барои ман шахсан ин мубориза олӣ буд, аммо намедонам, ки мухотабон онро чӣ гуна арзёбӣ мекунанд. Муҳимтар аз ҳама ман дастболо шудам. То охир хоҳам рафт!


- Аввалин муҳориба ва эҳсосоти он замонро дар хотир доред?

- Бале, аввалин муҳорибаамро, ки соли 2019 баргузор гардид, хуб дар ёд дорам. Он замон ман эҳсосоти мутафовите доштам, зеро дар ин замина таҷрибаи кофӣ надоштам. Вақте вориди майдон шудам, нафаҳмидам куҷо ҳастам. Ин замоне иттифоқ меуфтад, ки варзишкорон таҷрибае надошта бошанд. Аммо худоро сипос, ки шаҳди пирӯзиро чашидам.

- Ба назари шумо, кадомин яке аз муҳорибаҳоятон беҳтарин ва диданитарин ҳастанд?

- Ҳафтумин муҳорибаи ҳирфаиам диданӣ буд, ки дар Қазоқистон бо муштзани туркмон Сардор Худойбердиев зӯрозмоӣ кардам. Муҳорибаи бисёр душвор буд, аммо бо ин вуҷуд дар он низ пирӯз гаштам.

- Чӣ гуна муваффақ шудед, ки ба созмони АСА ворид шавед?

- Сидқан бигӯям, муддати тӯлонӣ мехостам вориди АСА шавам. Чунонки мегӯянд, ман роҳи дарозеро тай кардам. Ману мудирам Баҳриддин Ҷалолов ниҳоят ин корро анҷом додем. Бо созмони ACA қарордод имзо кардам ва ба феҳристи дастаи вазни нимасабук пайвастам.

- Дар фаъолияти ҳирфаӣ ба чӣ даст ёфтан мехоҳед?

– Орзу дорам, ки яке аз беҳтарин варзишкорон шавам ва ба ҳама пирӯзиҳо даст ёбам, зеро ҳар рӯз рӯйи он кор мекунам. Мехоҳам тамоми камарбандҳоро бибарам ва дар қуллаи парвоз бошам.


- Ҳафиз киро илҳомбахши худ медонад? Худро пайрави кӣ медонад?

- Дар ибтидо Конор МакГрегор илҳом мебахшид. Ҳоло худам ба хештан ангеза медиҳам, яъне худро мушоҳида мекунам, чӣ гуна рушд мекунам, чӣ гуна мубориза мебарам ва дар куҷо қарор дорам. Аз сӯйи дигар ман амалан тамоми размикоронро меписандам, зеро худ размикор ҳастам ва ба ҳама таваҷҷуҳ дорам.

Пайнавишт. Ҳафиз афзуд, ки танҳо як касро интихоб кардан барояш душвор аст, аммо дар ин миён аз Конор Макгрегор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Ислом Махачев ва Чарлз Оливейра ном гирифт.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед