Ru  | Tj
Муваффақияти як тоҷикдухтар. Малика қаҳвахонаи худро дар Тотористон чӣ гуна фаъол кард
Муваффақияти як тоҷикдухтар. Малика қаҳвахонаи худро дар Тотористон чӣ гуна фаъол кард
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Муваффақияти як тоҷикдухтар. Малика қаҳвахонаи худро дар Тотористон чӣ гуна фаъол кард

Нашр шуд

Дар Русия аксари вақт соҳаи фаъолияти тоҷиконро ба муҳоҷирати корӣ пайванд медиҳанд, ки ин пиндор чандон дуруст нест. Имрӯз дар Русия мутахассисони халлоқ ва боистеъдоди тоҷик зиёд ҳастанд, ки Малика Холова аз ҷумлаи онҳост.

Малика на танҳо ороишгари моҳир бо маълумоти олии тиб, балки соҳиби «як порчаи хурди Фаронса» — қаҳвахонаи « Koko Bistro» мебошад. Ӯ ба муаллифи Halva.tj дар мавриди чӣ гуна муқими Тотористон шудан ва гузаштагони нақл кард.


КӮЧИШ БА РУСИЯ

- Шумо кай аз Тоҷикистон рафтед?

- Соли 1998 пас аз ҷудо шудани волидонам Тоҷикистонро тарк кардам. Он замон ман 4-сола будам ва бародарам 3 сол дошт. Падарам тоҷик ва модарам тотор аст. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ тамоми хешу табори модарам ба Русия кӯч бастанд ва пас аз пошхӯрии оилаамон ӯ низ тасмим гирифт, ки ба ватани аҷдодии худ – Тотористон баргардад.

- Аввалин рӯзҳои иқомат дар Русияро дар хотир доред?

- Ман ҳама чизро дар хотир дорам, ҳатто соатҳои аввалро. Мо дар шаҳри Самара фуруд омадем ва ману бародарам бори аввал ин қадр барфро дидем. Ёдам ҳаст, ки мисли ҳамеша бо бародарам бо шодиву нишот зиёд медавидем ва қабл аз савор шудан ба автобус, ки моро ба шаҳри сукунатамон бояд мебурд, сайъ мекардем, то тамоми барфи аз осмон баридаро бихӯрем. Аммо модари мо аз марҳилаи нави ҳаёташ тамоми ин муддат дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор дошт. Ӯ ғамгин буд ва аз ин кишвари бегона дар ҳарос буд, зеро худ дар Тоҷикистон бузург шудааст.

- Шумо бо модаратон даррав ба Қазон кӯчидед?

- Мо аввал ба Набережние Челнӣ, ки дар онҷо пайвандони модарам ба сар мебурданд, кӯч бастем ва муддати 7 сол дар ин шаҳр зиндагонӣ кардем.  Вақте синфи 5 мехондам, модарам тасмим гирифт, ки ба шаҳри Қазон равем, зеро намехост, то ману бародарам то бузург шуданамон дар хобгоҳҳо умр ба сар барем.


- Тавре медонем, сахттарин давра барои ҳар кас синнусоли гузаришӣ аст, ки дар ин айём кӯдакон ниҳоят нозук мешаванд. Оё дар ин давра бо чизи баде дучор шудед? Шояд ба хотири миллат ё чизи дигаре?

- Бале, кӯдакон аксаран дар ин давра нохудогоҳона ба кӯдакони дигар тавҳин мекунанд. Ман ботинан хеле зуд бузург шудам, зеро масъулияти бародарамро бар дӯш доштам, бинобар ин ҳамеша матонати кофӣ доштам, то дар мактаб ҳам дар раванди таҳсил пешсаф ва мақоми аввалро соҳиб будам. Дар синфи дуюм муаллими забони русӣ ба ман ҳамеша баҳои 4 мегузошт ва мегуфт: «Малика, ин муҳим нест, ки ту забони русиро аъло медонӣ, ман наметавонам, ки чунин баҳои баландро ба ғайрирус гузорам». Дар ниҳоят аз синфи дуюм ба мактаби дигар гузор карда, онро бо медали тило хатм кардам. Як мавриди дигар буд, ки дар кӯдакистон рух дода буд. Аввал мураббияҳо моро «беинтизом» ном мебурданду ба модарам шикоят аз он мекарданд, ки мо  бо дастонамон хӯрок мехӯрем, на бо чанголу чумча. Аммо модарам ҳамеша аз мо дифоъ мекарду мегуфт, ки ин расму русуми мардуми мост. Дар умум кам касоне ба хотири миллатам маро озор медоданд. Барои бародарам нисбатан мушкил буд, зеро ӯ писар аст ва ин масъала барои онҳо доғтар аст. Боре аз як писарба дар хитоб ба ӯ ибораеро шунидам: «Падарат дар онҷо тарбуз мефурӯшад, ту писари тарбузфурӯш ҳастӣ!». Баъд аз ин ба худ қавл додам, ки ҳеч касе моро ба хотири миллатамон озор нахоҳад дод. Барои ману бародарам мушкил буд, зеро дар Тољикистон низ моро «бегона» медонистанд.  Моро дар Тоҷикистон ба хотири тотор буданамон «Урус-кукуруз» мегуфтанд ва дар Тотористон худро бегона ҳис мекардем, зеро тоҷик будем. Ман нигарон будам ва пайваста дар мавриди мансубияти миллиям фикр мекардам. Имрӯз ин ҳама танҳо хотира аст. Ман дигар ба чунин чизе барнахурдам, зеро мардум  дар ҷаҳони муосир ба ҳама чиз таҳаммулпазир шудаанд. Ҳоло дар Тотористон  хеле кам ба табъизи нажодӣ ва миллӣ дучор мешавед. Барои ин ман Тотористонро хеле дӯст дорам.

НОМОШНО ВА СОҲИБИСТЕЪДОД

- Имрӯз шумо дар Қазон хеле маъруф ва соҳиби қаҳвахонаи Koko Bistro ҳастед. Чаро ба он чунин гузошетед?

- Ба ин ҳама кӯдакии ман ангеза дод. Наметавонам бигӯям, ки то ба ҳол ба дунболи маҳбубият будам ё чунин ҳадаферо пешаи худ кардам. Бо ин ҳол, даврони кӯдакиам аз ман як фарди қавӣ ва ҷолиб сохт, ки ба шарофати он одамон атрофи ман гирд омаданд ва ва дар вебнавишт (блог)-ам ҳузур пайдо карданд. Koko Bistro номи вебнавишти ман аст. Дар ибтидо муҳтавои он бештар марбут ба "ошпазӣ" буд, на "тарзи зиндагӣ". Ман ҳамеша медонистам, ки рӯзе қаҳвахонаи худро фаъол мекунам. Дар айни замон ман бештар дар ошпазхона қарор дорам, зеро раванди пухтупаз бароям писанд аст. Чаро бистро дар қолаби Фаронса? Ба хотири он ки ман донишомӯхтаи гиммназияи фаронсавӣ ҳастам ва сафар ба ин кишварро бисёр дӯст медорам.


- Роҳандозии тиҷорат то чӣ андоза мушкил буд? Оё шумо нисбати худ ягон муносибати манфиро аз сар гузаронидаед?

- Мушкилтар аз он ки фикр мекардам. Қабл аз он ҳамеша рӯйи худам кор мекардам ва натиҷаи кор ҳамеша фақат ба ман бастагӣ дошт. Дар айни замон дар гурӯҳ кор карданро омӯхта истодаам. Ман хуб дарк мекунам, ки чӣ масъулияте дар баробари кулли тим дорам, зеро агар ин бароям бештар саргармиву вақтхушӣ бошад, барои мардум шуғли асосӣ ва даромад аст. Зимнан, нисфи кормандони қаҳвахонаи мо низ зодагони Тоҷикистонанд. Мушкилот чандон зиёд набуд, аммо дар ҳар сурат бояд дарк кард, ки ҳамеша дар бахши кор бо мардум он вуҷуд хоҳад дошт, зеро мутаасифона наметавон ҳамаро розӣ кард.

- Мо медонем, ки шумо дорои маълумоти олии тиб ҳастед ва ороишгари бисёр моҳир низ мебошед. Чаро тасмим гирифтед, ки вориди риштаи зебоифарӣ шавед?

- Волидонам хатмкардаи донишгоҳи тиб мебошанд ва ман одами эҷодкор ҳастам ва аз аввал медонистам, ки маро низ ба ин ҷода роҳнамоӣ хоҳанд кард. Бо ин ҳол мехостам халлоқтарин ҳирфа дар соҳаи тибро барои худ пайдо кунам. Ман ҳамчунин як гузинаи дигар доштам, ки ҷарроҳи пластикӣ шавам, аммо ҳамеша медонистам, ки ман мехоҳам бештари вақти худро ба хонавода бахшам, дар ҳоле ҷарроҳон тамоми вақти худро дар кор мегузаронанд.

МЕҲАН ВА ХОНАВОДА

- Ба Душанбе тез-тез меоед?


- Баъд аз кӯч бастан, ба Душанбе дар 2-3 сол як бор меомадам. Хеле кам, аммо майли зиёд доштам, ки забони падар, расму ойинҳоро донам ва маро ҳамеша ин кишвар ҷалб мекард. Ҳоло, ки худам тасмим мегирам, ки кай ва ба куҷо равам, сайъ мекунам ҳадди ақал соле як маротиба ба Душанбе омада, падар, бародарону хоҳаронамро бибинам. Мо робитаи гарму самимонае бо онҳо дорем. Акнун як духтаре дорам ва мехоҳам ӯ низ бидонад ва барои дидори Ватани модару бобояш биёяд. Ҳоло, ки ҳама бузург шудаем, ману бародарон ва хоҳаронам боз ҳам ба ҳамдигар наздик шудем ва шодам, ки дар иртибот байни мо монеа вуҷуд надорад.

- Оё мехоҳед ба Тоҷикистон баргардед ва дар ватанатон зиндагӣ кунед?

- Ман Тоҷикистонро хеле дӯст медорам, инҷо макони қудрати ман аст. Вақте ки пазмон мешавам, кӯшиш мекунам ба инҷо биёям. Аз ҳавопаймо пиёда шуда, аз ҳавои Душанбешаҳр нафас мекашам ва нерӯ мегирам. Аммо дар онҷо ҳаргиз зиндагӣ карда наметавонам, зеро ки ман дар Русия ба камол расидаам. Модарам ба Тоҷикистон рабте надорад, аз ин рӯ ман дар оила ва фарҳанги сирф тоторӣ бузург расидаам. Дуруст аст, ки он гуна ки либос мепӯшам, ба бисёре аз намояндагони Тоҷикистон писанд нест. Аксари вақт одамон кӯшиш мекунанд, ки бо аксҳо ва ҳикояҳои ман дар бораи тарзи ҳаётам ба падарам осеб расонанд. Аммо ин кор тавассути одамони аҳмақе анҷом мешавад, ки намедонанд фарде ки дар Тоҷикистон ба дунё омадаву дар кишвари комилан мутафовит бо мардуми ғайритоҷик бузург шудааст, наметавонад он тавр ки одат накардааст, зиндагонӣ кунад. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки падарам маро дарк мекунад. Ӯ маро ба хотири сифатҳои шахсияам дӯст медорад. Аммо вақте ба Тоҷикистон меоям, дар хонаи падарам зиндагӣ мекунам, ҳамеша тамоми қоидаву анъанаҳоро риоя мекунам: тибқи хостаи падарам бо либоси дарозу сарбаста дар Душанбешаҳр сайругашт мекунам. Тоҷикистон барои ҳамеша Ватани таърихии ман аст, аммо тамоми зандагии воқеъии ман Тотористон аст.


- Шавҳари шумо низ зодаи Тоҷикистон аст? Ва чӣ гуна бо ӯ шинос шудед?

- Шавҳари ман тотори асил аст, ҳарчанд то андозае ба тоҷикон монанд аст (механдад). Ҳангоми таҳсил, дар бемористон вохӯрдем. Он вақт ман коромӯзӣ доштам ва ӯ дар он ҷо кор мекард. Аъзои хонаводаи ӯ низ ҳамагӣ табиб ҳастанд, бинобар ин ба ҳам муносиб будем. Соли гузашта барои дидор бо падарам ба Тоҷикистон омад ва аз ин кишвар хушҳол шуд, аз ин рӯ ӯ ҳеч мухолифате бо ман надорад, то ба духтарамон забони тоҷикӣ меомӯзонам.


Тавре ки қаҳрамони мо эътироф мекунад, ӯ дар аз дастовардҳои худ қаноатманд нест. Дар айни замон Малика дар Instagram 37,3 ҳазор пайнавард дорад. Ба гуфтаи вай, дар вебнавишт (блог)-и ӯ ягон фарди бадипарокан (хейтер) мавҷуд нест. Ӯ ҳаёти шахсӣ ва сафарашро бештар ба намоиш мегузорад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

Тоҷикон дар Русия

“Мехоҳам тамоми камарбандҳоро бибарам ва дар қуллаи парвоз бошам”. Пайроҳаи муваффақияти размикори тоҷик Ҳафиз Соқибеков

ТАҲЛИЛ

Коршиносон кишварҳои дӯст ва ғайридӯсти Русия дар фазои пасошуравиро номбар карданд

Тоҷикон дар Русия

Сарояндаи тоҷик Беҳрӯз Маҷидов дар мавриди тарҳи русии “Голос” ва намоҳанги аввалинаш

Ҷолиб

Улуғбек Урунов дар бораи фанноварии молӣ дар Тоҷикистон, хидматрасонии МегаФон ва кор бо муштариён

Другие новости