Ru  | Tj
Пизишки тоҷик дар Русия ҷони як мусофири қатораро наҷот дод
Пизишки тоҷик дар Русия ҷони як мусофири қатораро наҷот дод
Акс: “Asia-Plus”

Пизишки тоҷик дар Русия ҷони як мусофири қатораро наҷот дод

Нашр шуд

Мукамил Сангинов, зодаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Нижний Тагили Русия ба ҳайси пизишки қалб фаъолият мекунад, ҷони як мусофири қатораро, ки дилаш аз кор монд, наҷот дод. Ӯ якуним соат қабл аз расидани қатора ба истгоҳи навбатӣ, занро дубора ба ҳаёт баргардонд.

Ҳодиса дар қатора дар масири Качканар – Екатеринбург рух дод. Зане, ки бо духтараш дар сафар буд, ногаҳон эҳсоси нохушӣ кард ва аз ҳуш рафт ва Сангинов ба кумаки вай шитофт. Маълум шуд, ки фишори хуни мусофир 50/30 будааст.

“Духтур даррав чораҳои таъхирнопазир андешид, ӯ тӯли якуним соат то расидан ба шаҳри Екатеринбург дастони модарамро дошта, варо дубора ба ҳаёт баргардонд", - гуфт духтари мусофири бемор Юлия.

 Ба гуфтаи вай, ходимони қатора танҳо рагбанду дока доштанд ва бо дархости пизишк мусофирон ба зан шакалати сиёҳу қаҳваи талхи худро доданд. Дар Екатеринбург мусофири беморро худрави ёрии таъҷилӣ интизор буд.

«Сипосгузорам аз Мукаммил Зайниевич барои касбият, таваҷҷуҳ ва мехрубониаш! Хушнудам, ки чунин пизишкон дорем!” - афзуд Юлия.

Ҳоло ин зан ба ҳолати одӣ баргашта, ӯро ба бемористони 1-уми вилоятӣ барои муоинаи мутахассиси қалб равон карданд.

Пизишки аршади бемористони шаҳрии №1 Александр Павловских аз ин рухдод хабар надошт. Ӯ ҳамчунин аз ин ки мутахассисоне чун Мукаммил Сангинов дар ин бемористон кор мекунанд, ибрози қадрдонӣ кард. Дар ин ҳол худи пизишк ин амалашро қаҳрамонӣ намеҳисобад.

Бояд гуфт, ки Мукаммал Сангинов зодаи шаҳри Панҷекат буда, маълумоти тиббиро дар шаҳри Душанбе фаро гирифтааст. Як муддат дар бемористони “Якум Советский” ва дар як дармонгоҳи хусусӣ кор кардааст. Ӯ соли 2021 ба Нижний Тагили Русия кӯч баст.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед