Ru  | Tj
Сарояндаи тоҷик Беҳрӯз Маҷидов дар мавриди тарҳи русии “Голос” ва намоҳанги аввалинаш
Сарояндаи тоҷик Беҳрӯз Маҷидов дар мавриди тарҳи русии “Голос” ва намоҳанги аввалинаш
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Сарояндаи тоҷик Беҳрӯз Маҷидов дар мавриди тарҳи русии “Голос” ва намоҳанги аввалинаш

Нашр шуд

Беҳрӯз Маҷидов  сарояндаи боистеъдод аз Тоҷикистон аст, ки суботкорона чолишҳо ва пирӯзиҳои зиёдеро дар озмунҳо паси сар кардааст.

Чанде пеш муҷрии ҷавон марҳилаи ибтидоиро гузашта, вориди  даври ҳузурии лоиҳаи телевизиёнии русии "Голос" гардид. Ҳоло Беҳрӯз дар Маскав қарор дошта, ба марҳилаи баъдӣ омодагӣ мегирад.


Дар мавриди зарурати истодагӣ ва замони нашри оҳанги баъдии Беҳрӯз дар матлаби мо бихонед.

– Беҳрӯз, чӣ тавр як нозири ҳавоӣ навозанда шуд? Вокуниши волиданатон ба ин интихоби шумо чӣ гуна буд?

– Мусиқӣ хеле қабл аз он ки нозири ҳавоӣ шавам, бахше аз ҳаёти ман шуд. Бинобар ин наметавон гуфт, ки нозири ҳавоӣ навозанда шуд балки ин "навозандаи ботиниам" аз назорати ҳавоӣ убур кардааст. Аз ин ҷое, ки ман дараҷаи бакалаврӣ дар мудирияти бозаргонӣ дорам, ки дар шаҳри Вуҳони Чин дарёфт кардаам. Замоне, ки алоқаи ман ба мусиқи барои аввалин бор зоҳир шуд, 15 сол доштам ва волидонам аз ин саргармии ман комилан розӣ набуданд, аммо ман исрор доштам, ки барои ёдгирӣ ва мутаоқибан овоз хондан бароям гитара харанд. Дар он лаҳза амакам ба кумаки ман омаду, бароям гитараи худро эҳдо кард, ки аз ӯ сипосгузорам.


– Ба фикри шумо, барои пешрафтатон ба унвони сароянда чӣ чизе таъсир расонидааст?

– Матонати ман ва баъдан ҳимояти оилаву дӯстон. Ҳамчунин ошноӣ бо бисёре аз навозандагон чи дар дохилу, чи берун аз кишвар. Дар ин замина на танҳо наҳва ва он чӣ мехонед муҳим аст, балки муҳити мусиқӣ низ муҳим аст, ки бо он шумо метавонед идеяҳои худро ба иштирок гузоред. Ба унвони мисол, Лина Арифулина, таҳиякунандаи панҷ қисмати аввали "Фабрикаи ситораҳо" ва намоиши "STS ахтаронро фурӯзон мекунад", ки қабл аз озмуни "Суруди русӣ" машғулиятҳои коршиносии аршади худро баргузор кард.

Зафар Абдуалимов, ки тавсияҳои мекарду, ҳанӯз ҳам мекунад, ҳамчунин дар омодагӣ ба озмуни "Asia's Got Talent" низ кумак кардааст. Тахмина Рамазонова, сарояндаи гуруҳи «Авесто», ки дар авоили соли ҷорӣ маро ба консерти ҷаз дар маркази фарҳангии «Бохтар» омода карда буд. Ҷовид Рӯзиев ва Сафармуҳаммад, ки зуд-зуд ҳамдигарро мебинем ва иттилооти мухталифи мусиқиро ба иштирок мегузорем. Ва иттифоқан Ҷовид дар эҷоди ягонаи “Ман омадам” комилан заҳмат кашид: эҷоди танзим, микс, мастеринг, сабти садо ва ҳатто тасҳеҳи рангу бори видеоро анҷом дод ва Сафармуҳаммад дар як бахши ҳамин навор нақш бозидааст.


– Шумо маълумоти мусиқӣ доред?

Агар манзуратон маълумоти ҳунаристон ё академӣ бошад, мутаасифона соҳиби ягонтои инҳо нестам. Ахиран ҳамин саволро ба худам низ мегузорам, аммо ин боис нашуд, ки таҳкурсии мусиқиамро тавсеа диҳам, хушбахтона, мо дар асри шабакаи ҷаҳонии Интернет зиндагӣ мекунем ва дар фазои беканори он метавонем машғулиятҳои барои худ муфидро пайдо кунем. Ҳамон тавре, ки қаблан зикр кардам - ​​шиносоии мусиқӣ иттилооти бештар ва аксаран донишҳои амалиро ироа медиҳанд. Соҳиби маълумоти мусиқӣ шудан, аммо агар сахт талош кунед, метавонед тамоми чизро мустақилона аз худ кунед.


– Мо медонем, ки шумо давраи муқаддимотӣ барои иштирок дар лоиҳаи телевизионии “Голос”-ро паси сар кардед. Дар ҳоли ҳозир кор дар мавриди озмун дар кадом сатҳ қарор дорад?

Бале, дуруст аст. Моҳи сентябри соли ҷорӣ номае дарёфт кардам мабнӣ бар он, ки дархости ман   вобаста ба иштирок дар давраи интихоби ҳузурӣ пазируфта шудаасту, маро дар Москва интизоранд. Айни замон дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Москва қарор дорам ва барои баромади худ омодагии љиддӣ дида истодаам. Ин, ки сарнавишти ояндаи ман дар ин лоиҳа чӣ гуна хоҳад буд, каме баъд рўшан мешавад. Дар дастгирии шумо ниёз дорам.


– Шумо дар лоиҳаи Asias Got Talent низ иштирок кардед. Чӣ хотироте аз он чорабинӣ бардошт кардед?

— Ин як таҷрибаи фавқуллода берун аз кишвар буд: саҳнаи калон, толори пур аз тамошобин, ҳайати доварони сатҳи олӣ ва ширкаткунандагони боистеъдод. Фазои дўстона ва саргармкунандае буд. Манбархе аз ширкаткунандагонро қабл аз сафар мешинохтам ва бо чанде аз оонҳо дар даврраи баргузории озмун ошно шудам.  Агар фурсату замони муносиберо пайдо кардед, метавонед дар озмун ширкат кунед, зеро аз он таљрибаи арзишмандеро бардошт хоҳед кард. Албатта, лаҳзаеро дар ёд длоам, ки ҳайати доварон якдилона иҷрои маро маъқул донистанд.


Аз ширкати худ дар озмуни «Суруди русӣ» нақл мекардед. Кӣ ба шумо дар интихоби суруд кумак кард?

– Интихоби суруд дар ин озмун бештар ба ман бастагӣ дошт, аммо бо дӯстон машварат кардам – чандин намунаи оҳангҳоро дар иљрои худ ба онҳо додам, то гӯш кунанд ва ниҳоят назароти мо мутобиқат карданд. Дар ниҳоят ба таври тасодуфӣ барандаи ин озмун шудам, ки ҳеч интизор надоштам.


– Ба назари шумо, ҳузур дар чунин намоишҳо ба ҳунарманди навкор чӣ медиҳад?

– Аввалан, ин таҷрибаи ҳунарнамоӣ дар саҳнаи калон ва ҳирфаӣ аст, ки ҳаргиз зоид нахоҳад буд. Сониян, дар оянда метавонед инро ба маљмўаи худ изофа кунед, ки ин ҳам як мазийят аст.

– Ба тозагӣ аввалин суруди фардӣ ва намоҳанги худро бо номи «Ман омадам» сабт кардед. Бигӯед, ки чӣ эҳсосе нисбат ба кори анљомшударо доред? Оё ягон мушкилоте вуҷуд дошт?

– Шуруъ аз он мекунам, ки навиштани матн, эҷоди танзим, сипас сабти овоз, инчунин шабу рўзҳои сабти намоҳанг ва гузоштани он дар платформаҳои рақамӣ пахш кардани он то 6 моҳ тӯл кашид. Ҳељ роҳе бидуни сахтӣ вуљуд надорад — душворихо зарур ҳастанд, онҳо моро беҳтар мекунанд. Ва дар тўли кор рӯи оҳангу видео, наметавонистем бидуни онҳо фаъоляитамонро пеш барем. Хушбахтона, дӯстон ба кумак омаданд; номи онҳоро метавон дар титражи видео хонд - онҳо ба суҳулати ин кор кумак карданд, ки ман то имрӯз аз онҳо сипосгузорам. То ба ҳол, вақте оҳангеро мешунавам, ё видеоро тамошо мекунам, ҳар рӯз ба ёд меоварам, ки бо талоши ҷамъи худ ин зебоии маънавиро холиқ кардаем. Бинобар ин, вақте, ки ин оҳанг ва видеоро мешунавед, бидонед, ки як тими комил аз мутахассисон рӯи он кор кардаанд.   Ва ин ҳисси фавқулъодае ҳаст пас аз вокунишҳои мусбати шунавандагону тамошогарон. Мефаҳмед, ки беҳуда набуда, ки як бор худат исрор кардӣ.


– Ба назари шумо, дар давраи интернет маҳбубияти ҳунармандони ҷавон осонтар аст?

– Имрӯзҳо интишори осор на чандон душвор аст, зеро тавзеҳкунандагони мусиқӣ зиёданд: пулӣ ва ройгон. Ҳар кас метавонад чизеро барои худ интихоб кунад. Мегӯям, ки агар оҳангеро мунташир кунед, ки дорои матни баландсифат, як ҷузъи оҳангҳои ҷолиб бошад ва мутмаин шавед, ки фаъолона рӯи таблиғи онҳо дар Интернет кор кунед. Ғ­айри сурат ин оҳангҳои шумо наметавонанд дастраси ҳаводорон гарданд.

– Мухлисон оҳангҳои навро кай интизор бошанд?

- Кор рӯи оҳанги навбатӣ ба далели хуруҷи ман муваққатан мутаввақиф шудааст, аммо метавонам бигӯям, ки дар ҳоли ҳозир як намунаи демоии он омода шудааст. Умедворам, касоне, ки онро мешунаванд, ба ҳамон андозае хушашон меояд. Ба маҳзи бозгашт билфосила ба кор рғи он идома хоҳам дод.

Чӣ барномаҳои эҷодӣ дар ояндаи наздик доред?

– Оҳанги дуюмро ба итмом расонам ва ғайра. Дарвоқеъ кори зиёде бояд анҷом шавад, зеро дар маҷмуъ қарор аст 12 оҳанг сабт ва 5 намоҳанг наворбардорӣ шавад - ҳама барои албоми аввал.


– Дар оянда чӣ орзу доред?

– Кадом фарди холиқе рӯёи тури ҷаҳонӣ ё консертҳои инфиродӣ на танҳо дар дохили кишварро дар дил намепарварад?! Ҷое, ки дар назди ҳазорон мухотаб баромад мекунӣ ва бо ҳам оҳанг месароӣ. Ин орзӯро ман низ дорам - ва дар як рӯз амалӣ намешавад, бинобар ин бояд рӯи он ва ба хотири он сахт меҳнат кард. Ва ин танҳо яке аз онҳост, аммо дар рӯйхат ниҳоят зиёданд.

Беҳрӯз ниҳоят ба ҳамаи хонандагони мо гуфт: “Орзу дошта бош, рӯйи он кор кун ва рӯзе ончи, ки барояш талош мекунӣ сарфи назар аз самти фаъолият ба даст хоҳад омад!

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

Тоҷикон дар Русия

“Мехоҳам тамоми камарбандҳоро бибарам ва дар қуллаи парвоз бошам”. Пайроҳаи муваффақияти размикори тоҷик Ҳафиз Соқибеков

ТАҲЛИЛ

Коршиносон кишварҳои дӯст ва ғайридӯсти Русия дар фазои пасошуравиро номбар карданд

Ҷолиб

Улуғбек Урунов дар бораи фанноварии молӣ дар Тоҷикистон, хидматрасонии МегаФон ва кор бо муштариён

Одамони мо

“Орзуи ошноӣ бо ҳаёти фарозаминӣ”. Парвизи Орзуқул чӣ гуна тарғибгари нуҷум шуд

Другие новости