Ru  | Tj
Абдурауфи «вайнер». Вебнамойи ҳаҷвии «Khujand.official»-ро кӣ пеш мебарад?
Абдурауфи «вайнер». Вебнамойи ҳаҷвии «Khujand.official»-ро кӣ пеш мебарад?
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Абдурауфи «вайнер». Вебнамойи ҳаҷвии «Khujand.official»-ро кӣ пеш мебарад?

Нашр шуд

Абдурауф Раупови 19-соларо дар байни корбарони шабакаи иҷтимоии Instagram «вайн»-ҳо (наворҳои хеле кӯтоҳ, ки дар ҳудуди 6 - 60 сония давом карда, мавзӯъҳои рӯзмарраро тариқи ҳазлу шӯхӣ инъикос мекунад) шиносонд. Ӯ муаллифи вебнамойи «Khujand.official» дар Instagram буда, дар баробари донишҷӯ будан ҳамчун «вайнер» (нафаре, ки наворҳои рӯҳангез, тарғиботӣ, маърифатӣ ва ғайра сабт мекунад) низ фаъол аст.

Абдурауф зодаи шаҳри Хуҷанд буда, хатмкардаи мактаби №1-и ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ӯ моҳи июни соли 2020 дар Instagram вебнамойи ҳаҷвии «Khujand.official»-ро фаъол карда, муҳтаво нашр мекунад. Айни ҳол ин саҳифаи вебнамо (видоеблогер)-и ҷавон беш аз 110 ҳазор нафар пайнавард дорад.

Муаллифи Halva.tj бо Абдурауф Раупов ҳамсуҳбат шуда, дар бораи пешбурди вебнамой (видеоблог), тарзи тайёр кардани наворҳое, ки аз ҷониби мухотабон хуш истиқбол меёбад, пурсон шуд.

 

АБДУРАУФИ МУШОҲИДАКОР

Феълан Абдурауф Раупов донишҷӯ аст. Вай ҳанӯз аз курсии мактабӣ ба сабти наворҳои ҳаҷвӣ шурӯъ карда буд. Ӯ некбин ва зиндадил аст. Ба рафтору кирдори одамони гуногун ва ҳолатҳои мушоҳидакардааш доимо баҳогузорӣ мекунад. Ҳамин хислаташ боис мешавад, ки барои «вайн» мавзӯъҳои ҷолиб ва барои аксарият наздикро дарёфт кунад.

- Ҳар вайне, ки дар блоги ман нашр мешавад, аз ҳаёти рӯзмарра сарчашма мегирад. Ман ва ҳамроҳонам ҳар гуна идеяи аз зиндагӣ ҳосилшударо каме ба чаҳорчӯба дароварда, ба тамошои ом мегузорем. Масалан, дар бештари вайнҳо дар бораи ҳаёти онҳое нақл мекунем, ки бисёр содаву гӯланд ва ба ҳама саволҳои аҳмақона медиҳанд. Албатта, ин масхара нест. Шояд маҳсули кори мо ба ҷуз хандонидан боз ягон ҷиҳати тарбиявӣ дошта бошад, - мегӯяд вебнамои ҷавон.


 

ШОГИРДИ ҲАҶВНИГОР ФАРРУХ САНГИНОВ

Дар якчанд наворҳои Абдурауф, ки аз ҷиҳати мавзӯъ ва ҳунари бозигарӣ нисбатан фарқкунанда аст, метавон иштироки ҳаҷвнигори шинохта Фаррух Сангиновро дид. Тавре огаҳӣ ёфтем, Фаррух Сангинов барои Абдурауф дар самти пеш бурдани кори вебнамой роҳнамо будааст.

- Мо вайне дорем, ки ба эҳтироми ҳаққи устодию шогирдӣ алоқаманд аст. Ман онро хеле дӯст медорам. Дар ин вайн устоди ман Фаррух Сангинов аст ва зоҳиран ба муносибати устодию шогирдии Барону Абдурозиқ ишора карда, аз мани шогирдаш гила мекунад. Сабаби маҳз ин вайнро дӯст доштанам ин аст, ҳар боре онро тамошо мекунам, ҳушдор мегирам, ки наздиконро фаромӯш накунам ва ба қадри ҳама расам. Ман Фаррух Сангиновро устоди худ медонам. Он кас бароям бисёр кумак мекунанд. Барои сабт кардани вайнҳо фикру идеяҳои ҷолиб медиҳанд. Аслан, дар пеш бурдани кор бароям Фаррух-ако ва амакбачаам Амирҷон кумаки холисона мекунанд. Бе онҳо кор пеш намеравад, - изҳор медорад Абдурауф.


ТАНҚИД ДАР «3 НАМУДИ ОШХӮРӢ» Ё МУНОСИБАТИ БАРОДАРӢ ДАР «АКО ВА УКО»

Дар ду вайне, ки Абдурауф тайёр кардааст, хислату кирдор ва одатҳои на он қадар хуби наврасону ҷавонон бозтоб шудааст.

Дар навори «3 намуди ошхӯрӣ» ба онҳое эрод гирифта шудааст, ки айни хӯрок хӯрдан одатҳои бад доранд. Қаҳрамони мо се ҳолатро устокорона нишон медиҳад, ки чунин манзараро дар ҳаёти рӯзмарра метавон мушоҳида кард.


Навори «Ако ва уко» дар бораи ду бародар нақл мекунад. Падари онҳо нохост писарҳояшро даъват карда, чизеро босалобатона пурсиданӣ мешавад. Ду бародар аз тарси он ки падар кадоме аз кори хатояшонро фаҳмидаасту сарзаниш мекунад, зуд ба ҳимояи худ мепардозанд. Яъне ҳамдигарро ба шабгардӣ, носкашӣ, духтарбозӣ ва исрофкории пул айбдор мекунанд. Ҳол он ки падар онҳоро барои ёфтани «пулт»-и телевизор ҷеғ задааст. Дар маҷмӯъ, навор ҷиҳати омӯзандагӣ ҳам дорад.

 

БОВАР САБАБИ ПЕШРАВИСТ

Абдурауф аз аввал бовар дошт, ки вебнамои хубе шуда метавонад. Ӯ аз тақлид кардани касе шарм намедошт. Дамдузд набуд. Дар ҳама ҷо ва пеши ҳар нафар худро озод ҳис мекард. Ҳамеша табъи болида дошт ва мекӯшид, ки дигарон низ хушҳол бошанд. Аз ин рӯ, қаҳрамони мо комёбии кӯчакашро ба бовармандӣ ба худ марбут медонад.

- Завқ, бовар ва заҳмати начандон зиёд вебнамойи маро дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аксаран ҳамсолонам мебошанд, маъруф кард. Мақсади асосии ман хушҳол кардани ҳамагон аст. Вақте дар зери муҳтавоҳои нашркардаам шарҳҳои қабеҳ ва назари бад пайдо мешавад, аҳамият намедиҳам. Дар баробари ин ҳаракат мекунам, ки ҳазлу шӯхиҳое, ки дар «вайн» истифода мешавад, аз доираи ахлоқ дур набошад, - баён медорад Абдурауф.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

Одамони мо

“Духтурӣ тиҷорат нест”. Пайроҳаи муваффақияти ҷарроҳи дилу рагҳо ва вебнавис Юсуф Бурҳонзода

Тоҷикон дар Русия

“Ба хотири одамият”. Бунафшшоҳи 17-солаи тоҷик дар айни тирандозӣ ба ҷабрдидае кумак кард

Тоҷикон дар Русия

“Аз коми оташ наҷот дод”, “аз марг раҳонид”, “наҷот дод, вале худ ғарқ шуд”. Корномаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Ҷолиб

Бо «Fotehjon» ба қуллаҳои нав бирасед. Донишномаи диҷитолии тоҷикӣ дар чӣ ҳол аст?

Другие новости