Ru  | Tj
Ҳалқаҳои сохташуда аз гили полимерӣ - раванди муди тобистон
Ҳалқаҳои сохташуда аз гили полимерӣ - раванди муди тобистон
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Ҳалқаҳои сохташуда аз гили полимерӣ - раванди муди тобистон

Нашр шуд

Гили полимерӣ массаи пластикӣ мебошад, ки ба пластилини оддӣ хеле шабоҳат дорад. Он ҳангоми гарм кардан шакли хостаи шуморо мегирад. Шумо метавонед ҳатто болои он наққошӣ кунед. Айни замон ин навъи маҳсулот ва ҷавоҳироти аз он сохташуда хеле машҳур буда, харидорони зиёд дорад. 

Тибқи иттилои “Pinterest” ҳалқаҳои гили полимерӣ яке аз машҳуртарин навъи ҷавоҳирот дар тобистони соли гузашта ба шумор мерафт.  Тибқи гузоришҳо ҷустуҷӯ ва дархости ин навъи ҷавоҳирот тариқи интернет нисбат ба соли гузашта 303 маротиба афзудааст. 

Шакли зоҳирии ин ҳалкаҳо диққатҷалбкунанада буда,  таваҷҷуҳи муштариёне, ки тариқи интернет муди охиринро пайгирӣ мекунанд, ба худ ҷалб намудааст. Ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоии “YouTube” ва “TikTok” тарзи сохтани чунин ҳалқаҳоро ба воситаи навор нишон додаанд.  

Ба ғайр аз он ки гили полимерӣ имрӯз таваҷҷӯҳи ҳунармандон ва ҷавонони зиёдро ба худ ҷалб намудааст, бояд гуфт, ки ин навъи санъат таърихи хеле ҷолибро дорост.

Бо сабаби бӯҳрони сиёсӣ дар Олмон дар аввали солҳои сиюм, лухтаксоз -  Фифӣ Ребендер натавонист, ки масолеҳро барои омода сохтани лухтакҳо дастрас кунад. Аз ин рӯ, ӯ ба коркарди гили полимерӣ машғул шуд. Дар ин ҳангом лухтаксоз тавонист, ки кори худро муваффақона анҷом диҳад. Пас аз он аз гили полимерӣ дар сохтани тӯҳфаҳову армуғонҳо ва ҷавоҳирот зиёд истифода карданд. 


"Ҳамон духтар" кист? Тамоюли баҳсбарангези “TikTok”-ро пайгирӣ мекунем




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед