Ru  | Tj
Чаро писарон духтаронро болои сар мекунанд? Панҷ далел аз ҳаёти ҳаррӯзаи ҷавонони тоҷик
Чаро писарон духтаронро болои сар мекунанд? Панҷ далел аз ҳаёти ҳаррӯзаи ҷавонони тоҷик
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Чаро писарон духтаронро болои сар мекунанд? Панҷ далел аз ҳаёти ҳаррӯзаи ҷавонони тоҷик

Нашр шуд

Мо – тоҷиконро аслан бо эҳтирому муҳаббат ва меҳмоннавозиву чеҳракушодиямон зиёдтар мешиносанд. Махсусан, эҳтирому муҳаббат, меҳмоннавозиву чеҳракушоии мо дар муносибат бо ҷинси латиф даҳчанд зиёд мегардад. Дар матлаби зерин мо ба хонандагон панҷ ҳолатеро мегӯем, ки ҷавонони тоҷик нисбати духтарон ҳурмату эҳтироми махсус зоҳир менамоянд.

1. Нақлиётҳои ҷамъиятӣ

Дар пойтахти азизамон аз кам будани нақлиёти ҷамъиятӣ қариб ҳамагон шикоят доранд, аммо медонед барои чӣ духтарон нисбатан кам шикоят мекунанд? Мо борҳо шоҳид гаштаем, ки барои хизматрасонӣ ба духтарон гоҳ-гоҳе нақлиёти ҷамъиятии махсус ташкил карда мешавад. Чандин маротиба мушоҳида кардем,  пас аз анҷоми дарс, ки одатан истгоҳҳои маҳаллаи маъруф ба “Ҷазира” (Шаҳраки донишҷӯён) сермусофир ҳастанд, хатгардҳои рақами 54 аз тарафи Лучоб бидуни мусофир меоянду танҳо духтаронро даъват ба нишастан мекунанд. Аз ҷониби дигар, баробари ба пеши онҳо шитофтан, ҳам ронанда ва ҳам пулчин бо ишораи "наё-наё"-ашон ҷавононро ба назди худу мошинашон наздикшавӣ намемонанд. Вақте ки хирагӣ карда, наздик мешавед, "танҳо духтаронро мебарем” мегӯянд.  

Ин ҳолат ягон паҳлӯи манфӣ надорад. Бисёр хуб аст, ки имрӯз дар самти хизматрасонии нақлиётӣ нафароне ҳастанд, ки ба модар, хоҳар ва апаҳои мо аз ҳар ҷиҳат ёрӣ расонидан мехоҳанд. 

2. Дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ

Мо фикр мекунем, ки аксарияти сокинони Душанбе ба худ ё нафари наздикашон саволи “Ҷойнишасти нақлиёти ҷамъиятӣ танҳо барои духтаронанд?” додаанд. Бале, ҷавонони мо дар масъалаи ҷойи нишастаашонро ба модаре ё духтаре додан, ниҳоят ҳассосанд. Чунон ҳассос, ки пеш аз ворид шудани дилхоҳ духтар яку якбора чанд ҷавон аз ҷояшон мехезанд ва ҳар кадом ба тарзи ба худ хос “меҳмон”-ро таклиф ба ҷойи нишаст мекунад. 

Агар зеҳн монем, маълумамон мегардад, ки дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ дилхоҳ ҷавон ба дилхоҳ духтар ҷойи нишасташро медиҳад, яъне метавон гуфт, ки қариб дар нишастгоҳҳои микроавтобусу автобусу троллейбусҳоямон ҷавонон намешинанд ё мешинанду дар курсиҳои охир. Ин ҳолатеро мемонад, ки гӯё дар Тоҷикистон ҷойнишастҳои нақлиёти ҷамъиятӣ махсус барои духтарон аст. 

3. Дар назди бонкомату даруни супермаркет

Аз овардану ба истифода додани бонкоматҳо чанд сол гузашта бошад хам, мутаассифона, то ҳол дар пеши дилхоҳ бонкомат танбаи одамонро мушоҳида мекунем. Яъне аввал коди махфиямонро хато мечинем, баъд тавозунамонро мебинем ва сеюм, кортамонро барои пулгирӣ дохили бонкомат мегузорем. 

Хушбахтона, дар чунин холат гарчанде ҷавонон саросема бошанд ҳам, ба духтарон навбаташонро медиҳанд. Ин навбатдиҳиҳо танҳо аз рӯи эҳтиром, муҳаббат ва арҷгузоштан ба хоҳару модари тоҷик аст, ки ҷавонони мо бо ифтихор ин ташаббусро амалӣ мекунанд. 

Ҳамчунин, дар мини-маркету супермаркет ва гипермаркетҳо низ ҷавонон ба духтарони аз худ калону хурд эҳтироми бисёр нишон медиҳанд. Ҳар лаҳза ҳолатеро шоҳид шудан мумкин аст, ки вақти дар назди хазина навбат истодан, мардон навбати худро ба модарону духтарон медиҳанд. 

4. Дар мактаб

Ҳар нафаре мактаб хондааст, хуб дар хотир дорад, ки ҳар вақте мушиклӣ ё камбудие дар синф пайдо мешуд, ҳатман онро писарон ҳал мекарданд.  Ҳар нафаре мактаб хондааст, хуб дар хотир дорад, ки аз пушти духтарони синф писарон чанд маротиба бо бачаҳои бегона, ҳатто синфҳои болоӣ ҷанг кардаанд. Ҳар нафаре мактаб хондааст, хуб дар хотир дорад, ки бачаҳои мактаб барои дар чашми духтарони синфу мактабашон “мужик”-и ҳақиқӣ намоянд, кадом корҳои нолозим ва ҳатто номумкинро мекарданд.

Аз ҷониби дигар, дирӯзу имрӯз бисёр кам бо муаллимоне вомехӯрем, ки дар синфхона ё аудитория духтаронро барои духтар буданашон баҳои иловагӣ ё бали зиёдатӣ надиҳанд. Албатта, ин гуна тӯҳфаро аксарияти муаллимон ҳамту намедиҳанд, онҳо ба духтари хушахлоқ кӯмак расонидан мехоҳанд. Дар ин баробар, қисми зиёди бачаҳои синф ё гурӯҳ ҳам аз  баҳои баланд гирифтани духтаронашон хурсанд шуда ва онҳоро пайваста табрик мекунанд.

5. Дар чойхона

Бовуҷуди он ки мо хеле пеш рафта истодаем ва техникаи муосирро хуб истифода мебарем, вале то ҳол дар мавриди ҳисобӣ кардан дар чойхона, қаҳвахона ё тарабхона ба қавле “қафомондаем”. Дар мо қариб, ҳолате нест, ки пас аз тановули хӯрок як ҷавон ба духтар гӯяд, ки ҳисобро тақсим мекунем ё ҳар нафар пули хӯроки хӯрдаи худашро медиҳад. 

Мо чӣ кор мекунем? Мо пул надошта бошем, пул меёбем. Агар пул ёфта натавонем, аз касе қарз мегирем. Агар қарз гирифта натавонем, боз дарҳол ягон илоҷи дигар меёбем, масалан, телефонамонро гарав монда меравем. 

Биёед, чунин амалҳоямонро зиёд кунем

Ин гуфтаи мо, ки барои бонувонамон кам-кам мошинҳои махсуси ҷамъиятӣ ташкил мешаванд, як маънӣ дорад: биёед, чунин амаламонро зиёд кунем.

Ин гуфтаи мо, ки барои духтаронамон дар нақлиёти ҷамъиятӣ кам-кам барои нишастан ҷой медиҳем, як маънӣ дорад: биёед, чунин амаламонро зиёд кунем.

Ин гуфтаи мо, ки ба духтаронамон дар вақти навбатпойӣ ё интизорӣ кам-кам навбатамонро медиҳем, як маънӣ дорад: биёед, чунин амаламонро зиёд кунем.

Ин гуфтаи мо, ки барои духтаронамон дар дарсҳо ва мактабу донишгоҳҳо кам-кам “мужик”-и мекунем, як маънӣ дорад: биёед, чунин амаламонро зиёд кунем.

Ин гуфтаи мо, ки барои духтаронамон дар чойхонаву қаҳвахонаҳо хизмат карда, ба онҳо иҷозати пул додан намедиҳем, як маънӣ дорад: биёед, чунин амаламонро зиёд кунем.

Инҳоро барои миннати духтарон нагуфтем, балки ёдовар шудем, то дигарон низ дар чунин корҳои хуб пайваст шуда ва онро инкишоф диҳанд. Иҷрои ин амалҳои неку хайрхоҳона аз инсонияти баланд доштани мардони тоҷик гувоҳӣ медиҳад. 


«Калмарбозӣ» ба қатори филмҳои сербинандатарини Netflix шомил гардид

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед