Ru  | Tj
«Huquqi man». Вебнамойи донишҷӯе, ки дифоъ аз ҳуқуқро меомӯзонад
«Huquqi man». Вебнамойи донишҷӯе, ки дифоъ аз ҳуқуқро меомӯзонад
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардид

«Huquqi man». Вебнамойи донишҷӯе, ки дифоъ аз ҳуқуқро меомӯзонад

Нашр шуд

Раҳимҷон Мирқосимов дар риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил дорад. Ӯ як сол мешавад, ки дар шабакаи иҷтимоии Instagram вебнамой ё худ видеоблоги «Huquqi man»-ро фаъол карда, барои пайнавардон (обуначиён) ҳуқуқҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо бо забони осонфаҳм шарҳ медиҳад. Феълан вебнамой наздик ба 35 ҳазор пайнавард дошта, дар он беш аз 100 муҳтаво нашр гардидааст.

Муаллифи Halva.tj бо муассиси вебнамойи «Huquqi man» дар бораи пеш бурдани кори вебнависӣ ва аҳамияти огоҳӣ доштани ҷавонон аз маҷмӯи қонунҳои ҳаётан муҳим суҳбат кард.

«HUQUQI MAN» ЧӢ ГУНА ТАЪСИС ЁФТ?

Раҳимҷон Мирқосимови 21-сола зодаи ноҳияи Ашт буда, феълан доиншҷӯйи соли чоруми ихтисоси ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ андеша дорад, ки агар шахс дар ҳаёт ҳамаи имкониятҳоро истифода кардан хоҳад, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро бояд донад. Дар ҷомеа ҷой доштани волоияти қонун, пеш аз ҳама, ба баланд шудани сатҳи шуури ҳуқуқии мардум бастагӣ дорад.

- Ман аз овони наврасӣ орзу доштам, ки ҳуқуқшинос шавам. Мехостам ба нафароне, ки ҳуқуқҳояшон поймол шудааст, ёрӣ расонам. Хушбахтона, пас аз хатми мувафаққонаи мактаб ба ихтисоси интихобкардаам дохил шудам. Имсол донишгоҳро хатм мекунам. Медонам, ки дар оянда бо омӯзиши қонун, санаду ҳуҷҷатҳо ва ба роҳ мондани робита бо ҷомеа машғул мешавам. Аз ин рӯ соле пеш тасмим гирифтам, ки дар Instagram вебнамойи “Huquqi man”-ро таъсис дода, ба омӯзиши қонунҳо ва кор кардан бо мухотабро амалан омӯзам. Ростӣ, ягон шахсе нест, ки ҳадди ақал як маротиба ҳуқуқҳояш поймол нашуда бошад. Ба андешаи ман, барои ҳар шахсе, ки касбу кори гуногун дорад, ҷиҳати роҳ надодан ба поймолшавии ҳуқуқҳояш қонунҳоро бояд то андозае донад, то қурбонии амалҳои ғайриқонунӣ нашавад. Шояд вебнамойи таъсисдодаи ман дар ин самт нақши камтарине гузошта метавонад, - гуфт Раҳимҷон.  

Раҳимҷон мушкилии асосии вебнамойи худро дар ин мебинад, ки дониши ками назариявию амалӣ дар соҳаи ҳуқуқ дорад. Замоне, ки кори вебнамойро сар карда буд, сатҳи донишу фаҳмиши хуб надошт.  

МАВЗӮЪҲОИ МУБРАМ ДАР ВЕБНАМОЙ

Ҳуқуқшиноси ҷавон дар вебнамойи худ беш аз 100 муҳтаво нашр кардааст, ки ба саволҳои муҳими шаҳрвандон, аз ҷумла ба пурсишҳои ҷаримаҳо тибқи қонунгузорӣ чӣ хел таъйин мешаванд, ҷавоб додааст. Ба вебнавис дар як рӯз беш аз 20 нафар бо саволҳои гуногун муроҷиат мекунанд. Аксарияти мухотабон дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ ҳангоми муносибат бо кормандони БДА мепурсанд. Ҳатто дар масъалаи оилавӣ низ савол медиҳанд, ки барои вай ҷавоби мушаххас додан ба далели камтаҷрибагӣ мушкил аст. Боз доир ба ҷинояти содиркардаашон маълумот мепурсанд, ки чӣ ҷавобгарӣ дар пай дошта метавонад. Таърихи 7-уми декабри соли сипаришуда муҳтавое нашр шудааст, ки беш аз 100 ҳазор бор тамошо шудааст, дар бораи тартиби муайянсозии ҷарима дар ҳолати қонуншиканӣ мебошад.

Таърихи 7-уми декабри соли сипаришуда муҳтавое нашр шудааст, дар бораи ҷазо ба онҳое, ки бо харидуфурӯш ва нигаҳдории тараққа (хлопушка) машғул мешаванд, маълумот медиҳад. Дар навор гӯянда тиқби қонунгузорӣ мефаҳмонад, ки агар ҳар шахсро бо беш аз 20 ва 50 адад тараққа (салют, хлопушка) дастгир кунанд, пас қонунгузорӣ аз 1280 то 1920 сомонӣ (ба шахсони воқеӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима муайян кардааст. Навори мазкурро беш аз 80 ҳазор бор тамошо кардаанд.

Муҳтавои дигарро корбарон беш аз 254 ҳазор бор тамошо намудаанд. Он ба саволи “Ронандаҳое, ки бо шаҳодатномаи ронандагии муҳлати эътибораш гузашта ё гумшушда кор мекунад, чӣ ҷавобгарӣ дар пай дорад?” ҷавоб медиҳад. Дар навори вебнамой ба таври мухтасар ҷавоб ёфтан имкон дорад.

ВИЖАГИИ ПЕШ БУРДАНИ ВЕБНАМОЙ

Мақсади асосии ман аз роҳандозии вебнамой зиёд кардани пайнавардон нест, – қотеъона афзуд Раҳимҷон Мирқосимов. – Мехоҳам бо пешбурди кори вебнамой паҳлӯҳои гуногуни соҳаро омӯхта, ҳирфаитар шавам ва ҳам дигарон, ки вобаста ба ҳуқуқ саволҳо доранд, аз вебнамойи ман ҷавоб пайдо кунанд. Ростӣ, ҳеч гоҳ барои ёфтани мавзӯъ мушкилӣ надоштам. Дар сари ҳар як қадами инсон масъалаи ҳуқуқӣ вомехӯрад. Чун дигар донишҷӯён баъди дарсҳо вақти холии зиёд дорам. Аз ин рӯ вақтро беҳуда нагузаронда, барои ғанӣ кардани мундариҷаи вебнамой кор мекунам.

- Барои як наворро тайёр кардан вақти зиёд сарф намешавад. Баъзан мавзӯъе, ки дар раванди дарс меомӯзам, онро дар доираи як муҳтавои хурд ва ба ҳама фаҳмо навор мекунам. Барои таҳияи як навор, тест ва матн то 4 соат вақт сарф мешавад. Алабатта, бо хондану омӯхтани тафсири қонуну кодексҳо баъзан аз дарсҳои донишгоҳ қафо мемонам. Барои сабти наворҳо як рафиқи овони мактабхониям кумак мекунад. Лекин бештари вақт бо истифода аз сепоя (штатив) наворҳоро худам сабт мекунам. Пӯшида нест, ки дар самти видеосозӣ камбудии техникӣ ба чашм мерасад, аммо бо афзоиши тарҷиба ғалатҳо бартараф мешавад, - хушбоварона меафзояд вебнамо.

Ба фикри Раҳимҷон Мирқосимов, азёд донистани бобу моддаҳо, қонунҳо барои ҳуқуқшинос зарур нест. Ҳуқуқшиноси мумтоз онест, ки медонад кадом қонун танзимкунандаи ҳар муносибат аст. Ӯ ба ҳамсолону ҳампешагони мисли худаш навроҳ тавсия медиҳад, ки доим омӯзанд ва за тарҷибаи кирдорҳои созанда наҳаросанд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

Одамони мо

“Духтурӣ тиҷорат нест”. Пайроҳаи муваффақияти ҷарроҳи дилу рагҳо ва вебнавис Юсуф Бурҳонзода

Тоҷикон дар Русия

“Ба хотири одамият”. Бунафшшоҳи 17-солаи тоҷик дар айни тирандозӣ ба ҷабрдидае кумак кард

Тоҷикон дар Русия

“Аз коми оташ наҷот дод”, “аз марг раҳонид”, “наҷот дод, вале худ ғарқ шуд”. Корномаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Ҷолиб

Бо «Fotehjon» ба қуллаҳои нав бирасед. Донишномаи диҷитолии тоҷикӣ дар чӣ ҳол аст?

Другие новости