Ru  | Tj
Садриддини Наҷмиддин пули консертҳояшро барои кумак ба мардуми Афғонистон хайр мекунад
Садриддини Наҷмиддин пули консертҳояшро барои кумак ба мардуми Афғонистон хайр мекунад
Акс: Аз саҳифаи фейсбукии Садриддини Наҷмиддин

Садриддини Наҷмиддин пули консертҳояшро барои кумак ба мардуми Афғонистон хайр мекунад

Нашр шуд

Садриддини Наҷмиддин, яке аз овозхонони шинохтаи эстрадаи Тоҷикистон эълон кард, ки як ҳиссаи пули билети консертҳояшро ба мардуми зарардидаи Ҳирот ҷудо мекунад.

Ситораи эстрадаи тоҷик дар саҳифаи худ дар Фейсбук гуфт, дар ҳамрайъӣ бо овозхонони шинохтаи Афғонистон, аз ҷумла Фарҳоди Дарё тасмим гирифт, ки як қисми даромад аз консертҳои ояндаи худро барои мардуми Ҳироти Афғонистон, ки аз заминҷунбии охир осеб дидаанд, равон кунад.

Вай дар идома таъкид кард, дар ин замина бо машравати дигар сарояндагони шинохтаи Афғонистон қарор шуд, ки аз ҳар билети барномаҳои консертӣ 5 евро барои офатзадагони Ҳирот ҷудо карда шавад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Садриддини Наҷмиддин, ба хотири фоҷеаи рухдода дар Ҳироти бостонӣ, вай намоиши намоҳанги нави худро, ки ба тозагӣ таҳия ва тадвин шуд, барои як муддат ба таъхир андохт.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Зиндаҷони вилояти Ҳироти Афғонистон як заминларза бо шиддати 6,3 дараҷа рух дода, талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёд ба бор овард.

Ба гуфтаи созмони "Табибони бидуни марз", дар заминларзаи ҳафтаи гузашта дар Ҳирот 2445 кас кушта ва 2440 тани дигар захмӣ шудаанд.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед