Ru  | Tj
10 сол назария, 20 сол амалия. Далер Миҳтоҷев доир ба дирӯзу имрӯзу фардои рассомӣ
10 сол назария, 20 сол амалия. Далер Миҳтоҷев доир ба дирӯзу имрӯзу фардои рассомӣ
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

10 сол назария, 20 сол амалия. Далер Миҳтоҷев доир ба дирӯзу имрӯзу фардои рассомӣ

Нашр шуд

Мо ба дидори рассоми шинохта Далер Миҳтоҷов омадем ва бо эшон доир ба бурду бохти рассомӣ дар кишвар, таваҷҷуҳи зиёди ҷавонон ба касби мазкур ва ҷиҳатҳои хубу бадӣ он суҳбат намудем.

Дар ҷустуҷӯи илҳом

- Дар як рӯз аз чанд то чанд соат кор мекунед?

- Аслан, наметавон гуфт, ки кори эҷодӣ дар фалон соат тамом мешавад ё фалон соатҳо кор мекунаму халос. Аз ҷониби дигар, агар гап танҳо сари кор кардан равад, ман рӯзона аз 2-3 соат то 7-8 соат кор мекунам. Иловатан, ҳатто ҳолатҳое мешаванд, ки шаб хона намеравам.

- Аслан эҷодкорон нақшаи пешакӣ доранд ва вақте субҳ коргоҳ мераванд, аз рӯи нақшаашон кор мекунанд. Шумо ҳам чунин нақшае доред ва умуман назаратон ба нақшакашии эҷодкорон чист? 

- Нақша кашидану аз рӯи он кор кардан хуб аст. Ман ҳам нақша мекашаму ҳам аз рӯи он кор мекунам, вале нақшаҳоям барои пагоҳу пасфардо ба таври умумӣ ҳастанд. Яъне медонам, ки бояд пагоҳ куҷо равам, дар куҷо кор кунам, пасфардо бо кӣ вохӯрам ва боз кадом корҳоро анҷом диҳам. 

- Дар нақшаи Шумо агар пагоҳ кор кардан бошад, пас маълум аст, ки кадом корро мекунед?

- Асарҳои зиёди нотамом дорам, вале наметавонам як рӯз пеш ё як ҳафта пеш нақша бикашам, ки фалон рӯз фалон асарро ба итмом мерасонам, чунки мумкин субҳ вақти ба кор омадан мавзӯеро мушоҳида кунаму дарҳол бо илҳоми тоза болои он кор кунам.

- Илҳом гуфтед, гуфтаи Фрэенк Тиболт ба ёдам омад. Ӯ мегӯяд: “Барои саргарми коре шудан, мунтазири илҳом нашавед. Зеро илҳом дар натиҷаи амал ба миён меояд. Ва нодир аст, ки амалро илҳом ба миён орад”. Ба ҳамин гуфта Шумо чӣ фикр доред?

- Ман ба гуфтаи Фрэенк Тиболт мувофиқам. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳама эҷодкорон як хел нестанд. Дар ҳуҷраи кориам сухани машҳури “Агар рӯзе илҳом ба назди ман наояд, ман ба истиқболи илҳом меравам” овезон аст. Ин гуфта бароям бисёр мувофиқ аст ва ҳамин аст, ки ҳар субҳ 20-30 дақиқа барои ба кор оғоз кардан худро омода мекунаму пасон корро сар мекунам.

- Чӣ гуна худатонро ба кор омода мекунед?

- Фиркҳоямро ба танзим медарорам, ҳушу хаёламро ҷамъ мекунам, ба фалсафаи асаре, ки тасвир карданиям ворид мешавад ва лавозимоти кориро ба тартиби муайян ҷо ба ҷо мегузорам. 

Аз вазифаи рассом то мавқеи баланди кори ҳунарӣ 

- Шахсоне, ки ба намоишҳои асарҳои рассомон, ба осорхонаҳо ё ба рассомони кишвар рафтуо надоранд, фирк мекунанд, ки вазифаи ин касб ва намояндагонаш танҳо тасвири портрет ва манзараҳост. Чун Шумо дар ин соҳа соҳибкасбу соҳибназаред, бигӯед, ки ин касб дар замони мо чӣ вазифа дорад ва рассом бояд чӣ кор кунад? 

- Рассомӣ ба монанди нависандагиву шоирӣ ва таърихнигорӣ вазъи замон, ҳолати фазову муҳит ва зиндагии мардумро инъикос мекунад. Вазифаи рассом бошад инъикоси таъриху фарҳанг аст. Мо ҳар он чизеро, ки тасвир мекунем, бозгӯи вазъи замон аст. 

- Дар бораи қадру қиммати касбу соҳибкасб дар кишвари мо назарҳо гуногунанд, фикри Шумо дар мавриди арҷгузорӣ ба рассом дар Тоҷикистон чист?  

- Таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин касб рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Дар баробари Коллеҷи умуммиҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов боз Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фаъолият дорад. Вале гап агар сари қадру қиммати соҳибкасб равад, пас фикри ман он аст, ки қадри рассом дар ҷомеаи мо рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст.

- Метавонед аз паҳлӯҳои мусбату манфии рассомӣ бигӯед?

- Рассом тарбиякунанда ва мубаллиғи фарҳанг аст. Рассомӣ ба намояндааш ному нон медиҳад. Аз ҷониби дигар, набояд фаромӯш кард, ки боз метавон бовуҷуди рассоми пуртаҷриба будан, бозори гарм надошт. Аз нигоҳи дини Ислом бошад, кашидани сурати махлуқи ҷондор гуноҳ аст.

- Ҷиҳати динӣ Шуморо ба ташвиш меорад?

- Албатта, зеро ман мусалмонам ва хоҳу нохоҳ фикр мекунам ва кӯшиш менамоям, ки дар ин кор ҳам хайре дарёбам. 

Аз қиссаи интихоби касб то ченаки арзиши расм

- Мо медонем, ки бисёре аз соҳибкасбон, ки ҳоло номи хушу нони ҳалол доранд, дар вақти интихоби касб маҳдудиятҳо, мушкилиҳо ва норасоиҳо доштанд. Интихоби касби Шумо чӣ гуна сурат гирифт ва чӣ гуна рассом шудед? 

- Ба рассомӣ аз замони кӯдакиву наврасӣ шавқ доштам, соҳиби бисёр  ифтихорномаву сертификатҳо низ гашта будам, вале ҳеҷ фикре намекардам, ки дар оянда рассом мешавам.  Мехостам дар соҳаи ҳарбӣ фаъолият кунам ва пас аз хатми синфи 8-ум аз волидонам пинҳонӣ ҳуҷҷатҳоямро ба коллеҷи ҳарбӣ супориданӣ будам, аммо аҳли оила ба ин тасмимам зид баромаданд ва маро маҷбуран ба коллеҷи рассомӣ оварданд. Ҳамон замон довталабони рассомӣ ниҳоят зиёд буданд ва барои 1 ҷой 18 нафар мубориза мебурд. Хуллас, дар соли аввал ба коллеҷ шомил шуда натавонистам ва чун чанд рӯз дар иҳотаи рассомону маҳсули эҷоди эшон будам, яку якбора ин пешаро дӯст доштам. Пасон, аз падарам хоҳиш намудам, ки маро дар курси тайёрии коллеҷи мазкур сабти ном кунанд, то барои соли оянда омода шавам. Ҳамин тавр ҳам шуд ва як сол омодагӣ дида, соли дигар ба коллеҷи мазкур дохил шудам.

- Дар ин соҳа чанд сол таҳсил кардеду чанд сол собиқаи корӣ доред?

- Як сол тайёрӣ ба коллеҷ, 4 сол таҳсил дар коллеҷ, 5 сол таҳсил дар Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода ва 6 моҳ такмили ихтисос дар Донишгоҳи давлатии фарҳангии шаҳри Маскав. Яъне ҷамъ 10 солу 6 моҳ дар ин самт илм омӯхта ва наздики 20 сол мешавад, ки кор мекунам. 

 - Барои тасвири расме чӣ лозим аст?

- Хоҳиш, мавзӯъ, тафаккур.

- Чӣ гуна Шумо фармоиш мегирад?

- Фармоиш намегирам, чунки бо фармоиши касе кор карда наметавонам. 

- Яъне офаридаҳои Шуморо мардум меписанданд ва қабул мекунанд? 

- Бале, одамоне ҳастанд, ки асарҳои маро хуш қабул менамоянд, вале дар баробари ин, нафароне низ ҳастанд, ки сабку услуб, мавзӯъ ва мундариҷаи асарҳоям барояшон писанд нест. 

- Ҳар расм як асар аст. Шумо асарҳоятонро чӣ гуна номгузорӣ мекунед?

- Номи асар ба монанди сарлавҳаи матлаби журналистӣ бисёр муҳим аст ва ҳоло дар ин замони часпу талошҳо номи мувофиқ, кӯтоҳ, диққатҷалбкунанда гузоштан 50 фоизи муваффақияти эҷодкор маҳсуб меёбад. Ба ин мазмун бояд бигӯем, ки баъзе асарҳое низ ҳастанд, ки пеш аз худашон номашон тайёр аст, вале дар номгузории қисме аз асарҳо фикри зиёд мекунам, ғами бисёр мехӯрам, аз дӯстон кӯмак мепурсам ва билохира номи мувофиқе мегузорам.

- Киро метавон рассоми воқеӣ гуфт?

- Рассоми воқеӣ нафарест, ки воқеоти замони хостаашро ба ҷомеа равона мекунад. Рассом мардумро аз пушти худ мебарад, на ин ки аз пушти мардум меравад. 

- Қиммати ҳар расмро аз рӯи кадом меъёрҳо муайян мекунанд?

- Дар соҳаи мо меъёри муайянкунандаи арзиши асар ин таҷрибаи рассом аст ва мо аз рӯи таҷрибаи рассом арзиши расмҳоро муайян мекунем.

Чанд тавсия ва як хоста

- Киҳо метавонанд довлатаби касби рассомӣ шаванд?

-  Нафаре, ки хоҳиши зиёд дошта бошад. Нафаре, ки фидоӣ бошад, яъне аз душвориҳо натарсад. Ва бояд гуфт, ки агар барои журналист шудан танҳо қаламу коғаз лозим бошад, пас барои рассом шудан талаботи моддӣ ҳам ҳаст, ки бояд лавозимоти заруриро ҳар рассомшаванда бо худ дошта бошад.

- Барои рассом шудан бояд дар куҷо ва чӣ тавр таҳсил кард?

- Шукр мо дар бобати таълими ин касб шароити хуб дорем. Як коллеҷ ва як мактаби олӣ имрӯз ба омода кардани кадрҳои рассомӣ машғуланд. Ба қисмати дуюми саволатон бояд бигӯям, ки яке аз сабабҳои хуб таҳсил кардан агар доштани хоҳишу завқ бошад, пас дуюм, ёфтани муаллими хуб мебошад. 

- Ҳоло дар баробари хеле зиёд будани рассомони ҷавон, метавон гуфт, ки ин соҳа боз ҳам ба довталабони нав ниёз дорад?

- Ниёз дорад, зеро на ҳама довталабон хатм мекунанд ва на ҳама хатмкунандагон мутахассис мешаванд.

Хеле мехоҳам, ки ояндаи ин касби нодир неку зебо бошад.


Донишҷӯёни тоҷик дар Русия яке аз иттиҳодҳои муваффақтаринро эҷод кардаанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(135) "Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "21897"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(90) "/tj/articles/talk/to_iri_20_solai_muvaffa_amsolonam_boyad_muayyan_kunand_ki_ch_mekho_and_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "7051"
  ["CODE"]=>
  string(71) "to_iri_20_solai_muvaffa_amsolonam_boyad_muayyan_kunand_ki_ch_mekho_and_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "7051"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(115) "Зайтуна Сайдуллоева:  “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "21569"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(76) "/tj/articles/talk/zaytuna_saydulloeva_moro_meboyad_ki_in_olab_oro_shikanem_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6942"
  ["CODE"]=>
  string(57) "zaytuna_saydulloeva_moro_meboyad_ki_in_olab_oro_shikanem_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6942"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Зайтуна Сайдуллоева: “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(128) "“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20787"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(90) "/tj/articles/our_people/bargasht_ba_kori_d_stdoshta_zindag_va_kori_olibi_ta_mina_is_a_ova/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6685"
  ["CODE"]=>
  string(65) "bargasht_ba_kori_d_stdoshta_zindag_va_kori_olibi_ta_mina_is_a_ova"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6685"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(110) "Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20578"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "14348"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(80) "/tj/articles/networks/energetik_astronom_va_tar_ibgari_ilm_parvizi_orzu_ul_kist/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6618"
  ["CODE"]=>
  string(57) "energetik_astronom_va_tar_ibgari_ilm_parvizi_orzu_ul_kist"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6618"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?

Другие новости