“Намоҳанг фиреби мухлис аст”. Нигоҳе ба рӯзгори пуршебу фарози Шуҳрат Сайнаков
Нашр шуд
Шуҳрат Сайнаков овозхони хушноми тоҷик буда, наздики 30 сол мешавад, ки дар ҷодаи ҳунар устуворона гом мезанад. Ӯ бо таронаҳои пуршӯри ошиқонаву орифонааш дили ошиқони савту наворо ба шӯр меорад ва аз қадам задан дар ин масир хаста намешавад.
Муаллифи Halva.tj бо Шуҳрат Сайнаков ҳамсуҳбат шуда, дар бораи тарбияву ташаккул ва рӯзгору пайроҳаи ҳунарии ин сароянда қисса кард.
ЁДИ КӮДАКӢ
Шуҳрат Сайнаков дар оғози суҳбат ба ёд овард, ки ҳини хурдӣ субҳи барвақт модараш шири гов медӯшиду ширчой мепухт. Ба гӯспанду мурғон обу коҳу дон медод ва баъди наҳорӣ ҳамроҳи фарзандон ба мактаб мешитофт.
“Модарам – Сайлон Амзалиева, донишомӯхтаи Донишгоҳи омӯзгории Рӯдакии шаҳри Кӯлоб буда, солҳои зиёд дар мактаби миёнаи №8-и деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон аз фанни забон ва адабиёти рус ба донишомӯзон сабақ додааст. Ҳоло 75 сол дорад. Ӯ ҳам омӯзгор ва ҳам чевари номии деҳа буду пироҳанҳои хурду бузургро медӯхт. Гоҳе зане тифле дар даст дари манзили моро мекӯбид, то модарам ба кӯдак доғ гузорад. Аз бибиам, ки табиби халқӣ буд, доғмониро омӯхта буд. Пушти кӯдакони гирёнчакро бо чӯби махсус, ки аз дарахти кӯҳие оварда мешуд, андаке месӯзонду бо ҳамин кӯдак аз гиря мемонд. Кадбонуи хубе буд, аммо мо, ки ширинидӯстдор будем, аз ғизо рӯ метофтем. Модар нороҳат мешуду мегуфт: «Шаҳр хонданӣ ки рафтӣ, баъд мефаҳмӣ мазаи ғизоҳои маро»”, - бо табассум ба ёд овард ин ҳунарманд.
ДУЗДӢ АЗ САНДУҚИ МОДАР
Ин сароянда гуфт, замони бачагии онҳо мардум қанду шириниҳоро «барои меҳмон» гуфта, дар сандуқча нигоҳ медоштанд. Модари ӯ ҳам калиди сандуқчаро ҳар куҷое пинҳон мекард, Шуҳрат ба зудӣ меёфт. Ҳар рӯз қанд медуздиду ҳаловат мебурд.
“Рӯзе, ки меҳмон меомад, модар сандуқчаро мекушоду медид, ки чизе нест. Дармеёфт, ки кори ман аст. Бо таассуф накуҳиш мекард, ки ҳоло дастонатро таги санг хоҳам монд. Аммо оромтабиату босабр аст модари ман, ки ниҳоят дили бузург дорад. Боз мебахшиду чизе намегуфт”, - бо ханда нақл кард Шуҳрат Сайнаков.ҲАР ШОМ БА ДАРС ОМОДАГӢ МЕДИДАМ
Ҳар шом баъди тановули таом модар фарзандонро таъкид мекард, ки супоришҳои омӯзгорро иҷро кунанд ва худ паси миз менишасту барои рӯзи фардо ёддошт менавишт. Шуҳрат аз миёни ҳафт фарзанди хонавода камхобтарин буд. Ӯ ҳар шаб аз болин сар мебардошту медид, ки модар ҳанӯз ҳам менависад.
ШИРЧОЙИ ПАДАР“Ҳусни хатти зебояш буд, ки айёми таътил ҳама омӯзгорон рухсатӣ мерафтанду модарам дар мактаб мемонд ва гувоҳиномаи хатмкардагонро менавишт. Дар хурдсолӣ ба ман низ дарс додааст. Мехостам чун фарзанди омӯзгор босавод бошам, аммо ниҳоят шармгин будам. Ҳине ки ҳамсинфонро сахт мегирифт, дар хона аз ӯ илтиҷо мекардам, ки дигар ин корро накунад, аммо ҳамсинфонам дар танаффус гирдаш ҷамъ меомаданду дарди дил мекарданд. Шогирдонаш ҳоло аксарият наберадоранд, вале ҳар куҷое маро бинанд, аввал аз аҳволи модарам мепурсанд”, - гуфт ӯ.
Падари овозхон низ омӯзгор буду дар мактаб аз фанҳои кимиё ва зистшиносӣ дарс мегуфт. Соли 2018 падар реҳлат карду доғе дар қалби хонавода ниҳод.
“Худобиёмурз падарам бо модарам ниҳоят меҳрyбон буданду гоҳо барои пуштибонии ӯ ширчой мепухтанд. Ҳар ду дар хона ахбори русиро бодиққат гӯш мекарданд ва аз таассуроти худ мегуфтанд. Мо, ки русиро намефаҳмидем, бо ҳавас ба онҳо менигаристем”, - гуфт вай.
ДУРӢ АЗ ХОНАВОДА ДАР ПОЙТАХТ
Шуҳрат соли 1991 дабиристонро ба поён расониду барои идомаи таҳсил озими пойтахт шуд. Модар барояш билети ҳавопаймо хариду миқдоре пул ба ҷайбам гузошт. Интизории онҳо дар фурудгоҳ тӯл кашид ва ин муддат модар ду маротибаи дигар боз ба ҷайбаш пул гузошт. Овозхон мегӯяд, он замон зиёд ғамгин шуд, ки модараш охирин пасандози худро барои фарзанди равонаи роҳи дураш бахшид, ҳол он ки шаш фарзанди дигарро дар хона парасторӣ мекард. Бародари калонӣ чун ношунаво буд, модар бештар ба ӯ мерасид.
“Дар фурудгоҳи Душанбе аз ҳавопаймо фаромадаму ба худ қавл додам, ки ба аҳли хонавода дигар сарборӣ нахоҳам гашт. Донишҷӯ шудаму дар хобгоҳ ҷой гирифтам. Ҳар боре, ки падару модар занг мезаданд, худро серу пур вонамуд мекардаму мегуфтам, ки ба чизе ниёз надорам. Онҳо хушнуд мешуданд, вале ҳамеша пул фиристода меистоданд”, - гуфт ӯ.ҶУФТИ ГУЛУ БУЛБУЛ
Чанде пас ӯ ноновари хонадон шуду соли 2007 оиладор гашт. Бар замми ин барои таҳсили бародару хоҳарон ёрмандӣ карду онҳоро вориди донишгоҳ кард.
“Хусурам вақти табрик дар сур гуфт: «Мо ба хонадони шумо гул додем». Навбати сухан ба модарам расид ва ӯ гуфт: «Шумо ба мо гул додед, мо ба шумо булбул». Ин вақт ҳама аз ҷой хестанду қарсакҳои меҳмонон то дер идома ёфт”, - қисса кард ин овозхон.ИШҚУ ХИЁНАТ МАВЗУЪИ МАН НЕСТ
Шуҳрат бар хилофи дигар сарояндагон, ки мавзуъи асосии эҷодиёташонро ишқу муҳаббат, дарду кулфат ё ҷудоиву хиёнат ташкил медиҳад, аслан дар бораи ватандӯстӣ месарояд. Ба иқрори худаш сабаби асосии интихоби мавзуъи мазкур муҳаббати беандоза доштан нисбати ватан мебошад ва ин аст, ки бештари таронаҳояш маҳз васфи Тоҷикистон ҳастанд. Ӯ мегӯяд, ишқу хиёнат мавзуъҳояш нестанд ва ҳаргиз дар ин бора чизе нахоҳад хонд.
Ҳамзамон ӯ сабки худро дошта, ба касе тақлид намекунад ва ин аст, ки дар ҷодаи интихобкардааш муваффақ шуд.
“Ман ҳамеша кӯшиш мекунам ба касе тақлид накунам ва сабки худро дошта бошам. Баъдан умри инсонӣ ниҳоят кӯтоҳ аст ва мо бояд аз худ як ному нишоне гузорем. Кӯшиш мекунам, ки миёни дигар ҳунармандон фарқ карда истам. Аз ин рӯ пайваста талош мекунам, ки сирф тоҷикӣ сароям. Яъне на бадахшонӣ, на хатлонӣ ва на зарафшонӣ, пурра тоҷикӣ ва ин ҳадафи ман аст”, - мегӯяд ин ҳунарманд.ЛИБОСИ БАДАХШОНӢ НЕСТ, МИЛЛИСТ
Сароянда дар тамоми кансерту базмҳо ва ҳунарнамоиҳояш ҳамеша либосҳои бадахшонӣ ба бар мекунад. Бархеҳо дар шарҳи ин ҳунарнамоиҳо сарояндаро маҳалгаро номида, ин амали ӯро тарғиби либоси бадахшонӣ медонанд, вале овозхон ин ҳамаро рад карда, гуфт, либосҳои бадахшониро ба хотири маҳалгароӣ намепӯшад, балки ба хотири либоси миллӣ буданаш ба бар мекунад.
“Ин ифтихори миллати мост. Вақте ба хориҷа меравию дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунӣ, касе намегӯяд, ки ин либоси мардуми Бадахшон аст, балки либоси тоҷикӣ аст мегӯянд. Масалан вақте ба Туркия, Эрон, Белорус, Укроин ва дигар кишварҳо рафтем, ман бо ҳамин гуна либос тарона иҷро карда будам, ки мардуми хориҷа онро ҳамчун либоси миллии тоҷикӣ пазируфтанд. Азбаски либоси мо ба либоси миллии мардуми Белорус монанд аст, онҳо ба ман гуфтанд, ки чаро чунин либос пӯшидам. Ман гуфтам, ки ин либоси миллии мо аст”, - гуфт Шуҳрат Сайнаков.ТАВАҶҶУҲ БА ҲУНАРУ ДУРӢ АЗ ДАРС
Шуҳрат нақл кард, ки ҳангоми таҳсил дар синфи 5 навохтанро омӯхт ва ин шавқи аввалини ӯ буд. То синфи 5 бо баҳои аъло таҳсил мекард, аммо вақте дилбастагияш ба ҳунар зиёд шуд, оҳиста-оҳиста нисбати мактаб камтаваҷҷуҳ шуду таваҷҷуҳаш нисбати сурудхониву навохтан бештар буд.
“Дар оилаи мо ба ҷуз аз ман дигар ҳама омӯзгор ҳастанд. Ман низ омӯзгор ҳастам, ҳаргиз аз ин пеша комилан даст накашидаам. Пас аз хатми донишкадаи суруд ва мусиқии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон тӯли 10 сол ба донишҷӯёни ин даргоҳ дарс гуфтам. Ин роҳе, ки ман дар айни замон интихоб кардаам, бароям ниҳоят муҳим аст. Гумон мекунам, агар ман омӯзгор мемондам, шояд аз ин роҳ оҳиста-оҳиста дур мешудам”, - гуфт ин овозхон.ОВОЗХОН АЗ ХОНАВОДАИ КАМУНИСТ
Ба таъкиди Шуҳрат, хонаводаи онҳо ҳама камунист ҳастанд ва вақте хатмкунандаи мактаб буд, аз хона пурсиданд, ки нияти идомаи таҳсилро дорад ё не. «Албатта, ният дорам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи ҳунарҳои зебо супорам», - гуфта ҷавоб дод.
“Вале аҳли хонавода зид баромаданд. Баъдан ҳуҷҷатҳоямро ба донишкадаи суруд ва мусиқии Донишгоҳи омӯзгорӣ супурдам. Замони донишомӯзӣ вақте акардиён навохта, суруд мехондам, ба аҳли оила чандон писанд набуд. Аз ин рӯ асбобҳои мусиқиро аз онҳо пинҳонӣ менавохтам. Вале чун дилам ба Худованд наздик аст, ба мақсад расидам. Агар ба хости хонаводаам мекардам, шояд ман имрӯз ҳеч кас намешудам”, - идома дод ӯ.
ДУЗДИИ ГИТОР ДАР КАНСЕРТ
Ӯ бо сабабҳои нооромӣ дар кишвар донишгоҳро дертар хатм кард. Чун дар кишвар ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ идома дошт, кӯшиш мекард бештар ҳунарнамоӣ карда, дастмузд ёбаду ҳам рӯзгори худу ҳам хонадонашро чархонад.
“Моҳи марти солҳои 1998 дар маҳаллаи Ваданасоси пойтахт як рӯз пеш аз кaнсертамон ҳамроҳи гурӯҳи навозандагон, ки тамоми асбобҳои мусиқӣ дар дастамон буд, як гурӯҳи номаълуме омада, гиторамонро аз дастамон гирифтанд. Гапамон бо онҳо гурехту баъдан рафтем. Ана ҳамин боис гашт, ки то ҳол ман ҳудуди маҳаллаи мазкурро дӯст намедорам ва дар назарам сиёҳ менамояд. Аммо мо пагоҳаш аз дигар ҷо гитор пайдо карда, 6-уми март кансерти калон баргузор кардем. Бо ин ҳама гирифтани асбобро ҳеч гоҳ аз ёд бароварда наметавонам ва он рӯзро ҳамчун рӯзи бад ба хотир меорам”, - гуфт Шуҳрат.ЗАНГИРИИ БОТАЪХИР
Ин овозхон ҳоло 49-сола буда, соҳиби ду фарзанд – як писару як духтар аст. Ӯ қабл аз оиладорӣ пеши худаш ҳадаф гузошт, ки дар ҳунар ба ҷойгоҳи муайян бирасад ва баъдан хонадор шавад. Ҳамин тавр дар 34-солагӣ оиладор шудааст.
ПУРСИШИ ЯК НОШИНОС ВА СОЗМОНДИҲИИ “РАВШАНДИЛОНИ РӮШОН”“Падарам кам-кам ишора мекарданд, ки бояд зан гирам, вале ман мегуфтам, ки ҳоло омода нестам ва бо ҳамин дигар суҳбати мо тез намешуд”,- зикр кард ӯ.
Гурӯҳи “Равшандилони Рӯшон”-ро ҳамагон бо таронаҳои ватандӯстона, қабои сафеду шероздор ва тоқиҳои гирди сабзу сурхи бадахшонӣ мешиносанд. Ин гурӯҳ 13-уми декабри соли 1999 бо раҳбарии Шуҳрат Сайнаков созмон дода шудааст. То имрӯз “Равшандилони Рӯшон” садҳо таронаи ватандӯстиву лирикӣ, фалак ва жанрҳои гуногунро пешкаши мухлисон кардааст.
Номгузории гурӯҳи “Равшандилони Рӯшон” ба ҳодисаи аҷибе пайвандӣ дорад. Шуҳрат Сайнаков бо баргузидани ин ном ҳадаф дошт, то зодгоҳаш – ноҳияи Рӯшонро дар кулли Тоҷикистон шиносанд.
“Соли 1995 буд. Чун ман дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба Бадахшон гуреза шуда будам, дубора соли 1995 ба Душанбе бозгаштам. Рӯзе дар кӯчаҳои Душанбе гурӯҳе аз ҷавонон аз ман пурсон шуданд, ки “ай куҷо мешавӣ?” - чун ман посух додам аз Рӯшон, ба онҳо на он қадaр ин макон маълум буд. Пас мақсад гузоштам, ки бигзор тавассути номгузории гурӯҳамон кулли Тоҷикистон ноҳияи Рӯшонро шиносанд”, - ба ёд овард ин овозхон.БОЗХОНӢ ВА ҲАМКОРӢ БО МУБОРАКШОҲ
Нахустин кансерти гурӯҳи “Равшандилони Рӯшон” рӯзи таъсиси гурӯҳ – 13-уми декабри соли 1999 баргузор шуд. Рӯзи 30-уми декабри соли 1999 дувумин барномаи бузурги кансертии ин гурӯҳ дар сохтмони “Сирки давлатӣ” ва 6-уми марти соли 2000 дар толори “Кохи Борбад” сурат гирифт, ки дар он овозхони саршинос шодравон Муборакшоҳ низ ширкат дошт.
“Ман аввал дар сурҳо таронаҳои Муборакшоҳро иҷро мекардам, вале пасон қарор додам, ки барои муваффақ шудан бояд эҷодиёт шахсӣ бошад. Баъдан бо Муборакшоҳ ҳамкорӣ мекардам, оҳангҳоямро ба ӯ нишон медодам ва он кас баррасӣ мекарданду машварат медоданд. Дар ёд дорам, Муборакшоҳ се-чор сурудамонро гӯш карду гуфт, чӣ гуна шумо ҷуръат кардед дар чунин толори бузург кансерт баргузор кунед. Мо гуфтем, бояд ҷуръат кард то муваффақ шуд. Ӯ ҳам он ҷо суруд хонд”, - гуфт Шуҳрат.
ТӮЙУ СУР ДАРОМАДИ АСОСӢ АСТ
Имрӯз дар Тоҷикистон даромади асосии ҳунармандон аз ҳисоби суру маърака ҳаст. Ин ягона роҳи хуби дарёфти рӯзӣ барои ҳунармандони тоҷик аст. Шуҳрат Сайнаков мегӯяд, ҳунармандони тоҷик имрӯз ҳамагӣ ба тӯйу маърака вобаста ҳастанд.
“Тӯйу маърака набошад, мумкин аст як рӯз ҳам дар мусиқӣ намемонем. Мо барои сабти як суруд то 2,5 ҳазор сомонӣ сарф мекунем. Агар ин пулро аз тӯй пайдо накунӣ, дигар аз куҷо метавон ёфт. Дар кори давлатӣ музди кории мо кам аст, бо ин маблағ бояд чӣ кунем, зиндагӣ пеш барем ё суруд эҷод кунем?”, - мепурсад Шуҳрат Сайнаков.ЗИДДИ ФОНОГРАММА ВА КЛИП
Ба пурсиши он ки «Ба фонограмма чӣ назар доред?» мавсуф гуфт, ки зидди фонограммахонӣ буда, дар кансерти алоҳидаи худ ҳар сароянда вазифадор аст, ки бо овози зиндаи хеш назди мухлисонаш ҳунарнамоӣ кунад. Шуҳрат Сайнаков ҳамчунин таъкид кард, ки ӯ ҳеч гоҳ намоҳанг (клип)-ро қабул надошта, зидди ин падидаи асри 21 аст.
“Ман аз аввал зидди намоҳанг будаму ҳастам ва хоҳам монд. Намоҳанг фанди ҳаводорон аст. Саронда бояд симои асосияшро ба мухлисонаш нишон диҳад, бояд дар саҳнаҳои калон дар назди мухлисонаш бо овози зинда ва чеҳраи аслияш ҳунарнамоӣ кунад. Пештар устодони бузурги мо на намоҳанг мегуфтанд, на фонограмма. Ҳама бо овози зиндаи худ, бо чеҳраи аслии хеш ҳунарнамоӣ мекарданд. Аммо касе намегуфт, ки «фалонӣ намоҳанг насохт», ҳама онҳоро дӯст медоштанду гӯш мекарданд. Ана инро ҳунари асил мегӯянд, ҳамқадами замон будан хуб аст, аммо асил будан беҳтар аст”, - гуфт ин сароянда.ЗИНДАГИНОМАИ ШУҲРАТ САНГАКОВ
Шуҳрат Сайнаков, 17-уми сентябри соли 1974 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон дар хонадони омӯзгор ба дунё омадааст.
Ӯ соли 1991 дабиристони №8-и деҳаи мазкурро ба поён расонида, ба донишкадаи мусиқӣ ва суруди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуд, вале бинобар сабабҳои нооромӣ дар кишвар ин донишгоҳро соли 1998 хатм кард
Баъди анҷоми таҳсил тӯли 10 сол дар ҳамин даргоҳ ҳамчун муаллим кор кард.
Дар айни замон дар Гурӯҳи давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радио фаъолият карда, миёни мардум бо иҷрои таронаҳои ватандӯстӣ маҳбубият пайдо кардааст.
Шуҳрат Сайнаков оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед