Мошинсавори шик дар филму пиёда дар зиндагӣ: Манзура Саидова гуфт, дар саҳнаи ҳунару пушти он чӣ мегузарад
Нашр шуд
Ба саҳнаи ҳунари Тоҷикистон чеҳраҳои нав ворид мешаванд, ки ҳунарпешаи ҷавони Театри давлатии намунавии минатураи «Оина», Манзура Саидова аз ҷумлаи онҳост. Вай чанд вақти охир минҳайси як бозигари муваффақ ва ровию дикломсаро дар фазои адабу ҳунари кишвар соҳиби ҷойгоҳ шудааст. Ӯро ҳам дар саҳнаи театр, ҳам дар филмҳои кӯтоҳи телевизионӣ ва ҳам садогузории филмҳои хориҷӣ метавон дид.
Манзура 9 феврали соли 1997 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омад. Дар деҳа камол ёфт ва дар шаҳр ба таҳсили олӣ пардохт дар дигар ришта, вале чун ҳунар дилашро тасхир карда буд, ҳамаро канор гузошта рӯи саҳна омад.
Муаллифи Halva.tj ба суроғи Манзура рафт ва бо ӯ чандин масъалаҳои марбут ба ҳунар ва пазироии як ҳунарманди бонуро дар ҷомеа матраҳ кард. Ҳамсуҳбатамон дар мисоли рӯзгори худ хеле аз асрори паси саҳнаро кушод, ки фишурдаашро дар ин мусоҳиба пешниҳодатон мегардонем.
- Ҳунарманд будани як зан дар ҷомеаи мо то куҷо мушкил аст?
- Барои духтар ё зан дар ҷомеаи имрӯзи тоҷик ҳунарманд будан осон нест. Аз ҷумла, барои ман ин санъат осон ба даст наомад. Зеро вақте ки зан вориди саҳна мешаваду зиндагиашро як тараф мегузорад, мавриди баррасии ҷомеа қарор мегирад. Вақте ки як духтар ҳунарпеша аст, дидҳо нисбаташ дигаргунаанд, ӯро бо ангушт ишора мекунанд ва рӯзгору саҳнаашро як мепиндоранд. Яъне, баъзе аз афроди ҷомеаи мо ба ҳунари бозигарии як духтари ҷавон на он қадар хушбин аст ва дар мавридаш носазое ҳам мегӯянд.
- Назари хонаводаатон дар боби интихоби шумо чӣ гуна аст?
- Модарам аз оғоз розӣ набуданд ва ҳоло ҳам ризо нестанд, ки ман ҳунарманд бошам. Вақте ки бори аввал ман дар як намоҳанги овозхони номдор Эркин Одинаев нақши модари ҷавонро офаридам ҳамроҳ бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, модарам нахостанд, ки ман ин корамро идома диҳам. Вале падарам чун пурсиданд, ки оё ин пеша писандам асту посухи мусбат гирифтанд, ризоият доданд ва ман аз ҳамон замон роҳ ёфтам ба саҳнаҳои бузурги ҳунарӣ.
- Оммавӣ будани ҳунарманду фаъолияташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ бурду чӣ бохт дорад?
- Ҳунарманд набояд зиндагии пасипардагии худашро пурра ба мухлис нишон диҳад. Ба назари ман, тамошобин бояд интизор бошад ва ҳатто пазмон шавад, ки чизе аз зиндагии ҳунарманди дӯстдошташро донад ё навгониеро аз ӯ бинад. Аз ҳад зиёд фаъол будан кори хуб нест, чунки як ҳунарманд вақте ки дар ҳамаи мавзӯъҳо назар медиҳад, рӯзгори ӯ барои мухлис дигар ҷолиб намешавад ва худаш ҳам ба қатори афродӣ одӣ ворид мешавад. Яъне, зиндагии шахсии ҳунарманд барои бинанда бояд андаке дастнорас бошад.
- Шумо дар аввал дар риштаи омӯзгорӣ мехондед. Чаро якбора тарки ин ҷода карда, ба ҳунар рӯй овардед.
- Ман дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода аз рӯи ихтисоси режиссураи чорабиниҳо ба шакли фосилавӣ таҳсил кардам. Ҳарчанд, дар оғоз ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дохил шуда будам, вале якбора ба ҳунармандӣ рӯй оварда, аз баҳри омӯзгорӣ гузаштам. Зеро дар солҳои охири таҳсил оилдор шуда, аз таҳсил канор рафтам. Вале баъд дигар барқарор нашудам. Ҳамин тавр, бо тавсияи устод Асланшоҳ Раҳматуллоев, ки саркоргардони театри мо ҳастанд, ба ихтисоси режиссура дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кардам.
- Зиёд диклому шеърҳо бо оҳанги маҳзун мехонед. Оё фалсафаи онҳо ба рӯзгоратон рабт дорад?
- Ман дикломсароиро дӯст медорам, зеро мазмуни аксари онҳо ба ман наздик асту қалбамро таскин мебахшанд. Албатта, баъзе аз ҷузъиётҳои таронаҳои хондаам ба рӯзгори худам пайвастагие дораду маънои ҳаётамро ифода мекунад, вале на ҳамеша аз қисмати худ мегӯям. Балки он чизеро мехонам, ки писанди хотирам гашта, руҳу қалбамро ором кунад. Албатта, чунин матнҳо ҳамеша оҳанги маҳзунӣ доранд. Бинобар ин, бештар маҳзун мебароянд.
- Чаро аксари ҳунармандони маъруфи мо розӣ мешаванд, то дар филмҳои кӯчагӣ ҳам ҳузур ёбанд?
- Барои пул. Чунки чунин коргардонҳо маблағи хуб медиҳанд, ки ҳатто баъзан дар чaнд рӯз мешавад маоши моҳонаро кор кард. Азбаски ҳаққи заҳмати ҳунарманд на он қадар гарон аст, онҳо маҷбур мешаванд, ки ба дигар воситаҳо низ рӯзгорашонро пеш баранд, ки якеаш ҳамин аст.
- Нақше буд, ки напазируфтаед?
- Бале. Ҳарчанд, музди хубе дошт, вале он ин нақш метавонист маро тамоман дигаргуна ва берун аз ахлоқ нишон диҳад, қабул накардам. Аслан, ҳар як нақшро пеш аз оне, ки қабул мекунам, сари он меандешам ва характеру образашро таҳлил мекунам. Агар он ба ман мувофиқ бошад, розӣ мешавам.
- Манзура дар ду ҷабҳа. Шумо дар зиндагӣ ва ҳам дар саҳна аз ҳамигар чӣ фарқ доред?
- Дар зиндагӣ ман ҳамин гунаеам, ки ҳоло бо шумо суҳбат дорам, вале дар саҳна ман Манзура нестам, балки ҳамон образам. Вақте ки коргардон нақшеро бовар карда, бар уҳдаи ман месупораду чеҳраи як нафарро дар симои ман мебинад, ман бояд бинанда ва коргардонро муътақид кунам, ки ба боварии онҳо сазовор шудааму ман ҳамон образам. Зеро вақте ки ҳунарманд аз уҳдаи иҷрои нақшаш баромада наметавонад, эътиқоди мухлисон ҳам аз ӯ мегурезад ва онҳо дарҳол дарк мекунанд, ки дар саҳна на як ҳунарманд ё образ, балки Манзура бозӣ дорад. Барои ҳамин, ман дар зиндагӣ одиам, вале дар саҳна соҳиби характери қаҳрамонҳои алоҳида дар ҳар намоишнома.
- Кадом филмҳои офаридаатонро бештар меписандед ва нақшҳои шумо аз ҳамдигар чӣ тафовутҳо доштанд?
- Аввалин бозигарии касбии ман дар филми “Охирин сайди сайёд”-и коргардони номдор Муҳаммадрабии Исмоил буд. Баъди ин, ӯ маро ба филми “Эҳтиром” дар нақши асосӣ даъват кард, ки образаш ҷолиб буд. Яъне, як нафар роҳбари зан (Манзура Саидова) ҳар субҳ чизе пӯхта, ба посбон (Султонмуроди Бобомурод) меовард, то дар ҳаққи фарзандаш дуо кунад. Яъне, ин аст эҳтиром. Сипас, бо Раҷабалӣ Ибронӣ филмҳои зиёди тарбиявӣ сабт кардем, ки дар ҳар кадомашон нақшҳои гуногун доштам. Дар маҷмӯъ, дар чандин образҳо будам, ки ҳамаашон аз ҳамдигар тафовут доштанд.
- Розиед, ки фарзандатон ҳам бо роҳи шумо қадам занад?
- Не. Ман ҳеҷ гоҳ намехоҳам, ки писарам бо пайроҳаи ман равад, зеро кори ҳунарварӣ осон нест ва хӯрдани ин нон муфт ба даст намеояд. Албатта, бинанда намоиши тайёрро мебинад, вале душвориҳои паси саҳнаро намешавад нишон дод. Масалан, ёдам ҳаст, ки ман кӯдаки семоҳаамро гузошта, то соати 1-и шаб дар барфбодҳои сарди зимистон дар деҳаи Зиддии Варзоб нақшамро сабт кардам. Инро тамошобин намефаҳмад ва намебинад. Ин азобро ман медонаму коргардон. Дар театр ҳам борҳо дар рӯи фарши сард то нисфи шаб заҳматҳо кашидем, ба хотири оне, ки бинандаро хушҳол созем. Вале, чун талаботи корамон ҳамин аст, бояд анҷом диҳем.
- Рӯзгори як ҳунарманд чӣ гуна аст?
- Албатта, ҳунарманд нафари сарватманд нест, дар мисоли худам. Балки сарвати ӯ ҳамин ҳунараш аст. Дар ҳақиқат, аксари бинандаҳои мо вақте ки дар филм ё саҳна ҳунармандро бо мошинҳои гаронбаҳову либосҳои шик ва дар хонаҳои баландошёнаҳои замонавӣ мебинанд, фикр мекунанд, ки рӯзгори пасипардагии ӯ ҳам ҳамин гуна аст. Вале дар асл не. Аксари ҳунармандони мо бо нақлиёти ҷамъиятӣ ё ҳатто пойи пиёда мегарданд. Инро баъзеҳо шояд хоксорӣ ҳам андешанд, вале ин рӯзгори воқеии онҳост ва маълум аст, ки дар асл нақлиёт надоранд.
- Чаро имрӯз коргардонҳои мо дар филмҳояшон нақши марказиро худашон мебозанд. Ин чӣ маъно дорад? Ба дигарон бовар надоранд ё барои худашон филмро сабт мекунанд?
- Аслан, ман ин корро қабул надорам. Дар саҳна ҳар кас бояд кори худашро кунад. Дар ҳақиқат, имрӯз баъзеҳо ҳам коргардон, ҳам муаллифи сенария ва ҳам ҳунарманди асосӣ худашонанд. Ман ба иззати нафси касе расиданӣ нестам, вале бояд бигӯям, ки як нафар наметавонад ба қавле холаи ҳамакора бишавад. Пас, коргардон бояд кори худашро кунаду наворбардор аз худашро ва ҳунарманд пайи иҷрои нақшаш равад. Фикр мекунам, чунин филмҳо барои шуҳрат сабт мешаванд ва коргардонҳо ҳам мехоҳанд, ки худро тавассути худашон машҳур кунанд.
- Барои кӣ ва ё бо кадом рисолат зиндагӣ доред?
- Маънои зиндагии ман фарзандам аст. Агарчи гоҳҳо мешавад, ки ҳафтаҳо аз паси сабт мераваму аз дидораш дур мемонам, вале ин ҳама ба хотири фарзандам аст. Умедворам, ки ӯ дар оянда бузург шуда, маро мефаҳмад.
- Сипос барои суҳбат. Барор дар коратон!
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед