Ru  | Tj
Асал, оромии руҳӣ, даромад: Келини занбӯрпарвар аз шириниҳои кораш гуфт
Асал, оромии руҳӣ, даромад: Келини занбӯрпарвар аз шириниҳои кораш гуфт
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Асал, оромии руҳӣ, даромад: Келини занбӯрпарвар аз шириниҳои кораш гуфт

Нашр шуд

Дилором Алланова ба оилаи занбӯрпарвар келин шуду бо занбӯрҳо қарин гашт ва фаҳмид, ки ширинии ин кор танҳо дар як асал нест.  Ӯ алакай таҷрибаи 8-солаи занбӯрпарварӣ дораду фурсат меёбад, баробари нигоҳубини хонадон, боз омӯзгорӣ кунад.  

Аслан дар деҳотҷой, вазифаи асосии арӯси хонадон пухтупаз, шустушӯйи либосу рӯбучини хона ё худ тарбияи фарзандон асту анҷом додани кори рӯзгордорӣ, аммо Дилором, келини мо, ба ҳама кор расидагӣ намуда, боз занбӯрпарварӣ ҳам мекунад, мегӯяд Фотима Сатторова, хушдомани Дилором.
Бино ба нақли ӯ, Дилором ҳанӯз соли 2016 ба хонадони онҳо келин шуда омад. Чун оилаи эшон, дар баробари деҳқонӣ, занбӯри асалпарварӣ ҳам мекунанд, диққати арӯси хонадонро ин шуғл ба худ ҷалб намуд.


Зиёд мешунидам, ки нигоҳубини занбӯри асал ба кас руҳу илҳоми тоза ва оромиш мебахшад,мегӯяд Дилором.

 – Ман, ки ба хонадони занбӯри асалпарвар келин шуда омадам, кунҷковона, мехостам ин ҳама шунидаро дар амал санҷам. Бо мурури вақт, эҳсос кардам, ки ҳама шунидаҳоям воқеият дорад. Зеро занбӯрпарварӣ кори осон ва шавқовар аст. Онҳое, ки ба ин кор машғул мешаванд зиқ намегарданд, асабҳояшон ҳамеша ором аст. Аз ин рӯ пас аз анҷоми кори хона, ба шавҳару хусурам дар нигоҳубини занбӯрҳо кумак мерасонам. 

– Дар аввал Дилором танҳо талош мекард ба шавҳари худ, дасти кумак расонад, қисса мекунад падаршавҳари Дилором.

 – Гоҳо бари ӯ рост шуда, худро ҳамчун занбӯрпарвар нишон медод. Чун шавҳар дид, бо завқ завҷаи ӯ барои аз худ кардани нозукиҳои занбӯрпарварӣ талош менамояд, Дилоромро ба омӯзонидан пардохт. Ҳамин тариқ ду ҷуфти дилдода, вақтҳои холигӣ канори ҳам ба нигоҳубини занбӯрҳо машғул мегаштанд.   

Кумак расонида,  занбӯрпарвар шуд  

Ҳарчанд Дилором замони ба занбӯрпарварӣ шуғл варзидан, донишҷӯ буду пас аз хатми Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар ва ба камол расидани фарзандон, медонист, мисли шавҳар ӯ  низ ба омӯзгорӣ машғул гашта, насли наврасро тарбия мекунад, аммо омӯзиши кори занбӯрпарвариро ҳам тарк накард. Назди худ мақсад гузошт, то занбӯри асалпарварӣ ҳамеша барояш шуғли дӯстдошта боқӣ монад.

Аз келини оилаи Аллановҳо шуданам, ҳамакнун 8 сол сипарӣ шуд, ёд меорад Дилороми занбӯрпарвар.

–  Ҳоло дар самти занбӯрпарварӣ таҷрибаи кофӣ гирифтаам. Аз 100 оилаи занбӯри асал, 2-3 маротиба соле асал гирифта, ҳам коми худ ширин мекунем ва ҳам ба фурӯш мегузорем. Кори мактаб, даву тоз дар хона ҳам садди роҳи занбӯрпарварии ман намегардад. Ба ҳамааш талош мекунам, фурсат ёбам.


Дар воқеъ, гузашти вақт, ӯро занбӯрпарвар намуд. Бо кумак расонидан корро оғоз карда, худ занбӯрпарвари асил гашт. Ба нигоҳубини занбӯри асал одат карду дил баст ва ин корро пешаи иловагии худ интихоб кард. Дақиқан ӯ, имрӯз дар мактаб ба ҳайси омӯзгор дарс мегӯяду дар хона занбӯри асалпарварӣ менамояд.

Зеро ба идаои ӯ,  парвариши занбӯр на танҳо фоидабахшу сердаромад аст, балки хастагии касро рафъ сохта, руҳу илҳом ва нерӯи тоза мебахшад.  

Коре, ки хоси мардҳо медонанд

Дилором Алланова, сокини ҷамоати деҳоти “Нури Вахш”-и ноҳияи Дӯстӣ аст. Ӯ шояд аз зумраи занҳои ангӯштшуморест, ки дар Тоҷикистон ба занбӯрпарварӣ машғул мебошад.  Чун одатан ба занбӯрпарварӣ мардҳо шуғл варзида, ин корро ҳам, ҳамчун пешаи мардона муаррифӣ сохтаанд.

Дилороми пуркор ва серталош бошад мардонавор тамоми нозукиҳои занбӯрпарвариро аз худ кардааст.  Ҳарчанд ӯ  олими соҳа нест, аммо қариб ҳама чизро дар бораи занбӯри асал медонад. Тавре аз кору машақати занбӯрҳояш нақл менамояд, ки кас гумон мекунад, умре бо занбӯрҳо вақташро гузаронидааст.   

Шуғл варзидан ба занбӯри асалпарварӣ метавонад ба аъзои ҳар як оила даромади иловагӣ биёрад,мегӯяд, Абдуҷаббор Алланов, хусури Дилором.

– Чун боду ҳаво ва гулу гиёҳи кишвари зебоманзарамон - Тоҷикистон барои парвариши занбӯр бисёр мусоид асту шароити созгорро барои рушди ин соҳа низ муҳайё сохтааст. Аз ин рӯ, оилаи мо ҳама дар кори занбӯрдорӣ саҳм доранду таҷриба андӯхтаанд. Натанҳо арӯси хона, балки ҳамсарам низ метавонад бевосита ба занбӯрпарварӣ машғул гардад.

Ба гуфтаи акои Абдуҷаббор, чун занбӯрпарварӣ шуғли иловагӣ барои оилаи онҳо маҳсуб меёбад, ӯ ба тамоми аъзои оила нигоҳубини занбӯрро омӯзонидааст. Аммо аз вақте, ки келини хона, Дилором ба занбӯрпарварӣ шуғл варзидааст, кори ӯ,  дучанд осон гаштааст. Зеро бештари вақт, маҳз  Дилором ба кори занбӯрдорӣ машғул мегардаду акои Абдуҷаббор вақти гирифтани асал ба ӯ кумак мерасонад.


Чуноне, ки аҳли хонадон мегӯянд, Дилором панҷ панҷааш ҳунар аст. Занбӯрҳояшро нигоҳубин мекунаду боз ҳам сари вақт барои аъзои оила фурсат пайдо карда, хон меорояду рӯйи он обу нон меорад. Ҳамин хел рӯз мегузаронаду бо меҳнати ҳалол хушу хурсандона зиндагӣ мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед