Ru  | Tj
Чӣ гуна партов осори санъат мешавад? Омӯзгоре дар Бохтар аз коғазпораҳо гулдон меофарад
Чӣ гуна партов осори санъат мешавад? Омӯзгоре дар Бохтар аз коғазпораҳо гулдон меофарад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Чӣ гуна партов осори санъат мешавад? Омӯзгоре дар Бохтар аз коғазпораҳо гулдон меофарад

Нашр шуд

Муҳаммад Қулназаров, омӯзгори равияи рассомӣ дар Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар, беш аз 10 сол аст, ки ба хонандагон ҳунари дар рӯйи авроқи сафед, тасвир карданро меомӯзонад. Метавон гуфт, ки рассомӣ пешаю гулдонсозӣ барои ӯ, шуғли дӯстдошта гардидааст.

Бино ба нақли ӯ, шикорчӣ яроқу тир дорад, рассом қаламу авроқ. Тири шикорчӣ, ки хато рафт, он барои ӯ, бекора мегардад. Дақиқан, барои рассомон низ чунин аст. Варақи покиза, ки сиёҳ ё рангин шуд, барои рассом нолозим мешавад. Ҳамин аст, ки қуттии назди рассомон одатан пур аз авроқ ё коғазпорааст.

–  Тасаввур кунед, акнун, вақте назди рассоми ҳирфаӣ пур аз коғази бекора гардад, утоқе, ки дар он ҳамарӯза даҳҳо  шогирд нозукиҳои тасвир кардану расм кашиданро аз худ мекунанд, ба чӣ ҳол меафтад, суол гузошт Муҳаммад Қулназаров.  – Бале, тахмини шумо дуруст аст, ин гуна синфхона, пур аз коғазпора мешавад, зеро барои омӯхтан, талош кардан лозим. Талош бошад, бе иштибоҳ намешавад, посух дод худаш.  


Ба гуфтаи Қулназаров, шогирдон дар аввал барои дасти худро рост кардан, бо истифода аз чӯбе, ки дохилаш танҳо хокаи сиёҳ ҷой гирифтааст, рӯйи варақаи сафед манзара, дарахту мева, гулу гулбутта, ҳайвону ашё ё инсонеро ба тасвир кашида, зиёд иштибоҳҳо мекунанд. Албатта, ки авроқи пур аз хатои худро, ашёи нолозим дониста, дохили қуттии партов ҳавола медиҳанд.

Муҳаммад Қулназаров, коғазпораҳои зиёдро дида, ба сохтани гулдон пардохту ҳамин тариқ, ҳам шуғли иловагиро ба худ касб кард ва ҳам синфхонаро аз авроқҳои бекораю дохили қуттиҳои партов ҷамъгашта, тоза намуд. 

 “Барои тозаю покиза нигоҳ доштани синфхона аз ҳама коғазпораҳои бекора, сохтани гулдон беҳтарин идея буд”, - мегӯяд қаҳрамони мо.


То 500 сомонӣ нарху талабот аз хориҷ

Хок ба дасти оқилу доно ва шахси ҳунарманд зар гардад, гуфтаанд дар урфият ва Қулназаров далели ин гуфтаҳост.  

–  Барои сохтани ин гулдонҳо, на танҳо коғаз, балки қуттиҳои нолозими пластикиро баъзан истифода  мебарам, қайд мекунад омӯзгор.  – Дар аввал шаклҳои якранги гулдонро меофаридам, бо мурури вақт, тасвирҳои гуногунро дар руйи ин гулдонҳо илова кардам.

Феълан, бо истифода аз масолеҳи пластикӣ, гулдонҳоро тавре месозам, ки дар он имкон аст об рехта шавад. Ё пул ва дигар ашёи хурди хешро дар қисмати поёни гулдон ҷой кардаю махфӣ аз дигарон нигоҳ дошт.

Дар воқеъ, барои сохтани гулдон, Муҳаммад Қулназаров, маблағ сарф намекунад. Ширеше, ки коғазпораҳоро бо ҳамдигар мепайвандад, аз орд омода мешавад.

Аммо чуноне, ки худи ӯ мегӯяд, як гулдон вобаста ба ҳаҷми он, аз 50 то 500 сомонӣ арзиш дорад.

– 4-5 рӯз барои сохтани як гулдон басанда аст, агар ҳаво гарм бошад, – зикр мекунад устод. – Зеро пас аз якҷо ва ширеш кардани коғазпораҳо, интизор мешавем то хушк шавад. Баъдан ба қисмати тасвир кардан, нақшу нигор кашидану рангу бор кардан мепардозем.  


Хубии гулдонҳои аз коғаз сохтаи ӯ дар он аст, ки аз баландӣ ҳам афтад, намешиканад. Аз ин ҷост, ки дастранҷи ин марди ҳунарманд, алакай ба хориҷ аз кишвар ҳам баромадааст.

–  Ба шогирдони худ, дар баробари рассомӣ, гулдонсозиро ҳам омӯхта истодаам, мегӯяд ин марди ҳунарманд. – Зеро шавқу рағбати шогирдон нисбати гулдонсозӣ зиёд аст. Омӯзонидани онҳо бошад, ояндаи ин пешаро бардавом месозад.  

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед