«Чизе ки мемонад сухани ҳақ, пайкори ҳақ аст». Ёде аз бузургбонуи матбуоти тоҷик Бӯриннисо Бердиева
Нашр шуд
Бӯриннисо Бердиева, журналисти хушном, ҷасур ва сардабири собиқадори нашрияи «Маориф ва маданият» агар зинда мебуд, 30 декабр 95-сола мешуд. Ба ин муносибат мо талош кардем, ки назаре ба рӯзгор ва корномаи ин бонуи пурғайрати тоҷик андохта бошем.
Бӯриннисо Бердиева дар миёнаи солҳои 50-юми асри гузашта муаррифӣ шуд ва дар ибтидои соли 1960-ум ӯ сардабири нашрияи «Маориф ва маданият» таъйин гашт. Мавсуф яке аз сарварони матбуоти миллии тоҷикӣ ба ҳисоб рафта, барои пешбурди худшиносии миллӣ хидмати бузург кардааст.
ЗАНЕ, КИ НАВРӮЗРО ЭҲЁ КАРД
Рӯзномаи «Маориф ва маданият» дар солҳои шасти асри бист – дар он вақте ба майдон омад, ки дар Тоҷикистон як каме бедории миллӣ пайдо шуда буд ва Бӯриннисо Бердиева бо рӯзномаи худ онро идома доду тақвият бахшид. Шоҳидони вақт мегӯянд, ҷавонон бисёр мехостанд забони худро бидонанд, аз таърихи худ огоҳ бошанд, ҳастии маънавии худро азхуд кунанд ва дар ин роҳ чандин нафар хидмат карданд, ки яке аз онон Бердиева буд.
Ба гуфтаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, рӯзномаи ӯ гӯё машъали роҳи ҷӯяндагӣ ва пояндагии миллат шуд. Ӯ ҷавонони боистеъдодеро, ки ҳисси миллӣ доштанд, дар атрофи худ ҷамъ кард ва бо кӯшиши онҳо «Маориф ва маданият» рӯзномаи бедории миллӣ гашт.
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, солҳои шаст давроне буд, ки арзишҳои маънавии миллат дубора фаъол шуданд ва барои худшиносии миллии аҳли ҷомеа хидмат карданд. Дар ин кор Бердиева бисёр нақши муҳим дошт.
«Ташаббуси ӯ барои эҳёи Наврӯз – ҷашни миллии ниёгони мо, нашри шеърҳову мақолаҳои миллии шоирону олимони ҷавони далеру ҷасур, муборизаи ӯ барои ҳимоят аз Сотими Улуғзода ва шахсияту осори ӯ, аз Ҷумъаи Одина ва шахсияти ӯ барои таърихи он айём аҳамияти бузург дошт. Бӯриннисо Бердиева аз ҷасуртарин, ҳақҷӯтарин ва одилтарин сарварони матбуоти тоҷикии аввали солҳои шаст - аввали солҳои ҳаштоди асри бист мебошад», - мегӯяд академик Шакурӣ.
«ВАҚТИ СУОЛУ ҶАВОБ БА МАВЗӮЪ МУСАЛЛАТ БУДАМ». РОҲИ БӮРИННИСО БЕРДИЕВА
Бӯриннисо Бердиева дар симати сардабирии «Маориф ва маданият» амалкардҳоеро анҷом медод, ки дар он вақт бисёр душвор ва хатарнок маҳсуб меёфт. Анқариб дар ҳар як шумораи «Маориф ва маданият» мақолаҳои худшиносӣ ва миллатпарварона ба нашр мерасонид. Ин кори варо мақомдорони вақт на он қадр хуш мепазируфтанд ва фазои мусоиде ҳам барои мавсуф фароҳам намеоварданд.
Худи Бердиева мегӯяд, ҳар мақолаи танқидиро шахсан мутолиа карда, қабл аз нашр баъзе баррасиҳоро анҷом медодам, то вақти суолу ҷавоб ба мавзӯъ мусаллат бошам. Ин кор барои он буд, ки обрӯи рӯзнома ва обрӯи худи мо нарезад.
«Баъзан кори рӯзнома то нисфи шаб тӯл мекашид. Хона намерафтам. Саҳар боз кор буд», - мегӯяд Бердиева.
ПАНОҲГОҲИ «МАОРИФ ВА МАДАНИЯТ»
«Маориф ва маданият» барои ононе, ки бо ҳар сабабу баҳона аз Иттифоқи нависандагон ва ҳатто аз узвияти Ҳизби коммунист хориҷ мешуданд, аз он ҷумла нависандаи номвар Сотим Улуғзода, шоирон Бозор Собир, Ҳайрат Шанбезода, нависандагону рӯзноманигорон Ҷумъа Одина, Мутеъуллоҳ Наҷмиддинов, Бахтиёр Муртазо паноҳгоҳе буд. Ин нафарон, ки он вақт бо баҳонаҳои гуногун номашон «сиёҳ» шуда буд ва дигар дар ҳеч куҷо ба кор пазируфта намешуданд, маҳз дар канори Бӯринисо Бердиева ҷой ёфтанд.
Бердиева замоне шеърҳои миллатпарварона ва шӯрангези «Забони модарӣ», «Аҳмади Дониш», «Девори Бухоро» , «Кӯч мебандам», «Пас аз мо» ва «Ба Ҷумъаи Одина»-и Бозор Собирро дар «Маориф ва маданият» ба чоп мерасонид, ки ашъори ӯро мамнӯъултабъ эълон карда буданду худаш мавриди таъқиби ошкоро қарор дошт. Огаҳон мегӯянд, агар ҷасорат ва майдони фароҳамовардаи Бӯриннисо Бердиева намебуд, ин ва садҳо ашъори дигари Бозор Собир ҳамчун дастхат дар хонаи ӯ боқӣ мемонд.
Сайидаҳмад Қаландаров, ҳамкори 15-солаи ӯ, бар иловаи ин нақл мекунад, ки ин идора барои нафарони соҳибистеъдод на танҳо паноҳгоҳе буд, балки минбаре буд, ки барои ҳар яки эшон мубориза бурд.
«Вақте ки бо сабаби ба Англия паноҳанда шудани писараш Азиз Сотим Улуғзодаро аз ҷиҳати сиёсиву идеологӣ бадном карданду минбари адабии Иттифоқи нависандагон – «Садои Шарқ» чопи минбаъдаи осорашро боздошт, фақат «Маориф ва маданият» буд, ки ҳамаи танқиду таъқибҳои расмиро сарфи назар намуда, таълифоти нави эшонро аз «Ривояти суғдӣ» то силсилаи очеркҳои таърихӣ дар бораи рӯзгори Абӯалии Сино ба табъ расонид», - нақл кардааст Қаландаров.
НОЗБАРДОРИ МОДАРОНАИ БЕРДИЕВА
Абулфайз Атоӣ, рӯзноманигори тоҷик дар шарҳе барои мо аз хотираҳояш нозбардорӣ ва меҳрабонии Бӯриннисо Бердиеваро ба ёд оварда гуфт, тобистони солҳои 1971 ё 72 буд ва таҷрибаомӯзи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») будам. Қариби нисфирӯзӣ гиряи зане аз берун баланд шуд.
- Ӯ вой бачам, - гуфта нолаи ҷонкоҳ мекард. Гуфтанд, ки муҳаррири газетаи «Маориф ва маданият» Бӯринисо Бердиева аст.
- Ва ҳамин ҳозир, дар ағбаи Шар-шари Норак шоири ҷавону хушноми ҳамон замон Ғоиб Сафарзода дар садамаи автомобилӣ ҳалок шудааст.
Муаллима зани зебое буд. Ашкаш шашқатор додару бачам гуфта, навҳа мекард...
ОДОБИ ЗАНЕ, КИ БЕҲТАР АЗ МАРД БУД
Бӯриннисо Бердиеваро ба унвони «мардафкан» ва «зане, ки аз мардҳо афзал аст» ёд мекунанд. Дар ин баробар одобу рафтори ӯ қобили ситоиши ҳамкорону шогирдонаш гаштааст.
Уғулой Ҷӯрабоева, рӯзноманигор ва муаллимаи муқими Ӯзбекистон дар як суҳбат бо мо аз ангораҳои солҳои 1973-1974-ум ёдоварӣ кард, ки таҷрибаомӯзи идораи нашрияи «Маориф ва маданият» буд. Ӯ ба одоби баланди Бӯриннисо Бердиева гуфт, соли аввали таҷрибаомӯзӣ пас аз ду-се рӯзи омаданамон дар маҷлиси пагоҳирӯзӣ муаллима Бӯриннисо Бердиева пӯстаки ману Зуҳро, ҳамкурси дигарамро сахт афшонданд:
- Шумо, духтаракон, чаро бо мардакҳо баланд-баланд гап зада механдед?
Ин бисёр барои мо бад расид. Ҳамон рӯз он кас боз моро чанд сухани носазо ҳам гуфтанд. Ман зор-зор гиря кардам. Охир, мо ҳатто ҷуръати ягон савол додан надоштем.
Як нафар маро таскин дода гуфтанд, гиря накунед, ин кас огоҳ карда истодаанд. Ман баъд сахтгирию баимонии муаллимаро фаҳмидам. Шояд нахостанд, ки ману дугонаам духтарони ганда бошем.
«Муаллима бисёр сиёсатноку босалобат буданд. Баъдан ба мо бо муҳри идораи рӯзнома иҷозатномаҳо дода, ба корхонахои калон, театрҳо мефиристоданд», - ёдовар шуд Ҷӯрабоева.
САРНАВИШТИ ОБИ РӮ
Мавсуф беш 20 сол сардабири рӯзномаи «Маориф ва маданият» буд ва аз оғози соли 1963 то соли 1983 ҳадди ақал дар ҳар шумора як мақолаи хештаншиносиву миллатпарварӣ ба чоп мерасонид. Ин кори Бердиева барои мақомдорони вақт на он қадр хушоянд буд ва бо ҳар амалкардаш ӯ ранҷ мекашид.
Аммо Бердиева мегӯяд, «як нафар ҳам барои ранҷҳои кашидаам ташаккур нагуфт ва ба он эҳтиёҷ ҳам нест».
«Мо бояд аз чӣ тарсем? Аз вазифа, аз ҳадар шудани обирӯ? Охир ҳамаи инҳо муваққатист! Аз ду сар аз мо мераванд. Чизе ки мемонад сухани ҳақ, пайкори ҳақ аст. Сарнавиштро мо бо худ мебарем, яъне номро. Мефаҳмед? Агар сарнавишти Номро дӯст дошта натавонем ва барояш талош наварзем, сарнавишти обирӯ - обиҷӯст», - андеша дошт Бӯриннисо Бердиева.
Сайидаҳмад Қаландаров мегӯяд, «ӯ ба ҷуз чанд «танбеҳ» дигар унвоне нагирифт». Лек унвонҳое чун «Сардафтари матбуоти озоди тоҷик», «Бузургбонуи матбуоти Тоҷикистон» ва «Қаҳрамони Наврӯз» баъдан ба номи вай пайванд хӯрд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед