Ru  | Tj
Манижа равшан кард, ки чаро тоҷик духтар метавонад Русияро дар “Евровидение” муаррифи намояд
Манижа равшан кард, ки чаро тоҷик духтар метавонад Русияро дар “Евровидение” муаррифи намояд

Манижа равшан кард, ки чаро тоҷик духтар метавонад Русияро дар “Евровидение” муаррифи намояд

Нашр шуд

Манижа дар мусоҳибаи беш аз 1,5 соата бо Алёна Жигалова дар YouTube-канали Super нашр шуда иштирок кард.

“Имрӯз дар меҳмонии мо, меҳмоне ҳаст, ки тамоми Ютуб мехост даъват кунад. Баъди ғолибият дар даври интихобӣ ва дар танафусҳои омодагиҳои ниҳоӣ ба Евровидение барномаи “Алёна, блин!” – Манижа” – навишта шудааст дар тасвири ролик.

Дар барнома овозхон ба ҳамаи саволҳои зиёди “пурҷуш” оид ба иштирок дар "Евровидение” ва суруди худ ҷавоб дод, аз тарсу ҳароси худ, муносибат ба симои худ, ҳаёти шахсӣ, мақоми савири ихтиёрии СММ ва ғайраҳо қисса кард.

Манижа қисса кард, ки аз хурди орзу дошт, ки дар “Евровидение” иштирок намояд ва ҳамаи ҳар сол озмунҳоро бо ҳамроҳии оилааш тамошо мекард.

Ровии барнома қайд намуд, ки яке аз саволҳои тамошобинонро ба изтироб овардааст ин “Барои чи Русияро дар озмун тоҷик муаррифӣ менамояд?”

Зимни посух ба ин савол Манижа гуфт, ки, ба ақидаи ӯ “мо ҳамаамон каме раҳгум задем”.
“Русия - ин кишвари бародархалқҳо мебошад. Агар Иттиҳоди Шуравиро ба ёд орем,  чи қадар давлатҳо будан ва ҷи қадар дар дохили Русия намояндагони дигар миллатҳо ҳастанд”, - қайд намуд овозхон.

Инчунин ӯ иброз дошт, ки ҳозир метисҳо дар идораи тамоми олам ҳастанд ва стереотип оиди хуни тоза танҳо дар майнаҳо ҷой доранд. Ҷавондухтар аз ташхиси ДНК гузашта  аҷдодони худро дақиқ кардааст, ки  аз 32 миллат иборат мебошад. Дар у решаҳои рус низ пайдо гардиданд.

Инчунин зикр кард, ки ҳуқуқи худро рус эҳсос намуданро дорад зеро, ки тӯли 30 сол дар ин кишвар умр ба сар мебарад, фарҳангро медонад, бо забони русӣ фикр ва эҳсос мекунад. Ба ақидаи ӯ, ба овозхон гуфтан иштибоҳ аст, ки агар ту намояндаи дигар миллат боши, ту ҳуқуқи Русияро муаррифи намуданро надори.

Суруди Манижа дар байни тамошобинони "Евровидение-2021" маъмултарин гардид


halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед