Ru  | Tj
“Мекӯшам, ки шоири халқам бошам”. Пирӯзии Баҳманёри навқалам дар озмуни “Фурӯғ...”
“Мекӯшам, ки шоири халқам бошам”. Пирӯзии Баҳманёри навқалам дар озмуни “Фурӯғ...”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

“Мекӯшам, ки шоири халқам бошам”. Пирӯзии Баҳманёри навқалам дар озмуни “Фурӯғ...”

Нашр шуд

Баҳманёр Муяссарзода шоири ҷавон аст. Тавре устодони донишгоҳӣ  пас аз хондани офаридаҳояш мегӯянд, дар ҷодаи эҷод қадамҳои умедворкунанда мегузорад. Чакидаҳои қалами ӯ дар маҷалла ва рӯзномаҳои “Садои Шарқ”, “Паёми Суғд”, “Адабиёт ва санъат”, “Маорифи Тоҷикистон”,  “Ҳақиқати Суғд” ва “Пайравони Маъдан” ва шабакаҳои иҷтимоъӣ интишор мешавад. Ин ҷавон феълан дар соли аввали зинаи магистратураи риштаи суханшиносии Донишгоҳи Ғафурови шаҳри Хуҷанд таҳсил дорад. Номбурда имсол бори дувум дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар бахши эҷоди назм иштирок карда, сазовори мақоми аввал гардид.

Муаллифи Halva.tj бо ин шоири ҷавон ҳамсуҳбат шуда, перомуни чӣ таъсир доштани иштироки эҷодкор дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва нигоҳи инфиродии ӯ ба шеъру талаботи маънавии хонандаи имрӯз пурсид.

ИШТИРОКИ ЯКУМ

Баҳманёр Муяссарзода дар соли гузашта низ дар бахши эҷоди назм дар даври ҷумҳуриявии озмуни  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат варзида буд. Бо раҳнамоии устоди фанни назмшиносӣ – Сорбон Азизов хост, ки иштироккунандаи озмун бошад. Ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт. Дар ин давр  ҳакамон ба шеърҳояш эродҳои зиёд гирифтанд. Зимнан соҳиби ҷоизае нагардид ва  рӯҳафтода ҳам  нашуд. Баръакс бештар мутолиа кард, офарид. Подоши иштирок дар озмунро дар ин донист.

- Он рӯзҳо хушбахтиву хурсандиям дар он буд, ки бори аввал дар ин озмун  ширкат варзида, лаёқати худро санҷидам ва дӯстони зиёдеро пайдо кардам. Доварон низ тавсияҳое барои беҳбуди офаридаҳоям дода буданд. Танҳо иштирок дар озмун таҷрибаи бузурге буд. Бароям  дидору ҳамсуҳбат шудан бо устодон ва дӯстони адабдӯст хондани чанд китоби боарзишро мемонад, - гуфт Баҳманёр.  

 

ИШТИРОКИ ДУВУМ ВА СОҲИБИ ҶОИЗА ШУДАН

Ин шоири ҷавон имсол низ тасмим гирифт, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар бахши эҷоди назм ширкат варзад. Дар ин навбат дар даври вилоятии озмун якчанд шеър, аз ҷумла 20 ғазал, 20 рубоӣ, 10 дубайтӣ, 2 тарҷеъбанду таркиббанд, 2  мусалласу мухаммас ва як достони комилро интихоб кард. Ин шеърҳоро устоди назмшиносӣ – Сорбон Азизов баррасӣ кард. Он кас вақтро дареғ надошта, ашъори шогирдонаи Баҳманёрро хонда, нишон медод, ки дар фалон мисраъ сактае аст, ё вазн нодуруст аст. Шоири ҷавон эродҳои устодро даррав тасҳеҳ мекард. Ҳамин тавр дар даври вилоятӣ ба  баҳои хуби доварон савзовор шуд. Онҳо низ ба шакл ва мазмуни офаридаҳои навқалам чанд эроди ислоҳпазир гирифтанд ва тавсия доданд, ки шумораи шеърҳоро мувофиқи меъёри бахши эҷоди назм расо кунад. Ӯ тавсияҳои эшонро пазируфт ва пайи омодагӣ ба даври ҷумҳуриявӣ шуд.

- Дар даври вилоятӣ доварон Ҷӯра Юсуфӣ, Гулноз Тоҳириён, Сурайё Ҳакимова тавсия доданд, ки барои даври ҷумҳуриявии озмун  ба ҷойи чанд офаридаҳоям шеърҳои дигарро интихоб кунам. Масалан,  10 шеъри нави ватандӯстонаро, ки чанде пеш иншо карда будам, ба феҳрасти барномаам ҳамроҳ кардам. Боз аз баҳри чанд ғазали дигар гузашта, шеърҳои наве, ки ба дилам наздик буд, дохил кардам. Тибқи таъкиди устодон, боз 2 қасидаи дигаре, ки фарогири мавзуъи иҷтимоъист, ба феҳристи ашъорам ҳамроҳ кардам. Дар даври ҷумҳуриявӣ озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аъзои доварон Озарахш, Рустам Ваҳҳоб, Давлати Раҳмониён ва Гулноз Тоҳириён бо ашъори банда шинос шуданд. Эшон дар баробари бартарӣ доштани шеърҳоям боз эрод гирифтанд, ки калимаву ибораҳои имрӯз дар миёни мардум мӯдшударо  камтар  истифода кардан лозим аст.  Ба корбурди дуруст ва бамавқеъи вожаҳо аҳамият бояд дод. Боз афзуданд, ки бештар луғат хонед ва ба корбурди калимаву ибораҳои сирф тоҷикӣ афзалият диҳед, -  изҳор дошт шоири ҷавон.

Вақте Баҳманёр огаҳ шуд, ки дар бахши эҷоди назм сазовори мақоми аввал гардид, хеле  хурсанд шуд. Ӯ хабари хушро нахуст ба аҳли хонавода, ки дар Русия қарор доранд, расонид. Эшон аз шунидани ин мужда хушнуд шуда, ба Баҳманёр таъкид карданд: “Ҳаргиз мағрур набош, ҳамеша дар пайи омӯзиш бош ва барои комёбиҳои нав талош кун!”. 

 

ЁДЕ АЗ РӮЗҲОИ ТИЛОӢ ВА МАҲФИЛИ “САБЗҚАЛАМОН”

Аз замоне, ки Баҳманёри навроҳ худро мешиносад, муҳити хонаву мактаб барояш бисёр муносиб буд. Падару модар хушнуд буданд, ки фарзандашон қаламкаш аст. Касе аз хонавода ва ё мактаб барои шеър хондану эҷод карданаш монеъ нашуд, баръакс ба шеъру навиштаҳояш таваҷҷуҳ доштанд. Бо ин роҳ сабабгор мешуданд, то беҳтар аз пештар бинависад.

“Аввалин шеърам дар бораи мактаб буд ва нахустин шунавандаи он  модарам буд. Оре, аввалин шеърҳои шогирдонаамро дар рӯзҳои  мактабхонӣ навиштаам. Онҳо дар васфи мафҳумҳои муҳим ба мисли  ватан, модар, мактаб ва дӯст буд. Фаромӯш намекунам, дар синфи 8-ум мехондем, ки раиси ҷавонони мактаб интихоб шуда будам. Бо ёрии муаллим Самандар Раҳматов маҳфили “Сабзқаламон”-ро фаъол карда будем. Ин маҳфил дар як моҳ се бор баргузор мегардид ва устодон шеъру ҳикояҳои азбаршуда ва иншокардаи иштирокдоронро арзёбӣ мекарданд. Назару таваҷҷуҳи онҳо моро дилгарм мекард”, - ба ёд овард Баҳманёр.  

ШЕЪР ВА ХОНАНДАИ ИМРӮЗ

Ин шоири ҷавон бар ин назар аст, ки каломи бадеъ ҳамеша хонанда дошт. Ба назар чунин мерасад, ки насли нав ба шеърхониву шеърфаҳмӣ на он қадр таваҷҷуҳ доранд. Вале тавре дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мушоҳида мешавад, хонандаи асили назму наср кам нест. Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ эҳсос мекунед, ки сафи адабдӯстон хеле зиёд аст.

“Ба андешаи камина, шеъри муосир бо калимаву ибораҳои нав ҳеч гоҳ нав нахоҳад шуд. Мо, суханварони ҷавон, бояд кӯшиш кунем, то шеърҳомон барои ҷомеаи имрӯз мувофиқ бошад. Ҳар боре, ки онро бихонанд, дармони дардашон бошад. Барои ин  ҷустуҷӯ ва мутолиаи зиёд мебояд, то одаму олам ва замонро хуб дарк кунӣ. Ҳамеша дар пайи омӯзиш ҳастам ва адабиёти тоҷик ва ҷаҳонро мутолиа мекунам. Бештари вақтҳо ашъори шоирони тоҷик амсоли Соиби Табрезӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Ҳофизи Шерозӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Суҳроб Сипеҳрӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Гулрухсор, Фарзона, Озарахш, Аҳмадҷони Раҳматзод, Озар Салим, Аъзам Хуҷаста,  Абдуҷаббори Суруш, Адибаи Хуҷандӣ ва дигаронро аз худ мекунам”, - афзуд Баҳманёр.  


ОЯНДАИ САБЗ

Қаҳрамони мо ояндаи худро ҳамеша сабз дидан мехоҳад. Кӯшиш мекунад то охирон нафас шоири халқаш бошад.

“Пас аз хатми зинаи магистратура таҳсилро боз давом додания. Дар баробари ба эҷод машғул шудан адабиётшиноси хубе шудан мехоҳам.  Ба овозхонӣ низ майли зиёде дорам ва мехоҳам, ки дар ин самт низ малакаҳои навро омӯхта, лаёқатамро санҷам”, - гуфт навқалам.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед