Ru  | Tj
Муяссархон Маҳмудова: “Рӯзе ҳодисае рух дод, ки ҳаётамро дигаргун кард”
Муяссархон Маҳмудова: “Рӯзе ҳодисае рух дод, ки ҳаётамро дигаргун кард”
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

Муяссархон Маҳмудова: “Рӯзе ҳодисае рух дод, ки ҳаётамро дигаргун кард”

Нашр шуд

Муяссархон Маҳмудова қариб 15 сол пеш барои дарёфти кор ба Русия ҳиҷрат карда буд. Ӯ низ ба мисли аксари занҳои муҳоҷир корро нахуст аз фаррошӣ ва зарфшӯйӣ сар кард. Муяссархон гарчи маълумоти олии иқтисодӣ дошт, вале аз рӯйи ихтисосаш кори мувофиқе пайдо карда натавонист. Аз ин рӯ, маҷбур ба кори сангини ошхона (зарфшӯйӣ ва фаррошӣ) розӣ шуд. Вай баъди ним соли зарфшӯйӣ ва фаррошӣ ба ошпазӣ гузашт. Феълан ӯ дар яке аз ошхонаҳои машҳури шаҳри Новосибирск ба ҳайси сарошпаз кор мекунад.

Муяссархон дар сӯҳбат бо мо перомуни роҳи дурударозе, ки дар соҳаи ошхонадорӣ тай кардааст ва ҳамчунин ҳаҷвиянависиаш қисса кард.


- Муяссархон, нахуст каме аз овони ҷавонӣ ва интихоби касби худ мегуфтед!

- Овони кӯдакиам дар совхози овозадори Мичурини шаҳри Хуҷанд (ҳоло ҷамоати Овчӣ-қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) гузаштааст. Дар оилаи сохтмончӣ ба дунё омадаам. Мактаби миёнаро низ дар мактаби деҳаи Овчӣ–қалъача хонда, бо медал хатм кардаам. Баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки он замон филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Синоро низ дошт, дохил шуда будам. Вале хатми он бароям муяссар нашуд. Баъди ба шавҳар баромадан, бо сабабҳои оилавӣ ба факултаи иқтисодӣ дохил шудам. Азбаски барои иқтисодчӣ шудан завқманд набудам, натавонистам, ки ба ин касб дил бандам.

Солҳои 90 – ум бисёр корхонаҳо аз кор монда буд. Дигаргун шудани сохти давлатдорӣ ва муфлис шудани корхонаҳои бузург оилаҳоро ба тиҷорат маҷбур месохт. Ман ҳам чанд сол ба тиҷорат машғул шудам. Вале шамоли бӯҳрони иқтисодии солҳои 2007-2008 моро ба Русия овард.

- Дигаргун кардани муҳит барои Шумо чӣ таъсире гузошт ва умуман дар Русия чӣ гуна кор пайдо кардед?

- Вақте бо аҳли оила ба Русия омадем, нахуст дар ёфтани кор душворӣ кашидам. Мехостам дар ягон ошхона ё қаҳвахона ошпаз шуда кор кунам. Чун аз хурдӣ пухтупазро дӯст медоштам. Албатта, он солҳо маро ба ҳайси ошпаз бе ҳуҷҷати лозима ҳеҷ куҷое ба кор намегирифт. Аз ин рӯ, маҷбур шудам, ки ҳамчун фаррош ва зарфшӯй дар ресторан кор кунам. Ин ягона роҳе буд, ки ҳам кор омӯзам ва ҳам малакаву маҳорати ошпазиямро нишон диҳам. Давоми ним сол фаррошию зарфшӯйӣ кардам. Дар ин вақт бо хӯрокҳои миллии тоҷикон ҳамкорони русамро шинос намудам. Лекин дар аввал ҳамчун ошпаз кор карданро ба худ раво намедидам. Ошпази солхӯрда - Нина Ивановна, ки хӯрокҳои дар хона пӯхта ба корхона овардамро хеле дӯст медошт, доим исрор мекард, ки ошпаз шавам.


- Аз кай ошпазиро сар кардед?

- Рӯзе ҳодисае рух дод, ки ҳаётамро дигаргун кард. Яке аз ошпазони корхонаамон бемор шуду ба беморхона бистарӣ гардид. Он рӯз Нина Ивановна маро маҷбуран ба ошхона дароварда, либоси ошпазӣ пӯшонида, “Давай, твой звёздный час настал!”- гуфта ба ман ангеза медод. Бо дастони ларзон ва аз ҳаяҷон ашкрезон корро оғоз кардам. Ана, ҳамон рӯз оғози фаъолияти ошпазиам буд. Он ошхона «Кирпич» ном дошт ва дар назди қасри маданияти сохтмончиҳо «Строитель» воқеъ буд. Ошпазӣ ва кори ошхонаро рӯз аз рӯз хубтару бештар ёд мегирифтам. Одатан, ин ошхона аз рӯйи равияи русӣ хӯрокҳоро тайёр мекард. Мисол, ҳар рӯз хӯришҳо, газакҳо, очорӣ (разносолы), хӯрокҳои якуму дуюм ва як-як менюи идона омода мекардем. Моҳи августи ҳамон сол дар рӯзи сохтмончиҳо бо ҳамкорони худ барои 500 нафар сохтмончиҳои шаҳри Новосибирск мизи идона ороста будем. Он рӯз ба ман аз раиси шаҳр ифтихорнома дода буданд. Расо 3 сол дар ҳамин ошхона кор кардам.

- Ҳуҷҷати ошпази касбиро чӣ гуна ба даст овардед?

- Дӯстонам ва ошпазони шиносам тавсия доданд, ки дар дигар қаҳвахонаю ошхона кор карда касбияти худро рушд диҳам. Аз ин рӯ, ба ширкати «Сеть ресторанов Дениса Иванова» омадам. Дар ошхонаи “Кирпич” бе ҳуҷҷати ошпазӣ кор мекардам. Дар қаҳвахонаи Денис Иванов равияи курсҳои махсуси ошпазиро, ки дар қаҳвахона буд, азхуд кардам. Дипломи ошпаз-қаннодро аз ҳамин курсҳои махсус, ки қаҳвахона доир мекард, соҳиб шудам. Дар баробари кор ва омӯзиши курсҳои пазандагӣ ҳуҷҷатҳоро тайёр карда, шаҳрвандии Русияро низ гирифта будам.


- Дар кадом ошхонаҳо ва қаҳвахонаҳо таҷрибаи ошпазиро андӯхтаед?

- Расо 10 сол дар қаҳвахонаи Денис Иванов кор карда, таҷрибаи ошпазии худро ба дараҷаи баланд бардоштам. Ин ҷо дар 4 равия, “пицца”, “гриль”, “пельмени” ва “банкетный зал” кор сурат мегирифт, ки то ҳадде нозукиҳои онҳоро омӯхтам. Директор Гробовой Андрей Андреевич ва технолог Воронкова, ки қаҳвахонаи “Чашка кофе” (яке аз қаҳвахонаи Денис Иванов) - ро идора мекарданд, бароям дар соҳаи қаҳвахонадорӣ устод маҳсуб меёбанд. Баъди 10 соли ҳамкорӣ аз рӯйи тасмими худ ба қаҳвахонаи “Перчини” омадам. Дар ин қаҳвахона ба ҳайси сарошпаз мустақилона ду сол кор кардам. Айни ҳол дар қаҳвахонаи “Beerman” кор карда истодаам. Дар ин қаҳвахона ҳамаи хӯрокҳо дар “оташи зинда” пӯхта мешаванд. Дар маҷмӯъ, аз ин қаҳвахона 6 тарзи пӯхтани гӯштро, ки дар ҷаҳон хеле маъмул аст, ёд гирифтам. Хулоса, ҳамаи нозукиҳои ошпазӣ, корбарӣ бо кормандон, корбурди кортҳои технологӣ ва ҷиҳози замонавии қаҳвахонаро омӯхтам.

- Ба назари Шумо дар берун аз Ватан ба кори ошпазӣ машғул шудан чӣ шартҳои муҳимро дорост?

- Донистани забон ва психологияи инсонҳо, дастгири дигарон ва пайрави замону ҷавонон будан, ҳамчунин, аз технологияҳои муосир истифода бурдан, хеле муҳим аст. Маҳз ошпазӣ маро аз бӯҳрони рӯҳӣ ва моддӣ баровард ва бо фарҳанги хӯрокпазии халқиятҳои гуногун шиносонд.


- Барои ҷавононе, ки мехоҳанд дар ошхонаҳои калон ошпаз бошанд, аз таҷрибаи худ чӣ тавсияҳо медиҳед?

- Аввал, касби худро дӯст доранд. Дуюм, шахсоне, ки бо ин соҳа сари кор доранд, аз фаррош сар карда то роҳбари коргоҳро бояд эҳтиром кунанд, чунки бе гурӯҳи корӣ кор кардан ғайриимкон аст. Сеюм, вақти худро дареғ надоранд, зеро ошпазӣ саросемагиро дӯст намедорад. Чорум, корашонро фақат омӯзанд ва навгонӣ ворид карда, аз болои сифати таомҳои пӯхтаашон зиёд кор кунанд ва ҳамчунин, ба тозагӣ диққати махсус диҳанд, зеро тозагии либос ва дастон 50 фисади пешравии кори ошпазро таъмин мекунад.

- Муяссархон, аз рӯйи донисти мо ба ғайр аз ошпазӣ боз яке аз маъмурони гурӯҳи фейсбукии “Женсовет” мебошед. Яъне чӣ гуна ба ин шуғл пайвастеду ба он вақт меёбед?

- Бале, дар фейсбук гурӯҳи занонаи “Женсовет” фаъол аст. Аслан, ин лоиҳаи журналист, муаллифи барномаи “Ормон” Парвина Азизова мебошад. Ман бо пешниҳоди он кас яке аз маъмурони гурӯҳ шудам. Ин саҳифа дар фейсбук зиёда аз 30 ҳазор обунчаӣ дорад, ки ҳамагӣ ҷинси латифанд. Моҳиятан гурӯҳи “Женвосет” барои ҳалли мушкилотҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва масъалаҳои муҳимми оиладорӣ таъсис ёфтааст. Дар гурӯҳ занҳои фаъол аз тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳузур доранд, ки барои посух ёфтан ба тамоми саволҳои корбарони гурӯҳ ва ҳаллу фасли муаммоҳои рӯз таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Ман ҳам дар қатори дигар занҳои гурӯҳ вақт меёбаму арзу ниёзи занҳоро мехонам ва шарҳ менависам. Аслан, дар он ҷо на фақат ёрии равонӣ, балки моддӣ ҳам расонида мешавад. Масалан, дар гурӯҳ хариду фурӯши маҳсулоти дастии занҳо, дастгирии бечорагону бепарасторон, аз бӯҳронҳои оилавӣ баровардан ва дигар амалҳои нек сурат мегирад.


- Шумо яке аз маъмуроне ҳастед, ки дар гурӯҳ ҳаҷвияҳои зиёде менависед ва навиштаҳоятон ҳаводорони зиёд дорад. Аслан, ғояи навиштани ҳаҷвияҳо чӣ гуна пайдо шуд?

- Барои бардоштани рӯҳияи занҳои гурӯҳ қиссаҳои ҳаҷвии хаётӣ менависам. Илҳом барои навиштани қисса дар ҳар куҷое, ки бошам меояд. Баъзе қиссаҳоро дар 10-15 дақиқа менависам ё қисме аз онҳоро дар давоми 2-3 рӯз. Бештари қиссаҳоям ҷанбаҳои тарбиявӣ доранд. Ман дар қиссаҳоям лутфомезона камбудиҳои оилавӣ, муносибати келину хушдоман, тарзи муомила ва рафтори зан бо шавҳар, махсусияти эҳтироми волидон аз ҷониби фарзандон ва дигар ҷиҳатҳоро инъикос мекунам. Ҳамаи қиссаҳоям бо гӯиши хуҷандӣ навишта мешавад, то ки ба забони гуфтугӯйии аксрият наздик бошад.


- То имрӯз чанд ҳаҷвия навиштаед?

- Зиёда аз 2 ҳазор.

- Шумо дар ояндаи наздик чӣ ниятҳо доред?

- Расо 15 сол мешавад, ки аз Ватан дурам, вале забони модариамро фаромӯш накардаам. Ҳамчунин, ягон анъанаи миллиро низ аз ҳаёти худ ихтисор накардаам. Дар хона ва берун аз он ҳам либосҳои тоҷикӣ пӯшида, барои оилаам хӯрокҳои тоҷикӣ мепазам. Ду писарам ва арӯсу набераҳоям низ бо забони модариашон ҳарф мезананд. Онҳо забони русиро низ хуб медонанд. Дар оянда ният дорам, ки дар Ватанам фаъолият барам. Ду орзуи бузург дорам, ки яке боз кардани қаҳвахонаи шахсӣ дар зодгоҳ ва дигаре “Маркази дастгирии равонии занон” – ро таъсис додан аст. Бояд бигӯям, ки дур аз Ватан будан маро боз ба Ватан наздиктар мекунад. Ободию озодии ватанамро дидан мехоҳам.

- Барои суҳбат сипос ва дуо мекунем, ки ба ниятҳоятон расед.

- Ташаккур



Таҳсил, кор ва муваффақият. Гуланор Атобек дар бораи аудит ва “Алиф Бонк”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед