Ru  | Tj
Нӯшини «Ситораҳои сари танӯр»
Нӯшини «Ситораҳои сари танӯр»
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Нӯшини «Ситораҳои сари танӯр»

Нашр шуд

Вориди донишгоҳ мегардаму дар долон ногаҳон бо ӯ рӯ ба рӯ меоям. Бо дидани он чашмҳо, хотираҳо аз филм як – як пеши назарам ҷилвагар мешаванд. Бо хандаи малеҳе гирди лабаш арзи салом менамояду ҳар ду вориди ҳуҷра мешавем. Ҳамон дам як порча аз филми «Ситораҳои сари танӯр» беихтиёр ёдам меояд:

«…Қодир, ку, бубро. Ку, бпар. Қодир, бпар, ма тра дар оина дидестам. Ку, бпар, метонӣ парида?... Қодир, ғалтидӣ? Гарданакт шикаст? Дастакот шикаст? Қодир, мурдӣ? Ваа, Қодир. Қодире, Қодире, Қодир…»

«Чой менӯшед ё қаҳва?», гуфтани ӯ маро ба худ овард. Ташаккур, хоҳиши бо шумо суҳбат карданро дорам, мегӯяму сари мақсад меоем. 

Ба ӯ менигараму аз он сурати замони дар филм нақшбозиданҳо, ҳанӯз ҳам чашмони оҳувонаву лаҳни ширини ба худ хосашро эҳсос менамоям. Бо он ки парвардаи яке аз оилаҳои фарҳангии кишвар аст, бонуи заминиву самимӣ дарёфтамаш. Бо вазну тамкини хос дар суҳбат аз кӯдакиҳо, нақшофарӣ дар филм, овон ҷавониву таҳсил ва издивоҷу фарзандонаш парда бардошт.  

Нӯшин Самадӣ, фарзанди нависандаи саршиноси тоҷик Абдулҳамид Самад аст, ки дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Замони кӯдакиаш низ ин ҷо сипарӣ гардида. Хонандаи мактаб буду дар синфи 1 – ум ва ё 2 – юм мехонд. Он замон ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад, ки дар ин сину сол рӯзе ба филм даъват мегардаду дар он ҳамчун қаҳрамони асосӣ нақш меофарад. 

Сӣ сол муқаддам, Сайф Раҳимзоди Афардӣ (равонашон шод бод) – яке аз журналистон, нависандагони навовар ва филмбардорони моҳири тоҷик, ки коргардони филми «Ситораҳои сари танӯр» буд, барои дарёфти қаҳрамонҳои филм, алалхусус, дар нақши Нӯшин наврасонро ҷустуҷӯ менамуд. Як даста ба мактаби миёнаи №54 – и шаҳри Душанбе мераванд ва ду - се нафарро барои нақшофарӣ мепазиранд, ки миёнашон Нӯшин ҳам буд. Пас аз суҳбату вохӯриҳо миёни ҳамсолонаш, офарандаи филм Нӯшинро интихоб менамояд. 

Бо ҳамин, ӯ барои нақшофарӣ дар филм бо гурӯҳи эҷодӣ ба берун аз шаҳр, ноҳияи Айнӣ мераванд. Ӯ се моҳро, ки замони таътили тобистонааш буд, он ҷо сипарӣ намуд. Дар ин муддат мебоист, тамоми саҳнаҳое, ки Нӯшин дар он қаҳрамони асосӣ аст, наворбардорӣ мешуд ва гурӯҳи эҷодӣ низ мекӯшад, то вақтро сарфакорона истифода бурда, саҳнаҳоро, саривақт ба навор гиранд. 

“Барои мани хурдсол, ки агарчи бори аввал дар филм ҳунарнамоӣ мекардам, нақш офаридан душвор набуд. Аммо дурӣ аз хона ва падару модар азиятам медод. Ёдашон мекардам, хумори волидон мегирифту мехостам зуд ба шаҳр баргардем. Вале тамоми гурӯҳ талош меварзиданд, ки тавонам то анҷоми наворбардорӣ сабр карда бошам. Алалхусус, нақши амаки Сайф (Сайф Раҳимзоди Афардӣ) ниҳоят зиёд буд”, - ёд меорад он лаҳзаҳоро ва пас аз каме таваққуф боз меафзояд:

- Як лаҳзаи филм ҳеҷ аз хотирам зудуда намегардад, ки маҳз ҳаминҷо дурӣ аз волидонам ба кор омад. Рӯзҳои охири наворгирӣ буд. Мебоист он рӯз лаҳзаи фавти Қодир, қаҳрамони дигари филмро наворбардорӣ мекарданд. Аз рӯи сенарияи филм Нӯшин бояд дар болои тобут нола мекарду мегирист. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, гириста наметавонистам. Аҳли гурӯҳ, аз ҷумла зиндаёд Раҳмондӯсти Қурбониён тамоми ҳиллаҳоро ба кор мебурданд, пиёз оварданд, аммо ҳеҷ кадомаш ба кор намерафт. 

Баъдан, амаки Сайф ба наздашон хонда гуфтанд, ту бояд гиря кунӣ. Охир, наметонам. Чӣ гуна одаме, ки зинда аст, барои ӯ бигирям, мегуфтам. “Агар гиря накунӣ, пас, ба Душанбе намеравем ва падару модаратро намебинӣ” - гуфтанд. Бо шунидани ин суханҳо, гиря гулӯгирам намуд. Ҳамин лаҳза буд, ки наворбардор омаду гиряҳоямро ба навор гирифт. Гиряам дар ин саҳна воқеӣ буд.

Ба гуфтаи қаҳрамонам, чун кӯдак, ки буд, аз ин филм лаҳзаҳои зиёдро дар хотир надорад. Яке агар ҳамин саҳна бошад, дигаре замони бозӣ бо лӯхтакҳояш аст. Вале бо дидани ин филм, аз он хушҳол мегардад, ки як лаҳзаи кӯдакиаш наворбардорӣ шудаву моли таърих гардидааст. 

«Хотираҳои неке аз даврони кӯдакӣ дорам. Падарам бо вуҷуди корманди давлат будан ва модарам агарчи маълумоти олӣ надоштанд, пайваста барои таълиму тарбияи мо талош меварзиданд. Бароямон лаҳзаҳои кӯдакии ширину пур аз нишотро ҳадия намудаанд.  

Ҳам ба фаъолияти падар эътибор доштаму ҳам мехостам мисли модарам, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ медоданд, бошам. Зеро модарам пайваста барои соҳибилм гардиданамон талош меварзиданд. Қиблагоҳ, сарфи назар аз кори зиёд, эҷод кардани шеърҳову таълифи китобҳо, ҳамоно барои мо, фарзандон вақти худро ҷудо менамуданд. Саҳмашон дар китобхон шуданамон ниҳоят зиёд аст.

Ёд дорам, бо бародарам дар китобхонӣ мусобиқа менамудем. Агар рафту бародарам ба адабиёти классик ва ё муосир диққат медоданд, ман рӯ ба адабиёти ҷаҳон меовардам. Ва ҳамин тавр, талош меварзидем, то яке аз дигаре дар аз худ кардани осори шоирону нависандагон пешсаф бошем. Ҳамон замон сарфи назар аз хурдсолӣ дарк намудам, ки барои зан дар баробари кирдори хубу одоби ҳамида, доштани савод низ муҳим аст». 

Баъд аз хатми мактаби миёна Нӯшин ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо дипломи сурх хатм намуд. Агарчи риштаи интихобнамудааш самти дигарро фаро мегирифт, вале ба хотири нутқи худро бурро намудан замони донишҷӯӣ ҳамкориро бо радиои «Садои Душанбе» ба роҳ монда буд. Чанде аз барномаҳоро пеш мебурд, ки яке аз онҳо «Як соат барои шумо» ном дошт.  

“Баробари хатми  донишгоҳ, аҳли хонавода тасмим гирифтанд, то оила барпо намоям. Миёни номзадон, якеаш ҷавоне буд, ки аз ҷиҳати соҳибилм будану оилаи намунавиашон фарқ дошт. Чун волидонам он ҷавонро хуб мешинохтанду дар оилаи хуб камол ёфтанашро медонистанд, розӣ шуданду бо ҳам издивоҷ кардем. Дар зиндагӣ соҳиби 3 писар ҳастем, ки маънии зиндагиамон ҳастанд”, - иброз медорад бо хушнӯдӣ Нӯшин. 

Бо барпо кардани оила ва ба дунё овардани фарзандон, ӯ як муддат ба нигоҳубини кӯдакон шуғл варзид. Сипас, фаъолияташро ба ҳайси мутахассис, баъдан сармутахассиси раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Дар ин миён тасмим мегирад, то соҳиби тахассуси дигар – равоншиносӣ гардад. Чун дар дунёи таззодҳо инсон наметавонад бидуни ҳолати бади равонӣ бошад. Ва ӯ равондармониро яке аз роҳҳои хуб намудани ҳолати рӯҳии инсон мебинад. Бо ин ният риштаи магистратураи донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси равоншинос хатм менамояд. Тӯли ҳашт сол аст, ки аз ҷиҳати равонӣ корафтодагонро кӯмак менамояд. 

Нӯшин алҳол, дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон фаъолият мебарад. Ду сол аст, ки ба ҳайси ассистенти кафедраи равоншиносӣ ба толибилмон дарс мегӯяд. 

Дар баробари омӯзгорӣ, инчунин дар чандин семинарҳои омӯзишиву конфронсҳо бахшида ба омӯзиши риштаи равоншиносӣ низ ширкат варзидааст. Тасмим дорад, то дониши равоншиносии хешро такмил дода, дар ин самт муваффақ  гардад. 

“Дар дунё ба касби равоншиносӣ аҳаммияти муҳим медиҳанд. Боис ҳолати кунунии башарият ва  чигунагии стрессҳо аст. Ҳамаи инҳо аз мардум нерӯи зиёди асабиву равониро тақозо менамояд. Маҳз равоншиносӣ метавонад, ки инсонҳоро каме ҳам бошад, аз ин варта раҳонад. Равоншинос метавонад ҳам зиндагии дигарон ва ҳам зиндагии худро беҳ гардонад, - ифшо медорад Нӯшин Самадӣ. 



“Ғолибияти худро ба модарам мебахшам”. Ҳадафҳои охар ва ё чаро Миҷгона варзишро тарк кардан мехоҳад?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(75) "Тоҷикдухтаре дар «Победа» ва «Nordwind Airlines»"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "18176"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "12605"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(70) "/tj/articles/our_people/to_ikdukhtare_dar_pobeda_va_nordwind_airlines/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5847"
  ["CODE"]=>
  string(45) "to_ikdukhtare_dar_pobeda_va_nordwind_airlines"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5847"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Тоҷикдухтаре дар «Победа» ва «Nordwind Airlines»

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(58) "Тоҷирзани муваффақи рӯзгордида"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "16493"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "11392"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(54) "/tj/articles/education/to_irzani_muvaffa_i_r_zgordida/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5301"
  ["CODE"]=>
  string(30) "to_irzani_muvaffa_i_r_zgordida"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5301"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Тоҷирзани муваффақи рӯзгордида

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(52) "Бонуи таъмиргари муҳаррик    "
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "16357"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "11295"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(50) "/tj/articles/our_people/bonui_tamirgari_mu_arrik_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5257"
  ["CODE"]=>
  string(25) "bonui_tamirgari_mu_arrik_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5257"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Бонуи таъмиргари муҳаррик

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(62) "Тарғибгари рақси тоҷикӣ дар Олмон"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "11781"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "7974"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(56) "/tj/articles/education/tar_ibgari_ra_si_to_ik_dar_olmon/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3790"
  ["CODE"]=>
  string(32) "tar_ibgari_ra_si_to_ik_dar_olmon"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3790"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Тарғибгари рақси тоҷикӣ дар Олмон

Другие новости