Ru  | Tj
Нилуфар Мамадиева: Таҳсил дар хориҷа шахсро мустақил мекунад
Нилуфар Мамадиева: Таҳсил дар хориҷа шахсро мустақил мекунад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Нилуфар Мамадиева: Таҳсил дар хориҷа шахсро мустақил мекунад

Нашр шуд

Нилуфар 25 сол дорад. Ӯ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба воя расидаву ду соли ахир дар кишвари Ҷопон ба сар мебарад.

Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм намуда, донишҷӯи донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мегардад. Пас аз хатми таҳсил дар бахши забонҳои хориҷӣ фаъолияти кориашро ба ҳайси корманди шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Спитамен шурӯъ менамояд. Маҳз аз ин ҷо роҳи ӯ ба сӯи таҳсил ба кишвари Ҷопон кушода мешавад.

Озмун ӯро ба Ҷопон бурд


-Дохил шуданам ба Донишгоҳи байналхалқии Ҷопон таърихи худро дорад. Соли 2018 тибқи дархости Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо роҳнамоии роҳбари Дастгоҳи раиси вақти ноҳия Обидзода Ҷамшед Мансурӣ, барои ширкат дар озмуни JDS (Стипендия для проекта развития человеческих ресурсов при японской грантовой помощи), ки дар доираи барномаи JICA роҳандозӣ гардида буд, ҳуҷҷатҳои хешро манзур намудам. Ғолибият насибам гардиду магистранти Донишгоҳи байналхалқии Ҷопон шудам, - чунин қисса менамояд рафти шомилшавии хешро ба ин донишгоҳи бонуфӯз, Нилуфар Мамадиева.

Вале ӯ барои сазовори донишҷӯи донишгоҳи мазкур гардидан заҳмати зиёде кашидааст. Чун дар даври ҷумҳуриявӣ хоҳишмандони дохил шудан ба Донишгоҳи байналхалқии Ҷопон кам набуданд. Танҳо донишу малака ва маҳорати касбӣ тавонист, ки Нилуфарро миёни ҳамаи довталабон дастболо намояд.

Тайи ду сол аст, ки аз рӯи ихтисоси идоракунии давлатӣ донишандӯзӣ менамояд. Ният дорад, соли равон донишгоҳро ба итмом расонида, ба Тоҷикистон баргардад ва малакаи андӯхтаи хешро дар кори минбаъдааш истифода бинмояд.  

Овони донишҷӯӣ дар Ҷопон


Чун аз замони таҳсил дар мактаби миёна донандаи хуби забонҳои русиву англисӣ буд, дар чандин озмуну олимпиадаҳои мактабӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.

Маҳз забондонӣ ва таҳсил дар факултаи забонҳои хориҷӣ имкон фароҳам овард, то донишомӯзиашро дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ба осонӣ сипарӣ намояд. Зеро ба қавли Нилуфар устодони ин боргоҳ ниҳоят сахтгир буда, дарсҳо пурра ба англисӣ ҷараён мегирад ва надонистани забон метавонад ба кас мушкилиҳои зиёдеро ба бор оварад.

- Азбаскӣ мардуми бумӣ низ дар Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон таҳсил менамоянд,  бисёре аз донишҷӯён бо забони ҷопонӣ ҳарф мезананд. Ин боис гардид, то забони ҷопониро низ аз худ намоям. Забондонӣ шахсро ба мақсад мерасонад. Ҷавонони моро мебояд, кабл аз ҳама, забонҳои хориҷиро пурра азхуд намоянд, то тавонанд таҳсилашонро дар хориҷ аз кишвар низ идома бидиҳанд, - чунин маслиҳат медиҳад ба ҳамсолони худ.  

Шиносоӣ бо донишҷӯёни кишварҳои дигар ва омӯхтани урфу одати онҳо, суҳбату мулоҳизаҳо ҳангоми дарс ва саёҳат ба мавзеъҳои таърихии Ҷопон дар хотироти ӯ нақши мусбӣ гузоштаву ҷаҳонбиниашро васеъ гардонидааст. Ба қавли Нилуфар таҳсил дар хориҷ аз кишвар шахсро мустақил намуда, то андозае барои худмухтор будан дар зиндагӣ омода месозад. Зеро маҳз дар лаҳзаҳои дурӣ аз диёр қадри модару Ватанро боз ҳам бештар дарк хоҳӣ кард.

Зиндагӣ дар Ҷопон


Зиндагии Тоҷикистон ва Ҷопонро қиёс карда, Нилуфар мегӯяд, ки дар ин кишварҳо вақт дигаргуна сипарӣ мешавад. Талабот нисбат ба илмомӯзӣ ниҳоят зиёд аст.

"Зиндагӣ дар Ҷопон бисёр тез мегузарад. Дар ин ҷо қадри вақтро медонанду инсонҳо ҳамавақт бо шитоб ба дарс ва ё кор мераванд. Ҳатто дар кӯдакистонҳо барои омӯзиши насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳар лаҳзаи умрашон барои анҷом додани кори муфиде мегузарад”,  - мегӯяд Нилуфар.

Давоми ду соли зиндагиаш дар ин кишвар ӯ дарк намудааст, ки  мардуми Ҷопон дар баробари илмдӯст будан инчунин меҳнатдӯст низ ҳастанд. Ба тозагӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Ба ҳар шахс бо маданияти баланди инсонӣ рафтор менамоянд.

- Дар маҷмӯъ, давлати Ҷопон, донишгоҳ ва шиносоӣ бо даҳҳо намояндагони қавму миллатҳои дигар бароям имконият фароҳам овард, то дар бораи зиндагии мардуми халқиятҳои сайёра тасаввуроти бештар  пайдо намоям, - илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Пазмони оши палав


Нилуфар мегӯяд хӯрокҳои ҷопонӣ аз хӯрокҳои миллии тоҷикон ба куллӣ фарқ мекунанд. Афзун бар ин, ҳар як ноҳияи Ҷопон хӯрокҳои махсуси худро дорад. Вале ӯ ҳеҷ гоҳ ғизоҳои миллии тоҷикиро бо ҳеҷ кадом аз хӯрокҳои кишварҳои дигар баробар карда наметавонад.

- Бештари вақтамро дар китобхона ва ё синфхонаҳои омодагӣ ба дарсҳо мегузаронам. Бо вуҷуди ин, вақт ёфта, ба хӯрокпазӣ низ машғул мешавам. Бо дӯстонам аз давлатҳои дигар пухтупаз мекунем. Дар ин лаҳзаҳо ман ҳамеша хӯроки миллии худамон – оши палавро омода месозам ва бо ин тариқ онҳоро бо хӯроки миллии тоҷикӣ ошно месозам, - мегӯяд Н. Мамадиева.

Рафиқонаш бештар оши палавро меписанданд ва худи ӯ низ мегӯяд оши палаверо, ки дар кишвари худамон омода месозанд, бештар пазмон шудааст. Нилуфар дар баробари ҳунари кадбонугӣ аз дигар навъи ҳунарҳо, аз қабили дузандагӣ, ороиши рӯй ва мӯй ҳам бархурдор аст.

Аз тоҷик буданам ифтихор дорам

Дар рафти таҳсил ва сафарҳояш ӯ зиёд дар бораи Тоҷикистон нақл мекунад, ки аллакай бисёриҳо мафтуни ин диёри биҳиштосо гардидаанд.

Ӯ Ватанро як пораи қалбаш дониставу мегӯяд, ба ҳар куҷое, ки равад, васфи Тоҷикистони азиз – ҷаннати рӯйи заминро мекунад. Бархе аз устодони Донишгоҳи байналхалқии Ҷопон аллакай аз рӯи нақлҳои ӯ шефтаи кӯҳҳои осмонбӯси Помир, табиати зебои Тоҷикистони биҳиштосо гардида, азм доранд, ки  аз диёри зебоманзарамон дидан намоянд.

-Тибқи барномаи таълимӣ мо бо фаъолияти якчанд муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ шинос гардидем. Зимни мулоқот бо омӯзгорону мактаббачагон, дар хусуси зебоиву боигариҳои табии  Тоҷикистони азизам сухан намудам. Ҳар кадоме аз онҳо бо завқ ба суханҳоям гӯш медоданд ва қисмати зиёдашон орзу менамоянд, то ба Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ ташриф биоранд. Аз тоҷик буданам ифтихор дораму хушбахт аз онам, ки имкон дорам, то дар бораи Тоҷикистон ба халқиятҳои дигар маълумот пешниҳод менамоям",- бо ифтихор иброз медорад ӯ.

Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад


Нилуфар ба ояндаи Тоҷикистон хушбин аст. Ӯ мегӯяд, Тоҷикистонро маҳз ҷавонони шуҷову далер ва донишманду илмдӯсташ метавонанд, ки аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ба яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил бидиҳанд. 

Аз ҷавононе, ки дар донишгоҳҳои хориҷ таҳсил менамоянд, даъват ба амал меорад, то дар самти беҳбудии кишвар донишҳои андӯхтаи хешро истифода бубаранд. Ӯ мегӯяд, донишу таҷрибае, ки дар кишварҳои хориҷӣ омӯхтаву андӯхта шудааст, метавонад дар ин самт кӯмакрасон бошад.

-Ман ба хотири саҳм гузоштан дар пешрафти Ватани азизам  дар ин донишгоҳ таҳсил менамоям. Ният дорам, ки фаъолиятамро дар мамлакати маҳбуби худам идома бидиҳам. Хизмат ба Ватанро қарзи фарзандии хеш мепиндорам. Бинобар ин, баъд аз адои таҳсил ҳатман ба Ватан баргашта, фаъолияти меҳнатиамро дар он ҷо идома хоҳам дод, - бо итминон мегӯяд Нилуфар.



Ҳабиба Даминзода – зане, ки амалисозии лоиҳаҳои бузургро касб пеша кардааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(62) "Тарғибгари рақси тоҷикӣ дар Олмон"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "11781"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "7974"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(56) "/tj/articles/education/tar_ibgari_ra_si_to_ik_dar_olmon/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3790"
  ["CODE"]=>
  string(32) "tar_ibgari_ra_si_to_ik_dar_olmon"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3790"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Тарғибгари рақси тоҷикӣ дар Олмон

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(140) "Ҳабиба Даминзода – зане, ки амалисозии лоиҳаҳои бузургро касб пеша кардааст"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10279"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "6841"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(97) "/tj/articles/our_people/abiba_daminzoda_zane_ki_amalisozii_loi_a_oi_buzurgro_kasb_pesha_kardaast/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3299"
  ["CODE"]=>
  string(72) "abiba_daminzoda_zane_ki_amalisozii_loi_a_oi_buzurgro_kasb_pesha_kardaast"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3299"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Ҳабиба Даминзода – зане, ки амалисозии лоиҳаҳои бузургро касб пеша кардааст

Другие новости