Ru  | Tj
Сабткунандаи лаҳзаҳои хотирмони ҳаёт. Шаҳзода чӣ тавр метавонад, ки вақтро боздорад?
Сабткунандаи лаҳзаҳои хотирмони ҳаёт. Шаҳзода чӣ тавр метавонад, ки вақтро боздорад?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Сабткунандаи лаҳзаҳои хотирмони ҳаёт. Шаҳзода чӣ тавр метавонад, ки вақтро боздорад?

Нашр шуд

Шаҳзода духтараки аҷиб ва ҳамзамон дар кори худ муваффақ аст. Аҷибияш дар он, ки ӯ бо вуҷуди маълумоти соҳаи ҳуқуқ доштанаш ба суратгирӣ машғул асту рӯзгорашро бо ин касб пеш мебарад ва муваффақияташ дар он аст, ӯ кори дӯстдоштаашро анҷом медиҳад. 


Мо бо Шаҳзода Султонова доир ба бурду бохти як духтари суратгир дар Тоҷикистон сӯҳбат намудем. 

- Номи Шумо Шаҳзода аст, вале чаро дар Инстаграм худатонро ҳамчун “Шазен” муаррифӣ мекунед?

- Бале, ному насаби ман Шаҳзода Султонова аст ва “Шазен” тахаллуси эҷодиам мебошад. Дар суратгирӣ бо ин ном худро муаррифӣ кардан мехоҳам.

- Шумо аз рӯйи ихтисос ҳуқуқшиносед, пас чӣ гуна ба ҷойи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳифзи лаҳзаҳои хотирмони инсонҳо пардохтед?

- Медонед, аз кӯдакӣ дар фикри он будам, ки чаро вақт ин қадар зуд мегузарад ва пайваста аз волидонам дар бобати боздошт ё суръати ҳаракати вақтро оҳиста кардан мепурсидам.  Бароям муаммо буд, ки чаро ҳодисаҳои табиат ин қадар зуд ҳаракат мекунанд ва одамизод лаҳзаҳои мусбатро аз даст медиҳад. Дар ҷустуҷӯи имконияте шудам, ки лавҳаҳои мусбати инсонҳоро лаҳзае ҳам бошад, боздошта тавонад. Бо гузашти солҳо роҳи ҳалли муамморо ёфтам ва фикр мекунам беҳтарин васила ҳам ҳаст. Яъне лаҳзаҳои муҳимми ҳаёти одамонро бо аксҳо сабт мекунам ва боварӣ дорам, ки онҳо солҳои сол боқӣ мемонанд. 


- Суратгириятон аз куҷо ва чӣ гуна оғоз шуд?

- Суратгириро аввал аз аксбардории парандаҳо бо телефони мобилӣ оғоз кардам. Аввал суратгирӣ бароям шуғли дӯстдошта буд, вале рафта-рафта ба касб ва ҳатто маънии зиндагиям табдил ёфт ва пас аз чанде дар дил тасдиқ кардам, ки дигар бе ин пеша худро тасаввур карда наметавонад. 


- Ба назари Шумо вазифаи суратгир чист?

- Ба фикри ман вазифаи суратгир дидани он чизе аст, ки дигарон дар худ намебинанд. Суратгир бояд аз ҳаводиси табиат ё ҳаёти одамон лаҳзаҳоеро пайдо кунаду сабт намояд, ки ҳам лавҳаи ҷолиб бошанду ҳам муҳимму дорои аҳаммияти хос.


- Волидонатон ба суратгир будани Шумо зиддият нишон намедиҳанд?

- Тавре гуфтам, суратгирӣ дар аввал бароям шуғли дӯстдоштае буд, ки берун аз вақти дарсӣ ба он машғул мешудам. Аз рӯи чунин муносибат волидонам фикр карданд, ки дар соҳаи мазкур зиёд намемонам ва пас аз маълумоти олӣ гирифтан ба кори асосӣ машғул мешавам. Вале оҳиста-оҳиста, ки муносибати ман ҷиддӣ шуду суратгириро ба кори асосиям табдил додам, дигар онҳо чизе нагуфтанд ва баръакс пайваста кӯмаку дастгирӣ мекунанд. 



 - Дар чанд муддат ин касбро омӯхтед?

- Ман ҳоло ҳам меомӯзам ва худамро мутахассис намедонам. Дар суратгирӣ ҳоло бисёр чизҳое ҳаст, ки бояд омӯзаму бидонам. Бисёр вақт дар кори худ норасоӣ мебинам ё аз натиҷаи меҳнатам қаноъ намешавам, вале рӯз аз рӯз кӯшиш мекунам, ки сатҳу сифати фаҳмиш ва корамро дар ин соҳа равнақ диҳам. 


- Муносибати мардум ба Шумо ҳамчун суратгир чӣ гуна аст?

- Дар аввали фаъолияти аккосӣ мардум ба ман ҳамчун суратгир нигоҳҳои аҷиб мекарданд, зеро то чанд сол пеш суратгир будани як духтар барои мо навгонии ҷиддӣ ҳисоб мешуд ва ман ҳам он вақт машҳуру шинохта набудам. Вале оҳиста-оҳиста бо пайдоиши тахаллуси “Шазен” маро мардум то андозае шинохтанд ва хуб қабул карданд. Ҳоло ҳама нигоҳҳо мусбатанд ва ман аз кори мекардаам ҳаловат мебарам. 

- Шумо чӣ гуна фармоиш мегиред?

- Қариб ҳамаи фармоишотро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Инстаграм ба даст меорам. 


- Ҳолате буда, ки аз фармоиш даст кашида бошед?

 - Бале, ман аз гирифтани аксҳо ё худ фотоссесияи бачаҳо ва “Love story”-ҳо худдорӣ мекунам.

- Суратгирӣ барои як духтар чӣ мушкилиҳо дорад?

- Вақте ки коратро дӯст медорӣ ва аз шавқ ба он машғул мешавӣ, ҳеҷ мушкиле пеш намеояд.


- Суратгирӣ барои як духтар чӣ фоидҳо дорад?

- Дар кори ман бартариҳои зиёд вуҷуд дорад. Суратгирӣ ба ман имкон медиҳад, ки худамро ҳамчун шахсият шиносонам, мавқеамро дар ҷомеа пайдо кунам, ҳар рӯз бо одамони касбу кори гуногун вохӯрда, шиносҳои зиёд пайдо кунаму чизҳои нав омӯзам ва ғайраҳо. 


- Бо касби суратгирӣ метавон аробаи зиндагиро ба пеш ҳаракат дод?

- Албатта, метавон. Суратгирӣ касбест, ки даромад аз худи инсон вобаста аст. Масалан, як корманди бонк бояд корҳои муайянро иҷро кунад ва барои он маош мегирад, вале кори суратгирӣ ин тавр нест. Ҳар қадар, ки кори зиёдро иҷро кардӣ, ҳамон миқдор даромад меёбӣ. 


- Шумо чанд дастгоҳи суратгирӣ доред?

- Як камера ва якчанд линзаҳо (объектив). 

- Ба ҷуз суратгирӣ боз ба чӣ корҳо машғул мешавед?

- Вақтамро зиёдтар ба худинкишофдиҳӣ сарф мекунам. Бисёр китоб мехонам ва аз интернет доир ба мавзӯҳои муҳимму хостаам маълумот гирифта, донишамро пурра мекунам. 



- Шумо ҷавони 22-солаед ва то дараҷае муваффақ шудаед, ба ҳамсолони худ чӣ гуфтаниҳо доред?

- Мехоҳам ҷавонони мо пеш аз ҳама худашон бошанд. Ба касе тақлид накунанд. Дар ҳама ҳолат ба худ боварӣ дошта бошанд. Ва ҳамеша ба сӯи ҳадафҳои созандаи худ ҳаракат кунанд. 



 - Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

- Ростӣ, барои боз ҳам рушд кардан дар ҷодаи суратгирӣ нақшаҳои зиёд дорам, вале пеш аз ҳама мехоҳам ба Душанбе рафта ва он ҷо сӯи ҳадафҳои гузоштаам гомҳои калон гузорам. 


Муяссархон Маҳмудова: “Рӯзе ҳодисае рух дод, ки ҳаётамро дигаргун кард”



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед