Ҷудокори тоҷики Русия ба тими АМА гузашт: Маҳмадбеков интихобашро тавзеҳ дод
Нашр шуд
Ҷудокори маъруфи тоҷикистонӣ, Маҳмадбек Маҳмадбеков тасмим гирифт, то тобеияти варзишии худро тағйир диҳад ва Аморати Муттаҳидаи Арабро ба унвони кишвари ҷадид барои ҳирфаи байналмилалии худ интихоб кунад. Ин иқдом бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи нуҳсолаи ӯ дар ҳайати тими миллии Русия барои бисёриҳо ғайримунтазира буд.
«Ин тасмими осон набуд, аммо ҷоҳталабиҳои ман иҷоза намедоданд, то дар канор бошам. Наметавонистам он чиро, ки пушти сар гузоштаам, аз даст диҳам. Сахттарину аз назари эҳсосот шадидтарин тобистони ҳаётам буд. Аммо, чунон ки мегӯянд, чизе, ки моро намекушад, қавитар мегардонад”, - нақл кард Маҳмадбеков.Чолиши ҷадид барои варзишгар
Маҳмадбеков, қаҳрамони чандкаратаи мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонии “Grand Slam” ва барандаи ҷоизаи қаҳрамонии ҷавонони Аврупо, дар вокуниш ба шароити кунунӣ дар хусуси ҳузури варзишгарони Русия дар мусобиқоти байналмилалӣ, ин интихобро анҷом дод.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз ҷудокорони рус даъват кард, то бо парчами бетараф дар Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Порис ширкат кунанд, аммо Федератсияи ҷудои Русия ин шартҳоро таҳқиромез хонда, рад кард. Ин фурсат варзишгарони рус, аз ҷумла Маҳмадбековро аз имкони ширкат дар Олимпиада аз номи кишвари худ маҳрум кард.
Баёнияи шахсии Маҳмадбеков
Худи Маҳмадбеков тасмашро тавзеҳ дода, таъкид кард, ки ҷоҳталабӣ ва ишқи ҷудо иҷоза намедиҳанд, то ӯ дар ин роҳ таваққуф кунад. Ӯ ҳамчунин нақл кард, ки дар бораи ин иқдом муддати тӯлонӣ фикр карда, ба хулосае омад, ки сарфи назар аз мушкилоти эҳсосӣ ба оғози нав омода аст. Ӯ ҳамчунин нақл кард, ки дар ин маврид муддати зиёде фикр карда ва ба ин натиҷа расидааст, ки бо вуҷуди мушкилоти эҳсосӣ барои шуруи ҷадид омода аст.
"Аз даврони кӯдакӣ, тамоми коре, ки анҷом додаам, тамрину мубориза, ҳам рӯи татамӣ, ҳам дар зиндагӣ, дифоъ аз иқдомот ва дидгоҳ аз ҷаҳон аст. Муҳим нест, ки чанд бор муртакиби иштибоҳ шудаам, ё чанд монеаҳоро паси сар кардам, ҳамеша ин тасмимоти ман буданд, ки маро дар масири худам дар ин зиндагӣ ҳидоят мекарданд. Фурсати фикр кардан доштам, нерӯ ва ангезаи ҷадиде дар худам пайдо кардам, то аз сифр шуруъ кунам ва дубора ин масирро тай кунам”, - қайд кард варзишгар.
Чаро Тоҷикистон не?
Бо таваҷҷуҳ ба асолати тоҷикии Маҳмадбеков, бисёриҳо тассавур мекарданд, ки ӯ мумкин аст тими миллии Тоҷикистонро интихоб кунад. Аммо ин варзишгар тавзеҳ дод, ки чанд ҷудокори қавӣ ҳам акнун дар вазни то 73 кг дар мусобиқот ширкат мекунанд, ки боиси эҷоди рақобат дар тими миллӣ мешаванд.
Ба гуфтаи Маҳмадбеков, интихоб ба нафъи Амороти Муттаҳидаи Араб аз назари идомаи фаъолияти варзишии ӯ ва фурсатҳое барои муваффақиятҳои бештаре дар арсаи байналмилалӣ маъқултар буд.
«Бисёриҳо мепурсанд, ки чаро ман Тоҷикистонро интихоб накардам? Дар ҳоли ҳозир чаҳор варзишгари қавӣ дар ин вазн ҳузур доранд ва рақобат дар дохили тим дар ин давра бисёр сахт хоҳад буд. Ман фикр мекунам, ки ин ғайримантиқӣ хоҳад буд”, - шарҳ дод Маҳмадбеков.Сипосгузорӣ аз Русия
Новобаста аз тағйири тобеияти варзишӣ, Маҳмадбеков аз Русия, мураббиёни он ва Федератсияи ҷудо барои дастгирӣ дар тӯли сафари варзишии ӯ изҳори сипос кард. Мавсуф қайд кард, ки тасмими иваз кардани тобеият барои ӯ осон набуд, зеро тамоми фаъолияти варзишиаш бо Русия бастагӣ дошт.
“Ман ҳанӯз ҳам ин кишварро хеле дӯст медорам ва дӯстони зиёди самимӣ дар он ҷо дорам. Ман аз ҳама мураббиёни тими миллӣ ва Федератсияи ҷудои Русия сипосгузорам, онҳо афроди бузург ҳастанд. Ин тасмими ниҳоят душвор буд, зеро ҳаёти ман бо ин афрод пайванди ногусастанӣ дорад ва ман онҳоро ба унвони хонаводаам қабул дорам. Фикр мекунам, ки онҳо маро мефаҳманд, шояд на ҳама”, - афзуд варзишгар.
Дастовардҳои варзишгар
Маҳмадбеков 1 октябри соли 1999 дар Иркутск ба дунё омада, дар синни 4-солагӣ рӯи татамӣ баромадааст. Соли 2016 дар шаҳри Ижевск барои аввалин бор дар байни наврасон дар вазни то 60 кг қаҳрамони Русия шуд. Соле баъд дубора ин унвонро дар вазни 66 килограмм ба даст овард. Соли 2019 дар мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо байни наврасон дар вазни то 73 кг барандаи медали биринҷӣ шуд. Дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш дар рақобати тиммӣ бо Гурҷистон мақоми дуюмро ба даст овард. Соли 2020 дар мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо байни наврасони то 23-сола медали нуқра ба даст овард. Як сол баъд дар мусобиқаҳои Grand Slam дар Қазон ва Боку ва соли 2022 дар Улан-Батор пирӯзӣ ба даст овард. Инчунин дар қаҳрамонии ҷаҳон-2023 ширкат кардааст. Соли 2023 барандаи Ҷоми Гран-при дар Душанбе ва ҳамчунин дар мусобиқоти Гран-при дар Боку ва Абу-Даби соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид. Дар ибтидои соли 2024 дар Гран-При дар Португалия мақоми севумро касб карда, моҳи майи ҳамон сол дар чемпионати ҷаҳон дар Абу-Даби ширкат кард.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед