Ru  | Tj
Вебсоз, барноманавис ва устоди IT. Тоҷикдухтари қолабшикан кист?
Вебсоз, барноманавис ва устоди IT. Тоҷикдухтари қолабшикан кист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардид

Вебсоз, барноманавис ва устоди IT. Тоҷикдухтари қолабшикан кист?

Нашр шуд

Яке аз ҳадафҳои бузурги Олия Раҳматова ин аст, ки 7 маҳсулоти IT-и худиро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия кунад. Аллакай коркарди яке аз онҳоро оғоз кардааст. Ӯ феълан донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мебошад. Дар баробари донишҷӯ будан устоди IT ва вебсоз низ ҳаст. Ҳоло дар Алиф Академия ба 38 тан духтар вебсозиро меомӯзонад.

Аслан, Олия омӯзиши ҷиддии барноманависӣ (программирование)-ро аз синфи 6-ум, яъне 12-солагӣ оғоз мекунад. Он замон падар ва бародараш, ки барноманависони муваффақ буданд, намунаи ибрати ӯ ҳисоб меёфтанд. Вай қарор дод, ки кори барноманависиро ёд мегирад. Падару бародараш низ барои Олия вақт ёфта, барои идома додани омӯзиш дилгарм мекарданд.

Муаллифи Halva.tj бо Олия Раҳматова перомуни аҳамияти забономӯзӣ, кори вебсозӣ, таҷрибаи омӯзгорӣ ва роҳҳои ҷалби духтарон ба соҳаи IT суҳбат орост.

«АЗ ОМӮХТАНИ ЗАБОНҲО ПУШАЙМОН НЕСТАМ»

Олия замоне мехост, ки забонҳои хориҷиро омӯхта, тарҷумони ҳамзамон (синхронный переводчик) шавад ва дар созмонҳои байналмилалӣ фаъолият кунад. Забонҳоро омӯхт, аммо тарҷумон нашуд. Ӯ рӯҳафтода нест, зеро дар самти интихобкардааш забонҳои хориҷӣ мисли обуҳаво лозим аст.

«Хушбахтона, саривақт дарёфтам, ки соҳаи ман IT аст. Имрӯз забони инглисиро хуб медонам. Ҳар навиштаҷоте, ки дар раванди корҳои фаннӣ (техникӣ) дучор меоям, бе камбудӣ мехонам ва мефаҳмам. Тарҷумаи онҳоро интизор шуда вақт сарф намекунам. Дар баробари ин бо вебсозони хориҷӣ ҳамсуҳбат мешавам. Инчунин дар ҳамоишҳои маҷозӣ (онлайнӣ), ки бо ҷалби вебсозони кишварҳои гуногун доир мешавад, ширкат меварзам. Дар ин гуна дарсҳо донистани забони инглисӣ ҳатмист. Масалан, чанде пеш дар ҳамоиши «Google Developer Group in Central Asia» ба ҳайси суханрон ва вебсоз ширкат варзидам, ки навори он дар пойгоҳи YouTube мавҷуд аст. Ҳамчунин фарҳангу забони кишвари Олмон бароям ҳамеша ҷолиби диққат буд. Забони олмониро низ омӯхтам. Ин забон барои муошират бо мутахассиони соҳаи IT, ки бо забони олмонӣ ҳарф мезананд, ёрмандӣ мекунад. Аслан, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ташаккули қувваи ҳофиза нақши созгор дорад », - гуфт Олия.

ТАЛОШ БАРОИ ХУДСОЗӢ

Олия айни ҳол дар ширкати «Ҳумо» дар самти Front-End ва Back-End таҷриба меомӯзад. Ҳамзамон дар Алиф Академия ба навкорони соҳаи IT давраҳои омӯзишӣ мегузаронад. Аммо ӯ дар аввал барои дарёфти кор хеле азоб кашид.

«Дар аввал ҳамчун вебсоз ҷойи кор ёфтан ё коромӯз шудан хеле мушкил буд. Соҳибони ширкатҳо қабул намекарданд. Ҳолатҳое рух медод, ки маро барои кор даъват мекарданд, аммо айни мани духтаракро дидан ба вебсоз буданам шубҳа мекарданд. Ҳатто бархе мазоҳ низ карда буданд, то ман дар қобилияту тавоноии худ шубҳа кунам. Лекин барои худро сохтан талош кардам. То имрӯз дар чандин ширкатҳои марбут ба IT-и ватанию хориҷӣ кор карда, таҷриба андӯхтам. Аслан, маҷбур нестам, ки дар як вақт дар чанд ҷо кор кунам. Шукр, ки дар оила аз лиҳози моливу иқтисодӣ мушкиле нест. Гап дар сари он аст, ки омӯзиши малакаҳои нав ва худкифо буданро дӯст медорам. Хеле хушам меояд, вақте маҳсули корамро дигарон истифода кунанд ё малакаҳои навинамро ба дигарон омӯзонам. Ҳеч гоҳ дар ёд додани малакаҳо бахилӣ намекунам», - афзуд Олия.

Вебсози ҷавон дар баробари пуркорӣ ба истироҳату фароғат низ вақт меёбад. Бо дарёфти вақти холӣ ба толори варзишӣ низ меравад ва барои беҳбуди саломатӣ машқ мекунад. Олия идораи самараноки вақт ё худ «тайм-менеҷмент»-ро низ азхуд кардааст. Ин илм имкон медиҳад, ки инсон сарфи самараноки вақтро ёд гирад. Қаҳрамони мо таассуф мехӯрад, ки идораи самараноки вақтро дар ҳар куҷо намеомӯзонанд. Дар ҳоле ки ин хеле чизи хуб аст.

ҶАВОНТАРИН ОМӮЗГОРИ СОҲАИ IT

Олия дар 20-солагӣ намунаи кори ҳирфаӣ (профессиональное портфолио) дошт. Яъне сарфи назар аз навҷавонӣ ба дигарон, ки хоҳиши омӯзиши соҳаи барноманависиро доранд, дарс медиҳад.

Ба омӯзгори ҷавон усули таълими куриёӣ писанд аст, зеро тибқи қоидаи ин усул муайян кардани баҳо барои иҷрои вазифаи хонагӣ мавҷуд нест. Дар ин шеваи тадрис ҳолатҳои изтиробу фишоре, ки дар вуҷуди донишомӯз пайдо мешавад, вуҷуд надорад.

«Дар Алиф Академия таҷрибаам ғанӣ гардид. Дар ин ҷо муносибату муошират ва роҳҳали ҳамагуна масъала ба таври ҳирфаӣ сурат мегирад. Вижагии муҳими омӯзонидани навкороне, ки ба соҳаи IT роҳ ёфтан мехоҳанд, дар интихоби дурусти тарзу усули омӯзиш мебошад. Ман усули таълими куриёиро интихоб кардаам. Масалан, дар машғулиятҳо кӯшиш мекунам, ки дар вуҷуди онҳо андешаи «ман кундфаҳм ҳастам ва ҳеч гоҳ бо пешсафҳо баробар нестам ва нахоҳам шуд...» пайдо нашавад. Аслан, моҳияти усули мазкур ҳамин аст, ки дар байни гурӯҳ баҳои тест ва вазифаи хонагии ҳар донишомӯзро дар алоҳидагӣ намегӯям. Ба ҷойи баҳо мегӯям: «Муҳим ин аст, ки барои қонеъ шудан аз баҳоятон ҳаракат кунед. Ба виҷдони худ содиқ бошед». Ҳар шогирдро ангезиш додан мебояд, то дарк кунад, ки орзу ва мақсад моҳиятан як чиз аст. Дар сурате, ки доимо боғайрат бошем, ба ҳадафҳоямон ноил мешавем», - бовар дорад Олия.

ПЕШАИ ПУРХАРИДОРТАРИНИ АСРИ XXI ҶИНСИЯТРО НАМЕШИНОСАД

Ҷавонписарону ҷавондухтарон имкони баробар доранд, ки соҳаи IT-ро омӯзанд ва соҳиби кор шаванд. Олия дар 4 соли донишҷӯӣ дар чанд ширкати IT-и Тоҷикистон ба ҳайси вебсоз кор кард. Аммо дар аввал ва то ҳозир ҳис мекунад, ки дар ин соҳа писарон имконияти бештар доранд. Онҳоро бо таҷрибаи кам дар самти пайвандсозӣ ва ҷойгирсозии қисмҳои вебгоҳ (верстка сайта) ба кор қабул мекунанд, аммо духтаронро не. Ҳатто барои омӯзиш ҷалб намекунанд.

«Барои духтаре, ки ба курсҳои омӯзишии барноманависӣ ҷалб шудан мехоҳад, чунин меъёрҳо лозим аст: «Бояд макони баргузории курсҳо ба хона наздик бошад, дар давраи омӯзишӣ сафи духтарон зиёд бошад, нархи онҳо дастрас бошад». Лекин на дар ҳар минтақа чунин шароит мавҷуд аст. Бархе волидони духтарон талаботи рӯзафзун доштани соҳаи IT-ро намедонанд. Духтарон бояд ба онҳо фаҳмонанд, ки ин касб ояндадор аст ва духтарон низ метавонанд, ки онро омӯхта, муваффақ шаванд. Бисёр мехоҳам, ки имконот ва рушд барои духтарону писарон баробар бошад», - таманно дорад Олия.

ЧАНД МУШКИЛИИ СОҲАИ IT ДАР ТОҶИКИСТОН

Омилҳои инсонӣ ва манбаъҳо (ресурсы) аз ҷумлаи ду сабаби асосӣ аст, ки ҷиҳати рушди соҳаи IT дар Тоҷикистон халал ворид мекунад. Олия мушкилотро чунин тавсиф мекунад:

«Маоши кам ва камтаваҷҷуҳӣ аз омилҳое ҳастанд, ки дар Тоҷикистон соҳаи IT рушд намекунад. Албатта, роҳбароне ҳастанд, ки ба қадри заҳмати вебсозон мерасанд. Сабаби сеюм ин аст, ки дар ширкатҳои марбут ба соҳаи IT мутахассисони ҳирфаӣ каманд. Чорум, хасисӣ ва ҳавобаландии барноманависоне, ки то ҷое муваффақ ҳастанд, боиси рушд наёфтани соҳа мешавад. Аксари мутахассисон намехоҳанд, ки донишу малакаҳояшонро бо навкорони соҳа омӯзонанд. Масалан, бештари мутахассисон аз роҳнамоиву омӯзиш додан худдорӣ мекунанд. Нафареро медонам, ки гувоҳиномаи «Google Security»- ро соҳиб шудааст, аммо роҳи шомил шудан ба барномаи омӯзишии ширкати «Google»-ро намегуфт», - бо тааҷҷуб гуфт Олияи вебсоз.

ТАВСИЯИ ОЛИЯ БА ОНҲОЕ, КИ IT-РО ИНТИХОБ КАРДАНИЯНД

Соҳаи IT-ро ҳаргиз ба хотири даромаднок будани он интихоб накунед. Шуморо мебояд, ки бо эҳсоси масъулият ихтисоси ояндаатонро интихоб кунед. Агар бароятон ин кор писанд аст, чизе ба шумо монеа намешавад. Агар ягон баҳонае ёфтед, ки ба ин соҳа машғул намешавед, пас он барои шумо нест. Шиори зиндагии ман ин аст: «Инсони тавоно худаш имконотро месозад». Яъне дар ҳамагуна соҳа муваффақ шудан ба худи мо бастагӣ дорад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед