Ru  | Tj
Зафар Вазиров. Ҷавони муваффақи тоҷик дар ҷодаи илм дар Русия ва ормонҳои миллии ӯ
Зафар Вазиров. Ҷавони муваффақи тоҷик дар ҷодаи илм дар Русия ва ормонҳои миллии ӯ
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Зафар Вазиров. Ҷавони муваффақи тоҷик дар ҷодаи илм дар Русия ва ормонҳои миллии ӯ

Нашр шуд

Ҷомеашинос, иқтисодчӣ, мутахассис оид ба масъалаҳои муҳоҷират Зафар Вазиров на танҳо ба фаъолияти илмӣ машғул аст, балки роҳбарии Шӯрои олимони ҷавони Институти тадқиқоти демографии Академияи илмҳои Русияро низ ба ӯҳда дорад.  Зафар Вазировро инчунин метавон чун омӯзгор, сайёҳ ва соҳибандеша низ шинохт. Ӯ дар мусоҳиба аз роҳи ҳаштсолаи тайнамудааш дар ҷодаи илм қисса кард.

Зафар Вазиров якчанд маълумоти олӣ дорад, аз ин рӯ, шуғли асосии ӯро муайян намудан мушкил аст. Инро зимни сӯҳбат худи ӯ низ таъкид намуд.

“Ман иқтисодчӣ, мутахассис оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷомеашинос, ва демограф ҳастам. Аммо аз ҳама муҳим имрӯз ба пажӯҳиши илмӣ машғул буда ва ҳамчун нафари масъул дар ин ҷода фаъолият мекунам. Ба ибораи дигар олими ҷавон мебошам. Ихтисосҳои дигарам албатта дар самти пажӯҳиш бароям кӯмак мекунанд”.

Пас  аз хатми зинаи бакалаврият дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зафар ба он фикр буд, ки зинаи магистриро дар куҷо идома диҳад. Ҳамчунин, чӣ гуна ба таври буҷавӣ ба донишгоҳ дохил шудану давом додани таҳсилро фикр мекард. Ӯ мехост ба яке аз донишгоҳҳои кишвари Русия дохил шавад. Билохира, Зафар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, факултети  равобити байналмилалии иқтисодиро интихоб кард. Дар ин донишгоҳ Зафар ду сол дар зинаи магистратура таҳсил намуд ва соли 2015 ҳуҷатҳояшро ба шӯъбаи докторантураи (PhD) ин донишгоҳ супорид.

Мушкилоти зистан дар дур аз Ватан

“Албатта, барои нафаре, ки ҷои зисти доимии худро иваз мекунад ва дар кишвари дигар ба муддати дуру дароз зиндагӣ ихтиёр мекунанд, хеле мушкил аст. Вале агар шумо дар бораи кишваре, ки ба он ҷо сафар мекунед маълумоти муфассал дошта бошед, таъриху фарҳанг, уруфу одат ва забони онро донед, ба зудӣ метавонед он ҷо муқимӣ шавед ва ба ҳаёти он одат кунед.  Гранте, ки дар раванди таҳсил ба даст овардам ва идрорпулие, ки мегирифтам барои зисту зиндагӣ ва рафту омадам ба Ватан кифоя буд. Чун дигар донишҷӯён  ба ман низ хобгоҳ доданд. Ягона мушкиле, ки дар он солҳо бо он рӯ ба рӯ шудам, ин гирифтани суғуртаи тиббӣ буд, ки маблағи он 20 ҳазор рублро ташкил медод ”.

Зафар бо итминони комил мегӯяд, ҳеҷ нафаре дар Русия бо ӯ муносибати сард накардааст. Аммо ҳар вақт шиносномаи ӯро аз назар мегузарониданд. Ӯ имрӯз дар ин бора бо табассум сӯҳбат мекунад.

Муҳоҷират ва илм 

Дар дили ҷавони ташнаи илм рӯз то рӯз оташи илмдӯстӣ шӯъла меафрӯхт. Ҳар қадар бештар, ки таҳқиқ мекард, ҳамон андоза меҳраш нисбат ба илм зиёд мегардид.

“Ҳангоми таҳсил ба таҷрибаомӯзии илмӣ-тадқиқотӣ ва омӯзгорӣ  мерафтам. Аз рӯйи маводи ҷамъоваринамудаам мақолаҳои илмӣ навишта ва дар конференсияҳои байналмилалӣ маърӯза мехондам. Ман ба дипломи Лауреати озмуни маърӯзаҳои илмӣ, ки аз ҷониби Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав таъсис дода шудааст, сарфароз гаштам. Ҳамчунин, ғолиби дукаратаи озмун дар Барномаи «5-100» - лоиҳа барои дастгирии фаъолияти ноширии донишҷӯёни Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия мебошам”.

Муҳаққиқи ҷавон ва олими оянда - Зафар Вазиров дар донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ  шурӯъ намуд. Ӯ аз фанҳои «Иқтисоди ҷаҳонӣ» ва «Бозори муҳоҷирати ҷаҳонӣ ва муҳоҷирати байналмилалӣ»  ба донишҷӯён дарс мегуфт. Соли 2018 Зафарро ба Шӯъбаи муҳоҷират ва сиёсати муҳоҷирати Институти таҳқиқотии иҷтимоӣ-сиёсии Академияи илмҳои Русия ба кор даъват намуданд. 

 

“Шӯъбаи мо дар самти рушди муҳоҷирати кишвар ва татбиқи сиёсати давлат дар самти муҳоҷират таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ мегузаронад. Объекти тадқиқот дар ин самт тамоюлҳои асосии рушди равандҳои муҳоҷират, ки дар Русия ва дар қаламрави кишварҳои ИДМ ба амал меоянд, мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқот барои таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи танзими равандҳои муҳоҷират мусоидат мекунанд. Аз моҳи январи соли равон дар вазифаи раиси Шӯрои олимони ҷавони Институти тадқиқотӣ-демографии Академияи илмҳои Русия фаъолият дорам”, мегӯяд олими ҷавон.

Саёҳат - шуғли дигари дӯстдошта

“Ман ба кишварҳои ҷаҳон зиёд сафар мекунам. Аксарияти ин сафарҳо ба корҳои илмиам иртибот мегирад. Баъзан вақт ба экспедитсияҳои илмӣ меравам. Мехоҳам, ки ҳамеша дар ҳаракат бошам. Дар ин маврид Арасту гуфтааст: «Ҳаракат ин ҳаёт аст ва ҳаёт ин ҳаракат». 

Имкониятҳои таҳсил дар Русия ва нақшаҳои оянда 

“Ҳангоми интихоби касб шумо бояд талаботи бозори меҳнатро ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ ба назар гиред. Ба довталабон маслиҳат медиҳам, ки касбҳои дақиқтарро интихоб кунанд, масалан, ихтисосҳои техникӣ, муҳандисӣ ва технологияи IT-ро. Барои онҳое, ки мехоҳанд дар шӯъбаи буҷавӣ таҳсил кунанд давлати Русия ҳамасола миқдори муайяни квотаҳоро (аз ҷумла барои довталабони тоҷик) муқаррар мекунад. Барои гирифтани квота ба шумо лозим аст, ки тавассути намояндагии Русия дар Тоҷикистон дар давоми шаш моҳ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кунед, ихтисосу донишгоҳро интихоб карда, аз машварати мутахассисон гузаред ва имтиҳонҳои дохилшавиро супоред. Ин шароитҳо барои муваффақ шудан дар касби интихобкардаатон як  иконияти хуб мебошанд”.

Зафар мегӯяд, бо сабаби пандемия нақшаи калон кашидан мушкил аст: «Бар замми ин барои 2-3 соли оянда лоиҳаҳои зиёди илмӣ дорам, ки бо онҳо кор мекунам. Агарчи имрӯз дур аз ватанам, аммо кӯшиш мекунам, ки дар рушди соҳаҳои гуногуни он бо ҳар роҳе саҳмгузор бошам. Ман бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда ҳамкорӣ дорам»

Як моҳ қабл мо лоиҳаи "Рушди демографии кишварҳои ИДМ" - ро ба итмом расонидем. Онро Хазинаи нуфуси СММ ва Вазорати корҳои хориҷии Русия дастгирӣ кард. Лоиҳа бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти нафароне, ки дар самти иҷтимоӣ-демографӣ фаъолият мекунанд, пешниҳод шудааст. Омӯзгорони ин курс аз донишгоҳҳои гуногуни кишварҳои ИДМ: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Арманистон, Молдова, Озорбоҷон ва Белорусия мебошанд.

Дар ояндаи наздик нақша дорам, ки ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон мусоидат кунам. Яке аз ин лоиҳаҳо ин - "Муносибати Русия ва Тоҷикистон доир ба издивоҷ дар заминаи муҳоҷират» мебошад.  Ман минбаъд низ дар байни ҷавонон илмро ташвиқ мекунам, зеро илм сарвати миллӣ аст ва рушду нумӯи он ояндаи тамоми халқи моро муайян мекунад», - гуфт Зафар Вазиров дар фарҷоми сӯҳбат.


Муяссархон Маҳмудова: “Рӯзе ҳодисае рух дод, ки ҳаётамро дигаргун кард”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед