Ru  | Tj
Қабули дархостҳо ба озмуни расонаӣ барои блогнависони ҷавон тамдид шуд
Қабули дархостҳо ба озмуни расонаӣ барои блогнависони ҷавон тамдид шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Қабули дархостҳо ба озмуни расонаӣ барои блогнависони ҷавон тамдид шуд

Нашр шуд

Созмони “Россотрудничество” блогнависон ва рӯзноманигорони ҷавони Тоҷикистонро барои ширкат дар озмуни байналмилалии “Ҷаҳони русӣ дар расонаҳо” даъват мекунад.
 
 Талабот барои иштирок:
   
• ҳамватаноне, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд;
 • синни аз 16 то 19-сола;
 • донишҷӯёни мактабҳои олӣ, ки аз рӯи ихтисоси «журналистика» таҳсил мекунанд, блогерҳо, хонандагони мактабҳо, ки ба сохтани муҳтавои иттилоотӣ шавқманд ҳастанд;
 • хуб донистани забони русӣ.
 
Ба озмун видео, подкаст ё матолиби интернетӣ дар мавзӯи «Русия- кишвари имконот ва навоварӣ» қабул карда мешавад.
 
Довталабон метавонанд низомномаи озмун ва варақаи дархостро аз вебгоҳ зеркашӣ кунанд. (tajikistan-dushanbe.rs.gov.ru/news/startoval-mediakonkurs-dlya-sootechestvennikov/)
 
Ғолибону ҷоизадорони озмун бо роҳхат ба Маскав барои иштирок дар “Мактаби расонаӣ барои ҳамватанон” дар чаҳорчӯби барномаи созмони “Россотрудничество” “Салом, Русия!” сарфароз мешаванд.
 
Аризаҳо барои иштирок дар озмун ҳамроҳ бо корнома ва маводи озмунӣ то 24 июн қабул карда мешаванд. Довталабон ба суроғаи почтаи электронии l.abdullina@tjk.rs.gov.ru ариза (бо ишораи Русмир) ирсол карда, инчунин метавонанд ба саволҳояшон посух гиранд.
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед