Ru  | Tj
Ҳамоиши байналмилалии ҷавонон дар Маскав баргузор мешавад
Ҳамоиши байналмилалии ҷавонон дар Маскав баргузор мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳамоиши байналмилалии ҷавонон дар Маскав баргузор мешавад

Нашр шуд

Аз 3 то 8 декабр дар Маскав ҳамоиши байналмилалии ҷавонон таҳти унвони “Ояндаи ҷаҳони русӣ” баргузор мешавад. Барои иштирок ҳамватанони Русия, ки дар хориҷи кишвар муқимианд, даъват мешаванд.

Иштирокчиён аз мубоҳисаҳо, дарсҳои маҳорат, вохӯриҳои эҷодӣ, мизҳои мудаввар ва семинарҳо баҳравар хоҳанд шуд. Онҳо инчунин метавонанд малакаҳои заруриро дар дипломатияи ҷамъиятӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва расонаҳои муосир омӯзанд.

Дар доираи чорабиниҳо се нафар ҳамватанони ҷавон барои саҳмашон дар рушди ҳаракати ҳамватанони ҷавони Русия дар соли 2024 ҷоизаҳои Хонаи ҳамватанони Маскавро дар бахшҳои зерин дарёфт мекунанд:

«Арзишҳои фарҳангӣ: барои тарғиби фарҳанги рус ва забони русӣ дар хориҷа»;
«Қаҳрамони расонаҳо: барои саҳмгузорӣ ва ҳимоят аз рушди расонаҳои русӣ дар хориҷа»;
"Ҳофизи мероси русӣ: барои таҳия ва пешбурди барномаҳои ҳифзи хотираи таърихӣ дар хориҷа".

Довталабон имкон доранд барои сабти ном то 12 рӯзи ноябр иқдом кунанд:
https://forms.yandex.ru/cloud/66f804db5056909ea8121dc4/
 
Маълумоти муфассалро дар низомнома (https://disk.yandex.ru/i/KH6razobEdKA) ва барномаи ҳамоиш (https://disk.yandex.ru/i/PqpVFjNYDGWcOg) метавон дастрас кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед