Ru  | Tj
Барои афроде, ки қасди сафар ба Русияро доранд, имтиҳон аз забони русӣ дар Душанбе баргузор мешавад
Барои афроде, ки қасди сафар ба Русияро доранд, имтиҳон аз забони русӣ дар Душанбе баргузор мешавад
Акс: ru.freepik.com

Барои афроде, ки қасди сафар ба Русияро доранд, имтиҳон аз забони русӣ дар Душанбе баргузор мешавад

Нашр шуд

Барои нахустин бор дар Душанбе имтиҳон аз забони русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қасди кор дар Русияро доранд, баргузор мегардад. Имтиҳон дар оғози моҳи май дар Бунгоҳи машварат ва омӯзиши муҳоҷирони корӣ қабл аз сафар сурат мегирад. Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин манбаъ, тасмими баргузории имтиҳони забони русӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта гирифта шуда буд. Дар ин замина бо Бунгоҳи тестии забони русии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург созишнома ба тасвиб расонида шудааст.

Гуфта мешавад, ки феълан имтиҳони нахустин барои 30 нафар ройгон сурат гирифта, иштирокдорони он соҳиби гувоҳиномаи дониши забони русӣ ба муҳлати панҷ сол хоҳанд шуд.

Барои тафсилоти бештар ба телефонҳои: 2250575, 2250221 муроҷиат кунед.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳамчунин ифтитоҳи намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди ВКД Русия дар назар аст.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед