Ru  | Tj
Дар Душанбе “Диктанти ҷуғрофӣ” баргузор мешавад
Дар Душанбе “Диктанти ҷуғрофӣ” баргузор мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Душанбе “Диктанти ҷуғрофӣ” баргузор мешавад

Нашр шуд

Рӯзи 16 ноябр соати 12:00 дар Маркази захиравии «Русия бо шумо» дар Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе чорабинии байналмилалии таълимии «Диктанти ҷуғрофӣ» баргузор мегардад.

Нафароне, ки мехоҳанд дар ин чорабинӣ иштирок кунанд метавонад бо рақами 221-89-47 худро сабти ном кунанд.

Натиҷаҳои диктанти ҷуғрофӣ 2024 пас аз баргузории он дастрас хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки диктант дар шакли ҳузурӣ ва фосилавӣ дар саросари Федератсияи Русия ва берун аз он сурат мегирад. Иштирокчиён бояд ба 40 савол дар бораи ҷуғрофияи Русия, табиат, халқҳо ва олами набототу ҳайвонот посух диҳанд.

Гузашта аз ин, дар соли 2024 90 дарсади диктант аз саволҳои муаллифон дар доираи озмуни «Саволи худро барои диктанти ҷуғрофӣ нависед» иборат аст.
 
Дар соли 2024 диктанти ҷуғрофӣ на танҳо дар Русия, балки дар 110 кишвари ҷаҳон дар тӯли ду рӯз баргузор мешавад.

Рӯзи 25 декабр бошад дар байни ширкатдороне, ки ба шакли ҳузурӣ диктант навиштаанд, бурди ҷоизаҳо баргузор мешавад.

Се нафар ғолибон барои сафар ба Русия роҳхат мегиранд ва нафари чаҳорум ба яке аз сафарҳои таҳқиқотии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия ҳамроҳ мешавад.

Қобили зикр аст, ки давоми нӯҳ соли баргузории “Диктанти ҷуғрофӣ” дар он беш аз 3,1 миллион нафар аз 100 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.

Бояд гуфт, ки “Диктанти ҷуғрофӣ” як чорабинии таълимии ҳарсола аст, ки аз соли 2015 аз ҷониби Ҷамъияти ҷуғрофии Русия бо мақсади оммавӣ кардани донишҳои ҷуғрофӣ гузаронида мешавад.
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед