Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон ҳафтаи русии улуми риёзӣ, физика ва компютер баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон ҳафтаи русии улуми риёзӣ, физика ва компютер баргузор мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон ҳафтаи русии улуми риёзӣ, физика ва компютер баргузор мешавад

Нашр шуд

Мактаббачагон ва омӯзгорони Тоҷикистон барои ширкат дар "Ҳафтаи русии улуми риёзӣ, физика ва компютер" даъват мешаванд.

Дар ин бора намояндагии созмони "Россотрудничество" дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Омӯзгорон ва хонандагони Тоҷикистон имкон доранд дар дарсҳои назариявӣ ва амалӣ аз 15 то 20 сентябр дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Норак, ки ба усули шавқовар баргузор мешавад, ширкат кунанд.

 - «Дунёи ҷолиби риёзӣ»: дарсҳои маҳорат дар заминаи ҳалли муодилаҳо ва нобаробариҳои ғайристандартӣ, саволҳои олимпиада;

 - «Олами ҷолиби физика»: масъалаҳои пурасрор ва баҳсбарангези се соҳаи асосии физика: «Механика», «Физикаи молекулавӣ», «Барқ ва магнитизм»;

 - «Дунёи ҷолиби илми компютер»: ҷаҳони технологияҳои муосири рақамӣ бо воқеияти маҷозӣ ва иловагӣ, такмили малакаҳои техникӣ ва донишҳои муҳандисӣ.

 Барои омӯзгорон курсҳои такмили ихтисос “Усул ва технологияҳои муосири таълими фанҳо” гузаронида мешаванд.

Омӯзгорони варзидаи Донишгоҳи федералии Қавқози Шимолӣ бо муаллимони риёзӣ, физика ва компютер дар бораи усули таълим дар самтҳои дахлдор машғулият мегузаронанд. Ба ҳар як иштирокчии давраҳои омӯзишӣ шаҳодатномаи такмили ихтисоси намунаи Федератсияи Русия дода мешавад.

Барои иштирок дар ин чорабинӣ довталабон бояд то рӯзи 5 сентябр тариқи сомона дархост пешниҳод кунанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед