Донишҷӯи муассисаҳои таълимии Русия ҳастед? Пас ин озмун барои шумост!
Нашр шуд
"Россотрудничество" шаҳрвандони Тоҷикистонро ба озмуни "Донишгоҳи худро муаррифӣ намо" даъват мекунад.
"Россотрудничество" озмуни нави “Донишгоҳи худро муаррифӣ намо”-ро оғоз мекунад, ки дар он донишҷӯёни хориҷӣ, ки ҳоло таҳсил доранд ва ё донишгоҳҳои Русияро хатм кардаанд, метавонанд ширкат кунанд.
Роҳҳои эҷодкорона дар таълим, имтиёзҳо барои донишҷӯён аз хориҷа, истифодаи таҷҳизоти пешрафта дар таълим, кампуси муосири донишгоҳ чӣ гуна аст ва кадом донишгоҳ аз ҳама ғизои болаззат барои донишҷӯён дорад? Ҳамаи инро донишҷӯён имкон доранд дар бораи донишгоҳи худ бозгӯ кунанд.
Барои иштирок дар озмун донишҷӯёнро лозим аст, ки дар бораи донишгоҳи худ то 1-1,5 дақиқа навори видеоӣ омода созанд.
Довталабон ҳамчунин метавонанд бо истифода аз аксҳои донишгоҳ дар бораи чӣ гуна гузаштан ё идома доштани ҳаёти ҳаррӯзаи донишҷӯ матн нависанд.
Баъдан, мавод бояд дар зери пост гузошта шавад ва ё дар саҳифаи довталаб дар шабакаҳои иҷтимоии бо хэштеги #УчисьвРоссииРС нашр карда шавад.
Агар шумо донишҷӯи донишгоҳҳои Русия ҳастед ва мехоҳед дар озмун иштирок кунед, пас мо интизори видеоҳои шумо ҳастем!
Бояд гуфт, ки се маводи беҳтарин ва ғайриодӣ дар ин озмун соҳиби обунаи ройгони семоҳа ба хадамоти ИВИ мешаванд.
Мавод барои ширкат дар ин озмун то 7 ноябри соли ҷорӣ қабул мешаванд!
Маълумоти бештарро дар бораи шартҳои озмун метавон дар ин нишонӣ vk.cc/cCypUb дастрас кард.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед