Ru  | Tj
Донишгоҳи давлатии Вятка курсҳои фосилавии омӯзиши забони русиро барои ҷавонон ба роҳ мемонад
Донишгоҳи давлатии Вятка курсҳои фосилавии омӯзиши забони русиро барои ҷавонон ба роҳ мемонад
Акс: Halva.tj

Донишгоҳи давлатии Вятка курсҳои фосилавии омӯзиши забони русиро барои ҷавонон ба роҳ мемонад

Нашр шуд

 Созмони ғайритиҷоратии худмухтори Киров бо дастгирии молиявии Вазорати омӯзиши Федератсияи Русия ва дастгирии техникии Донишгоҳи давлатии Вятка баҳри татбиқи нақшаи гранти «Рушд ва ташкили курсҳои таълимии кушоди забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ,  миёнаи  умумӣ ва такмили барномаҳо»  курсҳои фосилавии таълими озодро ташкил мекунад.

Дарсҳо бо забони русӣ баргузор мешаванд:

Барои барномаҳои асосии таҳсилоти умумӣ:

 "Забони русӣ"

 «Адабиёти рус»

"Таърихи Русия"

"Илмҳои ҷамъиятӣ",

Барои барномаҳои таълимии иловагӣ:

"Маҳорати суханварӣ"

"Санъати ҷаҳонӣ"

Ин барнома барои хонандагони мактабҳои миёнаи кишварҳои ИДМ, донишҷӯён, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, пешбинӣ шудааст.

Таҳсил дар курсҳои омӯзишӣ ройгон аст.

Барномаи курсҳо ба тақвияти русидонӣ, фарҳанги рус ва ҷаҳон, таърих ва ҷомеашиносии Русия ва рушди малакаҳои лингво-коммуникатсионӣ дар истифодаи забони русӣ нигаронида шудааст.

Барномаи мазкур иборат аст аз:

а) азхуд кардани қисми назариявии фан (видеолексияҳо);

б) иҷрои супоришҳои амалӣ аз рӯйи ҳар як мавзӯи фан;

в) иҷрои супоришҳои тестӣ аз рӯйи мавзӯи ҳар як фан;

г) супоридани имтиҳони ҷамъбастӣ аз фан;

д) супоридани имтиҳони ҷамъбастӣ, ки дараҷаи азхудкунии забони русиро муайян мекунад.

Омӯзиш дар курсҳо ба донишҷӯён кӯмак мекунад, то дар ҳолати зарурӣ барои гирифтани шаҳодатномаи малакаи забони русӣ, донистани таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия дар сатҳе, ки ба ҳадафи гирифтани маълумоти олӣ мувофиқ аст, имтиҳон супоранд. 

Пас аз ба итмом расидани курсҳо, ба ҳамаи иштирокчиён шаҳодатномаи шунавандагони курс дода мешавад.

Барои иштирок дар курсҳо ва интихоби барномаҳои таълимии писанди худ варақаи “Google”-ро дар ин сомона пур кунед:   http://project4786660.tilda.ws/

Агар шумо саволе дошта бошед, метавонед бо ҳамоҳангкунандаи барномаи мазкур - Елена Василевна Динер тариқи почтаи электронии sautinalina@yandex.ru ё бо телефонҳои  +7 (922) 906-05-84  муроҷиат намоед.


Дар озмуни “Лидерҳои Русия" ширкат варзед ва имкони гирифтани шаҳрвандии Русияро ба даст оред




halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед